Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Точикон-китоби пурра.doc
Скачиваний:
16
Добавлен:
01.05.2025
Размер:
6.82 Mб
Скачать

Му[ориба[о дар дамга[и Осиёи Миёна

Дар сарчашма[ои хаттb роxеъ ба чораxeи[ои Бесс баъзе маълумот мавxуд аст. Аввалан, e кeшиш кард, ки xи[ати rонунии [окимияти худро таъмин намояд. Зу[уроти чунин кeшиш[ои Бессро дар ахбори Диодор (ХVII, 74, 1-2) роxеъ ба Бохтар метавон пай бурд: «Бесс ваъда дод, ки ба xанг сардорb мекунад ва мардум бовар карда, eро подшо[ хостанд». Дар ин сарчашма [амчунин хотирнишон мешавад, ки Бесс «аскар xамъ кард ва асли[аи бисёр омода намуд».

Бесс муваффаr гардид, ки аз сатрапи[ои [амсоя, пеш аз [ама Ориё (вилояти имрeзаи {ирот) ва инчунин аз мардумони бодиянишин барои тарафдорb ризоият гирад. Як навъ «Иттифоrи сатрапи[о» ташкил ёфт. Аммо ба e таъмини пуштибонии табаrа[ои васеи а[олb муяссар нагардид. Яке аз сабаб[ои асосии ин ба худ ном ва унвони подшо[и [ахоманиширо гирифтани Бесс буд. Илова бар ин, ба e фурсат кифоя намекард: аз тарафи uарб лашкари юнону маrдунb бо суръат наздик меомад.

Аввалин дафъа лашкари юнону маrдунb дар Ориё ба муrовамати сахт дучор гардид. Ба Искандари Маrдунb бештар аз як мо[ лозим омад, то муrовамати ориёи[оро фурe нишонад. Дастаи сершумори савораи ориёb бо сардории Сатибарзан аз дасти Искандар ра[оb ёфта, ба reшуни Бесс [амро[ шуд.

Искандари Маrдунb вилоят[ои xанубии Афuонистонро, ки дар он xой[о низ, зо[иран, тарафдорони Бесс мавxуд буданд, забт намуда, ба воситаи аuбаи {индукуш ро[и шимолро пеш гирифт. {ангоми ба дашт[ои шимоли Афuонистон баромадани лашкари юнону маrдунb дар ихтиёри Бесс 7 ё 8 [а-зор бохтари[ои мусалла[ ва боз чанд даста сарбозони дигар буданд (Арриан, III, 28, 5; Квинт Куртсий, VII, 4, 20). Дуруст аст, ки Бесс ба маrсади ниго[ доштани як rисми лашкари Искандар Сатибарзанро бо ду [азор аскари савора ба Ориё фиристод ва дар он xо шeриш сар зад, ки Искандарро маxбур сохт барои фурe нишондани он rисмате аз rувва[ои ёрирасони худро равона кунад. Бо вуxуди ин нирeи Искандар аз нирeи Бесс хеле зиёд буд. Аз ин рe, Бесс ба тарафи шимол, ба Бохтари ин сeи Амударё, яъне ба Осиёи Миёна аrиб нишаст.

Дар таълифоти илмb роxеъ ба мо[ият ва оrибати амал[ои Бесс фикру андеша[ои мухталиф баён ёфтаанд. Ба назари мо, ин амалиёт, сарфи назар аз кeшишу [аракат[ои шахсии салтанатталабонаи худи Бесс, объективона а[амияти прогрессивb дошт. Ба тавассути муборизае, ки бо сардории Бесс вусъат пайдо намуд, [амлаи лашкари юнону маrдунb ба Осиёи Миёна якчанд мо[ (ва шояд ним сол [ам бошад) ба таъхир афтод, зеро аскарони Искандар дар натиxаи муrовимат[ои сари ро[и ин сарзамин заифу бе[ол гардида буданд. Муборизаи «иттифоrи сатрапи[о» бар зидди лашкари истилокори юнону маrдунb муrаддимаи он муборизаи [аrиrатан [ам халrиест, ки баъдтар дар сарзамини Осиёи Миёна бо вусъати тамом ба амал омад.76

2. Муборизаи халr{ои осиёи миёна бо reшуни юнону маrдунb Rувва[ои [арбb ва [унари xангии халr[ои Осиёи Миёна

Халr[ои Осиёи Миёна бо кадомин rувва[о муrобили Искандари Маrдунb муrовимат карданд? Бояд rайд кард, ки камбудии асосии rувва[ои мудофиавии Осиёи Миёна марказият надоштани он[о буд. Дар даврае, ки мавриди ба[си мо rарор гирифтааст, фаrат як rисми Осиёи Миёна ба rаламрави {ахоманиши[о дохил шуда ва он [ам ба дараxаи лозима устувор набуд; вилоят[ои боrимондаи ин сарзаминро [окимони со[ибихтиёр ва пешвоёни rабила[о идора мекарданд.

{унари асли[асозии Осиёи Миёна дар асри IV пеш аз милод хеле равнаr пайдо карда буд. Аскарони Осиёи Миёна аз асли[аxоти [уxум бештар ханxар ва шамшер[ои о[анb ва а[ёнан биринxиро истифода мебурданд, ки дастаи он[о аксаран бо наrшу нигори зебо оро дода мешуд. Ханxарро ба па[лeи рост меовехтанд. Мардуми Осиёи Миёна ханxарро карта меномиданд. Дар баробари ин, зо[иран, истило[и акинок низ ба кор бурда мешуд. Шамшер[о хеле калон буда, дарозиашон то 1,2 метр мерасид. Аксар ваrт дар му[ориба табар[ои xангb - сагарис ба кор медаромад. Баъзе намуна[ои ин rабил табар[ои xангии яктеuа ва дутеuа дар [африёти гeрхона[ои rадимаи Помир ёфт шудаанд. Геродот (1, 215) ва Страбон (ХI, 86) хабар меди[анд, ки сеrира[ои массагет[о мисb буданд. Найза[ои дароз бо пайкон[ои биринxb ё о[анb, ки аршти меномиданд, аз асли[аxоти му[им ба шумор мерафтанд. Бе[уда нест, ки Геродот (I, 215) массагет[оро «найзадорон» номидааст. Он ваrт гурз мавrеи чандон му[им надошт.

Ба сифати сило[и дурзан бештар камон истифода мешуд. {анeз дар миёна[ои [азораи I пеш аз милод дар Осиёи Миёна камони мураккабсохти ба истило[ навъи скифb мустаъмал буд. Ин навъи камон бо дурзанb ва нишонрасии худ фарr мекард. Дар манбаъ[о якчанд хели ин асли[а зикр шудааст. Барои тайёр кардани камони бохтарb, [амчунин камон[ои суuдb, портb ва хоразмb найро ба кор мебурдаанд (Геродот, VII, 54, 66). Дар сарчашма[о сакои[о ва массагет[ои «камонандоз» ва «камонандозони савора» ёд шудаанд (Геродот, I, 215; Ксенофонт, «Киропедия», V, 3, 24; Арриан, III, 8, 3). Сарбозони Осиёи Миёна дар фалахмонпарронb [ам хеле мо[ир будаанд (Арриан, IV, 3, 3; Квинт Курций, VII, 6, 2, 22; Плутарх, «{аёти Искандар», ХV, 3).

Сарбозон худро бо xавшан му[офизат мекарданд. Квинт Куртсий (IV, 9, 3) менависад, ки мардуми са[ронишини Осиёи Миёна «аз вараrаи о[ан» барои худ зире[ месохтанд. Бар тибrи маълумоти Арриан (III, 13, 4) сарбозони Осиёи Миёна дар ваrти xанг худро бо зире[[ои фулузb «тамоман мепeшониданд». Он[о бар сар куло[хeд доштанд, [амчунин сипар[ои гуногун[аxму гуногуншаклро барои му[офизати худ истифода мекарданд. Ба rавли Геродот (1, 215), асп[ои массагет[о ба василаи баргустувон му[офизат карда мешуданд. Аз э[тимол дур нест, ки умуман Осиёи Миёна xои тавлиди афзори му[офизаи асп – баргустувон бошад. Ин ихтирои му[ими xангb сонитар ба тарафи uарб – ба Эрони [ахоманишb, ба тарафи xануб – ба {индустон, ба тарафи шарr – ба Хитой па[н гардид. Дар Осиёи Миёна дучарха[ои xангb [ам мавxуд буданд.

Охир[ои асри биринxb дар Осиёи Миёна [унари исте[комсозb ба вуxуд меояд. То ваrти тохтутози истилокорони юнону маrдунb ша[р[ои ин сарзамин иншоот[ои бузурги муста[кам доштанд. Илова ба исте[комоти умумb ша[р[ои калонро бо rалъа[ои баланд и[ота карда, дар девори rалъа манора[о нишонда, тиркаш[о сохта буданд.

Дар Осиёи Миёна аз рeи навъ[ои reшун ба rисм[о xудо кардани rувва[ои аскарb маъмул буд. {ар яки ин rисм[о ало[ида саф ороста, баъзан дар ваrти [уxум ба [ам xафс мешуданд ва паси [ам rарор гирифта, rувваи бузурги [амлавареро ташкил медоданд. Дар баробари ин боз як усули тактикb – аrибнишинии стратегb мавxуд буд: кeшуни савора дар ваrти [уxум якбора аrиб рафта, аз самти дигар барrвор зарба мезад. Умуман, разми [уxум бо фурe рехтани сели reшуни савора сар мешуд, ки мудофиакунандагон онро аввал аз дур бо тиру найза пешвоз гирифта, сонb, баъди тамоман наздик шудан ба [амлаи rатъb мегузаштанд ва ни[оят тан ба тан xанг карда, душмани рe ба гурез ни[одаро таъrиб менамуданд. Дар ла[заи [алкунанда rувваи э[тиётb ба майдон дароварда мешуд.

Сарчашма[ои rадима ба [унари xангии сакои[о арзиши баланд додаанд, ки инро дар ваrти xанги зидди Форс юнони[о хеле хуб э[сос намуда буданд. Баъдтар худи Искандари Маrдунb [ам бор[о нахустин мартаба дар сари му[орибаи назди Гавгамела, ваrте ки аскарони савораи сакоиву бохтарb reшуни пешо[анги Искандарро ба фирор маxбур карданд, ба ин боварb [осил намуд (Арриан, III, 13).

Му[аrrиrони кори [арбии халr[ои Осиёи Миёна ба чунин хулоса[о расидаанд: «1. Асли[аxоти reшуни Осиёи Миёна ба дараxаи нисбат ба замони худ баланд расида буд ва аз баъзе xи[ат[о, [атто аз яроrу асли[аи reшуни юнону маrдунb [ам бартарb дошт. 2. Reшун[ои Осиёи Миёна усул[ои гуногуни тактикии [уxум ва мудофиаро ба кор мебурданд. 3. Ба тавассути иштирок дар xанг[ои давлати {ахоманишb бар зидди юнони[о, аз xумла дар му[ориба[ои зидди Искандари Маrдунb (берун аз [удуди Осиёи Миёна) сардорони reшун[ои Осиёи Миёна аз сило[ ва усул[ои тактикии [ам reшуни [ахоманишb ва [ам юнону маrдунb хеле хуб ого[ буданд. 4. Иrтидори [арбии халr[ои Осиёи Миёна дар аср[ои VI-IV пеш аз милод бисёр баланд буд, ки ин дар муборизаи он[о ба муrобили истилогарони аxнабb омили му[име гардид»77.