- •Cарсухан
- •1. Мавқеъ ва мазмуни гурӯҳчаи оксиген дар барномаи таълими химия.
- •2. Вазифаи омўзонидани ин мавзўъ дар мактаби миёна.
- •3. Мавқеи гурӯҳчаи оксиген дар системаи даврии элементҳои химиявии д.И.Менделеев.
- •4.Паҳншавии онҳо дар табиат. Оксиген (о2).
- •Хосиятҳои физикӣ ва химиявии гурӯҳчаи оксиген.
- •Истеҳсол ва истеъмоли гурӯҳчаи оксиген.
- •Адабиётҳо:
Мундариља:
Нақша:
Сарсухан
Мавқеъ ва мазмуни гурӯҳчаи оксиген дар барномаи таълими химия.
Вазифаҳои омӯзонидани ин мавзӯъ дар мактаби миёна.
Мавќеи гурӯҳчаи оксиген дар ҷадвали даврии Д.И.Менделеев.
Тавсифи умумии гурӯҳчаи оксиген.
Паҳншавии онҳо дар табиат.
Хосиятхои умумии ин гурӯњ.
Истеҳсол ва истеъмоли гурӯњчаи оксиген.
Хулоса.
Адабиётҳо:
Cарсухан
Пеш аз оѓози корам, чунинро ќайд созам, ки ин мавзўъ яъни, «Гурўњчаи оксиген» дар химияи мактаби миёна ањамияти махсусро дорад.
1. Мавқеъ ва мазмуни гурӯҳчаи оксиген дар барномаи таълими химия.
Дар синфи 9 баъди омӯзонидани мавзӯҳои “Диссотсияи электролитӣ”, “Гидролизи намакҳо”, “Электролити гидролизи намакҳо” ин мавзӯъ омӯзонида мешавад. Барои омӯзонидани ин мавзўъ дар барномаи химия 8 соат ҷудо карда шудааст:
Мавқеъи элементҳои гурўњчаи оксиген дар системаи даврии элементҳои химиявии Д. И. Менделеев.
Мафҳуми аллотропия дар мисоли оксиген ва сулфур- 1соат
Ҳосиятҳои физикии сулфур. Ҳосиятҳои химиявӣ: таъсири мутақобилаи он бо металлҳо ва оксигену гидроген.
Сулфиди гидроген ва сулфидҳо.
Кислотаи сулфат ва намакҳои он.
Реаксияи сифатӣ бо сулфат ион- 1 соат.
Сулфур дар табиат. Заҳираҳои сулфурии Ҷумхурии Тоҷикистон.
Таҷрибаи лабораторӣ:
а). Шиносоӣ бо намунаҳои сулфур ва пайвастаҳои табии он.
б). Ҳосил кардани озон.
в). Шинохтани сулфат ион дар маҳлул-1соат.
9. Машғулиятҳои лабораторӣ оид ба ҳалли масъалаҳои озмоишӣ (гурўҳчаи оксиген).
2. Вазифаи омўзонидани ин мавзўъ дар мактаби миёна.
Вазифаи омўзонидан ин мавзўъ дар мактаби миёна хеле мухим мебошад. Чунки, ањамияти ва мавќеи ин элементњо дар њаёти инсон роли асосиро мебозад. Одам аз оксиган нафас мегирад ва нафасгирї бошад, хусусияти асосии организми зинда аст. Чи хеле ки ба њама маълум аст, оксиген, сулфур ва пайвастањои гуногуни онњоро дар табиат, њаёт ва дар техника низ бисёр вомехўрдан мумкин аст. Мисол, оксиген дар њаво, об ва дигарњо мављуданд. Сулфур бошанд, хољагии ќишлоќ ањамияти калон дорад. Он ба таркиби нурињои минералї дохил шуда, аоси онњоро ташкил мекунад. Инчунин истехсоли кислотањои сулфат, сулфит, сулфид он ањамияти хосаро дорад.
3. Мавқеи гурӯҳчаи оксиген дар системаи даврии элементҳои химиявии д.И.Менделеев.
Ба
р-элементњои гурўњи VI оксиген (О2),
сулфур (S), селен (Sе), теллур (Те), полоний
(Ро) дохил мешавад. Конфигуратсияи
электрониашон ns2np4
хос
мебошад.
Ин элементҳо дар ҳолати муқаррари дувалента буда, оксиген дигар валентнокӣ надорад. Атомҳои дигар элементҳо барангехта шуда метавонад. Масалан сулфур (S):электролити амфотерӣ мебошад.
H2S2- ; S0 ; SO2+4 ; SO3+6 ;
Дар пайвастаҳои гидрогенӣ ва металлӣ ҳамаи ин элементҳо дарачаи оксидшавии -2 зоҳир мекунад. Дар қабати беруниашон шаштогӣ электрон мавҷуд аст, бинобар он аз рӯи ҳосиятҳояшон монанд мебошад.
Атоми ин элементҳо дутогӣ электрон қабул карда, ба иони дузаряда табдил меёбад. Элементҳои ин гурўҳча дараҷаи оксидшавии -2, 0, +2, +4, +6 зохир менамояд.
Оксиген ва сулфур элементҳои зергуруҳи асосии гуруҳи 6 мебошанд. Ин зергурӯҳро зергурӯҳи оксиген меноманд. Селен, теллур ва полоний (полоний – элементи радиоактивӣ) низ ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд. Номи умумии элементҳои оксиген, сулфур, селен, теллур халкогенҳо мебошад. Қабати берунаи атомҳои халкогенҳо шаштогӣ электрон доранд ( дар s2p4 ҳолат) . Бинобар ин халкогенҳо аз рӯи хосиятҳояшон ба ҳамдигар монанданд. Атоми онҳо дутогӣ электрон қабул карда, ба ионҳои дузаряда табдил меёбанд. Ҳамаи халкогенҳо дар пайвастагиҳояшон бо гидроген ва металлҳо дараҷаи оксидшавии -2 бо оксигену дигар ғайриметаллҳои фаъол дараҷаи оксидшавии +4 ва +6 зоҳир менамоянд. Оксиген, мисли фтор дараҷаи оксидшавии ба рақами гуруҳ баробарро зоҳир намекунад. Дараҷаи оксидшавии оксиген одатан баробари -2 ва дар пайвастааш бо фтор баробари +2 аст. Дар қабати атоми оксиген ду элетрони ҷуфтнашуда мавҷуд аст. Электронҳои ҷуфтшудааш бошанд, аз сабаби набудани d-зерқабат (2d-зерқабат), яъне катакчаҳои квантии холӣ тоқ шуда наметавонанд. Бинобар ин валентнокии оксиген ҳама вақт баробари ду мебошад. Оксиген дар пайвастаҳояш дараҷаҳои оксидшавии -2 ва +2 зоҳир мекунад (масалан, Н2О ва ОҒ2). Атоми сулфур низ дар ҳолати асосӣ чунин валентнокӣ ва дараҷаҳои оксидшавӣ дорад.
Ҳангоми ба ҳолати барангехта гузаштани атоми сулфур (бо додани энергия, масалан, аз таъсири гармӣ) аввал як электрони 3р-баъд як электрони 3- зерқабат ба 3- зерқабат мегузаранд.
Дар натиҷаи ба 3-зерқабат гузаштани як электрони 3р-зерқабат миқдори электронҳои ҷуфтнашуда ва валентнокии атоми сулфур баробари чор мешавад. Ҳангоми ба 3-зерқабат ду электронҳои ҷуфтнашуда ва валентнокии атоми сулфур баробари шаш ҳоҳад шуд. Зоҳиран, элементҳои ба сулфур монанд –селен, теллур, полоний низ валентнокии ҷуфт 2, 4, 6 ва дараҷаҳои оксидшавии -2, +2, +4, +6 зоҳир мекунад.
Формулаи умумии пайвастаҳои гидрогении элементҳои зергурӯҳи оксиген Н2 ( R-аломати элемент) мебошад... онҳоро гидрогалогенхалкогенидҳо меноманд. Ҳангоми дар об ҳал шудани ин пайвастаҳо кислотаҳо ҳосил мешаванд. Қувваи ин кислотаҳо бо афзудани рақами тартибии элемент зиёд мешавад. Об, ки ба ионҳои Н+ ва ОН-диссотсиатсия мешавад, электролити амфотерӣ мебошад,
Сулфур, селен, ва теллур бо оксиген пайвастаҳои якхела ҳосил мекунанд:.. ба ин оксидҳо кислотаҳои Н2R ва Н3R мувофиқат менамоянд.
Бо афзудани рақами тартибии элемент қувваи ин кислотаҳо кам мешавад. Кислотаҳои навъи НR танҳо ҳосияти оксидкунандагӣ, кислотаҳои намуди НR бошанд, ҳам ҳосияти оксидкунандагӣ ва ҳам барќароркунандагӣ зоҳир мекунад. Бояд гуфт, ки хосиятҳои оксидкунандагии Н2 нисбат ба хосияти барқароркунандагиаш зиёдтар аст.
Бо афзудани заряди ядро хосияти моддаҳои содда тадриҷан тағйир меёбад: хосияти ғайриметаллӣ кам шуда хосиятҳои металлӣ меафзоянд. Масалан, оксиген – ғайриметалл буда, теллур гарчи ғайриметалл аст, лекин ҷилои металлӣ дорад ва ҷараёни электрикиро мегузаронад.
Радиуси зоҳирии атомҳои нейтралӣ, ионҳои манфӣ ва мусбат бо зиёд шудани рақами тартибї калон шуда, энергияи ионизатсия, қаробат ба электрон, электроманфият кам мешавад. Банди кимёвӣ дар пайвастаҳои оксигенӣ ва гидрогенӣ ковалентии қутбнок аст. Хосияти барқароркунандагӣ аз оксиген то полоний зиёд шуда, хосияти оксидкунандагӣ кам зоҳир мекунад.
Устувории банди электронҳои валентӣ барои ин зергуруҳ аз боло то поён кам мешавад, ки ин ба пастшавии хосияти ғайри металлии онҳо меоварад. Масалан, агар оксиген типи ғайриметаллӣ бошад, полоний аз рӯи хосияти худ металл мебошад.
Камшавии потенсиали (энергияи) ионизатсионии элементҳо аз оксиген (13,61 эв) то полоний (8, 43эв) шаҳодати камшавии қаробати элементҳо бо электрон буда, ба зиёдшавии қабатҳои электронӣ алоқаманд аст, ва инчунин яке аз сабабҳои тағйирёбии валентнокӣ аст.
Валентнокии оксиген асосан ба 2 баробар аст, вай бештар хосияти ба худ пайваст кардани электронҳоро зоҳир мекунад. Танҳо дар пайвастагиҳояш бо фтор, агарчанде валентнокиии ба ду зоҳир кунад ҳам, вай электронҳояшро ба фтор медиҳад. Барои ълементҳои дигари ин зергуруҳ валентнокии тағйирёбанда хос мебошад. Аз ҳама влентнокии паҳншудатарин барои ин элементҳо 2, 4, 6 мебошад.
Дар қатори сулфур, селен, теллур қувваи кислотаҳои онҳо ва устувории пайвастагиҳои гидрогениашон паст мешавад. Чӣ қадаре, ки элемент валентнокии баландро зоҳир кунад, вай ҳамон қадар кислотаи пурқувватро ҳосил мекунад.
