Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
КТМ ХБМ.doc
Скачиваний:
170
Добавлен:
01.09.2019
Размер:
644.61 Кб
Скачать

Дарсхои амалии№10.

1. Супориш барои худсанҷй

1. Ҳисобҳо барои қабул ва қарзҳои шубҳанок

Маркази инкишофи соҳибкорӣ бизнеси худро 1 ноябри соли 2000 оғоз намуд. Дар зер ахбороти

интихобӣ аз байни амалиёти солҳои 2000-2001 оварда шудааст:

2000с.

01.10-31.12 Даромад аз фурӯши накдина 40 000 в.ш.; аз фурӯши қарзй бошад, 120 000 в.ш. - ро

ташкил дод, 01.10-31.12 Марказ маблағи 60% фурӯши қарзиро гирифт; 31.12. Марказ бузургии қарзҳои шубҳанокро барои ин сол ба андозаи 2 400 в.ш. баҳо дод.

Марказ усули мустақими азҳисоббарории қарзҳои шубҳанокро истифода намебарад; 2001с.

05.01. Марказ ҳисоберо ба маблағи 156 в.ш. ҳамчун қарзи чоранопазир аз хисоб баровард;

22.04 Ҷаноби Ҷумъақул Мирзоев, ки ба марказ 75 в.ш. қарздор буд, муфлис эълон гардид;

10.06. Аз ҷониби Мирзоев Ҷ. ба маблағи 75 в.ш. чек қабул гардид;

01.01-31.12, Ҳисобҳои инфиродии дигар ба маблағи 1268 в.ш. ҳамчун чоранопазир аз ҳисос

бароварда шуданд; 01.01-31.12. Даромад аз фурӯши қарзӣ 480 000 в.ш.-ро ташкил дода, 88%-и ҳисобҳо ҳоло пардохт

нагардидаанд; 01.01.-31.12. Даромад аз фурӯши накдӣ 320 000 в.ш.-ро*ташкил дод; 31.12, Марказ бузургии қарзҳои шубҳанокро барои соли 2001 дар андозаи 8 448в.ш. баҳс

медиҳад. Талаб карда мешавад:

  1. мукотиботи журналиро барои бақайдгирии амалиётҳои дар боло овардашуда тайёр кунед;

  2. бақияи ҳисобҳои «Ҳисобҳо барои қабул» ва «Захираи қарзҳои шубҳанок» -ро дар 31 декабри соли 2001 муайян кунед.

Хароҷоти қарзҳои шубҳанок

Хангоми дида баромадани навиштаҷотҳои молиявии ширкати «Аршан» далелҳои зерин муқаррар ардиданд:

- Дар давоми соли 2000 даромад аз фурӯш 650 000 в.ш.-ро ташкил намуд.: 98%-и фурӯш қарзй буд;

- Ҳисоби «Захираи қарзҳои шубҳанок» дар 1 январи соли 2000 бақияи кредитиро ба маблаги 9 900 в.ш. доро буд.;

- Дар давоми соли 2000 ҳисобҳо ба маблаги 8 800 в.ш. ҳамчун чоранопазир аз ҳисоб бароварда шуданд.

Талаб карда мешавад:

Бузургии хароҷоти қарзҳои шубҳанокро барои соли 2000 бо истифодаи усулҳои зерин ҳисоб кунед:

  • Усули азҳисоббарории мустақим;

  • Усули фоиз аз фурӯши қарзии соф бо назардошти он, ки маъмурият 1,75% -и фурӯшро шубҳанок меҳисобад;

  • Усули мӯҳлати пардохт бо назардошти он, ки маъмурият бузургии қарзҳои шубҳанокро дар 31 декабр ба андозаи 11 750 в.ш. муқаррар намудааст.

Хафтаи ездахум Дарси 11. Мавзуи 11 . Активьои жорц: захираьои моддию молц (змм)

Накша:

Таъриф ва таснифоти захираҳои моддшо молӣ

Баҳодиҳии захираҳои моддию молй аз рӯи арзииш аслӣ

Усулхои баҳодиҳии арзиши аслии захираҳои моддию молӣ (ЗММ)

Баҳодиҳии ЗММ аз рӯи арзиши холиси фурӯш

Низоми баҳисобгирии ЗММ

Эътирофи хароҷоти ЗММ

Таҳлили захираҳои молӣ

Кушоиши ахборот дар ҳисоботи молиявй

Таъриф ва таснифоти ЗММ.

Мувофиқи СБҲМ - 2 «Захираҳо», захираҳо - активҳоеанд, ки:

  • барои фурӯш дар раванди фаъолияти муқаррарӣ таъин шудаанд;

  • дар раванди истеҳсолот барои фурӯш; ё

  • дар шакли ашёи хом, ё масолеҳ барои истифодабарӣ дар раванди истеҳсолот, ё хизматрасонӣ таъин шудаанд.

Захираҳои моддию молӣ - ин активҳо дар намуди:

а) маҳсулоти тайёр ва молӣ барои фурӯш дар рафти фаъолияти хоҷагй таъин шуда; аз ҷумла мол дар роҳ, ки ба вай соҳибҳуқуқ гаштаанд:

б) истеҳсолоти нотамом, иҷрои кор ва хизматрасонй;

в) захираи ашёи хом, масолеҳ, масолеҳи нимтайёри харидоришуда ва масолеҳи пурракунанда, маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётй, сӯзишворӣ, зарф ва маснуоти зарфӣ. қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар масолеҳи барои истифода дар раванди истеҳсолот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ таъиншуда.

ЗММ ба воситаҳои гардон тааллуқ доранд, зеро ки одатан онҳо дар давоми як сол ба пули накд мубадцал мегарданд. Дар баланс ЗММ баъди моддаи «Хисоб барои гирифтан» инъикос мешавад, зеро онҳо нисбатан камтар бозоргиранд.

Ба қатори ЗММ дохил карда намешаванд:

  • молҳои ҳангоми барӯйхатгирӣ ошкор шуда, ки ба онҳо корхона соҳибҳуқуқ нест. Ин молҳое мебошанд, ки бо фармоиши мизоҷон тайёр карда шудаанд ва боркуниро нигаронанд.

  • молҳои дар таҳвил (консигнатсия) буда. Консигнатсия ҷойгиркунии соҳиби мол (ки бо номи «комитент» ё ин ки «консигнант» молашро дар анборҳои дигар фирма (бо номи «таҳвилгар» («консигнатор»). Таҳвилгар набояд ингуна молро ба таркиби захираҳои молии худ дохил кунад, зеро то вақти фурӯш ин молҳо моликияти консигнант мебошанд.

Баҳодиҳии захираҳои моддию молй аз рӯи арзиши аслй

Мувофиқи СБҲМ -2 «Захираҳо», захираҳо аз рӯи қимати хурдтарин аз ду бузургии зерин баҳо дода мешаванд: арзиши аслӣ ва арзиши холиси фурӯш (нархи софи фурӯши имконпазир).

Пеш аз дида баромадани баҳои ЗММ, арзиши аслии ЗММ-ро барои соҳаҳои гуногун муайян мекунем.

Арзиши аслии ЗММ корхонаҳои истеҳсолӣ аз:

А) хароҷоти хариди ЗММ, ки аз арзиши харид (маблағи ҳисоб -фактура бо тарҳи тахфифи харид), боҷи гумрукии воридот ва дигар андозҳо (бо тарҳи андози барқароршаванда), хароҷоти нақлиётӣ (бо назардошти боркунӣ, борфарорӣ ва суғуртаи мол дар роҳ), дигар хароҷоти бевоситаи бо харид вобаста;

В) хароҷот барои коркард, хароҷоти бевосита бо истеҳсоли маҳсулоти тайёр алоқаманд буда, аз ҷумла:

  1. хароҷоти музди меҳнат ва хиссаҷудокуниҳо аз фонди музди меҳнати коргарони бевосита дар дастгоҳ ва таҷҳизот бо коркарди ашёи хом ва масолеҳ ба маҳсулоти тайёр машгулбуда;

  2. тақсимкунии даврии хароҷоти иловагии доимӣ ва тағйирёбандаи ҳангоми коркарди ашёи хом ва масолеҳ ба маҳсулоти тайёр баамаломада;

С) дигар хароцоти ҳангоми ба ҷои ҷойгиркунии ЗММ кашондан ё ба ҳолати лозима овардан |ба анбор кашонидани маҳсулоти тайёр, хароҷоти ба тартибории мол аз рӯи фармоишҳои мушаххас ва ғайра), иборат аст.

Ба арзиши ЗММ дохил намешаванд:

  • талафоти аз меъёр зиёди ашёи хом, меҳнати сарфшуда ё дигар хароҷоти истеҳсолӣ;

  • хароҷоти нигоҳдории ЗММ байни давраҳои алоҳидаи раванди истеҳсолӣ, ба гайр аз хароҷоте, ки дар ҷараёни истеҳсолот зарур аст;

  • хароҷоти маъмурй - идоракунӣ;

  • хароҷоти тиҷоратӣ.

Арзиши аслии ЗММ корхонаҳои соҳаи хизматрасонй аз: А) хароҷоти музди меҳнат ва ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоии кормандони бевосита 6а хизматрасонӣ машғул буда, аз ҷумла ҳайати роҳбарияти миёна; 31 хароҷоти масолеҳи ёрирасон; С) хароҷоти иловагии бевосита дар раванди хизматрасонй ба амал омада, иборат аст.

Музди меҳнат ва дигар хароҷоти тиҷоратӣ ва маъмурӣ ба арзиши аслии ЗММ дохил сарда нашуда, ҳамчун хароҷоти давр аз эътибор соқит карда мешаванд.

Усулҳои баҳодиҳии арзиши аслии ЗММ

Ҳангоми баҳодиҳии арзиши аслии ЗММ усулҳои зеринро истифода бурдан мумкин аст:

  • айният додани (идентификатсияи) махсус

  • арзиши миёнаи баркашида;

  • ФИФО

  • ЛИФО

Усули идентификатсияи махсус барои баҳодиҳии арзиши аслии ЗММ, ки якдигарро зазкунанда намебошанд, мол ва хизматрасонии истеҳсолшуда ва барои фармоишу лоихаҳои махсус таъиншуда, истифода бурда мешавад.

Усули идентификатсияи яклухтро ҳангоми харид ва фурӯши молҳои қиматбаҳо аз кабили автомобил, таҷҳизоти мошинии техникии вазнин, маҳсулоти заргарӣ истифода

бурдан мумкин аст. Бо сабабҳои зерин ин усул кам истифода бурда мешавад:

- дар бисёр ҳолатҳо назорати харид ва фурӯши воҳидҳои мушаххаси мол мушкил ва

гайриамалӣ мебошад;

- агар корхона бо харид ё фурӯши молҳои якҷинса машғул бошад, муайян намудани он, ки кадом молҳо фурӯхта шудаанд, ва кадомашон не, то андозае шартй мебошад..

Барои бо усули арзиши миёна муайян намудани арзиши ЗММ дар охири давра арзиши аслии миёнаи як воҳид ЗММ-ро муқаррар кардан лозим аст. Барок ин, арзиши ЗММ дар ибтидо ва арзиши аслии ЗММ-и харидашударо дар давоми давра муайян намуда, ҷамъи онхоро ба миқдори ЗММ тақсим намудан лозим аст. Арзиши аслии миёнаро ба миқдори захираҳо дар охири давра зарб намуда, арзиши аслии захираро дар охири давра ҳосил мекунем.

Баҳодиҳии ЗММ аз рӯи арзиши холиси фурӯш

Арзиши холиси фурӯш (нархи софи фурӯши имконпазир) - ин нархи фурӯши эҳтимолии мол тарҳи хароҷот оиди тайёркунӣ ва фурӯгии он мебошад. Арзиши холиси фурӯш дар ҳолате истифода мешавад, ки арзиши аслиро бо сабабҳои зерин барқарор кардан имконнопазир аст:

  • маълумот оиди ЗММ нуқсон доранд;

  • онҳо қисман ё пурра кӯҳна шудаанд;

  • нархи бозории ЗММ паст шудааст.

Баҳодиҳии ЗММ яке аз масъалаҳои нисбатан шавқовар ва васеъ муҳокимашавандаи баҳисобгирии бухгалтерй мебошад. Баҳои хатои ЗММ дар охири давра ба натиҷаҳои номатлуби фоидаи соли ҷорӣ ва соли оянда оварда мерасонад. Ин ба миқдори андоз аз фоида низ таъсир мерасонад.

Барои муайянкунии камтарин аз арзиши аслӣ ва арзиши холиси фурӯши ЗММ усулҳои зерин истифода мешаванд: моддавй, гурӯҳҳои асосии молӣ ва дараҷаи умумии захираҳо.

Усули моддавӣ барои ҳар як номгӯи ЗММ интихоби ифодаи камтаринро аз арзиши балансӣ ва арзиши холиси фурӯш пешбинй менамояд.

Бо усули гурӯҳи асосии молй барои ҳар як гурӯҳи ЗММ қимати хурдтарин аз арзиши балансӣ ва арзиши холиси фурӯш интихоб карда мешавад.

Бо усули дараҷаи умумии захираҳо барои тамоми ЗММ қимати хурдтарин аз арзишя балансӣ ва арзиши холиси фурӯш интихоб карда мешавад.

Мисоли 2. Корхона бо фурӯши автомобил машғул аст. Дар поён рӯйхати номгӯи ЗММ дар 31 декабри соли 2001 оварда шудааст. Захира аз 15 автомобил иборат аст, ки ба 3 гурӯх тақсим мешавад. Дар асоси арэиши аслӣ ва арзиши холиси фурӯш бақияи дурусти ЗММ-ро, ки дар баланси бухгалтерӣ инъикос намудан лозим аст, бо усулҳои зерин муайян кунед: А) воҳидҳои ЗММ (усули моддавӣ); В) гурӯҳҳои асосии ЗММ; С) ҳаҷми умумии ЗММ.

  1. Ҳангоми истифодаи ҳар яке аз ин усулҳо арзиши аслии ЗММ ба кадом маблаг кам мешавад?

  2. Кадоме аз ин усулҳо нисбатан консервативӣ аст? Кадоме аз ин усулҳо нисбатан беҳтар ва пешқадам аст?

3) Агар ЗММ аз 1500 автомобил иборат мебуд ва корхона низоми баҳисобгирии автоматонидашударо намедошт ин ҳолат оё ба ҷавоби шумо таъсир мерасонд? Агар ҳа, пас чӣ хел ва барои чӣ?

Гуруҳ

Арзиши асли

Арзиши холиси ФУРӮш

Хурдтарин аз арзиши асли ва арзиши холиси фурӯш

1

А

10000

10500

2

А

11000

10500

3

А

12000

10500

4

А

10000

10500

Ҳамагӣ

5

Б

14000

15000

6

Б

15000

15000

-

Б

14000

15000

8

Б

13000

15000

9

Б

17000

15000

10

Б

16000

15000

Ҳамагӣ

11

В

10500

14000

12

В

11000

14000

13 13

В

12500

14000

14

В

12000

14000

15

В

13000

14000

Ҳамагӣ

!

Гурӯҳ

Арзиши аслй

Арзиши холиси фурӯш

Хурдтарин аз арзиши асли ва арзиши холиси фурӯш

1

А

10000

10500

10000

2

А

11000

10500

10500

3

А _]

12000

10500

10500

4

А

10000

10500

10000

Ҳамагй

43000

42000

41000

5

Б

14000

15000

1 14000 ^

6

Б

15000

15000

15000

7

Б

14000

15000

14000

8

Б

13000

15000

13000

0

Б

17000

15000

15000

10

Б

16000

15000

15000

Ҳамагй

89000

90000

86000

11

В

10500

14000

10500

. -,

В

11000

14000

11000

13

В

12500

14000

12500

14

в

12000

14000

12000

15

в

13000

14000

13000

Ҳамагӣ

59000

70000

59000 "^

Ҷамъ

191000

202000

186000 1

1) 186000 в.ш.

:- 190000 в.ш. . 191000 в.ш. I 5000,1000

2) а) аз арзиши аслӣ; в) вобаста ба вазъият

З) агар таносуб дар гурӯҳҳо ва арзишҳо нигоҳ дошта шавад, пас натиҷаҳо бо зарбкунии 1000 фарқ мекунанд. Фақат дар ин ҳолат ҳисобкуниҳо мураккаб мешаванд. Агар таносуб нигоҳ дошта нашавад, пгйяр ёфтани ҷавобҳо мумкин аст.

Мебояд ба хотир гирифт, ки дар саноат арзиши захираи масолеҳ ва ашёи хом то арзиши холиси фурӯш аз ҳисоб бароварда намешавад, агар маҳсулоти тайёре, ки аз онҳо юркард мешавад, бо нархи ба арзиши аслй баробар ё аз он зиёд фурӯхта шавад.

Низоми баҳисобгирии ЗММ

Ду низоми баҳисобгирии ЗММ мавҷуд аст:

> баҳисобгирии даврй;

► бахисобгирии бефосила.

Ҳангоми баҳисобгирии даврӣ дар давоми сол баҳисобгирии муфассали ЗММ бурда -:ашуда, арзиши аслии моли фурӯхташударо танҳо дар сурати гузаронидани барӯихатгирӣ И7 охири сол муайян кардан имконпазир аст.

Барои муайянкунии арзиши аслии моли фурӯхташуда формулаи зеринро истифода мебаранд:

Арзиши аслии ЗММ дар ибттдои давр + арзиши аслии ЗММ-и харидашуда = арзиши аслии ЗММ барои фурӯш.

Арзиши аслии ЗММ барои фурӯш - арзиши аслии ЗММ дар охири давр = арзиши аслии ЗММ -и фурӯхташуда.

Фарқияти асосии баҳисобгирии бефосилаи ЗММ аз баҳисобгирии даврии ЗММ дар он аст, ки ҳангоми баҳисобгирии бефосила дар хисоби «молҳо» доимо харидҳои нав, фурӯш ва дигар амалиёти бо ҳаракати молҳо вобаста инъикос мегарданд. Ҳангоми беҳисобгирии даврӣ маълумоти ин хисоб то вақти гузаронидани барӯйхатгирӣ бо маблағи ибтидоӣ меистад. Ҳисобҳои муваққатие, ки ҳангоми баҳисобгирии даврй истифода бурда мешаванд, ҳангоми баҳисобгирии бефосила истифода бурда намешаванд. Ба ин ҳисобҳо «Хариди молҳо», «Баргардонидан ва баҳои молҳои харидашуда», «Кам кардани нархи харид» ва «Хароҷоти нақлиётй оиди хариди мол» мансубанд. Ба ғайр аз ин ҳисоби «Арзиши аслии молҳои фурӯхташуда» ҳангоми баҳисобгирии бефосила барои ҷамъшавии арзиши аслии тамоми молҳои ба харидорон фурӯхташуда истифода бурда мешавад.