- •Саволхои иловаги:
- •Мавзуи 3. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти.
- •Дарси 4. Мазуи 4. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти.
- •Хафтаи панчум. Дарси 5. Мавзуи 5. Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа
- •Дарси амалии № 5
- •Хафтаи шашум Дарси 6. Мавзуи 6 . Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа
- •Дарсхои амалии№6.
- •Хафтаи хафтум Дарси 7.
- •Муодили онхо.
- •Дарсхои амалии№7
- •Хафтаи хаштум Дарси 8.
- •Муодили онхо. Накша:
- •Дарсхои амалии№8
- •Хафтаи нухум Дарси 9. Мавзуи 9 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
- •Дарсхои амалии№9
- •Хафтаи дахум Дарси10. Мавзуи 10 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
- •Дарсхои амалии№10.
- •Хафтаи ездахум Дарси 11. Мавзуи 11 . Активьои жорц: захираьои моддию молц (змм)
- •Дарсхои амалии№11.
Дарсхои амалии№9
1.
Хафтаи дахум Дарси10. Мавзуи 10 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
Накша:
1. Карзҳои шубҳанок ва усулҳои баҳодиҳии онҳо
Усулҳои ҳисобкунии бузургии хароҷоти қарзҳои шубҳанок
Баҳисобгирии васиқаҳо барои қабул
Кушоиши ахборот дар ҳисоботи молиявӣ
Карзҳои шубҳанок ва усулҳои баҳодеҳии онҳо
Ширкатҳои тиҷоратӣ ҳавасманди фурӯхтани молҳо ба мизоҷони қобилияти пардохтидошта мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо чораҳои назоратиро бо мақсади фурӯши молҳо ба он мизоҷоне, ки бо расидани мӯҳлати пардохт пули харидро медиҳанд, кор карда мебароянд. Бо омӯзиши қобилияти пардохтадонамоии мизоҷон шӯъбаҳои қарздеҳии корхонаҳо машгул мешаванд. Ин шӯъбаҳо вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:
Омӯзиши ҳар як мизоҷи барои қарз муроҷиат намуда;
Додани розигй ё раддияи пешниҳоди қарз;
Гирифтани ахборот оиди ҳолати захираҳои молиявӣ ва қарзҳои харидор;
Тавсияи маблағи пардохт, муайянкунии андозаи қарз ва ғ.
Новобаста аз сатҳи такмил ва самаранокии низоми назорати пардохтадонамоии пгаркат, ӯро мизоҷоне пайдо мешаванд, ки қарзи худро пардохт наменамоянд. Ҳисобҳои пардохтношаванда қарзҳои шубҳанок ё чоранопазир (uncollectable accounts, bad debits), номида шуда, онҳоро ё ба зарар, ё ба хароҷоти фурӯши насиявии молҳо дохил мекунанд.
Агар чоранопазирии қарздории дебиторй эҳтимолй буда, маблағаш баҳододашаванда Еюшад, зарур аст, ки онро мувофиқан эътироф ва дар баҳисобгирй қайд намуд.
Ҳангоми бахисобгирии қарзҳои шубҳанок принсипи мувофиқатро мебояд риоя намуд.
Хароҷоти фурӯши молҳо бояд бо даромад аз он пӯшонида шавад. Қоидаи бахамгузорӣ
муқоисавият) эътирофи зарарро аз қарзҳои шубҳанок дар давраи эътирофи даромад талаб
мекунад. Маблағи қарзи шубҳаноки пешбинишуда ҳамчук хароҷоти қарзҳои шубҳанок, ки
аксар вақт ҳамчун хароҷоти муомилот шинохта мешавад, инъикос мегардад.
Дар сурати интизорӣ набудани шубҳанокии қарздории дебиторй ягон исяоҳкунии -аромад ё ҳисобҳо барои қабул зарур набуда, қарздории дебиторӣ дар давраи зътирофи чоранопазирии он аз ҳисоб бароварда мешавад. Ин муносибат ҳамчун усули азҳисоббарории мустақим маълум аст.
Ҳангоми фурӯши молҳо ба қарз, ширкат оиди пардохт шудани онҳо чизеро намедонад. Зарари эътирофшаванда аз рӯи қарзҳои шубҳанок бояд барои давраи ҳисоботй пешгӯй шуда, хн маълумоти тахминӣ дар худ хароҷоти давраи ҷориро ташкил менамояид.
Мисоли 4. Ширкати «А» бо фурӯши насиявии молҳо машгул аст. Дар охири сол маблаги карзи дебиторӣ 3 000 в.ш.-ро ташкил намуд. Пас аз тафтиш маълум гардид, ки тақрибан ба маблаги I 000 в.ш. қарзи 1сбитории чоранопазир мавҷуд ҳаст. Навишти зерини табдилӣ дар ин ҳояат бамаврид аст:
11 дек. Харочоти қарзҳои шубҳанок ............1 000
Захираҳои қарзҳои чоранопазир ...1 000
Дар ҳисобот оиди натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ - хоҷагӣ ҷамъбасти ҳисоби «Хароҷоти карзҳои шубҳанок» ҳамчун хароҷоти ҷорӣ инъикос меёбад. Ҳисоби «Захираҳои қарзҳои
чоранопазир» дар баланс ҳамчун ҳисоби аксулактивӣ нишон дода шуда, маблағи он аз арзиши ҳисобҳо барои қабул нигоҳ дошта мешавад:
Активҳои гардон
Воситаҳои пулӣ 10 000
Маблаггузориҳои кӯтоҳмуддат 15 000
Ҳисобҳо барои қабул 20 000
Тарҳ:
Захираҳои қарзҳои шубҳанок (1000) 19 000
Захираҳои моддй 30 000
Ҳамагӣ: Активҳои гардон 74 000
Фарз кардем, ки пас аз як моҳ оиди муфлисшавии дебиторе, ки ба ширкати «А» 500 в.ш. қарздор буд, ахборот эълон гардид:
Мукотибот оиди азҳисоббарории қарздории дебиторӣ:
Захираҳои қарзҳои шубҳапок 500
Ҳисобҳо оиди қабул ...500
Мукотиботи мазкур ягон таъсиротро ба даромад ва маблағи софи қарздории дебитории пардохтношуда намерасонад. Мукотибот танҳо дар сурати шубҳанок эътироф гардидани қарздории дебиторй ба амал бароварда мешавад.
Баъзан, пас аз азҳисоббарории қарзҳои чоранопазир аз дебитор маблағи қарз қабул мегардад. Дар ин ҳолат мукотиботи баръакс барои барқароркунии қарздорӣ ба амал бароварда мешавад.
Ҳисобҳо барои қабул 100
Захираҳои қарзҳои чоранопазир 100
Воситаҳои пулй 100
Ҳисобҳо барои қабул 100
Усулхои ҳисобкуиии бузургии хароҷот аз рӯи қарзҳои шубҳанок
Азбаски имконияти пешгӯии ҳисобҳои пардохтанашаванда дар санаи балансӣ мавҷуд нест, ҳисобкунии маблағе, ки зарари интизориро мепӯшонад, зарур аст. Одатан ҳангоми ҳама гуна фурӯш ба қарз қарзҳои шубҳанок ба миён меоянд. Аз ин рӯ, ширкатҳои тиҷоратӣ захираҳоро барои пӯшонидани қарзҳои шубҳанок бунёд менамоянд. Қарори роҳбарияти ширкат оиди маблағи қарзи шубҳанок дар асоси ахбороти таҳлилӣ, инчунин дигар омилҳои ғайримустақим қабул мегардад. Дар аксари ҳолатҳо бухгалтерон маблағи қарзҳои шубҳанокро дар асоси:
таҷрибаи солҳои пешин бо баҳисобгирии тағйиротҳои ҷории шароитҳои иқтисодй;
ҳисобкуниҳои иқтисодй, муқаррар мекунанд.
Дар амалия, вобаста ба лаҳзаи пайдошавии қарзҳои шубҳанок, усулҳои зеринн ҳисобкунии бузургии қарзҳои шубҳанок барои давраи ҳисоботӣ истифода мегарданд:
Усули мустақими азҳисоббарорй , ки ҳангоми истифодаи^ он қарзҳои шубҳанок танҳо дар лаҳзаи пардохт нашудани қарздории дебитории конкретй бг ҳисоб гирифта мешаванд. Дар лаҳзаи эътирофи зарар навишт аз рӯи дебети ҳисобн «Хароҷоти қарзҳои шубҳанок» ва кредити ҳисоби «Ҳисобҳо барои қабул» ба амах бароварда мешавад;
Усулҳои захирасозй , ки ҳангоми онҳо хароҷот дар давраи ҳисоботие. ки фурӯш ба қарз амалӣ гардидааст, дар ҳисобгирӣ акс мегардад.
Мувофиқан, ду усули зерини захирасозии қарзҳои шубҳанок маълуманд:
А) Усули фоиз аз фурӯши соф (Метод процента от нетто-реализации) - ҳисобот оиди фоида ва зарар. Ҳангоми истифодаи ин усул саволи зерин дода мешавад. «Кадом қисми фурӯши софи давраи мазкур ба даст оварда намешавад?». Ҷавоб ба саволя мазкур имконияти муайянкунии маблаги хароҷоти қарзҳои шубҳанокро барои давраи ҳисоботӣ медиҳад.
Ҳангоми истифодаи ин усул ба таҷрибаи солҳои пешин такия намуда, фоизи миёная таносуби байни зарари ҳақиқй аз қарзҳои шубҳанок ва фурӯши қарзии соф муқаррар карда
мешавад. Сипас ин фоиз нисбати фурӯши софи ҳақиқии давраи ҳисоботй барои муайянкунии андозаи қарзи шубҳанок истифода мегардад.
Б) Усули баҳисобгирии ҳисобҳо аз рӯи мӯҳлати пардохт (Метод учета счетов по срокам оплаты ) - баланси бухгалтерӣ, Ҳангоми истифодаи усули «азкур, саволи зерин дода мешавад: "Кадом қисми ҳисобҳо барои қабул дар охири сол иардохт карда намешаванд?". Ҷавоб ба савол имконияти муайянкунии бақияи пешбинишавандаи ҳисоби «Ҳисобҳо барои қабул»-ро медиҳад. Усули мазкур бо баҳодиҳии арзиши аслии софи қарздории дебиторӣ - маблағи пулие, ки бояд қабул карда шавад, асос меёбад. Дар муқобил ба усули фоиз аз фурӯши соф, усули баҳодиҳии қарздории дебиторӣ аз рӯи мӯҳлати пардохт имконияти ҳисобкунии бақияи ниҳоии захираҳои қарзҳои шубҳаноки сарои ҳисобкунии арзиши аслии софи қарздории дебиторй зарурро медиҳад. Бақияи ҷории задираҳои қарзҳои шубҳанок сонӣ бо ёрии мукотиботи ислоҳӣ барои мувофиқат бо бақияи пешбинишуда, нав карда мешавад. Қарзи шубҳанок ба маблага мукотиботи ислоҳии мазкур :;'итонида мешавад.
I'
Барои ҳисобкунии бақияи пешбинишудаи захираи қарзҳои шубҳанок:
- меъёри ягонаи комбиниронидашуда, ки бо қарздории умумии дебиторй асос меёбад;
- якчанд меъёр, ки бо мӯҳлати ҳар як ҳисоб барои қабули алоҳида асос меёбад, истифода мешаванд.
Фарз кардем, ки бақияи ҷории дебетй аз рӯи ҳисоби «Захираҳо аз рӯи қарзҳои шубҳанок» баробари 1 050 в.ш. аст. Ҳамин тариқ, маблағи пешбинишавандаи хароҷот аз рӯи қарзҳои шубҳанок барои соли 2001 8 000 в.ш. -ро ташкил менамояд. Ҳисобкуниҳо ба тариқи зайл сурат мегиранд:
Қарзҳои шубҳаноки пешбинишаванда 6 950
Ҷамъ: Бакцяи дебепши ҳисоби "Захираҳои қарзҳои шубҳанок" 1 050
Хароцоти қарзҳои шубҳанок 8 000
Агар ҳисоби "Захираҳо аз рӯи қарзҳои шубҳанок" бақияи кредитӣ дошта бошад, маблаги он бояд аз маблаги қарздории шубҳаноки пешбинишаванда тарҳ гардад.
Хароҷот аз рӯи қарзҳои шубҳанок дар баҳисобгирӣ чунин қайд меёбад:
31 декабр:
Хароҷоти қарзҳои шубҳанок .„8 000
Захираи қарзҳои чоранопазир 5 000
Чӣ хеле мебинем, усули фоиз аз фурӯши соф дар асоси ҳисобот оиди натиҷаҳои молиявй-хоҷагй буда, мувофиқан, ҳангоми истифодаи ин усул, қарзҳои пешбинишавандаи шубҳанок ба бақия и ҷории ҳисоби «Захираҳои қарзҳои шубҳ анок» ҷамъ карда мешаванд. Усули таснифи ҳисобҳо аз рӯи мӯҳлати пардохт дар асоси баланси бухгалтерй буда, ҳангоми истифодаи он бақияи ҳисоби «Захираҳои қарзҳои шубҳанок» ислоҳ карда мешавад.
Ширкатҳо ҳуқуқ доранд, ки ҳардуи усулро дар як вақт барои тасдиқи ҳисобкуниҳо мавриди истифода қарор диҳанд. Мисол, ҳангоми тартибдеҳии ҳисоботи фосилавӣ бисёре аз ширкатҳо бо сабаби камхарҷӣ усули фурӯши қарзии софро истифода мебаранд. Аммо дар охири сол онҳо мӯҳлати қарздории дебиториро барои муайянкунии дараҷаи бақияи захираҳои қарзҳои шубҳанок месанҷанд. Агар бақияи захира аз рӯи усули фурӯши софи қарзй аз бақияи бо усули таснифи ҳисобҳо аз рӯи мӯҳлати пардохт ҳисобкардашуда фарқи муҳим кунад, андозаи фоизи барои фурӯши қарзй истифодашавандаро тагйир медиҳанд5.
Азбаски маблағи умумии қарздории дебитории азҳисоббаровардашуда аҳёнан баробари маблаги дар кредити ҳисоби «Захираҳои қарзҳои шубҳанок» аксёфта аст, ин ҳисоб дорои бақияи дебетӣ ё кредитй буда метавонад. Агар маблаги ҳисобҳои азҳисоббаровардашуда камтар аз захираи пешаки ҳисобкардашуда бошад, ҳисоби «Захираҳои қарзҳои шубҳанок» дорои бақияи кредитй мегардад. Дар ҳолати баръакс ин ҳисоб бақияи дебетӣ дорад.
Навишти ислоҳие, ки бо мақсади муайянкунии маблаги пешакии қарзи шубҳанок дар соли ҷорӣ ба амал бароварда мешавад, бақияи дебетиро дар охири давраи ҳисоботӣ аз байн мебарад.
Баъзе аз мизоҷон, ҳангоми пешгӯии хариди дарпешистода хато карда, ба маблағи муайян зиё-пул пардохт мекунанд. Агар ҳисобҳои ҷузъии харидорон дар журнали қайди қарздории дебиторй бақияи кредитӣ дошта бошад, ин вазъият ба бақияи ҳисоби «Ҳисобҳо барои қабул» ягон таъсире намерасонад. Дар баланс маблаги ҳисобҳои мизоҷон, ки бақияи кредитй доранд, ҳамчун ӯҳдадорихои кӯтоҳмуддат нишон дода мешавакд. Зеро ширкат дар назди харидорон ба маблаги пули зиёдатӣ супоридаи онҳо ӯҳдадор аст. Бо ибораи дигар, бақияи ҳисоби «Ҳисобҳо барои қабул» ҳамеша ба таври муфассал: ҳам аз рӯи дебет ва ҳам аз рӯи кредит нишон дода мешавад.
Дар моддаи балансии «Ҳисобҳо барои қабул" фурӯше, ки дар ҷараёни фаъолияти истеҳсолик маъмул ба мизоҷони доимӣ ба амал бароварда мешавад, инъикос мегардад. Ҳангоми пешниҳоди қарз ё баамалбарории фурӯш ба ашхосе, ки ба ин гурӯҳ дохил нестанд, онҳо дар активи баланс аз рӯи моддаи «Қарздории дебитории кормандон ва ашхоси мансабдор» нишон дода мешаванд.
Баҳисобгирии васиқаҳо барои қабул
Васиқа (Вексель) - ин ӯҳдадории хаттии бечунучаро оиди пардохти маблага муайяни пул аз рӯи талабот ё дар мӯҳлати муайян аст. Шахсе, ки васиқаро имзо мекунал. васиқадеҳ номида шуда, шахси қабулкунандаи васиқаро васиқагир (ремитент) меноманд.
Агар мӯҳлати пардохти васиқа камтар аз як сол бошад, васиқагир онро дар баланси худ хамчун васиқаҳои қабулшуда дар қисмати активҳои бозоргир, васиқадеҳ бошад, онро дар баланси худ ҳамчун васиқаҳои додашуда дар қисмати ӯҳдадориҳои ҷорӣ нишон медиҳад.
Сабабҳои асосии истифодабарии васиқаҳо:
дароз намудани мӯҳлати пардохт (барои пӯшонидани қарздории дебитории батаъхирафтода);
далели мӯътамадтари қарздорӣ нисбат ба счёт - фактура ё дигар ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ;
асоси расмӣ барои гирифтани фоиз;
усули осони молиягузорй;
имконияти барориш ба муомилот.
Манбаъи асосии васиқаҳои қабулшуда амалиётҳои қарзй мебошанд.
Хусусиятҳои асосии васиқаҳои қабулшуда:
- муайянкунии мӯҳлати амали васиқа бо рӯз, бо назардошти санаи тартиб додани он;
• истифодаи меъёри (ставкаи) фоизии эълоншуда ҳангоми муайянкунии пардохтҳои фоизӣ;
- дар ҳолати мувофиқ наафтидани меъёрҳои эълоншуда ва бозорӣ - истифодабарии меъёри
бозорӣ барои баҳодиҳӣ ва ченкунии арзиши васиқа.
Бо мақсадҳои баҳисобгирии молиявӣ маблағи асосии васиқа бо:
- арзиши одилонаи бозорӣ, ё муодили арзиши пулии молҳо ё хадамоти бар ивази васиқа
фурӯхташуда ё расонидашуда дар ҳолати маълум будани арзиши онҳо, ё;
- арзиши ҷории (ҳисобкардашудаи - дисконтиронидашудаи) ҳамаи пардохтҳои пулии васиқавӣ аз рӯи меъёри бозорӣ, чен карда мешавад.
Маблаги умумӣ - ин маблағе, ки аз рӯи он фоиз ҳисоб карда мешавад. Ҳама гуна ;аблағе, ки зиёда аз маблағи умумй пардохт мегардад, фоиз аст8. Арзиши номиналии васиқа -ав маблағи пулии дар васиқа нишондодашуда ба ғайр аз фоизе мебошад, ки бояд дар охири мухлати муомилоти васиқа пардохт мегардад. Дар ин маврид, бояд ягон шарти пардохтнамоии маблағи асосӣ мувофиқи ҷадвали муайян мавҷуд набошад. Маблағи умумӣ баробар аст ба арзиши номиналй, агар меъёри эълоншудаи фоизй баробари меъёри бозорӣ бошад. Даромади умумии фоизи дар давоми мӯҳлати муомилоти васиқа ба маблағи умумии - дохилшавиҳои пулӣ тарҳи маблағи умумй мувофиқат мекунад.
Васиқа фоизнок ё бефоиз буда метавонад.
Ҳангоми баҳисобгирии васиқаҳои оддӣ мебояд оиди нишондиҳандаҳои зерин тасаввурот дошт:
санаи пардохт
мӯҳлати васиқа;
фоизи қарзй
маблағи пардохт;
баҳисобгирии васиқа;
пардохт аз рӯи васиқаи баҳисобгирифташуда.
Зери мафҳуми санаи пардохт рӯзи пардохти васиқаро мефаҳманд. Вай ё дар худи васиқа нишон дода мешавад, ё ба тариқи дигар муайян мегардад. Аксар вақт мӯҳлатҳои зерини пардохт нишон дода мешаванд:
• санаи аниқ;
• миқдори муайяни моҳҳо аз рӯзи тартибдиҳии васиқа; « микдори муайяни рӯзҳо аз санаи тартибдиҳии васиқа.
Чӣ тавре пештар нигошта шуда буд, мӯҳлати васиқа бо рӯз муайян карда мешавад.
Мисол, васиқа ба мӯҳлати аз 10 март то 10 июн навишта шудааст. Мӯҳлати васиқа 93 рӯзро
ташкил мекунад:
Рӯзҳои боқимондаи моҳи март 22
Рӯзҳо дар моҳи апрел 30
Рӯзҳо дар моҳи май 31
Рӯзҳо дар моҳи июн 10
Ҳамагй рӯзҳо 93
Фоизи қарзӣ ва меъёри фоизӣ дар худ ё пардохти пулиро барои истифодаи қарз, ё
подошро барои қарзи пешниҳодшуда ифода менамоянд. Бузургии фоизи қарзй аз се омили
зерин вобастагӣ дорад:
номинали васиқа;
меъёри фоиз;
мӯҳлати пешниҳоди қарз.
Барои ҳисобкунии фоизи қарз формулаи зерин истифода мегардад: Номинали васиқа *меъёри фоиз* вақт = фоизи қарз
Фоизи қарзӣ аз рӯи васиқаи 1000 в.ш. арзиш дошта, ки пас аз се моҳ пардохта мешавад ва меъёри фоизиаш 12% аст, чунин ҳисоб карда мешавад:
1,000 * 12%/100% * 3/12 = 30 в.ш.
Агар васиқа на ба мӯхлати се моҳ, балки ба мӯҳлати 6 моҳ навишта шуда бошад, фоизи қарзӣ маблағи зеринро ташкил мекард:
1,000 * 12% /100% * 6/12 = 60 в.ш.
Маблаги пардохт баробар аст ба маблағи умумие, ки аз рӯи васиқа дар санаи пардохт дода мешавад:
Маблаги пардохт — номинал + фоизи қарзӣ
Васиқаро ба ҳисоб гирифтан - ин яъне гирифтани пешакии фоизи қарзист. Меъёри бахисобгирӣ амалан маблаги фоизи қарзии тарҳкардашударо ифода мекунад.
Меъёри баҳисобгирӣ -маблаги пардохт* меъёри фоизӣ* вақт
Ҳангоми баҳисобгирии васиқаи гирифташуда, маблағи бадастовардаи қарздеҳ пардохтро аз рӯи васиқаи баҳисобгирифташуда ташкил мекунад.
Пардохт = маблаги пардохт -фоизи қарзӣ
Мисоли 7. 1 июли соли 2001 ширкати «Астра» аз ширкати «Прима» барои пӯшонидани қарздории жторӣ ба маблаги 40 000 в.ш. васиқаи 12% -ро ба мӯҳлати 90 рӯз қабул кард. Дар баҳисобгирй ин - :ёт чунин акс меёбад: Қабули васиқа:
01.07. Васиқаи қабулшуда 40 000
Ҳисобҳо барои қабул 40 000
Хлсобкунии фоиз:
31.07. 40 000*0,12*31/360=413,33
Фоизҳо барои қабул ., 413,33
Даромади фоизӣ ......413,33
Пардохти васиқа:
Воситаҳои пулӣ , 41 200
Васиқаҳои қабулшуда , .....40 000
Даромади фоизӣ .,,., , 786,67
Фоизҳо барои қабул , 413,33
- Фарз кардем, ки «Прима» дар вақти расидани мӯҳлат аз пардохти васиқа даст кашид. Инъикоси засиқаи радшуда дар баҳисобгирй:
29.09. Ҳисобҳо барои қабул..... ......41 200
Васиқаи қабулшуда. „,..,..... 40 000
Фоизҳо барои қабул . .1 200
Кушоиши ахборот дар ҳисоботи молиявй:
Дар ҳисоботи молиявӣ бояд моддаҳои зерини қарздории дебиторй шарҳ дода шаванд:
- карздории дебитории тиҷоратӣ (ҳисобҳо барои қабул);
- кисмати ҷории қарздории дебитории дарозмуддат;
- карздории дебитории ғайр:
- бунаки пешниҳодгардида (авансы, выданные);
- андозхо
- хаккусахм бари кабул
- карздории ширкати фаръӣ;
- карздории ашхоси мансабдор;
- фоизи ҳисобкардашуда;
- харооҷоти давраи оянда.
Дар шарҳия бояд меъёрҳои фоизй, мӯҳлатҳои пардохтшавии васиқаҳо, навбатнокии аитҳо ва дигар хусусиятҳои шартномаҳои қарзй кушода шаванд. Махсусан бояд ахборот оиди бузургии қарзҳои шубҳанок, фоизи захирасозӣ, сиёсати баҳисобгирии ширкат нисбати амалиети факторингй кушода гардад.
