Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Точикон-китоби пурра.doc
Скачиваний:
12
Добавлен:
01.05.2025
Размер:
6.82 Mб
Скачать

Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри хvi

Дере нагузашта Шайбониён [амаи вилоят[ои Осиёи Миёна: Тошканд, Фарuона, {исор ва u.-ро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. Вале сарзамини Осиёи Миёна тамоман ба харобb рe ни[ода буд. {уxуми rизилбош[о, истибдод ва uорати муuул[о, rатли ом[о ба зиндагонии мардум ва [аёти хоxагии мамлакат таъсири [алокатбор расониданд. Зимистони rа[ратуни соли 1512/13 ин а[волро боз [ам вазнинтар гардонид. Нарху наво баланд рафта, дар як rатор ма[ал[о rа[тию гуруснагb рeй дод. Дар сарчашма[о, махсусан, а[воли табо[и мардуми вилоят[ои {исор ва Самарrанд батафсил баён ёфтааст.

Муuул[о вилояти {исорро ба куллb хароб намуда, тамоми uалла ва чорвои а[олиро тороx карданд, ки дар натиxа гуруснагии да[шатангезе рeй дода, бисёр мардум аз гуруснагb [алок гардиданд86. А[воли халr дар Самарrанд ва атрофи он бе[тар аз ин набуд. Шоир ва нависандаи маш[ур - Зайниддини Восифb, ки он ваrт[о дар Самарrанд зиндагb ба сар мебурд, аз зимистони сард ва rа[тии соли 1512/13 чунин наrл менамояд: «Дар ин сол дар Самарrанд rа[тb ва гаронb ба дараxае расид, ки халоиr ба xуз rурси мо[у офтоб, ки дар дастархони фалак буд, дар дигар xой сурати нонро намедиданд ва гуруснагони фаrир шаб[о ба xои хeшаи гандум, дар хаёли худ аз хирмани Парвин хeша мечиданд». Восифb дар яке аз шеър[ояш ин rа[тb ва гуруснагиро тасвир намуда, нисбат ба мардуми азияткашида хайрхо[ию [амдардb ва нисбат ба давлатмандони [арису бера[м нафрат ва каро[ат иброз доштааст. Чунончи, e дар бораи давлатмандон мегeяд:

Гандум зи [ар кb кас талабад, орд мекунанд

Аз зарби мушт рустаи дандони вай тамом87.

Дар тимсоли зоuи [арису фориuбол худи Шайбонb тасвир ёфтааст:

Эй бод, агар ба xониби са[ро гузар кунb,

Аз ман калоuро бубарb тe[фаву салом.

В-он га[ бигe, ки rоr чаро мекунb зи [ирс,

Нон[ои хешро, ки шавад сабз бар давом.

Эй тойири хуxиста, зи нон[ои хештан

Якчанд нон биде[ ба фаrирон ба расми вом 88.

А[воли дигар вилоят[ои Осиёи Миёна аз ин бе[тар набуд. Он[о низ ба майдони xангу xидол[ои хунин табдил ёфта, шо[иди зуд-зуд иваз шудани [окимон мегардиданд. Ша[р[ояшон бор[о ба му[осира афтода, [ар бор аз тарафи [окимони тарсу ба душман таслим мешуданд.

Вазъи хоxагии пулb низ боиси афзудани гаронb мегардид. {анeз Бобур бо маrсади ба даст овардани нафъи бештаре дар кори пул дасиса[ои зиёде намуд. Шайбониён ба xои он ки оrибат[ои суиистифодаи Бобурро бар[ам ди[анд, карда[ои eро намунаи ибрат rарор доданд. Дар натиxа, танга[ои нуrра аз са[наи тиxорат берун рафта, ба ивази он[о дар бозор rариб тамоман танга[ои мис [укмфармо гардиданд. Вале дере нагузашта rурби ин танга[о низ шикаста, бозори он[о торафт касод мешуд.

{ангоми тавсифи вазъияти [аёти хоxагии онваrта инро [ам бояд ба назар гирифт, ки тоифа[ои бодиянишини ба сарзамини Осиёи Миёна омадаи eзбек бе[тарин яйлоr[оро ишuол намуда, на фаrат бодиянишин[ои ма[аллb, балки а[олии муrимиро [ам танг карда бароварданд. Аrидае мавxуд аст, ки, умуман, дар асри ХVI масо[ати замин[ои кишт хеле кам гардидааст.89

Мувофиrи одати Шайбониён, шахси аз [ама калонсоли хонадон бояд сардори давлат мешуд. Ба [амин сабаб, пас аз он ки дар соли 1512 [амаи муддаиёни салтанат аз Осиёи Миёна ронда шуданд, ба сари [окимият на ин ки Убайдуллохон – обрeмандтарин намояндаи хонадони шайбонb, балки Кeчкунчихон омад, ки обрeву эътибори казоb надошт, дар [укуматдорb шахси бе[унаре буд ва аксар ваrти худро дар тоату ибодат мегузаронид. Баъди e писараш - Абeсаидхон [укмрон гардид ва фаrат пас аз ин Убайдуллохон (1533–1539) имкони ба тахт нишастанро пайдо намуд.

{анeз дар а[ди Шайбонихон давлат ба амлок, яъне мулк[ои хоса таrсим шуда буд. Акнун ин таrсимот боз [ам расмитар гардида, мулк[о тамоман ба ихтиёри намояндагони хонадони салтанатb гузаштанд. Со[ибони амлок дар умури дохилии rаламрави худ истиrлолияти комил доштанд, он[о акнун метавонистанд мулкро ба фарзандонашон мерос гузоранд. Амлок фаrат дар натиxаи нифоrи байнихудb го[о аз даст ба даст мегузашт. Бухоро, Самарrанд, Тошканд, Балх, {исор ва амсоли ин[о амлоки калонтарин ма[суб меёфтанд. Со[ибони ин мулк[о дар ваrт[ои гуногун [укмрони мамлакат [ам гардидаанд, аз [ама бештар ин маснад (дар нимаи аввали асри ХVI) ба [окимони Самарrанд насиб шудааст. Аз соли 1560 Бухоро мустаrиман пойтахти давлати Шайбониён гардид.

Се чоряки аввали аср давлати Шайбониён як давлати хоси амлокb буд, ки онро яке аз со[ибони мулк, сарфи назар аз иrтидор ва эътибори худ, бо номи хон ва хоrон идора менамуд. E фаrат имтиёз[ои зо[ирb дошт: ба вай унвон[ои олb медоданд, хутбаро ба номи вай мехонданд ва дар сикка[о номашро сабт мекарданд.90 Ин rоида то сол[ои чилуми асри ХVI давом намуд, баъдтар баъзе амлокдорон го[о сикка[оро [атто аз номи худ мебаровардагb шуданд, ки ин маънии на фаrат исман, балки амалан [ам со[ибихтиёр гардидани он[оро дошт.

Дар а[ди се [укмрони аввал (Кeчкунчихон, Абeсаидхон ва Убайдуллохон) вазъи дохили давлат нисбатан собит ва барои барrарор намудану ба [адди эътидол даровардани хоxагb шароити муайяне мавxуд буд. {укмрон[о ва со[ибони мулк[о [атто дар пешбурди кори [амон xанба[ои [аёти хоxагb, ки бо манфиати синфи феодал[о ва, албатта, худашон алоrае дошт, баъзе тадбир[ои му[им пешбинb мекарданд. Дар ин бобат, хусусан, исло[оти пулие, ки дар замони [укмронии Кeчкунчихон гузаронида шуда буд, xолиби диrrат мебошад. Чи навъе ки rайд карда шуд, муомилоти пулb дар натиxаи xанг[ои харобкунандаи хоxагии мамлакат ва найранг[ои Бобуру Шайбониён дар сикказанb ба вазъи бe[ронb афтода буд. Ин [олат, умуман, ба кори тиxорат таъсири бад расонида, манфиат[ои синфи феодалонро халалдор месохт ва ни[оят даромад[ои худи Шайбониёнро аз тиxорат ва муомилоти пулb кам мекард. Инак, зарурати исло[оти пулb ба миён омад, аммо дар шароити сохти амлокии давлат ва со[ибихтиёрии комили со[ибони мулк ба амал овардани исло[от амри ма[ол буд. Охир кор ба xое расид, ки Кeчкунчихон дар Самарrанд ва Убайдуллохон дар Бухоро, [ар яке дар мулки худ, сиёсати мустаrилонаи пулb xорb намуданд. Бештар аз да[ сол лозим омад, ки муомилоти пулb дар миrёси тамоми давлат ба тартиб дароварда шавад.91

Боз як xи[ати му[имми ин давра юриш[ои Шайбониён ба Хуросон буд92. Ин юриш[о бештар дар а[ди Убайдуллохон ба вуreъ пайваст, зеро вай [амеша дар замири худ нияти барrарор кардани [удуди аввалаи давлати Шайбониёнро мепарварид. Uайр аз ин, Шайбониён ма[з худро вориси rонунии Темуриён ме[исобиданд.93

Он[о дар ваrти лашкаркаши[ои худ ба забт намудани ша[р[ои калон саъй мекарданд, дар навбати аввал диrrати он[оро {ирот ба худ мекашид. Дар воrеъ, он[о се дафъа {иротро ишuол карданд, вале [ар бор ба ниго[ доштани он муваффаr шуда наметавонистанд. Соли 1532 Шайбониён {иротро му[осира карданд, вале барояшон ишuоли он муяссар нашуд. Бо вуxуди ин, тамоми ша[р[ои калон то Астаробод ба та[ти тасарруфи он[о даромад. Охирин юриши Убайдуллохон дар сол[ои 1535–1537 сурат гирифт. Пас аз му[осираи панxмо[а {иротро забт карда, зиёда аз як сол дар дасти худ ниго[ дошт. E ба маrсади муста[кам кардани ин uалабаи худ хост, ки ба [укмрони давлати сафавb зарбаи сахт ворид оварад. Лекин султон[ои шайбонb, мисли [арваrта, eро дастгирb накарда, ба сeи мулк[ои худ аrиб нишастанро авло донистанд. Барои мустаrилона тасмим гирифтан [атто rудрати чунин [укмрони со[ибэътибор, мисли Убайдуллохон, ки он ваrт дар сари салтанат rарор дошт, намерасид.

Юриш[ои хуросонии Шайбониён аслан rасди uоратро надошт, [арчанд ки иштирокчиёни ин юриш[о барои афзудани сарвати худ аз он[о истифода мебурданд. Илова бар ин, чунон ки дуруст rайд шудааст,94 он[о ба таври объективона шиддати xангу низоъ[ои байнихудии Шайбониёнро бозмедоштанд. Ин буд, ки давлати Шайбониён дар ин давра бо он [ама худсарb ва худкоми[ои со[ибони мулк ба арсаи xангу xидол[ои доимии байнихудb мубаддал нагардид. Албатта, лашкаркаши[ои чандинкарата ба сeи Хуросон, тадорукот ва таx[изоти юриш[о, бар иловаи хироxу молиёт, [амчун бори гароне ба дeши а[олии Осиёи Миёна меафтод. Бо вуxуди ин, авзои ин давра нисбатан оромтар ва шароити хоxагидорb мусоидтар буд.