Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Точикон-китоби пурра.doc
Скачиваний:
12
Добавлен:
01.05.2025
Размер:
6.82 Mб
Скачать

Адабиёти бадеb ва таърихнигории тоxик дар асри хvi

Чи навъе ки дар боло rайд карда шуд, адабиёт ва фан, ки дар замони [укмронии Улуuбек хеле пеш рафта буд, ба зудb пас аз марги e дар натиxаи таъсири иртиxопарастонаи рe[ониёни ислом ва дарвешон ба [аёти xамъиятb, рe ба таназзул ни[од. Ин аrибравb, махсусан, дар а[ди султон Абeсаид хеле таrвият пайдо намуд. Он вазъияти сиёсb, ки аз аввал[ои асри ХVI дар ин мамлакат фаро[ам омад, ба [аёти адабb ва фаннb зарбаи боз [ам сахттаре расонид. Роли рe[ониёни иртиxоии ислом ни[оятдараxа пурrувват гардида, беш аз пеш ба тараrrиёти афкори илмb монеъ мешуд. Дар натиxаи ин {ирот аз аввал[ои асри ХVI [амчун як маркази мадании халr[ои Осиёи Миёна а[амияти худро аз даст дод. Намояндагони илму фан, адабиёт ва санъат ба [ар тарафи мамлакат пароканда гардиданд.

Агарчанде дар нимаи дувуми асри ХVI ша[ри Бухоро [амчун маркази маданb сар бардошта, сол аз сол шумораи мадраса[о зиёд гардид, лекин дар ин мадраса[о асосан илм[ои динb омeхта мешуданд. Бо вуxуди ин адабиёт ва илму фанни дунявb низ дар ин давра то як дараxа ривоx ёфт. Хоxа {асани Нисорb ном муаллифи тазкираи назми Бухоро, ки дар нимаи дувуми асри ХVI тартиб ёфтааст, 250 нафар ходимони илму адаби давраи [укмронии Убайдуллохон ва писари eро ном мебарад. Аксари ходимони зикркардаи Нисорb дар адабиёт ва санъат осори намоёне аз худ боrb нагузошта бошанд [ам, ин раrам аз хеле равнаr ёфтани афкори адабиву илмии он замон ша[одат меди[ад. Барои тараrrиёти минбаъдаи илму фан ва адабиёт зxодиёти фаrат иддаи каме аз онон а[амият пайдо кардааст. Аз байни адибони он давра, махсусан, фаъолияти Восифиро баяд хотирнишон намуд.

Зайниддини Восифb дар соли 1485 таваллуд ёфтааст. E то соли 1512 дар {ирот зиста, пас аз суrути салтанати Темуриён ба хидмати Шайбониён мегузарад ва то сол[ои 30-юми асри ХVI дар Бухоро, Самарrанд, Тошканд ва дигар ша[р[ои Осиёи Миёна умр ба сар мебарад. Восифb ба uайр аз ашъор асари хеле xолиби таваxxe[и саргузаштие бо унвони «Бадоеъ-ул-ваrоеъ» дорад. E дар ёддошт[ои худ симои ша[р[ои онзамонаро ба таври барxаста тасвир намуда, русуми адабии {иротро дар давраи Навоb ва [аёти шоирони дарбори а[ди Шайбониёнро нишон меди[ад. Восифb [амчун нависандаи зарофатписанд ва мушо[идакор дар шакли нафиси [аxв бисёр нуrсон[ои усули идораи давлати хониро ифшо менамояд.159

Шоир ва муаррихи номb Камолиддини Биноb (соли таваллуд 1453, соли rатл 1512) [амзамони Восифист.160 E дар {ирот аз оилаи устои [унарманди бинокор ба дунё омада, дар овони xавонb чанд солро дар Шероз, пас дар - Табрез дар дарбори султон Яъrуб ба сар бурдааст. Соли 1491 ба зодго[аш ша[ри {ирот баргашта, аммо ба сабаби фитнаву дасиса[ои а[ли дарбор, ки аз бухлу [асад нисбат ба e – шоири боистеъдоди аз табаrаи «паст» баромада сар мезад, дере нагузашта дар соли 1495 ба Самарrанд [иxрат намуд. E дар он xо шо[иди xангу низоъ[ои байни ворисони салтанатталаби Темуриён ва Шайбониён гардид. Баъди Самарrандро забт кардани Му[аммад Шайбонихон ба хидмати дарбори e дохил шуд ва [амро[и лашкари шайбонb дар соли 1507 ба {ирот бозгашт намуд. Пас аз фавти Шайбонихон (с. 1510) ва {иротро тасарруф кардани Сафавиён e ба Rаршb рафт ва баъди ду сол дар он xо [ангоми rатли оми мардуми бегуно[, ки лашкари сафавb ба ро[ андохта буд, кушта шуд.

Биноb шоири забардаст ва мутриби мо[ире буд. Ба rалами e чанд рисола ва намуна[ои насри бадеb низ тааллуr доранд. Яке аз офарида[ои барxастаи e маснавии «Бе[рeзу Ба[ром» аст, ки дар он фикр[ои тарбиявию ахлоrb ва аrида[ои иxтимоию xамъиятии шоир баён ёфтаанд. Муаллиф заъфу сусти[ои инсонро мавриди мазаммат rарор дода, нуrсон[о ва носозгори[ои му[ити феодалb, ахлоrи вайрони а[ли xо[у сарват ва рe[ониёни мутаассибро ба зери тозиёна мегирад ва хулrу атвори писандидаи одамиро сутуда, зарурати касби илму донишро боисрор таъкид менамояд. Бо вуxуди он ки шеъри ахлоrb дар назми форсу тоxик собиrаи хеле uанb дошт, Биноb дар маснавии худ бисёр фикру uоя[ои навро ифода карда, тавонист ба ин жанри анъанавb хусусият[ои тоза бахшад.

Uазалиёти Биноb асосан ба равияи uазалсароии асри ХV офарида шудаанд, вале дар ин маврид [ам e ба шеър ла[за[ои тарxумаи[олb ва унсур[ои танrиди [укмдоронро дохил намуда, дар пеши назар [амчун шоири навпардоз намоён мегардад.

Аз асар[ои таърихии Биноb, rабл, аз [ама «Шайбонинома» ва нусхаи такмилёфтаи он «Футу[оти хонb»-ро, ки дар байни сол[ои 1504–1510 таълиф ёфтааст, бояд зикр кард. Ин асар[о, ки асосан ба наср навишта шуда, фиrра[ои шеърb [ам доранд, тасвири воrеа[ои зиндагb ва саргузашти Шайбонихонро дар бар мегиранд. Фарrи ин ду асар аз дигар асар[ои таърихии он замон ин аст, ки дар он[о руxeъ[ои пандуахлоrb мавxуданд. Зо[иран, чунин ба назар мерасад, ки муаллиф соддадилона хостааст бо ин восита ба табаrаи [укмрони замони худ таъсир намуда, то [адди имкон пеши зулму тааддb ва худсари[ои ононро бигирад.

Биноb намояндаи типии табаrаи миёнаи ша[риён буд ва аз [амин мавrеъ нуrсон[ои ма[офили [укмрони замонашро танrид мекард. E давомди[андаи боистеъдоди бе[тарин анъана ва суннат[ои адабиёти классикии форсу тоxик дониста мешавад, ки дар асар[ояш вазъи таърихии Осиёи Миёнаи асри ХV ва ибтидои асри ХVI ба таври возе[у равшан инъикос ёфтааст.

Як ваrт[о дар баъзе асар[о аз рeи ишораи муаррихон роxеъ ба кудурати го[-го[ нисбат ба Навоb доштаи Биноb иштибо[ан чунин аrидае дучор меомад, ки гeё Биноb муrобили тараrrиёти адабиёт ва забони eзбекb бошад. Аммо, дар [аrиrати [ол, Биноb ба шеър[ои eзбекb ва тоxикии Навоb ба[ои баланд медод, пас аз фавти Навоb дар таълифоташ eро ба некb ёд мекард ва [атто худаш [ам ба eзбекb шеър мегуфт. Дар он замон аслан «ягон [аракати зидди забони eзбекb» вуxуд надошт. {аёт ва эxодиёти Биноb, баръакс, шо[иди муносибат[ои хеле наздики дeстона дар байни арбобони маданияти ду халrи бародар мебошад.

Дигар аз шоирони со[ибrаре[аи он давр Бадриддини {илолист.161 E низ монанди Биноb ба доираи мадании {ирот мансубият дорад. {илолb тахминан соли 1470 дар Астаробод таваллуд ёфта, соли 1491 ба маrсади давом додани та[сил ба {ирот меравад ва то охири умр дар он xо зиндагb ба сар мебарад. Соли 1529 e дар натиxаи [аxвияи ба Убайдуллохон навиштааш ба шиагароb айбдор гардида, бо фармони [укмрони ваrт ба rатл мерасад. Дар эxодиёти {илолb мавrеи асосиро uазал ишuол менамояд. Uазалиёти дилрабо ва шeрангези ин шоири ширинкалом то имрeз дар саросари Тоxикистон вирди забони мардуманд. Забони фасе[, санъати нафис ва о[анги дилнишин ба uазал[ои e [усни махсусе бахшидаанд. Uайр аз девони uазалиёт ба rалами вай боз се достон – «Лайлb ва Маxнун», «Сифот-ул-ошиrин» ва «Шо[у дарвеш» тааллуr дорад.

Эxодиёти шоирони нимаи аввали асри ХVI то [ол ба дараxаи кофb омeхта нашудааст. Шуб[ае нест, ки дар назми ин давра, назар ба асри ХV, xи[ат[ои шаклпарастb, суханорои[ои каммазмун ва рангомези[ои аз [ад афзун rувват гирифта, таназзули ма[орат мушо[ида мешавад, ки ин [олат самараи таъсири шароити таърихист.

Дар нимаи дувуми асри ХVI, пас аз он ки Абдуллохони II [окимияти мутамаркази худро ба вуxуд овард, [аёти адабb дубора э[ё гардид. Дар ин давра аз доираи [унармандон як зумра шоирони барxаста дар арсаи адабиёт зу[ур намуданд, ки аз байни он[о, пеш аз [ама, Абдурра[мони Мушфиrиро (1538–1588) бояд ном бурд. Ба ривояте, Мушфиrb дар Бухоро аз хонаводаи [унарманде ба дунё омада, замоне дар Самарrанд низ иrомат кардааст. Вай дар шоирb шe[рат ёфта, барои маrоми дуруст пайдо кардан дар дарбори султон Саид кeшиш[о намуд, вале ба ин комёб нашуд. Сипас ро[и Де[лиро пеш гирифта, ба хидмати дарбори шо[ Акбар дохил гардид, ки ду rасидаи e ба васфи ин [укмрони {инд бахшида шудаанд. Мушфиrb соли 1567 ба Бухоро баргашта, ба дарбори Абдуллохон кашида шуд ва ба дараxаи «маликушшуаро» расид.

Мушфиrb бо вуxуди манзилати дар дарбор доштааш ва ма[орати баландаш дар rасидасароb (eро охирин шоири бузурги маде[асарои Осиёи Миёна мешуморанд) [амчун суханвари аз байни мардум баромада аз рeи завrу тамоюли худ, пеш аз [ама, шоири лирик ва [аxвгe буд, хусусан, uазал[ои ошиrона ва рубоиёти хуби e шe[рати зиёде пайдо кардаанд. Аммо rасида[ои дабдабанокаш rариб фаромeш шудаанд. Дуруст аст, ки дар яке аз rасида[ои худ ба ого[ кардани подшо[ аз а[воли бади де[rонон xуръат намудааст.

Девони [аxвиёти Мушфиrb, ки дар он[о одамони мухталиф, беш аз [ама шоирон, мавриди исте[зо rарор гирифтаанд, дар байни мардум хеле маш[ур аст. Мушфиrb дар фолклори тоxик тимсоли ширинкореро ба худ гирифта, rа[рамони дилписанди латифа[о гардидааст. Ин латифа[о аввал дар байни [унармандон па[н шуда, сипас тадриxан шe[рати умумb пайдо мекарданд. Мушфиrb дар [аxвия ва латифа[ои халrb чун марди шаккок ва «халалдоркунандаи ороми[о» тасвир мешавад.

Ин аст намунае аз шеъри [аxвии e, ки дар таrсими мерос навишта ва дар ин нобаробар[уrуrии занон ифшо гардидааст:

{амшира, харxи мотами бобо аз они ту,

Сабр аз ману тараддуди uавuо аз они ту.

Анбори пур зи uаллаи бобо аз они ман,

Он ко[[ои монда ба са[ро аз они ту.

Танбeри пур зи хотами бобо аз они ман,

В-он наuма[ои тарна-таранно аз они ту.

В-он xои хоби мондаи бобо аз они ман,

Тасбе[и пора-пораи бобо аз они ту.

Дастор, xома, фeтаи бобо аз они ман,

Бетоrативу нолаи шаб[о аз они ту.

Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман,

Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.

{амёни пур зи тангаи бобо аз они ман,

Занги фулуси мондаи бобо аз они ту.

Xумла гилему rолини бобо аз они ман,

В-он наrш[ои мондаи бeрё аз они ту.

Аз рeи [авлb то ба лаби бом аз они ман,

Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.162

Дар асри ХVI таърихнигорb [ам ба тараrrиёти худ давом намуд. Чунин асар[ои барxастаи таърихb, аз rабили «{абиб-ус-сияр фb ахбори афрод-ил-башар»-и Хондамир, ки воrеа[ои таърихи умумb ва тарxумаи [оли одамони маш[урро баён карда, шар[и [одиса[оро то охирин муборизаи Шайбонихон ва шо[ Исмоил (с. 1510) расонидааст; «Ме[монномаи Бухоро»-и Фазлулло[и Рeзбе[он, «Абдуллонома»-и {офизи Таниш ба вуxуд омаданд, ки барои омeхтани таърихи Осиёи Миёнаи асри ХVI аз му[имтарин сарчашма[о [исоб мешаванд. {офизи Таниш шоири со[ибдевон [ам буд, вале девони e мутаассифона, то замони мо нарасидааст.

Боби дувум

ХАЛRИ ТОXИК ДАР {АЙЪАТИ ДАВЛАТИ XОНИЁН (АСРИ ХУП – НИМАИ АВВАЛИ АСРИ ХVIII)

1. ТАЪРИХИ СИЁСB

Низоъ[ои байнихудии феодалон дар асри ХVII

Хони Шайбониён - Абдуллохони II соли 1598 вафот кард ва ба xои e писараш - Абдулмeъмин ба тахт нишаст. Лекин азбаски e монанди падараш дар мамлакатдорb таxрибаи кофb надошт, гурe[[ои хусуматпарвари аъён ва ашрофи феодалиро натавонист на ба тарафи худ кашад ва на дасти он[оро кeто[ намояд. Дере нагузашта, худи [амон сол, вай аз тарафи нeкари зархариди як гурe[ феодалони зидди [укумати марказb кушта шуд. Охирин намояндаи сулолаи Шайбониён - Пирму[аммадхони II фаrат ба як rисмати ночизи давлат со[иб буд. E [ам ба зудb дар xангу низоъ[ои байнихудb [алок гардид.

Сафавиён, сулолаи давлати хонии Хева ва rазоr[о аз задухeрд[ои миёни Шайбониён фавран истифода намуданд. Подшо[и сафавb - шо[ Аббоси I rисмати зиёди Хуросон ва [атто {иротро забт кард. Балхро аввал бародарзодаи Абдуллохони II - Абдуламин ишuол намуда, як муддат аз номи худ сикка баровард. Вале ба зудb ин ша[р аз тарафи дастнишондаи шо[ Аббоси Сафавb - Му[аммад Ибро[им тасарруф карда шуд ва, [амин тариrа, ин ма[алли аслии Шайбониён замоне дар доираи таъсири давлати Сафавиён rарор гирифт. Rазоr[о чанд ша[р, аз xумла калонтарин мулки Шайбониён - Тошкандро ба даст дароварданд. Аз ин xо хони rазоr[о - Таваккалхон ба rисмат[ои марказии Мовароунна[р [аракат карда, [атто Самарrандро [ам ишuол намуд. Фаrат шикасти назди Бухоро, сахт маxрe[ шудан ва оrибат [алок гардидани Таваккалхон футу[оти rазоr[оро боздошт72. Хоразм, ки Абдуллохони II бо сад машаrrат ба зери итоати худ дароварда буд, дубора истиrлолият ёфт. Кb будани аввалин подшо[и сулолаи нави Xониён он rадар маълум нест. Аъён ва ашрофи феодалb маснади хониро ба Xониму[аммадсултон (Xонибексултон) пешни[од намуданд. E хо[ари Абдуллохони Шайбониро ба занb гирифта буд. Худаш аз авлоди [амон Чингизиёне буд, ки пас аз пароканда шудани давлати Олтинeрда дар Аштархон [укумати хонb ташкил дода буданд.73 Ваrте ки Аштархон ба Россия [амро[ карда шуд, Xонибек гурехта ба назди Шайбониён омад. Мувофиrи маълумоти сарчашма[ои хаттb, Xонибексултон пешни[оди аъёну ашрофро рад карда, ба маснади салтанат писари калони худ - Динму[аммадро тавсия намуд. Аммо Динму[аммад, ки он ваrт дар Абевард [укмронb мекард, [анeз фурсати ба Бухоро омаданро наёфта, ба [уxуми лашкари Эрон дучор гардид ва дар xанг кушта шуд. Бинобар ин ба xои e бародараш - Боrиму[аммад (1599–1605) ба тахт нишаст. Ба [амин сабаб дар асар[ои илмb [амин Боrиму[аммадхон, яrинан, аввалин подшо[и сулолаи Xониён дониста шудааст.74 Лекин мадрак[ои сиккашиносb [аrиrати [олро rадре дигар нишон меди[анд, зеро ба дасти мутахассисони ин со[а хеле бисёр сикка[ои дар Бухоро, Самарrанд ва Тошканд зарбшудаи Xонибексултон расидаанд.75 Аз ин чунин бармеояд, ки амалан ё исман подшо[и аввал худи Xониму[аммад (Xонибек) будааст.

Ягона муваффаrияти дар [аёти сиёсии мамлакат ба даст овардаи Xониёни аввал ин буд, ки он[о [окимияти худро дар Балх низ дубора барrарор намуданд. Дигар [амаи кeшиш[ои онон дар бобати бар[ам додани низоъ[ои дохилb ва муборизаи зидди бодиянишин[о натиxаи му[имме набахшид.

Дар соли 1605 Боrиму[аммадхон вафот карда, ба xои e бародараш - Валиму[аммад (1605–1611) [укмрон гардид. Чун e ба маишат дода шуда буд, аз e[даи идораи мамлакат баромада натавонист. Аъёну ашроф ба зудb аз вай рe гардониданд ва рeзе [ангоми дар дашти Rаршb машuули шикор буданаш тахти хониро ба писари Динму[аммадхон - Имомrулихон (1611–1642) муносиб диданд. Ваrте ки Валиму[аммадхон аз воrеа хабардор гардид, аз Мовароунна[р фирор карда, ба назди подшо[и сафавb пано[ бурд. Шо[ Аббос eро хуш пазироb намуда, бо rувваи зиёде дубора ба Мовароунна[р равона намуд. Аммо дар му[ориба лашкари Эрон шикаст хeрда, худи Валиму[аммадхон асир афтод ва бо фатвои уламо кушта шуд.

Ба Имомrулихон муяссар гардид, ки [удуди давлати худро васеътар намояд: e бар зидди rазоr[о лашкар кашида, Тошкандро бо зeр тасарруф намуд.76 E бо бодиянишинони дигар – rараrалпоr[о ва rалмоr[о, ки торафт ба сар[адди давлати Xониён наздик мешуданд, низ бомуваффаrият мубориза бурд. Имомrулихон [амчунин тавонист, ки муваrrатан бошад [ам xангу низоъ[ои байнихудии феодалонро боздорад. Муаррихони он замон а[ди [укм-ронии Имомrулихонро [амчун давраи гeё пур аз рафо[ият ва осоиши мамлакат тавсиф кардаанд. Агарчи ин тавсифот муболиuаомез намояд [ам, дар он асоси [аrиrат вуxуд дорад. Агар [укуматдории тeлонии e бо давра[ои пешина ва баъдина муrоиса шавад ба ин метавон боварb [осил кард. Сарчашма[о далолат мекунанд, ки дар замони Имомrулихон [атто баъзе кор[ои обёрb анxом дода шудааст.77

Аз [амон рeзе, ки Имомrулихон аз мамлакатдорb даст кашида, бародари e - Надирму[аммадхон (1642–1645) ба тахт нишаст, вазъият таuйир ёфт. Надирму[аммадхон аъён ва ашрофи феодалии rабилавиро ба худ xалб карда натавонист. Рeз аз рeз муносибати байни e ва намояндагони бонуфузи табаrаи [оким бадтар гардид. Ба ин сабаб [укмронии Надирму[аммадхон дер давом накард. Аъён ва ашрофи феодалb, ки аз сиёсати пешгирифтаи e норозb буданд, ба муrобили вай суиrасд карда, ба тахти салтанат писараш - Абдулазизхонро (1645–1680) нишонданд. Надирму[аммад маxбур шуд, ки бо мансаби [окими Балх rаноат кунад. Аммо дар ин xо [ам мавrеи худро устувор карда натавонист. Дигар писарони Надирму[аммад, ки го[ тарафи падар ва го[ тарафи бародарро мегирифтанд, худашон низ ба талоши [окимият ва мулк [амро[ шуданд. Дар натиxаи xанг[ои пайдарпай Балх, ки аз ободтарин вилоят[ои мамлакат ба шумор мерафт, ба харобb рe овард. Надирму[аммадхон чун дид, ки бо rувваи худ коре карда наметавонад, барои кeмак ба [укмрони сулолаи Темуриёни {инд - Шо[иxа[он муроxиат намуд. Шо[иxа[он, ки мисли гузаштагонаш [амеша фикри ба даст даровардани сарзамини пурсарвати [амсояро дар cap мепарварид, ин фурсатро барои расидан ба rасду нияти деринаи худ uанимат дониста, хо[иши Надирму[аммадро дар[ол rабул кард ва бо сардории писаронаш - Аврангзеб ва Муродбахш аскари зиёдеро ба Балх фиристод. Надирму[аммад аз [аrиrати масъала хабардор шуда, фавран фирор намуд. Истилогарон Балхро ишuол намуда, муддати ду сол тамоми сарвати ин вилоятро тороx карданд. А[олии ма[аллb аз xабру ситам ва rатлу uорат ба танг омада, рe ба гурез ни[оданд. Саросари Балх ва атрофи онро rа[тb ва гуруснагb фаро гирифт. Ни[оят Абдулазизхон бо тайёрии зиёд ба муrобили лашкари {инд бархоста, дар натиxаи му[ориба[ои шадид uалаба ба даст овард. Вале [оли мардум аз ин [ама тороxгарb ва xангу xидол[ои пурдавом ба ни[ояти табо[b расида буд.

Дере нагузашта Балх боз ба дасти Надирму[аммад даромад, аммо ин дар вилояти харобгардида ягон оромb ва осоиш ба вуxуд наёвард. Абдулазиз аввал бародараш Суб[онrулихонро [укмрони Балх таъйин карда, ба муrобили падараш фиристод, ки e ша[рро ба зудb ишuол намуд. Сипас reшуни навро бар зидди Суб[онrулихон равона сохт, то ки Балхро ба тасарруфи худ дароварад. Вале ин ба e муяссар нагардид. Суб[онrулихон муrобилати сахт нишон дода, Балхро дар дасти худ нига[ дошт. Фаrат [ар он чb, ки дар атрофу акнофи он боrb монда буд, [ама ба uорат рафт ва хоку туроб гардид.

{окимони Хева аз [амаи ин xангу xидол[ои дохилии сулолаи Xониён ба манфиати худ истифода намуданд, он[о чандин дафъа ба но[ия[ои марказии Мовароунна[р [уxум оварда, [амаро uорат карданд. {атто то Бухоро расида, боре як rисмати ша[рро гирифтанд. Фаrат мардонагb ва далерии а[олb имкон дод, ки ша[р аз душман тоза карда шавад.

Суб[онrулихон чунин вазъиятро фурсати мусоид дарёфта, [окимиятро ба даст даровард. Дар а[ди салтанати Суб[онrулихон (1680-1702) вазъияти душвори мавxуда на фаrат аз байн нарафт, балки дар бисёр со[а[о бадтар гардид. Тохтутози хеваги[о [амоно давом мекард. Он[о [атто Самарrандро забт карданд ва аъёну ашрофи ша[р хони Хеваро ба расмият шинохтанд, ки ба ивази ин Суб[онrулихон бо uаромати зиёде а[олии Самарrандро хонахароб намуд. Ни[оят, Суб[онrулихон фа[мид, ки то дар Хева rоиммаrоми худро нанишонад, тохтутози хеваги[о тамом нахо[ад шуд. Бинобар ин бо [ар ро[ аъёну ашрофи ма[аллиро ба тарафи худ кашида, оrибат муваффаr гардид, ки Хева [укмронии eро эътироф намояд. Ин дар тамоми давраи [укмронии Суб[онrулихон ягона муваффаrияти ба назар намоёни сиёсатмадории e мa[cyб меёбад. Вай дар дигар [амаи кор[ои боrимондаи мамлакатдорb ба чизе комёб шуда натавонист.

Низоъ[ои байнихудии феодалb кай[о аз доираи хонадони салтанатb берун баромада буданд. {оло сарони тоифа[ои eзбек беш аз пеш rувват мегирифтанд. Худи Суб[онrулихон [ам дар бисёр маврид[о нуфузи баъзеи он[оро баланд мебардошт. Чунончи, ваrте ки писараш Сиддиrму[аммад худро дар Балх мустаrил эълон карда, ба ин ваx[ бо амри падараш ба rатл расид, e [укумати Балхро, ки дер боз мулки ворисони салтанат [исоб мешуд, ба яке яз мирони rабилаи юз супорид.

Дар замони Суб[онrулихон мавrеъ ва эътибори Ма[мудбии атолиr78 аз rабилаи rатаuан фавrулодда баланд гардид. Суб[онrулихон дар муборизаи зидди хеваги[о бор[о ба кeмаки вай рe оварда ва фурe нишондани исёни амирони Балхро низ ба [амин атолиr супорида, сипас eро [окими Балх ва Бадахшон таъйин карда буд.79

Он ваrт[о Бадахшон амалан мулки мустаrил буд ва дар он xо асосгузори сулолаи амирони бадахшb - Ёрбек [укмронb мекард. Аз соли 1650 cap карда муносибати байни Бадахшон ва Бухоро бад шудан гирифт. Хон[ои Бухоро хусусан, пас аз ишuол намудани водии Rундуз ба тохтутози худ ба сарзамини Бадахшон вусъат доданд. Бадахшони[о Ёрбекро мири худ бардошта, бо сардории e ба истилокорон муrовимати сахт нишон медоданд. Сабаби асосии ба Бадахшон лашкар кашидани Ма[мудбии атолиr бухориёнро ба ма[сули кони лаъли он xо ро[ надодани Ёрбек буд.80

Ин лашкаркашии Ма[мудбии атолиr, ки барои комилан мутеъ кардани тамоми хоки Бадахшон равона гардида буд, он rадар муваффаrиятнок набаромад. Аскарони e маркази Бадахшон - ша[ри Файзобод (Xузгун)-ро чанд го[ му[осира намуда, вале фат[ карда натавонистанд. Ни[оят Ма[мудбb маxбур шуд, ки дар асоси шарт[ои зерин бо Ёрбек муо[ида баста, аrиб нишинад: Ёрбек мебоист ма[сули дусолаи кони лаъли Бадахшонро ба хон супорида, фармонбардории [укумати хони Бухороро rабул менамуд. Лекин дар [аrиrат e як [окими мутлаrи он xо буд ва тамоман мустаrилона кор мебурд.

{окими Балх - Ма[мудбии атолиr истиrлолияти нома[дуде ба даст оварда, [атто Суб[онrулихонро [ам rариб писанд намекардагb шуд. Суб[онrулихон аз rувваи фавrулодда пайдо кардани Ма[мудбb дар хавф афтода, бо тадбире eро аз Балх ронд ва набераи худ - Му[аммадмуrимсултонро [окими Балх таъйин намуд.

Суб[онrулихон муrобилати феодалони ма[аллиро бартараф карда натавонист. Xанг[ои муттасиле, ки e мебурд, боиси холb шудани хазинаи давлат ва rувват гирифтани зулму истисмори оммаи ме[наткаш мегардиданд. Барои xанг[ои дохилии зидди феодалони саркаш сармояи зиёде лозим буд ва аз ин рe Суб[онrулихон пешакb аз а[олb ситонидани андози [афтсоларо талаб кард. Дар вазъияти онваrтаи мамлакат xорb шудани ин усули андоз барои а[олb ни[оятдараxа вазнин буд. Ришвахeрb ва суиистифода[ое, ки амалдорони [укумати хонb дар ваrти xамъоварии андоз мекарданд, халrи ме[натиро боз [ам бештар афтода мекард.