
- •1.2. Низоми пешрафтаи андоз дар давлати Сомониён
- •1.3. Инкишофи минбаъдаи андозбандї дар љт
- •Мавзўи 2. Моњияти молиявї-њуќуќии андозњо дар Тољикистон
- •2.1. Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат
- •2.2.Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї
- •2.3.Навъњои андоз дар љт
- •16) Роялти барои об; (ќљт аз 26.03.09, № 493)
- •Мавзўи 3. Унсурњои асосии андоз
- •Андозсупоранда
- •4. Давраи андозсупорї.
- •5. Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз.
- •6. Воњиди андозбандї.
- •7. Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї.
- •8. Имтиёзњо дар бахши андоз.
- •9. Љавобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
- •§ 1. Мафњум, предмет ва принсипњои њуќуќи андоз.
- •§ 2.Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон.
- •§ 3.Андоз ва бољи гурукї.
- •Мавзўи 9. Андозбандии шахсони њуќуќї
- •1. Андозбандии шахсони њуќуќї
- •9.1. Хусусиятњои фарќкунандаи андозбандии шахсони њуќуќї
- •9.2. Андоз аз арзиши иловашуда
- •9.3. Аксиз
- •9.4. Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї
- •9.5. Андоз аз амволи шахсони њуќуќї
- •9.6. Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда
- •10. Андозбандии шахсони воќеї
- •10.1. Муќарароти умумї оид ба андозбандии шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва дигар ашхоси воќеї
- •10.2. Андоз аз даромади шахси воќеї
- •10.3. Андоз аз амволи шахси воќеї
- •10.4. Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор
- •1.Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.
- •2.Паст кардани меъёри андоз
- •3.Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз
- •4.Ќарзи андоз.
- •5.Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон.
- •6.Низоми соддакардашудаи андозбандї.
- •7.Минтаќањои озоди иќтисодї.
- •8.Хусусияти андозбандї њангоми иљроиши Созишнома оид ба таќсими мањсулот.
- •Мавзўи 12. Андозбандии байналмилалї
- •Мавзўи 13. Ўњдадории андоз ва иљроиши он
- •Мањфум ва хусусияти ўњдадори андоз
- •Мавзўи 15. Маќоми њуќуќии полиси андоз
- •Мавзўи 16. Назорати андоз
- •1. Мафњум ва намудњои назорати андоз
- •2. Гузаронидани санљишњои камералї ва сайёр ва ба расмият даровардани онњо
- •3.Назорат бар дурустии истифодабарии мнк њангоми анљом додани њисобњои пулї бо ањолї
- •4. Таъмини нигоњдории маълумоте, ки сирри андозро ташкил медињанд
- •5.Харољоти марбут ба анљом додани назорати андоз
- •Рўйхати адабиёти истифодащуда.
§ 1. Мафњум, предмет ва принсипњои њуќуќи андоз.
Њуќуќи андоз гуфта, маљмўи меъёрњои њуќуќеро меноманд, ки муносибатњои љамъиятии фаъолияти бахши ба вуљуд меомадаи давлатро танзим менамоянд. Дар давраи иќтисодиёти бозоргонї наќши фаъолияти давлат дар бахши андоз, сиёсати андоз, механизми рўёнидани андоз меафзояд, чунки андоз ба сифати сарчашмаи асосии буљети давлатї баромад мекунад.
Сиёсати нави андоз дар Љумњурии мо бо љорї намудани низоми нави андоз, ки бо кодекси андози Љумхурии Тољикистон пешбинї шудааст, алокаманд мебошад. Кодекси андози Љумхурии Тољикистон 3 декабри соли 2004 ќабул гардида, аз 1 январи соли 2005 мавриди амал ќарор дода шудааст. Кодекси андоз аз ду ќисм, 17 фасл, 48 боб ва 342 модда иборат аст.
Предмети њуќуќї андозро муносибатњои љамъиятие ташкил медињанд, ки байни маќомоти давлатии андоз, андозсупорандагон ва намояндањои андоз оид ба пардохти андоз ба зинањои гуногуни буљет ба вуљуд меоянд.
Принсипњои њуќуќи андоз гуфта асосњои ибтидоиеро меноманд, ки мазмуни њуќуќи андозро таљассум намуда, самтњои инкишофёбии онро муайян менамоянд. Присипњои соњавии њуќуќи андоз инњо мебошанд:
а) принсипи ќонуният;
б) принсипи ќувваи баргарданда надоштани ќонун;
в) принсипи андозбандии якбора;
г) принсипи имтиёзи андозбандї;
д) принсипи резидентї ва ѓайрахо.
§ 2.Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон.
Системаи андози мамлакати мо аз маљмўи андозњо, принсипњо, шаклу усулњои муќаррар намудан, таѓйир додан ва бекор кардан, пардохтан ва андешидани тадбирњо љињати пардохти онњо, инчунин, шаклу усулњои назорати андоз ва љавобгарї барои вайрон кардани ќонунгузории андоз иборат аст, ки дар моддаи 3 КА дарљ ёфтааст.
Мувофиќи кодекси андози Љумњурии Тољикистон ду намуди асосии андозро фарќ кардан зарур аст:
а) андозњои умумидавлатї;
б) андозњои мањаллї.
Андозњои умумидавлатї чунин андозњое мебошанд, ки ба буљети давлатї пардохта мешаванд. Маъмултарин андозњои давлатї чунинанд: андози даромад аз шахсони воќеї, андоз аз шахсони њуќуќї, андоз аз арзиши иловашуда, аксизњо, андоз ва фоида ва ѓайрањо.
Ќайд кардан зарур аст, ки дар кодекси андози Љумњурии Тољикистон аниќтараш дар моддаи 6 он номгўи андозњои љумњуриявї ва мањаллї оварда шудаанд ва зарурияти дар ин љо дарљ намудани ин модда эњсос карда мешавад.
Ба андозњои умумидавлатї инњо дохил мешаванд:
1) андози даромад аз шахсони воќеї (андоз аз даромади шахсони воќеї);
2)андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;
3) андоз аз арзиши иловашуда;
4) аксизњо;
5) андози иљтимої;
6) андози замин;
7) андозњо аз истифодабарандагони ќаъри замин;
8) андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард;
9) андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;
10) андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї;
11) бољи гумрукї ва дигар пардохтњои гумрукї;
12) бољи давлатї;
13) андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
14) андози њадди аќал аз даромади корхонањо;
15) андоз аз мањсулоти коркарди молњо;
16) дигар пардохтњои њатмии умумиљумњуриявї.
Ба андозњои мањаллї инњо дохил мешаванд:
1) андоз аз амволи ѓайриманќул;
2) андоз аз соњибони воситањои наќлиёт;
3) андоз аз фурўши чакана;
4) дигар пардохтњои њатмии мањаллї.
Маблаѓи аз њисоби андозњои умумидавлатї воридгардида байни буљети љумњуриявї ва буљетњои мањаллї мутобиќи ќонунгузории буљетии Љумњурии Тољикистон таќсим карда мешавад. Маблаѓњо аз њисоби андозњои мањаллї ба буљетњои мањаллии дахлдор ворид карда мешаванд.
Агар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тартиби дигаре муќаррар накарда бошад, андозњо бо воњиди пулї њисоб карда шуда, бо асъори миллї супорида мешаванд.
Љамъоварии андозе, ки дар ќисми махсуси Кодекс зикр шудааст, ба истиснои андоз аз соњибони воситањои наќлиёт, аз љониби маќомоти андоз таъмин карда мешавад. Љамъоварии андоз аз соњибони воситањои наќлиёт аз љониби бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон анљом дода мешавад.
Озодкунї аз њама гуна андози умумидавлатї ё таѓйир додани меъёри андози пешбининамудаи њамин кодекс метавонад бо роњи ворид намудани таѓйиру иловањо ба њамин кодекс ва нисбати андозњои мањаллї бошад - дар асоси ќарорњои Маљлисњои мањаллии вакилони халќи дахлдор анљом дода шавад.
Вобаста аз объекти андозбандишаванда, андозњои бевоиста ва бавоситаро људо кардан мумкин аст.
Андози бевосита гуфта, чунин андозеро меноманд, ки аз даромадњои пулї ё бинобар доштани амволи муайян пардохта мешаванд. Андоз аз даромади ањолї андоз аз молумулки шахсони воќеї ва ѓайра аз ќабили чунин андозњоянд.
Андози бавосита бошад, ба арзиш ё нархи мањсулот алоќаманд буда, вазнинии он ба дўши истеъмолкунандагон гузошта мешавад. Ба чунин намуди андозњо аксизњо, андоз аз арзиши илова мањсубанд.