Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Кори Курси.docx
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
76.26 Кб
Скачать

Мундариҷа

Муқаддима...................................................................................3

  1. Муаммоҳои асосии неология дар ҷанбаи фаъолияти муносибат ба забон...................................................................5

  2. Таблитсаи неологизмҳое, ки соли 2013 ба Oxford Dictionary ворид карда шудаанд..............................................................13

  3. Намудҳои неологизм............................................................22

Хулоса...................................................................................................32Рӯйхати адабиёт...................................................................................34

Муқаддима

Имрӯзҳо забони англисӣ монанди дигар забонҳо аз “буми неологӣ” мутаассир шудаанд. Зиёдшавии калимаҳои нав ва зарурати тасвири онҳо боиси ташкили соҳаи махсуси лексикӣ – неологӣ, яъне илм дар бораи неологизмҳо гардид.

Муваффақияти бештарро дар коркарди назарияи неологӣ забоншиносони фаронсавӣ сазовор гаштанд. Аз кори классикӣ шурӯъ карда, мактаби забоншиносии фаронсавӣ бо ном А. Дармстетер дар назария ва амалияи неология саҳми босазо гузоштаанд.

Рисолаи мазкур ба муаммои неология дар забони англисии муосир бахшида шудааст. Неологизмҳо – калимаҳое мебошанд, ки ба таркиби луғавӣ дохил мешаванд ва ба гӯянда ба тарзи нав гап заданро эҳсос мекунад; якчанд неологизмҳо ба луғати умумихалқӣ гузаштаанд, аммо чанде аз онҳо нагузаштаанд.

Неологизмҳои мутлақ гоҳ – гоҳ дучор мешаванд; аз онҳо 99% далелнок мебошад.

Неологизмҳои муаллифӣ – муаллифон ва олимон ба вуҷуд меоваранд.

Объекти тадқиқот ташаккули тамоюли нави таркиби луғавии забони англисӣ ба шумор меравад.

Предмети тадқиқот - неологизмҳо дар забони англисии муосир. Мақсади тадқиқот: нишон додани тамоюли асосии ташаккули таркиби луғавӣ дар ҷанбаи прагматӣ мебошад. Таҳти ҷанбаи прагматии луғат пеш аз ҳама он хусусиятҳое дар назар дошта мешавад, ки истифодаи он бо статуси иҷтимоии гӯянда, бо шароити воқеии амалҳои комуникативӣ ва таъсири он ба шунаванда алоқаманд аст. Аз ҳамин сабаб ҳам дар тасвири луғат лаҳҷа на ба чӣ гуна офарида шудани он, балки бо кадом мақсад истифода бурда шудани он равона карда мешавад.

Мақсад аз рӯи вазифаҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

  • Нишон додани муаммоҳои асосии неология;

  • Тадқиқ кардани таснифоти луғатҳои нав;

  • Нишон додани роҳҳои асосии сохташавии неологизмҳои морфологӣ.

Асосҳои назариявӣ ва метадологӣ дар меҳнати муаллифони зерин ба монанди Арбеков Т.И., Арнолд И.В., Ворна Е.Ф. ( Кашив М.А., Малишевская Е.В., Потанов И.А.), Волков С.С. (Селько Е.В.), Заботкин О.А., Кателов Н.З., Машков О.Д. (Маскалев И.Н.), Хидекел С.С. ( Гинзбург Р.З., Князев Г.Ю., Санкеил А.А.).

Тадқиқоти мазкур аз муқаддима, боби асосӣ, хулоса ва пайнавишт иборат аст.

Мавқеи муҳимтаринро муносибати функсионалӣ – прагматӣ ишғол мекунад. Худи пайдоиши калимаи нав истифодаи прагматиро тақозо мекунад. Ирсолкунандаи хабар аз луғати мавҷудбудаи репертуар чизеро, ки ба тарзи беҳтар фикр ва ҳиссиёти ӯро ифода мекунад, интихоб мекунад. Агар дар луғати ирсолшаванда ин гуна калима набошад, ӯ луғати кӯҳнаро таъсир медиҳад ё худ воҳиди луғавии навро меофарад. Аз тарафи дигар ҳар як чизи нави семантикӣ чизи нави прагматиро ба вуҷуд меорад. Вариантнокии прагматии дереватсияи воҳидҳои нави семантикӣ, чизи нави прагматии ҳамаи луғатҳоро дар пуррагӣ ба вуҷуд меорад.