Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Точикон-китоби пурра.doc
Скачиваний:
16
Добавлен:
01.05.2025
Размер:
6.82 Mб
Скачать

Кидориён

Мадраки асосb роxеъ ба Кидориён дар ахбори маъхаз[ои зерин [астанд. Дар солномаи Бэй-ши ривоят мешавад, ки [окими йуxи[о аз [амлаи жож[о хавф бурда, дарбори худро ба ша[ри Боло кeчонд. «Пас аз ин подшо[и диловари йуxи[о Сидоло аз кe[[ои баланд убур карду ба шимоли {индустон [амлавар шуд ва шимолтар аз Гантоло панx давлатро зери даст овард». Баъди ин солнома воrеа[ои соли 424-ро наrл мекунад. Аз дигар ривояти Бэй-ши маълум мешавад, ки Сидоло ба но[ия[ои йуxи[ои саuир [ам [укмфармо будааст, вале сонb «хунн[о eро пеш кардаанд ва e ба uарб рафтаасту» [укуматро ба дасти писараш додааст.75

Чанд навъ танга[о [астанд, ки дар рeи он[о ба бра[мb «Кидара Кушона ша» навишта шудааст. {уруфоти танга далолат мекунад, ки он дар ким-кадом но[ияи xануб, дар паси {индукуш бароварда шудааст ва мувофиrи маълумоти нумизматb ба давраи сол[ои 390–430 нисбат дорад. А.Бивар ин танга[оро та[лил намуда, ба хулосае омад, ки ин гуна танга[оро паси [ам камаш ду [оким сикка мезаданд.76 К.Еноки исбот мекунад, ки Кидориён таrрибан дар сол[ои 412–437 Тахористон ва Rанда[орро тасарруф карда буданд.77

Дар маъхаз[ои uарб (Приски Понb) гуфта мешавад, ки «гунн[ое, ки он[оро кидориён меноманд», сол[ои 456 ва дар сол[ои минбаъда зидди Эрони сосонb мубориза бурдаанд. Дар зери санаи соли 456 Приски Понb (19) хабар меди[ад, ки шо[и «портb» (яъне сосонb) зидди гунну кидориён меxангид. Худи [амон маъхаз зери санаи соли 464 менависад, ки [укумати Сосониён чунин иддаое дошт: «Римиён (Византия–Б.U.) e[дадор шуданд, ки агар форс[о зидди гунну кидориён ном тоифае ба xанг дароянд, ёрии пулb хо[анд расонд, зеро агар дасти форс[о боло шавад, барои римиён суд [амин мешуд, ки гунн[оро (кидориёнро) рухсат намешуд ба сарзамини Рим дароянд» (Приски Понb, 25).

Маълум, ки Сидолои маъхаз[ои Хитой (талаффузи rадимиаш (kiwo-tâ-lâ)78 ва Кидораи рeи танга[о худи [амон як ном аст. Ба [ар [ол, дар бораи дигар xи[ат[ои масъала ал[ол бо итминон ягон гапи муайян зада намешавад. Агар ба маъхази Хитой бовар кунем, мо [ам гуфта метавонем, ки кидориён хеши кушониён ва [атто як xузъи кушониён буданд, вале ин иддаоро дигар маъхаз[о тасдиr намекунанд. Масъалаи муносибати кидориёни ба {индустон рафта ва он кидориёне, ки ба rавли Приск, зидди Сосониён xангидаанд, мутлаrо норавшан аст. Чанд фарзияи зарифона пешни[од шудааст, мувофиrи яке аз ин фарзия[о кидориёну хиёниён rариб як тоифаанд ва азбаски хиёниён ба ном тобеи шо[и кидориён буданд, бинобар ин он[оро [ам «кидориён»79 меномиданд. Маълумоте [аст, ки Кидориён [анeз соли 477 аз Ганд[ара ба Хитой [айъати сафорат фиристодаанд.80

Хиёниён

Соли 346/47 шо[и Сосониён Шопури II дар сар[ади шарrии давлати худ меистод, зеро ба он xо, ба rавли Аммиан Марселлин (16, 9, 4), «хиёниёну авсан[о», ки худ «еусан» мегуфтаанд, [уxум карданb будаанд. И. Маркварт81 аrидае пеш ни[од, ки дар калимаи «еусан» як [арф uалат рафта ва онро «кусан» яъне кушон хондан даркор. Агар ин гуна исло[ро эътироф кунем (бисёр му[аrrиrон инро раво мешуморанд), пас хиёниён бо кушониён (бо кидориён [ам?) [амгун ва [атто якxоя мешаванд. Баъди ин (17, 5, 1) Аммиан Марселлин наrл мекунад, ки ба Шопур муяссар шудааст бо халr[ои дурдаст–«хиёниён ва гелон[о» муо[ада бандад.

Соли 359 дар асоси муо[ада хиёниён дар [айъати лашкари Шопури II дар rарибии ша[ри Сурия–Умеда ба xанг медароянд. Сардори лашкари хиёниён Грумбат ном «марде будааст тоза ба тахт нишаста ва синнаш аз миёна боло нарафта, вале че[ра пур аз чину ожанг гашта ва дар сиёсат заковати комил дошта ва аз зафар[ои бешумор шe[рат ёфта. {амро[и вай писараш низ будааст xавоне барно, вале дар корго[ [алок гашта» (Аммиан Марселлин, 18, 6, 20, 19, 1, 7–11).

Дар охири сол[ои 60-ум ва миёнаи сол[ои 70-ум Шопури II ду бор ба сари «кушониён», ки пойтахти он[о дар Балх будааст, лашкар кашидааст. Тафсилоти ин му[ориба[оро муаррихи арман Фавст Бузанд ба rалам додааст. Бори аввал «шо[и кушониён» Шопури II шахсан худаш дар сари лашкар будааст, вале ин ба форс[о мадад накардааст. «Лашкари кушониён лашкари форс[оро торумор кард, бисёр форс[оро аз дами теu гузаронд»,– менависад муаррихи арман. Бори дувум Шопури II ба нияти ниrор лашкар кашид, вале ин дафъа [ам [оли форс[о табо[ шуд.82

Маълум, ки дар ин маврид дар зери номи «кушониён» ким-чи хел дигар як тоифа – кидориён, хиёниён ё худ, э[тимол, [ар дуи он[о дар назар дошта шудааст.

Дар катибаи Самадрагупта, ки дар сутуни Олло[обод наrш ёфтааст, аввал «дайвапутра-шахи-шаханушахи-шака-марунда» зикр гардида, баъд арзи а[олии Сарандеб барои xазира[о забт шудааст ва дар аризаи худ мардуми ин xазира[о ба Самадрагупта из[ори итоат намуда, ба вай зан[о ва духтаронро пешкаш мекунанд ва аз вай ярлиrе металабанд, ки аз рeи он ба шарти эътироф намудани [укмронии Самадрагупта мамлакати худро худашон идора карда тавонанд. Му[аrrиrони ин катиба унвонеро, ки дар боло дар нохунак оварда шуд, [ар хел тавзе[ меди[анду [ар як олим (мувофиrи сало[диди худаш) онро ба xузъ[о таrсим мекунад. Дар байни ин тавзе[от тавзе[и олими [инд Буд[а Пракаш ба назар дурусттар менамояд. Ба аrидаи вай тамоми ибораи «дайвапура-шахи-шаханушахи» як истило[и том буда, кадом як аз подшо[они барxастаи миёнаи аср[ои IV-уми Кушониёнро дар назар дорад (санаи катиба [ам ба санаи ин давра мувофиr аст).

Ба фикри дигар муаррих А. С. Алтекар, дар катибаи Олло[обод Кидара83 зикр шудааст ва ин фикр [ам xолиби диrrат мебошад. Дар ин маврид дар байни ахбори Фавст Бузанд роxеъ ба «шо[и кабири Кушониён»84 ва унвони катибаи [индb, ки дар он аз «шо[аншо[и» улвb сухан меравад, иртиботе пайдо мешавад. Вале ба доираи маъхаз[о дохил кардани ин катиба [ам тамоми авзоъро rобили идрок карда наметавонад, масалан, маълум не, ки муносибати байни кирдориён ва хиёниён чb гуна буд.

Вале шояд маъхаз[ои хитоиро ба инобат гирифтан даркор бошад? То ваrт[ои охир аrидае вуxуд дошт, ки он[о дар бораи хиёниён маълумот намеди[анд. Ал[ол олими японb К. Еноки исбот мекунад, ки ахбори маъхаз[ои хитоb роxеъ ба Судэро тасхир кардани «хунн[о» ва чунин ривоят, ки он[о «[окими Судэро кушта, замин[ои вайро забт намуданд» (ва зимнан [оким Хунн насли чорумин пас аз он воrеа[о будааст), ба Суuд нисбат дорад ва дар ин xо зери номи «хунн[о» аслан хиёниён ма[фуз мебошанд.85 Вале тамоми он чизе, ки аз ин ахбор гирифтан мумкин аст, тан[о зикри [амин воrеа, ки Суuдро дар ким-кадом давра хиёниён забт карда будаанд ва та[лили сана[о (ахбор ба соли 437 дахл дорад) нишон меди[ад, ки он[о, э[тимол, Суuдро rабл аз пайдо шудани худ дар xануби Осиёи Миёна забт кардаанд, яъне аз Суuд гузашта рафтаанд.

Бояд rайд кард, ки дар маъхаз[о хиёниёну кидориён байни худ омехта мешаванду вале байни маълумот[о дар бораи хиёниён ва [айтолиён [ад гузоштан аз ин [ам мушкилтар аст. Ин гап ба воrеа[ои нимаи аввал ва миёнаи асри V нисбат дорад. Муаррихони араб Табарb ва Диноварb хабар меди[анд, ки ба тахти Сосониён Варахрони V Ба[роми Гeр (сол[ои 420–437) нишасту дере нагузашта ба Хуросон [оrони «туркон» дарафтод ва мамлакатро ба uорат бурд. Ба[роми Гeр вонамуд, ки ба Озарбойxон меравад, вале худаш бо э[тиёти тамом пин[онb ба «турк[о» наздик омад, ки он[о дар rарибии Марв хайма зада, бепарвоёна дам мегирифтанд. Инак, сарбозони Ба[роми Гeр наъраи муд[ише кашиданду «турк[о» рe ба гурез ни[оданд. Ба[роми Гeр хоrони «турк»-[оро кушт, зани eро ба даст овард ва лашкари eро то худи Амударё таъrиб намуд ва дар назди Омул аз дарё убур карду ба «турк[о» наздик шуда буд, ки он[о арзи итоат намуданд ва илтимос карданд, ки байни он[о ва худаш сар[аде муrаррар кунад ва он[о аз ин сар[ад нахо[анд гузашт. Ба[ром ма[аллеро, ки ба хоки «турк[о» хеле амиr мерафт, интихоб намуд. Фармуд, ки дар он xо бурxе бардоранд ва ин xоро сар[ад таъин кард» – менависад Диноварb.

Табарb менависад, ки дар байни турк[о ва но[ия[ое, ки бо «кишвари турк[о» [амсар[ад буд, сар[ад муrаррар карда шуд. Вай муфассал номбар мекунад, ки Ба[роми Гeр чb uанимате ба даст оварда буд. Вале му[имаш [амин ки вай волии Хуросонро таъин мекунад ва мегeяд, ки rарорго[и вай дар Балх буд86. Пас сарфи назар ба uалаба вазъияти сар[ади шарrb назорати доимиро таrозо дошт. Шояд гуфтаи Фирдавсb роxеъ ба он ки пас аз шикасти «турк[о» ашрофи Чаuониёну Хатлону Балху Бухоро маxбур буд ба Эрон хироx ди[ад, ба [амин воrеа алоrа дошта бошад.

Дар бораи кадом «турк[о» сухан мерафта бошад? Шакке нест, ки худи ин ном анахронизм аст. И.Маркварт ба ду xи[ат диrrат дод – аввалан, дар як достони па[лавb («Ёдгори Зарирон») аз разми шо[и Эрон Виштосп ва шо[и хиёниён Арxосп сухан меравад ва зимнан корзор дар дашт[ои но[ияи Марв будааст. Баъди uалаба Виштосп ба Балх бармегардад. {амаи ин тафсилоти му[ориба[ои Ба[роми Гeрро ба ёд меоварад. Дувум, валиа[ди Хуросон ба унвони «марзбони кушон» (яъне «сар[адбони кушон») со[иб мешавад.87 И.Маркварт дар асоси [амин ба хулосае меояд, ки Ба[роми Гeр, дар [аrиrат, ба хиёниён xангида буд ва ин хулосаи вай боварибахш аст.88

Чаро унвони валиа[ди Балх «марзбони кушон» буд? Ин ду сабаб доштанаш мумкин. Якум, ба rавли Табарb, Ба[роми I Гeр як rисми хоки {индус-тонро, ки дар он ма[ал[о мулки Кушониён вуxуд дошт, ба мамлакати худ [амро[ карданb буд ва инак, унвони мазкур гeё як навъ намоиши сиёсb [ам буд. Дигар сабаб [амин: дар Эрон гумон доштанд (ё медонистанд), ки байни хиёниёни навомада ва Кушониёни аз rадим маълум ким-чb хел алоrае [аст. Сабаби дувумро [амин як далел [ам таrвият меди[ад. Дар а[ди Яздгурди II (сол[ои 438–457) зидди кeчманчиёни шимол xанг идома дошт. Иштирокчb ва [амасри ин xанг муаррихи арман Егише Вардапет хабар меди[ад, ки шо[и Сосониён «нога[он ба кишвари хиёниён тохт, ки он[оро Кушониён [ам мегeянд ва ду сол [арб зад, вале натавонист он[оро ба итоат дарорад»89. Хуллас, ду маъхазе, ки бо [ам мутлаrо вобаста нестанд, хиёниёнро бо кушониён алоrаманд кардаанд. Ин исботи аrидаест, ки хиёниёнро аз кушониён xудо кардан нашояд.

Яздгурди II [атто маxбур шудааст, ки rарорго[и худро ба шимол кeчонад. Авзои пурта[лука дар ин xо зиёда аз да[ сол тeл кашид. Худи [амон муаррихи арман Егише Вардапет менависад, ки соли 450 «Яздгурд лашкари бешумор гирд оварда, ра[сипор шуд ва ба кишвари [айтолиён расид. Шо[и кушониён инро дида, xуръати [арб наёфт ва рe ба гeша[ои дастнораси биёбон фирор кард». Баъди ин Яздгурди II сарзамини Кушониёнро ба uорат бурд, бисёр ша[р[о, асирон ва сарватро uанимат гирифт. К.В.Тревер дар асоси ибораи «кишвари {айтолиён»-и ин матн хулосае мебарорад, ки [айтолиён дар ин давра «аз афти кор, [анeз бар кушониён [укмфармо набуданд»90. Вале мо ба ин фикри К. В. Тревер розb не, баръакс, ба фикри мо, матни мазкур далели он аст, ки [айтолиён бар хиёниён [укмфармо шудаанд ва тамоми хоки («кишвари») он[о аз они [айтолиён [исоб мешуд, вале он[о [анeз дар xанг[ои зидди Эрон иштирок намекарданд.