- •Саволхои иловаги:
- •Мавзуи 3. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти.
- •Дарси 4. Мазуи 4. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти.
- •Хафтаи панчум. Дарси 5. Мавзуи 5. Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа
- •Дарси амалии № 5
- •Хафтаи шашум Дарси 6. Мавзуи 6 . Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа
- •Дарсхои амалии№6.
- •Хафтаи хафтум Дарси 7.
- •Муодили онхо.
- •Дарсхои амалии№7
- •Хафтаи хаштум Дарси 8.
- •Муодили онхо. Накша:
- •Дарсхои амалии№8
- •Хафтаи нухум Дарси 9. Мавзуи 9 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
- •Дарсхои амалии№9
- •Хафтаи дахум Дарси10. Мавзуи 10 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
- •Дарсхои амалии№10.
- •Хафтаи ездахум Дарси 11. Мавзуи 11 . Активьои жорц: захираьои моддию молц (змм)
- •Дарсхои амалии№11.
Дарсхои амалии№7
1.
Хафтаи хаштум Дарси 8.
Мавзуи 8 . Активьои жорц: воситахои пули ва
Муодили онхо. Накша:
Баҳисобгирии амалиёти суратҳисоб
Назпрапш бонкӣ аз рӯи амалиёти суратҳисоб
Баҳисобгирии сармоягузориҳои кӯтоҳмуддат
Бахисобгирии амалиёти суратҳисоб
Воситаҳои пулии озодро корхонаҳо вазифадоранд, ки дар суратҳисоби дар банк дошта нигох доранд. Ин ҳисобро баъзан «Накдинаи суратҳисоб», «Ҳисоби банкй» (Bank account) -ки асосии ҳаргуна шахсони ҳуқуқӣ меноманд.
Муносибатҳо байни банк ва мизоҷ дар асоси шартномаи бонкй сурат мегирад. Барои •дани ҳисоби бонкӣ ширкат ба бонки хизматрасонаш ҳуҷҷатҳои заринро пешниҳод мояд:
- Ариза барои кушодани суратҳисоб; [уҷҷати қонунӣ будани ташккли корхона;
- Нусхаи ойинномаи кирхона, ки онро нотариус тасдиқ карда аст;
- Маълумоти ташкилоти андоз дар бораи ба снфати андоздиқанда ба ҳисоб гирифтани орхона;
- Ду нусха карточка (варақа) бо камунаи имзоҳо ва нақши мӯҳри корхона, ки онро ютариус тасдиқ кардааст.
Воридшавии воситаҳои пулй ба суратҳисоб дар натиҷаи амалиёти зерин ба амал меояд:
- кабули даромад аз фурӯши маҳсулот, молҳо, кор, хадамот, воситаҳои асосй ва активхои гайримоддӣ;
- пардохти ӯхдадориҳои қарздорон (дебиторон);
- кабули қарзҳои бонкй ва заёмҳо;
- баргардонидани воситаҳои пулӣ аз хазина ба еуратҳисоб;
- кабули ҳаргуна даромадҳо, ки ба натиҷаи молкявй дохиланд (фоиз аз сармоягузорй, (ивидендҳо, даромадҳо аз фарқиятҳои қурбй);
- даромадҳо аз ширкатҳои ҷамъиятӣ ва харидуфурӯши байналхалқӣ;
- баргардонидани воситаҳои истифоданашудаи дар ҳисоби махсус депонентгардида аккредитивҳо ва ҳисобҳои махсус);
- дигар амалиёт.
Амалиёти молиявй-хоҷагии дар боло зикршуда воситаҳои пулиро зиёд мекунанд (Дт «Суратхисоб ба арзи миллй», вале ҳисобҳои кредитшаванда самти дохилшавии пулро ба суратхисоби корхона нишон медиҳанд).
Амалиёти хоҷагие, ки ба камшавки воситаҳси пулии суратҳисоб таъсир мерасонанд инхоянд:
- пардохти қарзи қарздеҳон барои дар мӯҳлат иҷро намудани ӯқдадориҳо;
- пардохти хароҷоти тайёркунй ва харидани масолеҳ аз молтаъминкунандагон:
- пардохти арзиши қарзҳо ва вомҳои пештар гирифташуда;
додани пули нақд ба хазина;
гузаронида ни пул ва ё додани пешпардохт (аванс);
- пешниҳод намудани қарзҳо ва вомҳо ба дигар ташкилот;
гузаронидани воситаҳои пулӣ ба тарзи маблағгузориҳо ;
додани маблағи аванс ба шахсони ҳисоботдеҳ;
гузаронидани воситаҳои пулй бо тарзи ҳисоббаробаркунии дохилифирмавӣ.
Ҳамаи амалиёти номбаршуда воситаҳои пулиро кам карда, ӯҳдадориҳо ва ё сармояи худии корхонаро ҳам кам мекунанд.
Бонк дар мӯҳлати муқарраргардида ва ё мувофиқи талаботи мизоҷ Нусха аз ҳисоби банкро (bank statement) мефиристад, ки он як намуди сабткунаки махсуси баҳисобгирии ҷузъии ҳисоби бонкӣ (суратҳисоб) мебошад.
Дар вақти мутолиа намудани дебет ва кредити нусха аз суратҳисоби банк, бухгалтер бояд донад, ки бақияи воситаҳои пулӣ ва қабули он дар кредит, вале сарфу харҷи накдина -дар дебет навишта мешавад. Хулоса, кредити ҳисоби бонкй (пассив) барои корхона маънои дебет - дохилшавии пулро дорад (актив).
Зиёдшавй ва камшавии амалиёти суратҳисоб аз самти дохилшавии воситаҳои пулй вобаста аст:
3) аз фурӯши маҳсулот (хадамот, кор), воситаҳои асосӣ ва масолеҳ:
Суратҳисоб 27000
Даромад аз фурӯш ....20 000
Дигар даромад 7 000
2) аз амалиёти сармоягузорй:
Суратҳисоб 12 000
Дигар даромад ,. 2 009
Сармоягузориҳои кӯтоҳмуддат 8 090
Сармоягузориҳои дарозмуддат ...1 000
Даромадҳо дар намуди фоизҳо .1 000
3) аз амалиёти ҳисоббаробаркунй:
Суратҳисоб 3 400
Ҳисоби дарёфтӣ (қарздорон) ., 2 000
Васиқаҳо барои қабул(дарозмуддат) ..1 400
4) аз фаъолияти молиявӣ:
Суратҳисоб 900
Ҳисобҳо бароиқабул.... 700
Саҳмияҳои имтиёзнок 200
5) Фоида аз ҳодисаҳои фавқулодда:
Суратҳисоб 120
Фоидаи фавқулодда 120
Аз ин ҷо дида мешавад: дар кредити ҳисобҳои алоқаманд манбаи дохилшавии пул дарҷ карда мешавад, ки барои тартиб додани Ҳисобот оиди ҳаракати воситаҳои пулй хеле аҳамият дорад.
Пардохти воситаҳои пулӣ аз кредити Суратҳисоб ба дебети ҳисоби ЗММ (захираҳон молию модцӣ); хароҷоти пешпардохтшуда; ҳисоб барои қабул; ӯҳдадориҳои қӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ва пардохтани дигар ӯхдадориҳо гузаронида мешавад.
Назорати амалиёти бонкии суратҳисоб
Хуҷҷатҳои аввалаи пардохти бонкй асоснок будани навиштҳои нусха аз суратҳисобро исбот мекунанд. Амалиёт оиди ҳаракати воситаҳои пулӣ дар суратҳисоб ва ҳисоби арзй аз тарафи бонки хизматрасон, муҳосиба, аудитор санҷида мешаванд. Новобаста аэ гузаронидани назорати ҳаматарафа байни маълумотҳои ҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоби бонкӣ аз рӯи бақияю ҳаракати воситаҳои пулй фарқият дида мешаванд. Сабабҳои асосин ингуна бенизомиҳо ва фарқият чунинанд: « Нодуруст гузаронидани пешпардохт;
Гузаронидани пул ба сифати пешпардохт мувофиқи ҳуҷҷатҳои ҳисобие, ки худи молх: иштирок надоранд ва амалиёт шубҳанок мебошад;
Ҳисоббаробаркуниҳо бо дигар қарздорон бе тартиб додани шартномаҳои мувофиқ;
Нодуруст муайян кардан ва баҳисоб гирифтани фарқияти қурби арзӣ аз харид ва фурӯш>: арзи хориҷй;
» Дар хуҷҷатҳои аввала нагузаштани мӯҳри бонк;
