
- •1.2. Низоми пешрафтаи андоз дар давлати Сомониён
- •1.3. Инкишофи минбаъдаи андозбандї дар љт
- •Мавзўи 2. Моњияти молиявї-њуќуќии андозњо дар Тољикистон
- •2.1. Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат
- •2.2.Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї
- •2.3.Навъњои андоз дар љт
- •16) Роялти барои об; (ќљт аз 26.03.09, № 493)
- •Мавзўи 3. Унсурњои асосии андоз
- •Андозсупоранда
- •4. Давраи андозсупорї.
- •5. Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз.
- •6. Воњиди андозбандї.
- •7. Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї.
- •8. Имтиёзњо дар бахши андоз.
- •9. Љавобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
- •§ 1. Мафњум, предмет ва принсипњои њуќуќи андоз.
- •§ 2.Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон.
- •§ 3.Андоз ва бољи гурукї.
- •Мавзўи 9. Андозбандии шахсони њуќуќї
- •1. Андозбандии шахсони њуќуќї
- •9.1. Хусусиятњои фарќкунандаи андозбандии шахсони њуќуќї
- •9.2. Андоз аз арзиши иловашуда
- •9.3. Аксиз
- •9.4. Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї
- •9.5. Андоз аз амволи шахсони њуќуќї
- •9.6. Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда
- •10. Андозбандии шахсони воќеї
- •10.1. Муќарароти умумї оид ба андозбандии шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва дигар ашхоси воќеї
- •10.2. Андоз аз даромади шахси воќеї
- •10.3. Андоз аз амволи шахси воќеї
- •10.4. Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор
- •1.Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.
- •2.Паст кардани меъёри андоз
- •3.Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз
- •4.Ќарзи андоз.
- •5.Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон.
- •6.Низоми соддакардашудаи андозбандї.
- •7.Минтаќањои озоди иќтисодї.
- •8.Хусусияти андозбандї њангоми иљроиши Созишнома оид ба таќсими мањсулот.
- •Мавзўи 12. Андозбандии байналмилалї
- •Мавзўи 13. Ўњдадории андоз ва иљроиши он
- •Мањфум ва хусусияти ўњдадори андоз
- •Мавзўи 15. Маќоми њуќуќии полиси андоз
- •Мавзўи 16. Назорати андоз
- •1. Мафњум ва намудњои назорати андоз
- •2. Гузаронидани санљишњои камералї ва сайёр ва ба расмият даровардани онњо
- •3.Назорат бар дурустии истифодабарии мнк њангоми анљом додани њисобњои пулї бо ањолї
- •4. Таъмини нигоњдории маълумоте, ки сирри андозро ташкил медињанд
- •5.Харољоти марбут ба анљом додани назорати андоз
- •Рўйхати адабиёти истифодащуда.
9.1. Хусусиятњои фарќкунандаи андозбандии шахсони њуќуќї
Андозбандии шахсони њуќуќї аз андозбандии шахсони воќеї бо як ќатор хусусиятњои худ фарќ мекунад, ки аз мазмуни ќонунгузории љорї бармеояд. Гап сари он меравад, ки дар тафовут аз шахсони воќеї њолати њуќуќии шахсони њуќуќї хосияти махсусгардонидашударо доро мебошад, ки вобаста ба як ќатор тамоюлњо муайян карда мешавад.
Аввалан, андозбандии шахсони њуќуќї ба идоракунии хољагии он вобаста мебошад. Айни замон идоракунии мустаќилонаи хољагї ва идоракунии оперативиро фарќ кардан имконпазир аст. Мустаќилона пеш бурдани хољагї одатан хоси шахсони њуќуќиест, ки ба фаъолияти соњибкорї машѓуланд.
Сониян, мавќеи љойгиршавии шахсони њуќуќї тибќи ќонунгузории граждании љумњурї муайян карда шуда, ќонунгузор дар байни шахсони њуќуќии хориљї ва дохилї бо маќсади андозбандї тафриќа мегузорад, ки одатан ба имтиёзњои андозбандїалоќаманд аст.
Баъдан, њангоми андозбандии шахсони њуќуќї ба кадом шакли ташкилию њуќуќї дахлдор будани онњо ба инобат гирифта мешавад. Аслан, дар ин маврид тиљоратї ва ѓайритиљоратї будани шахсони њуќуќї мадди назар карда намешавад.
Гуфтан мумкин аст, ки як ќатор андозњое, ки аз шахсони њуќї ситонида мешавад хусусияти алтернативиро нисбати андозњои шахсони воќеї супоранда доранд.
Њамчунин, нисбати баќайдгирии шахсони њуќуќї тартиби махсус пешбинї карда мешавад, ки мутобиќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи баќайдгирии шахсони њуќуќї» ба амал бароварда мешавад. Фаъолияти онњо дар ин сурат хусусияти рамзї гирифта, дар асоси Шањодатномаи баќайдгирии шахси њуќуќї ба роњ монда мешавад.
Ѓайр аз ин, ќонунгузор тартиботеро пешбинї менамояд, ки тибќи он њама гуна бонкњои тиљоратї, муассисањои хурди молиякунонї, фондњои сармоягузори суѓуртавї супорандаи андоз њисобида мешаванд.
Тартиби њисобу китоби андозњо нисбати шахсони њуќуќї дар фарќият аз шахсони воќеї соддакардашуда намебошад.
9.2. Андоз аз арзиши иловашуда
Андоз аз арзиши иловашуда дар марњилањои аввалини инкишофи андозбандї муќарар карда шуда, ба гурўњи андозњои умумиљумњуриявї шомил гардид. Ин намуди андоз бори аввал тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи андози арзиши иловашуда» аз 06.01.1992 с. љорї карда шуда, дар м.19 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи асосњои низоми андоз» аз 20.06.1994 с. ва минбаъд дар фасли 7 (аз боби 24 то боби 32) Кодекси андоз аз 12.11.1998 с. мустањкам гардид. Айни замон танзимнамоии њуќуќии андози арзиши иловашуда бар асоси меъёрњои фасли 7-уми КА ЉТ аз 04.12.2004 амалї гардонида мешавад.
Андози номбурда чї дар марњилањои аввал ва чї баъдина вобаста ба меъёри фоизї ба тариќи мустањкам ва афзуншаванда ситонида мешавад. Агар дар соли 2007-ум даромадњо ба њисоби буљет аз њисоби ин намуди андози муњими умумиљумњуриявї дар њаљми 210,7 млн. сомонї пешбинї шуда бошад њам наќша бо ќиёси 220 млн. сомонї иљро гардид, ки ин њам бошад аз нуфузи ин андоз дарак медињад14.
Андози арзиши иловашуда андози мутаносиб низ ба њисоб меравад. Мавриди чунин як тарзи анозбандї њаминро ќайд кардан љоиз аст, ки дар адабиётњои њуќуќї шарњ дода нашуда њамчун андозбандии мутаносиб барои њар андозсупоранда на маблаѓи баробари андоз, балки муќаррар кардани меъёри баробари андозро дар назар дорад.15 Мисоли равшани муќаррарсозии чунин як меъёрњои баробарро метавон дар Ќонунњои ЉТ дар бораи буљети давлатии соли дахлдор дарёфт намуд.16 Дар назар аст, ки андози номбурда ба гурўњи андозњои мутаносиб дохил мешавад, њамон тавре ки аксари андозњои умумиљумњуриявї ба њамин гурўњи андозњо шомиланд.
Барои фањмиши њамаљониба андози номбурда хуб мешуд, ки ба мафњуми легалии он рў биёрем. Тибќи м. 200 КА ЉТ андози арзиши иловашуда гуфта, шакли ба буљет гирифтани ќисми арзиши дар љараёни истењсол ва муомилоти мол, иљрои кор ва хизматрасонии дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон иловашуда, инчунин ќисми арзиши тамоми молњои андозбандишавандаи ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон воридшавандаро меноманд. Ќонунгузор њамчунин муайян намудааст, ки андози арзиши иловашуда дар њама марњилањои истењсолот, муомилоти молњо, иљроиши корњо ва хизматрасонї пардохта мешавад. Дар баробари ин андози арзиши иловашуда ба тарзи мусбї, яъне меъёри мустањкамгардида ва ба тариќи меъёри сифрї ситонида мешавад.
Супорандагони асосии андози арзиши иловашуда соњибкорон мањсуб меёбанд. Мањз доираи фаъолияти онњоро истењсол ва муомилоти мол, иљрои кор ва ё расонидани хизмат ташкил медињад. Мутобиќи муќаррароти ќонунгузории андоз њаддии нињоии амалиётњои андозбандишавандаи субъектони хољагидор дар 12 моњ яъне соли таќвимї зиёда аз 200 њаз. сомонї муайян карда шавад, он гоњ дар ин њолат чунин субъектон ба сифати супорандаи андози арзиши иловашуда эътироф мегарданд.
Бояд гуфт, ки супорандагони ин намуди андоз њам дар асосњои ихтиёрї ва њам иљборї ба чунин сифат ба ќайд гирифта мешаванд. Иловатан њангоми баќайдгирии чунин субъектон ба онњо аз љониби маќомоти андоз шањодатномаи баќайдгирї њамчун супорандаи андози арзиши иловашуда дар мўњлати 10 рўз аз рўзи пешнињоди њуљљатњои лозимї дода мешавад. Супорандагони андози арзиши иловашуда дар фењрасти супорандагони чунин намуди андоз љой мегиранд ва дар назди маќомоти андоз њисоботдињанда мебошанд. Давраи њисоботии онњо моњи таќвимї муайян гардидааст. Њамзамон ќонунгузор дар м.203 КА ЉТ баќайдгирии ихтиёриро бо маќсади андозбандї пешбинї намуда, омили асосиро машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї медонад. Шахсони љисмонии муќаррарї наметавонанд дар навбати худ њамчун супорандаидаи андози арзиши иловашуда эътироф гарданд.
Объекти андозбандии андози арзиши иловашударо тибќи м. 206 КА ЉТ инњо ташкил медињанд:
-амалиётњои андозбандї ва воридоти андозбандишаванда;
-тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонї;
-хариди молњо (корњо, хизматрасонињо) аз тарафи андозсупоранда бо пардохти андози арзиши иловашуда ва бањисобгирии маблаѓи дахлдор ё доштани чунин њуќуќ, агарчанде ки истифодаи молњо (корњо, хизматрасонињо) барои фаъолияти ѓайрисоњибкорї бошад;
-тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонї ба кормандони худ, агарчанде ки ройгон бошад;
-истењсоли молњо, иљрои кор ва хизматрасонї аз ашё ва ё маводњои фармоишгар;
-молњои ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон воридшаванда ва ё воридшуда тибќи эъломияи гумрукї ба расмият даровардашуда.
Ќонунгузор дар баробари объектњои андозбандишаванда њамчунин номгўи объектонеро муќаррар намудааст, ки аз супоридани андози арзиши иловашуда озод мебошанд (м. 211 КА ЉТ). Ба ин доира тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонињои зерин (ба истиснои содироташон) дохил мешаванд:
фурўш, ба иљора супоридани амволи ѓайриманќул ба љуз аз:
-фурўш ва ё супоридани бинои мењмонхонањо ё манзилгоњњо барои истироњаткунандагон17;
-фурўш ва ё супоридани биноњои истиќоматии аз нав сохташуда ба ѓайр аз њолатњое, ки ин биноњо њамчун манзили истиќоматї камаш дар давоми 2 сол истифода шудааст.
-хизматрасонињои молиявї (дар ќисмати иљораи молиявї) дар ин њолат танњо фоизњо озод карда мешаванд;
-тањвили асъори миллї ва (ё) хориљї, коѓазњои ќимматнок (ба истиснои маќсадњои нумизматї);
-хизматрасонии динї ва маросимї аз љониби ташкилоти динї;
-хизматрасонии тиббї дар њолати доштани иљозатномаи дахлдор барои машѓул шудан ба њамин намуди фаъолият ѓайр аз хизматрасонии косметологї;
-хизматрасонињо дар соњаи таълиму тарбияи томактабї, тањсилоти умумии асосї, миёнаи умумї, тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї, -тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиї, тањсилоти иловагї ва махсус дар сурати доштани иљозатномаи дахлдор барои машѓул шудан ба чунин намуди фаъолиятњо;
-тањвили молњо, иљрои корњо ва хизматрасонињо, ки мустаќиман муассисањои пенитенсиарии Љумњурии Тољикистон ё корхонањои давлатие, ки ба низоми пенитенсиарии љумњурї шомиланд, истењсол намудаанд (иљро намудаанд, хизмат расондаанд);
-тањвили рўзномаю маљаллањо, адабиёти бадеї, адабиёти бачагона, асарњои илмии техникї, адабиёти таълимї, инчунин иљрои корњо оид ба нашри онњо (ба истиснои навъњои эротикї ва хусусияти махсуси рекламавї дошта);
-тањвили молњои (либос ва пойафзол, кўлоњ ва мањсулоти љўроб) навъњои кўдакона, ки бо номгўй аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешаванд;
тањвили мањсулоти махсуси истифодаи фардї барои маъюбон, ки аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешаванд;
-хизматрасонии санаторию курортї;
-тањвили мањсулоти њунармандию бадеї, асбобњои мусиќї, ки бо номгўй аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешаванд18;
-тањвили алюминийи аввалия, пахтаи коркарднашуда ва нахи пахта, аз љумла барои содирот (ба истиснои пахтаи коркарднашуда, ки барои содирот пешбинї шудааст);
-тањвили тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) ба Бонки миллии Љумњурии Тољикистон њамчунин тањвили тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосњои табии (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфирњо, зумуррад, рубин, александритњо, гавњар ва шпинелњо ба Вазорати молияи ЉТ барои Хазинаи давлатии сарватњо19.
Ѓайр аз ин як ќатор воридот аз супоридани андози арзиши иловашуда озод карда шудааст. Ба монанди:
-воридоти асъори миллї ва (ё) хориљї, коѓазњои ќиматнок (ба истиснои маќсадњои нумизматї);
-воридоти тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) аз љониби Бонки миллии Љумњурии Тољикистон, њамчунин воридоти тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосњои табии (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфирњо, зумуррад, рубин, александритњо, гавњар ва шпинел аз љониби Вазорати молияи ЉТ барои Хазинаи давлатии сарватњо;
-воридоти молњо ба сифати кўмаки башардўстона, воридоти молњо ба ташкилотњои эњсонкорї бо маќсади бартараф кардани оќибатњои офатњои табиї, ва фалокатњо, ки ройгон дода мешаванд, инчунин воридоти молњое, ба маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон ройгон дода мешаванд;
-воридоти таљњизоти истењсолию технологї ва мањсулоти такмилии (комплектии) онњо (ки маљмуи ягонаро ташкил медињанд, яъне кори таљњизоти истењсолию технологї бе онњо имконнопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонањо ё азнавтаљњизонии техникии истењсолоти амалкунанда ба шарте, ки ин амвол мустаќиман дар истењсои молњо, иљрои корњо ва хизматрасонї мутобиќи њуљљатњои таъсисии корхона истифода гардад ва ба категорияи молњои тањтиаксизї ќарор нагирад, инчунин амволи шахсие, ки кормандони хориљии корхонањои дорои сармояи хориљї мустаќиман барои эњтиёљоти худ ба љумњурї ворид менамоянд. Имтиёзи номбурда тибќи Ка ЉТ аз 4 сол зиёд буда наметавонад20;
-воридоти техникаи кишоварзї ва ќисмњои эњтиётии он тибќи номгўи муайянннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, инчунин дорувории тиббї, воридоти асбобњои тиббї фармасевтї мутобиќи номгўйе, ки аз љониби Њукумати ЉТ муайян карда мешавад21;
-воридоти молњое, ки барои татбиќи лоиањои маќсадноки маъќул донисташудаи Њукумати ЉТ аз њисоби (дар доираи) маблаѓи грантњо ва (ё) кредитњо (ќарзњо), ки шахсони њуќуќї ва воќеї, давлатњои хориљї, њукуматњои давлатњои хориљї ё ташкилотњои байналмилалї додаанд, амалї мешаванд;
-воридоти намудњои асоии ашёи хом (ба истиснои молњои зераксизї), масолењ, захирањои энергетикї ва таљњизот, тибќи номгўй ва њаљми муќарраркардаи Њукумати ЉТ, ки бевосита заводи алюминийи љумњурї бо маќсади истењсоли алюминийи аввалия истифода мебарад;
-воридоти мањсулоти махсуси истифодаи фардї барои маъюбон, ки аз тарафи Њукумати ЉТ муайян карда мешавад.
Меъёри андози арзиши иловашуда тибќи м.224 КА ЉТ 20%-ро ташкил медињад. Њамзамон, ќонунгузор меъёри номбурдаро дар ду њолат яъне гардишоти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда (ба истиснои содирот) татбиќ менамояд. Дар робита ба ин меъёр њамчунин ќайд кардан лозим аст, ки ба њайси исботи супоридани ин намуди андоз счет-фактурањо баромад менамоянд. Ин њуљљатњои ќатъии њисобу китоб буда, дар 3 нусха тартиб дода мешаванд ва бо эъломияи андози арзиши иловашуда пешнињод карда мешаванд. Яке аз он ба дастраскунандаи (харидор, фармоишгар) молњо, кор ва хизматрасонї тааллуќ дошта, нусхаи дигар ба андозсупоранда (шахсе, ки онро навиштааст) мутааллиќ аст ва ахиран нусхаи сеюм ба маќомоти андоз нигаронида шудааст, ки мутаносибан дар журнали ќайди махсус ба њисоб гирифта мешавад.
Инчунин ќонунгузории андоз дар нисбати содироти молњо меъёри ба тариќи сифр андозбандишавандаро муайян намудааст. Мутобиќи м. 214 КА ЉТ дар сурати содироти молњо ба истиснои содироти алюминийи аввалия, пахтаи коркарднашуда, нахи пахта, металњои ќимматбањо, сангњои ќимматбањо, маснуоти заргарї аз метал ва сангњои ќимматбањо чунин меъёр мавриди истифодабарї ќарор мегирад.
Ќайд кардан лозим аст, ки нисбати як ќатор аз ин имтиёзњо аллакай дар љумњурї таљрибаи ќонунгузорї андўхта шудааст. Масалан, тибќи м.11 Ќонуни ЉТ «Дар бораи Буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои соли 2008» аз 14.11.2007 с. тањти №337 иљрои кор ва хизматрасонии фармоишгарону пудратчии асосии мењмонхонањои панљситорадори ш. Душанбе «Исмоили Сомонї», «Сирена Душанбе», воќеъ дар хиёбони Айнї, Исмоили Сомонї, Маркази фарњанги Осиёи Миёна ва корхонаи ресандагию бофандагї бо сехи рангу бор аз андози арзиши иловашуда дар соли 2008 озод карда шудаанд. Ва на танњо аз ин намуди андоз балки андозњои истифодабарандагони роњњои автомобилгард, андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї, андози њадди аќал аз даромади корхонањо ва андози иљтимої аз ашхосе, ки шањрвандони Љумњурии Тољикистон намебошанд ва дар ин объектон кор менамоянд. Мавриди дигар бошад бар асари як ќарори иловагии парлумони кишвар ба буљети давлатї корхонаи муштараки Тољикистону Эрон оид ба истењсоли трактор «ТољИрон» аз андози арзиши иловашуда њангоми ворид кардани таљњизот озод гардид. Ин дар навбати худ метавонад боиси паст гардидани арзиши аслии ин намуди мањсулот бо маќсади минбаъд бештар ба истењсолот ворид кардани технологияњои навтарини хољагии ќишлоќ гардад.22
Таљрибаи аксари давлатњои дунё шањодат медињад, ки андози арзиши иловашуда навобаста аз вазъи пешрафти иќтисодї ситонида шуда, маъмулан барои пиёдасозии функсияњои иљтимоии давлат равона шудааст. Масалан, дар Олмон объекти чунин намуди андоз гардишњо оиди фурўши молњои њамхудї ва њам аз дигар љой дастрасгардида, расонидани хизмати истењсолї ва ѓайриистењсолї дар њудуди кишвари номбурда пешбинї карда мешавад. Ё ин, ки воридоти молњо аз давлатњои ѓайри Иттињоди Аврупо ва истеъмолоти худї низ андозбандишаванда мебошанд.23 Меъёри андози арзиши иловашуда низ дар мамолики хориљї гуногун мебошад. Вале дар аксари њолатњо њадди андозбандишаванда ва доираи фаъолият таѓйирёбанда аст. Барои мисол, дар Уганда доираи субъектони чунин намуди андозро ашхоси соњибтахассус ба мисли меъморон, аудиторон ва ё њуќуќшиносон ташкил менамоянд, ки дар навбати худ њамчун соњибкор баромад менамоянд. Дар давлатњои Иттињоди Аврупо бошад дар ин мавридњо њадди баќайдгирии ин гуна ашхос муќаррар карда шудааст, ки 15 њаз. евроро ташкил медињад. Њаљми андоз низ гуногун аст, масалан, дар Эквадор он 15%-ро ташкил медињад.24
Њамин тавр, андози арзиши иловашуда, яке аз воситаи муњими ѓанигардонии буљети давлатїба њисоб рафта, дар шароити иќтисоди бозорї љорї кардани он ба принсипњои амалисозии фаъолияти соњибкорї ќаробат дошта, одатан барои рушди иќтисодиёти миллї ва њифзи манофеи љамъиятї нигаронида шудааст.