Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Hukuki_andoz-spaces.ru.doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
902.14 Кб
Скачать

3.Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз

Тибќи моддаи 90 КА ЉТ таѓйир додани мўњлати пардохти андоз, љарима ва фоизњо (ба таъхир гузоштан) ин аз мўњлати мутобиќи КА ЧТ муќаррарнамудаи пардохти андоз, љарима ва фоизњо, аз љумла пардохтњои љорї, ба мўњлати нисбатан дертар гузарондани он ба њисоб меравад. Батаъхиргузорї танњо нисбати он ўњдадорињои андоз анљом дода мешавад, ки мўњлати пардохташон расидааст. Батаъхиргузорї метавонад доир ба як ё якчанд андоз фароњам оварда шавад. Маблаѓи андоз, љарима ва фоизњое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, то рўзи ба охир расидани давраи батаъхиргузорї њамчун баќияпулї ба њисоб намеравад ва нисбати он тадбирњои ситонидани маљбурии андоз, љарима ва фоизњо, ба истиснои њисоби фоиз, татбиќ намегарданд. Батаъхиргузорї андозсупорандаро, ба истиснои њолатњои дар натиљаи офати табиї, садамаи технологї ва дигар њолатњои таъсири ќуввањои рафънопазир ба ин шахс расидани зарар ва сари ваќт аз буљет маблаѓгузорї нашудани ин шахс ё сари ваќт напардохтани маблаѓи фармоиши давлатї, ки аз љониби ин шахс иљро шудааст пешбинигардида, аз љавобгарии њисоби фоизњо нисбати маблаѓњои ба таъхир гузошташудаи андозњо то ба охир расидани давраи батаъхиргузорї озод наменамояд. Батаъхиргузорї андозсупорандаро аз иљрои ўњдадорињои дар мўњлатњои муќарраршуда пешнињод намудани эъломия ва дигар њисоботи муќарраршуда ба маќомоти андоз нисбати андозњое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, озод намекунад. Дар давраи батаъхиргузорї љараёни мўњлатњои даъво, ки КА муќаррар кардааст, ќатъ мегардад. Пўшонидани маблаѓи ўњдадорињои андози ба таъхир гузошташуда аз моње, ки баъди моњи давраи батаъхиргузорї фаро мерасад, оѓоз мегардад. Њамзамон андозсупоранда дар баробари пўшонидани маблаѓи ўњдадорињои андози ба таъхир гузошташуда ўњдадор аст ба буљет тамоми маблаѓњои ўњдадорињои љории андозро пардозад. Њангоми пардохт ба буљет маблаѓњои барои иљрои ўњдадорињои андоз равонашуда аввал барои пўшонидани ўњдадорињои љории андоз ва ќисми боќимонда барои пўшонидани ўњдадорињои андозњои ба таъхир гузошташуда истифода мешаванд.

Батаъхиргузорї метавонад ба шахсе фароњам оварда шавад, ки барои он манфиатдор (шахси манфиатдор) буда, аќаллан яке аз ин асосхоро доро аст:

1) дар натиљаи офати табиї, садамаи технологї ва дигар њолатњои таъсири ќуввањои рафънопазир ба ин шахс зарар расидааст;

2) сари ваќт аз буљет маблаѓгузорї нашудани ин шахс ё сари ваќт напардохтани маблаѓи фармоиши давлатї, ки аз љониби ин шахс иљро шудааст;

3) аз љониби ин шахс гузаронидани корњои илмию тадќиќотї ё таљрибавию конструкторї;

4) аз љониби ин шахс анљом додани фаъолияти љоринамої ё инноватсионї, аз љумла офаридани технологияњои нав ё такмили технологияњои истифодашаванда, кор карда баромадани ашё ё маводи нав.

Батаъхиргузории такрории пардохти андоз, љарима ва фоизњо бе пурра пўшонидани маблаѓњои андози ќаблан ба таъхир гузошташуда, ба истиснои њолатњои мављудияти асосњои пешбининамудаи бандњои 1) ва 2) дар боло зикршуда, манъ аст.

Агар ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон тартиби дигаре пешбинї накарда бошад, ќоидањои пешбининамудаи њамин модда њамчунин њангоми ба таъхир гузоштани пардохти андоз, љарима ва фоизњо вобаста ба гузаштани молњо ва воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон татбиќ мегардад. Ќарор дар хусуси батаъхиргузорї оид ба андозњои умумидавлатї бо пешнињоди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, ки бо маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон мувофиќа шудааст, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ќабул карда мешавад. Ќарор дар хусуси батаъхиргузорї оид ба андозњои мањаллї бо пешнињоди маќомоти дахлдори молия ва андози шањр (ноњия) аз љониби раиси шањри (ноњияи) дахлдор ќабул карда мешавад. Бо назардошти талаботи њамин модда Низомномаи тартиб ва мўњлати (давомнокии) батаъхиргузории ўњдадории андоз аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]