
- •1.2. Низоми пешрафтаи андоз дар давлати Сомониён
- •1.3. Инкишофи минбаъдаи андозбандї дар љт
- •Мавзўи 2. Моњияти молиявї-њуќуќии андозњо дар Тољикистон
- •2.1. Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат
- •2.2.Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї
- •2.3.Навъњои андоз дар љт
- •16) Роялти барои об; (ќљт аз 26.03.09, № 493)
- •Мавзўи 3. Унсурњои асосии андоз
- •Андозсупоранда
- •4. Давраи андозсупорї.
- •5. Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз.
- •6. Воњиди андозбандї.
- •7. Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї.
- •8. Имтиёзњо дар бахши андоз.
- •9. Љавобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
- •§ 1. Мафњум, предмет ва принсипњои њуќуќи андоз.
- •§ 2.Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон.
- •§ 3.Андоз ва бољи гурукї.
- •Мавзўи 9. Андозбандии шахсони њуќуќї
- •1. Андозбандии шахсони њуќуќї
- •9.1. Хусусиятњои фарќкунандаи андозбандии шахсони њуќуќї
- •9.2. Андоз аз арзиши иловашуда
- •9.3. Аксиз
- •9.4. Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї
- •9.5. Андоз аз амволи шахсони њуќуќї
- •9.6. Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда
- •10. Андозбандии шахсони воќеї
- •10.1. Муќарароти умумї оид ба андозбандии шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва дигар ашхоси воќеї
- •10.2. Андоз аз даромади шахси воќеї
- •10.3. Андоз аз амволи шахси воќеї
- •10.4. Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор
- •1.Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.
- •2.Паст кардани меъёри андоз
- •3.Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз
- •4.Ќарзи андоз.
- •5.Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон.
- •6.Низоми соддакардашудаи андозбандї.
- •7.Минтаќањои озоди иќтисодї.
- •8.Хусусияти андозбандї њангоми иљроиши Созишнома оид ба таќсими мањсулот.
- •Мавзўи 12. Андозбандии байналмилалї
- •Мавзўи 13. Ўњдадории андоз ва иљроиши он
- •Мањфум ва хусусияти ўњдадори андоз
- •Мавзўи 15. Маќоми њуќуќии полиси андоз
- •Мавзўи 16. Назорати андоз
- •1. Мафњум ва намудњои назорати андоз
- •2. Гузаронидани санљишњои камералї ва сайёр ва ба расмият даровардани онњо
- •3.Назорат бар дурустии истифодабарии мнк њангоми анљом додани њисобњои пулї бо ањолї
- •4. Таъмини нигоњдории маълумоте, ки сирри андозро ташкил медињанд
- •5.Харољоти марбут ба анљом додани назорати андоз
- •Рўйхати адабиёти истифодащуда.
7.Минтаќањои озоди иќтисодї.
Њолати њуќуќии минтаќањои озоди иќтисодї тибќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисоди дар Љумхурии Тољикистон» аз 17 майи соли 2004 № 24 муќаррар мешавад76.
Минтаќањои озоди иќтисодї – ќисми алоњидаи (маљњдуди) ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошад, ки дар њудуди он на фаќат низоми махсуси гумрукию андозї, балки тартиби соддакардашудаи рафтуомади ѓайрирезидентњо ва меъёрњои имтиёзноки истифодаи захирањои табиї амал мекунад
Маќсади тасиси минтаќахои озоди иќтисодї дар Љумхурии Тољикистон ин:
- ба љомеаи иќтисодии љањонї самараноктар љалб намудани иќтисодиёти Љумњурї ва минтаќањои алоњидаи он;
- таъмин намудани шароити мусоид барои љалби инвеститсияњои хориљї, технология ва таљрибаи идоракунї;
- рушди иќтидори иќтисодии минтаќа дар заминаи њамгироии инвеститсияњои хориљї бо воситањои пулию моддии корхона ва ташкилотњои ватанї, ки ба шаклњои гуногуни моликият асос ёфтаанд;
- ташкил намудани инфраструктураи истењсолї ва иљтимоии њозиразамон;
- ѓани гардонидани бозори дохили бо мањсулот ва молњои таъиноти истеъмолї ва истењсолї;
- бењдошти шуѓл ва баланд бардоштани сатњи зиндагии ахолї аст.
Дар ќаламрави Љумхурии Тољикистон мумкин аст шаклњои гуногуни функсионалии минтаќањои озоди иќтисодї ташкил карда шаванд. Шакли функсионалии минтаќањои озоди иќтисодї мувофиќи маќсади таъсиси онњо ва самти фаъолияти инвеститсионї дар минтаќаи озоди иќтисодї муайян карда мешавад. Дар минтаќањои озоди иктисодї метавонад фаъолияти истењсолї, илмию технологи, воридоти, содироти, савдо, сайёњию истироњатї, инвеститсионї, биржавї, суѓуртавї, бонкї ва намудњои дигари фаъолият, ки конунгузории Љумњурии Тољикистон пешбини намудааст, инкишоф ёбад.
Минтаќањои озоди иќтисоди метавонанд фарогири вазифахое бошанд, ки онњо хоси якчанд шаклњои функсионалии минтаќањои озоди иќтисодиянд. Сарњади њудудии минтаќахои озоди иќтисодиро Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Њукумати Љумхурии Тољикистон тасдиќ мекунад.
Минтаќахои озоди иќтисоди бо ќарори Њукумати Љумхурии Тољикистон мувофиќи барномаи давлатии таъсису инкишофи минтаќахои озоди иќтисоди дар ќаламрави Љумхурии Тољикистон ва Ќонун «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии ТОљикистон» таъсис ва барњам дода мешавад.
Субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї субъектњои фаъолияти соњибкорие мебошанд, ки новобаста аз шакли ташкилию њуќуќияшон тибќи тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон дар минтаќаи озоди иќтисодї фаъолият мекунанд, инчунин филиалњои шахсони њукукии хориљие низ мебошанд, ки дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисоди мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз тарафи маъмурияти минтаќаи озоди иќтисоди ба ќайд гирифта шудаанд. Баќайдгирии давлатии субъектњо дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодї мутобики ќонунгузории Чумњурии Тољикистон сурат мегирад. Баќайдгирии њисобии филиалњо ва намояндагињои онњо аз љониби маъмурияти минтаќаи озоди иќтисоди бо тартиби муайяннамудаи Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодї амали мегардад. Дар њудуди минтаќањои озоди иќтисодї вазифаи идоракуниро маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодї, ки онро роњбар сарварї мекунад, иљро менамояд. Тартиби фаъолияти маъмурияти минтаќањои озоди иктисодї дар Низомнома оид ба минтаќаи озоди иктисодї муайян карда мешавад. Роњбари маъмурияти минтаќаи озоди иктисодї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодї дорои чунин салоњият аст:
- базаи иттилоотию тањлилии дурнамои инкишофи самараноки минтаќаи озоди иќтисодиро ташкил мекунад;
- барномањоро оид ба рушди минтаќаи озоди иќтисодї тањия ва амалї намуда, онњоро такмил медињад;
- манфиатњои истењсолкунандагону истеъмолкунандагонро њимоя мекунад;
- ягонаги ва фаъолияти пурсамари минтаќаи озоди иќтисодиро таъмин менамояд;
- барои љалб намудани инвеститсияњои ватанию хориљи ва дигар захирањо шароити мусоид фароњам меоварад;
- риояи низоми њуќуќии минтаќаи озоди иќтисодиро назорат мекунад ва барои ворид намудани таѓйироти зарурї ба ин низом ба Њукумати Љумњурии Тољикистон таклифњо пешнињод менамояд;
- дигар ваколатњои аз тарафи конунхои Љумњурии Тољикистон пешбинишударо, ки барои тезонидани рушди самараноки муносибатњои бозоргонї равона гардидаанд, амалї менамояд.
Иљрои санадњои маъмурияти минтаќаи озоди иктисодї, ки дар доираи салоњияти он ќабул гардидаанд, дар ќаламрави минтаќа барои тамоми шахсони воќеи ва њуќуќи, ки мувофиќи тартиби муќарраршуда ба ќайд гирифта шудаанд, њатмї мебошад.
Минтаќањои озоди иќтисодї вобаста ба хусусиятњои хоси худ аз дигар минтаќањо фарќ карда мешаванд, ки аз низоми хуќуќи дар минтаќањои озоди иктисодї, низоми махсуси гумрукї, танзими молиявї ва асъорї, имтиёзњои андозбанди, танзими муносибатњои мехнатї, буљети мустаќил, маблаѓгузори барои таъсис, нигоњдорї ва рушди минтаќаи озоди иќтисодї ва ѓайра бармеояд. Дар минтаќањои озоди иќтисодї низоми махсуси гумрукїи, молиявию асъорї ва андозбандї, тартиби соддашудаи воридшавї, иќомат ва хориљшавии резидентњо ва ѓайрирезидентњо, ки бо Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодї муайян шудаанд, инчунин дигар низомњое, ки ба љалб намудани сармоя, њавасмандкунии инкишофи соњибкорї ва рушди иљтимоию иќтисодии минтаќањои озоди иќтисодї нигаронида шудаанд, муќаррар карда мешаванд. Барои таъмин намудани низоми зикргардида аз љониби маќомоти давлатии ваколатдор бо тартиби муќарраршуда дар чунин минтаќањо воњидњои сохтории хадамоти гумрукї ва андоз таъсис дода мешаванд. Дар минтаќаи озоди иќтисодї низоми махсуси гумрукї амал мекунад, ки инњоро пешбини менамояд:
- пурра ё ќисман озод намудан аз бољи гумрукї њангоми ворид кардани молњо ба минтаќаи озоди иктисодї;
- тартиби соддакардашудаи интиќоли борњо ва воситањои наќлиёт аз сарњади минтаќаи озоди иќтисодї;
- бекор намудани тадбирњои сиёсати ѓайритарифї.
Барои њисоббаробаркунињо дар минтаќаи озоди иќтисодї асъори миллии Љумњурии Тољикистон ва асъори мубодилашавандаи давлатњои хориљи бо тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тољикистон истифода карда мешавад. Хусусиятхои махсуси танзими молиявї ва асъори дар њудуди минтаќаи озоди иќтисоди мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амали карда мешаванд.
Шахсони воќеї ва њуќуќие, ки бо тартиби муќарраршуда дар ќаламрави минтаќањои озоди иќтисодї ба ќайд гирифта шудаанд, мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон дар давраи фаъолияташон дар минтаќаи озоди иќисодї аз андозњо ќисман ё пурра озод карда мешаванд. Барои фоида ва даромадњои субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї, ки дар љараёни фаъолияташон дар минтаќаи озоди иќтисоди ба даст овардаанд ва ба соњањои истењсолии дигар минтаќањои Љумњурии Тољикистон равона гардидаанд, имтиёзњои андозбандии пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нигоњ дошта мешаванд.Муносибатњои мехнатї дар минтаќаи озоди иќтисодї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, шартномањои коллективї ва шартномањои инфиродии мењнатї танзим карда мешаванд. Шартномањои мехнатии коллективию инфиродї набояд шароити кормандони корхонаю ташкилотњои минтаќаи озоди иќтисодиро нисбат ба шароитњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон эътироф намудааст, бад созанд.
Минтаќаи озоди иќтисоди буљети мустаќили худро доранд. Ин буљет аз њисоби даромадњои худи ва дигар пардохтњо, ки аз љониби Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар ва аз тарафи шахсони воќеию њуќуќии дар ќаламрави он баќайдгирифташуда пардохт карда мешаванд, ташкил меёбад. Буљети мустаќили минтаќаи озоди иќтисодї бо маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи молияи давлатї мувофиќа карда мешавад. Маблаѓггузорї барои таъсис, нигоњдорї ва рушди минтаќаи озоди иќтисодї, аз љумла инфраструктураи истењсолї, наќлиётї ва ѓайра аз њисоби буљети мустаќили минтаќаи озоди иќтисодї амали карда мешавад. Дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодї Хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иќтисодї бунёд карда мешавад, ки идоракунии он аз тарафи Шўрои хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иќтисодї амали гардонида мешавад. Манбаъњои таъсисдиќию нигоњдории Хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иктисодї ва сохтору ваколатњои Шўрои он аз тарафи Њукумати Љумхурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд. Њаљми маоши роњбарони маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодиро Њукукмати Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.
Минтаќањои озоди иќтисоди дар њолатњои зерин метавонанд барњам дода шаванд:
- гузаштани мўњлати амалиёти минтаќаи озоди иќтисодї, ки Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодїи муќаррар кардааст;
- набудани пешнињоди асосноки маќомоти воњиди марзию маъмурї, ки дар ќаламрави он минтаќањои озоди иќтисоди таъсис дода шудааст, оид ба дароз кардани мўњлати мазкур њангоми фаъолияти бобарори минтаќањои озоди иќтисодї;
- ба манфиатњои амнияти давлат, аз љумла амнияти иќтисодию экологї номувофиќ будани фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї;
- пешнињоди мањќомоти њокимияти иљроия ё маќоми воњиди марзию маъмурї, ки дар ќаламрави он минтаќахои озоди иќтисодї љойгир шудааст.
Дар њолатњои дигар барњам додани минтаќахои озоди иктисодї манъ аст. Дар мавриди барњам додани минтаќахои озоди иќтисодї субъектњои фаъолияти соњибкорї, ки дар минтаќањои мазкур ба ќайд гирифта (аккредитатсия) шудаанд, аз њуќуќ ва ўхдадории худ , ки Ќонун «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» пешбини менамояд, мањрум мегарданд. Барњам додани минтаќањои озоди иќтисодї ба ягон оќибати њуќуќї љихати фаъолият барњамдињии шахсони њуќуќї ва филиалњои шахсони њуќуќии хориљї оварда намерасонад ва онњо дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодии пештара фаъолият мекунанд ё тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барњам дода мешаванд.
А. Минтаќаи дорои андозбанди имтиёзнок(оффшорї).
Минтаќаи дорои андозбандии имтиёзнок ин њудуде аст, ки дорои сатњи пастари андозбандї нисбат ба дигар њудудњо мебошад. Минтаќаи зикршуда минтаќаи имтиёзноки андозбандї, юридиксияи андозбандї ва ё оффшорї номида мешавад. Дар айни њол дар тамоми љахон 60 минтаќаи анозбандї имтиёзнок ва 3 миллион ташкилотњои оффшорї баќайд гирифта шудааст. Ба сифати ин минтаќањо давлат ва ё њудуди алоњидаи он дохил мегардад ба монанди Гонконг, Ирландия, Панама, Кипр, љазирањои бегон, Белиз, Бармуд, Бритони, Виргинии, Гибралтар, ва ѓайра. Мисол дар Кипр аз 20 њазор ташкилотњои бакайдгирифташуда њарсол 200 милион долари ИМА ба буљети давлат ворид менамоянд. Оид ба минтаќањои дорои андозбанди имтиёзнок дар КА ЉТ моддаи мушахас љой дорад. Тибќи моддаи 168 КА ЉТ агар резидент мустаќим ё ѓайримустаќим дорои зиёда аз 10 фоизи фонди оинномавї ё зиёда аз 10 фоизи сањмияњо бо њуќуќи овози корхонаи хориљї бошад, ки вай дар навбати худ дар мамлакати дорои андозбандии имтиёзнок даромад мегирад, як ќисми чунин даромад, ки ба резидент тааллуќ дорад, ба даромади (фоидаи) андозбандишавандаи вай (резидент) дохил карда мешавад. Давлати хориљї њангоме давлати дорои андозбандии имтиёзнок њисобида мешавад, ки агар меъёри андоз дар он нисбат ба меъёри мувофиќи КА муќарраршуда 30 фоиз кам бошад ё ќонунњое дошта бошад, ки дар бораи махфї нигоњ доштани маълумоти молиявї ё маълумот дар бораи ширкатњо, ки барои нигоњ доштани сирри соњиби воќеии амвол ё даромадгиранда (фоидагиранда) имконият медињанд, вуљуд дошта бошанд. Сиёсати андозбанди ин минтаќахо чунин аст, ки таъмини маблаѓгузори инистутњои умуми пеш аз њама аз њисоби љалби сармоягузории иловагии њоричї дар њудуди худ, инчунин љамнамои пардохтњои баќайдгирии њарсола аз ташкилотњои ѓайрирезидаентї ташкил меёбад.
Асосан чунин намудњои юридиксияи андозбандї вобаста ба типашон бо назардошти нишонањои зерин таќсим мешавад:
-даромад пурра андозбандї намешавад;
-андозбанди намуди муайяни фаъолият ва корхонањо озод карда мешавад;
-андозбандии намудњои фаъолияти алоњидаи соњибкорї дар асоси паст кардани маблаѓи андоз амалї мегардад;
-андозбанди имтиёзнок танњо бо ташкилотњои шакли ташкили њуќуќии хос пањн мегардад, масалан, нисбати холдингњо;
-андозбанди имтиёзнок танњо нисбати ташкилоти ѓайриризидентї пешбини шудааст;
-даромади берун аз њудуди ин минтаќа бадастомада андозбандї намешавад.
1) Ташкилотхои милли- резидент буда дар фаъолияти худ мањдуд намегардад аммо ба онњо ўхдадории андоз пурра пањн мегардад.
2) Ташкилоти Милли бо њолати махсуси андозбандї- нисбати он манукињои алоњида њангоми нисбати онњо пањнгардидани имтиёзњои андоз љой дорад. Њолати махсуси андоз дар ваќти баќайдгирї ва баъд аз он бадастоварда мешавад. Аз лањзаи баќайдгири њолати махсуси андозро ин ташкилотњо бадаст меоранд:
- Ташкилоти байналхалќии корї(делавая).
- ташкилоти оффшорї.
- ташкилоти байналхалкї.
Ба сифати ташкилотхое, ки њолати махсуси андозро баъд аз баќайдгирї бадаст меоранд, шартан ташкилоти имтиёзнок номбурда мешаван, ки аз андоз аз фоидаи шахси њуќуќї озод мегарданд.