
- •Саволхои иловаги:
- •Мавзуи 3. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти.
- •Дарси 4. Мазуи 4. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти.
- •Хафтаи панчум. Дарси 5. Мавзуи 5. Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа
- •Дарси амалии № 5
- •Хафтаи шашум Дарси 6. Мавзуи 6 . Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа
- •Дарсхои амалии№6.
- •Хафтаи хафтум Дарси 7.
- •Муодили онхо.
- •Дарсхои амалии№7
- •Хафтаи хаштум Дарси 8.
- •Муодили онхо. Накша:
- •Дарсхои амалии№8
- •Хафтаи нухум Дарси 9. Мавзуи 9 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
- •Дарсхои амалии№9
- •Хафтаи дахум Дарси10. Мавзуи 10 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
- •Дарсхои амалии№10.
- •Хафтаи ездахум Дарси 11. Мавзуи 11 . Активьои жорц: захираьои моддию молц (змм)
- •Дарсхои амалии№11.
Дарсхои амалии№8
Супориш барои худсанҷӣ Супориши №1. Юсуф
1 апрели соди 1997 Юсуф фаъолияти худро бо сармоя ба андозаи 20 000 в.ш., ки онро ба ҳисоби
корхона гузаронидааст, оғоз намуд.
Дар зер рӯихати мухтасари амалиёти пулй дар соли якум оварда шудааст: Маблаги аз мизоҷон қабулшуда 34 628
Хароҷоти ёрдамчӣ 4 000
Пардохти харид ба таъминкунандагон 20 700
Хариди микроавтобус 31 марти с.1998 8 000
Бозгирифти Юсуфа дар давоми сол 4 800
Пардохти пули барқ 1 120
Иҷора ва хадамоти коммуналии солона 2 200
Почта ва молҳои идоравй 700
Ғайр аз ин, маълумоти зерин мавҷуд ҳаст:
Дар охири сол Юсуф ба маблаги 8 512 в.ш. қарздории дебиторӣ ва ба маблаги 11 344 в.ш қарздории кредитории тиҷоратӣ дошт.
Юсуф ваъда дода буд, ки ба ёрдамчии худ ба маблағи 800 в.ш. мукофот диҳад. Дар санаи 31 марти с. 1998 ин маблаг ҳоло пардохт нагардидааст.
Дар санаи 31 марти соли 1998 захираҳо ба маблаги 8 514в.ш. мавҷуд буданд. Юсуф барои истемоли қувваи барқ дар семоҳаи охирин ба маблаги 340 в.ш. қарздор аст.
Азбаски микроавтобус дар рӯзи охирини моҳи март харида гардид, Юсуф қарор кард, кя истеҳлоки онро ҳисоб накунад.
Талаб карда мешавад: Ҳисобот оиди фоида ва зарарро барои соли дар 31 марти соли 1998 ба охкг расида, инчунин ҳисоботи балансиро барои ин сана тартиб диҳед.
Супориши № 2, Роман
Ахбороти зерин ба ду моҳи аввали фаъолияти тиҷорати Роман, ки бо фурӯши маҳсулоти баққолй
машғул аст, дахл дорад. Ҳамаи амалиёт бо пули накд сурат гирифтааст.
1998 |
|
11 январ |
Роман ба корхона 35 000 в.ш. -ро гузошт. |
15 январ |
Ба маблаги 20 ОООв.ш. мол харид. |
23 январ |
Хароҷоти бо мошин алоқамандро ба маблаги 4 ОООв.ш. пардохт намуд. |
31 январ |
Молро ба маблаги 30 000 в.ш. фурӯхт. |
5 феврал |
Аз Дени 30 000 в.ш.-ро ҳамчун қарз бо шарти пардохт дар соли 2002 гирифт. |
7 феврал |
Ба маблағи 20 ОООв.ш. мол харид. |
8 феврал |
Молро ба маблағи 15 000 в.ш. фурӯхт. |
20 феврал |
Ба маблаги 25 ОООв.ш. мол харид. |
21 феврал |
Хароҷоти коммуналиро ба маблаги 5 000 в.ш. пардохт намуд. |
28 феврал |
Молро ба маблаги 30 000 в.ш. фурӯхт. |
Талаб карда мешавад: Барои ҳар як моҳ:
(а) Ҳисобҳои мувофиқро аз рӯи амалиёти боло кушоед ва маҳкам кунед.
(б) Рӯихати бақияи ҳисобҳоро тартиб диҳед.
(в) Ҳисобот оиди фоида ва зарарро тартиб диҳед.
(г) Ҳисоботи балансиро тартиб диҳед.
Хафтаи нухум Дарси 9. Мавзуи 9 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
Накша:
1. Таъриф, тасииф ва эътирофи қарздории дебиторӣ
Баҳои ҳисобҳо барои қабул
Баҳисобгирии тахфиф
Баргардониши молҳо
Таъриф, тасниф ва эътирофи қарзҳои дебиторй
Таъриф. Қарздории дебиторӣ (receivables) - ин активҳои гардони ширкат, ки дар ҷараёни
- лияти молиявӣ - хоҷагӣ ба вуҷуд омада, дар худ ҳуқуқ ва даъвоҳои ширкатро ба актив ва р захираҳои ширкатҳои қарздор ифода мекунанд. Соддатар гӯем, қарздории дебиторӣ - алаботҳоест, ки ба харидорон, супоришдиҳандагон ва дигар шахсон барои гирифтани раҳои иқтисодӣ пешниҳод мегарданд. Қарздории дебиторӣ одатан бо ҳуқуқҳои юридикй, мла, ҳуқуқи моликият алоқаманд аст.
Ба қарздории дебиторӣ нишонаҳои зерин хос аст:
- бозоргирй - имконияти баланди табдилшавӣ ба пул;
- таҷассуми суди (фоидаи) оянда; асвири захираҳое, ки ба онҳо ширкат ҳуқуқ дорад; ;
- даъво ба активҳои ширкатҳои дигар;
- тасниф гардидан вобаста ба мӯҳлат ё санаи интизории пардохт ба ду намуд: кӯтоҳмуддат (чорӣ) ва дарозмуддат.
Қарздории дебиторй аксар вақт бо счёт-фактура тасдиқ мегардад.
Тасниф. Барои мақсадҳои ҳисоботи молиявӣ қарздории дебиторй ба намудҳои ҷорӣ ва дарозмуддат тақсим карда мешавад. Қарздории дебиторие, ки дар давоми 12 моҳ ё як давраи амалиётӣ пардохт мегардад, қарздории дебитории ҷорӣ номида мешавад. Ҳамаи қарздории - дебитории боқимонда ҳамчун дарозмуддат шинохта мешавад.
Дар ҳисоботи балансӣ қарздории дебиторй ба тиҷоратй ва ғайритичоратй ҷудо карда
мешавад. Қарздории дебитории тицоратӣ - ин қарздории харидорон - мизоҷон барои молу
хадамот аст, ки дар рафти фаъолияти муқаррарии ширкат ба вуҷуд меояд. Қарздории
дебитории тиҷоратӣ маъмулан дар баланс бо ҳисобҳо ва васиқаҳо барои қабул пешниҳод мегардад.
Қарздории дебитории ғайритиҷоратӣ ҳангоми баамалбарории амалиётҳое, ки аз фаъолияти муқаррарии ширкат фарқ доранд, ба вучуд меояд. Мисоли қарздории дебитории
гайриҷоратӣ: - Маблағҳои таҳтихисоботӣ;
- бунаки (аванси) додашуда;
- хаккусаҳм ва фоизҳо барои қабул;
- чихозоти баргардонидашаванда ва зарф;
- даъвоҳои судии пешниҳодшуда;
- товони сугуртавӣ;
- илшавиҳои кафолатӣ;
- депозитҳо ва ғ.
Қарздории дебитории тиҷоратӣ бо маблағи пардохти интизорӣ ба ҳисоб гирифта шуда, қарздории дебитории гайритиҷоратӣ дар аксар ҳолатҳо бо арзиши дисконтиронидашуда (ҳисобкардашуда) баҳо дода мешавад.
Эътироф. Қарздории дебиторӣ одатан ҳангоми эътирофи даромади бо он алоқаманд эътироф мегардад. Ҳангоми баамалбарории амалиёт бо қарздории дебиторй маблағи эътирофшаванда нархи мубодилавии муқаррарнамудаи тарафҳо аст.
Баҳодиҳии ҳисобҳо барои қабул
Намуди асосии қарздории дебиторӣ - ин ҳисобҳо барои қабул мебошад. Ҳисобҳо барои қабул (accounts receivable- Счета к получению) активҳои гардони бозоргирро, ки ҳангоми фурӯши насиявии молҳо, расонидани хизмат ва иҷроиши кор ба қарз паӣди мегарданд, ифода мекунанд. Ин гуна қарз бо номи қарзи тиҷоратӣ (Trade credit) маълчм гардидааст.
Дар таҷрибаи хориҷӣ давраи муқаррарии пардохти қарзи дебиторӣ аз 30 то 90 рузро ташкил менамояд. Бо гузашти ин муддат, ҳисобҳо барои қабул хамчун мӯҳлаташон гузашташуда (батаъхирафтода) шинохта мешаванд. Ҳисобҳо барои қабул бо бақияи кредити (пардохти зиёдатӣ, пешпардохт) дар қисмати ӯҳдадориҳои баланс инъикос мегарданд.
Ҳисобҳо барои қабул аз рӯи арзиши ибтидой тарҳи ислоҳи қарзҳои шубҳанок, тахфифи пулй ва баргардониши молҳо баҳо дода мешаванд. Дар натиҷа арзиши аслии ҳисобҳо бари қабул муайян карда мешавад. (Ба мазмуни ин мафҳум аҳамият диҳед).
Ҳисобҳо барои = Ҳисобҳо - Захираҳои - Тахфиф - Баргардониши
қабули соф барои қарзҳои молҳо
қабул шубҳанок
Баҳисобгнрии тахфиф
Тахфифҳо ду намуд мешаванд:
1. Тахфифи пулӣ - маблағе, ки ба бузургии он нархи счет-фактуравй кам мегардад, агар мӯҳлати муайяншуда он пардохт карда шавад3. Тахфифи пулй аз ҷониби фурӯшаяп мӯҳлати муайян пешниҳод мегардад. Мақсади пешниҳоди тахфифи пулӣ:
афзоиши ҳаҷми фурӯш;
ҳавасмандгардонии мизоҷ барои пардохти тезтар;
ихтисори қарзҳои шубҳанок.
Мисоли 1. Ширкати «Madina Ltd» ба мизоҷони худ ба андозаи 2% аз маблағи фурӯш дар давоми 30 руз, яъне, бо шартҳои 2/10, n/30 тахфиф пешниҳод менамояд. 1 марти соли 2001 ширкат молхоро ба корхонаи «Zarina Co» ба маблаги 120 000 в.ш., азҷумла ААИ ба маблаги 20 000 в.ш. фурӯхт. «Zarina Со» ҳисобро 18.03. пардохт намуд. Амалиёти мазкур бо чунин навиштаҷотҳо қайд карда мешаван
01.03. Ҳисобҳо барои қабул ....120 000
Даромад аз фурӯш 100 000
ААИ барои пардохпг 20 000
18.03. Тахфиф аз нарх 2 000
ААИ барои пардохт 400
Ҳисобҳо барои қабул 2.400
Воситаҳои пулӣ... 117 600
Ҳисобҳо барои қабул.... 117600
2. Тахфифи савдоӣ - тахфифе, ки нархи ниҳоии фурӯшро ихтисор намуда, аз хачми фурӯш вобастагӣ дорад. Одатан тахфифи савдой пас аз барориши варақаҳои фурӯш (прайслист) ё нархномаҳо эълон гардида, як намуди рекламаи мол мебошад.
Мисоли 2. Ширкат ба мизоҷони хеш тахфифро ба андозаи 10% дар сурати аз тарафи онҳо харида шудани зиёда аз 100 воҳвд мол пешниҳод мекунад. Нархи счёт-фактуравии мол 25 в.ш. аст. 1 апрели соли 2001 мизоҷе 200 воҳид мол харид. Дар баҳисобгирй ин амалиёт чунин акс меёбад:
01.04. Ҳисобҳо барои қабул .5 000
Даромад аз фурӯш 5 000
Тахфифаз фурӯш ,..,,...,,.,..,„..500
Воситаҳои пулӣ ,.,...,.,....,.,,,,,..4 500
Ҳисобҳо барои қабул. ................ 5 000
Нархи умумие, ки нисбати он тахфифи пулӣ истифода мегардад = нархи счёгп-фактуравӣ - тахфифи савдо.
Тахфифи пулӣ ё савдоӣ дар баланс ҳамчун аксулҳисоби ҳисобҳо барои қабул нишон дода мешаванд.
Ҳисобҳо барои қабул 100 000
Тарҳ: Тахфиф. .5 000
Ҳисобҳо бароиқабули соф ...95 000
Баргардониши молҳо
Бо мақсади нигоҳдории мавқеи рақобатпазирии хеш дар бозор, ширкатҳо : дргардониши молҳоро кафолат медиханд. Баргардониш дар ҳолатҳои корношоямӣ ё ноқисии молҳо ба амал бароварда мешавад. Баргардониши молҳо ва ҷуброни он ҳам қарздории ^ебетории соф, ҳам маблағи фурӯши софро кам менамоянд.
Мисоли 3. Харидор молҳои ноқисро ба маблаги 120 в.ш. баргардонид.
Баргардотиии мол..., ...,.,...,.„,,......,.,......,.120
Ҳисобҳо барои қабул ....,....,120