
- •Саволхои иловаги:
- •Мавзуи 3. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти.
- •Дарси 4. Мазуи 4. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти.
- •Хафтаи панчум. Дарси 5. Мавзуи 5. Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа
- •Дарси амалии № 5
- •Хафтаи шашум Дарси 6. Мавзуи 6 . Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа
- •Дарсхои амалии№6.
- •Хафтаи хафтум Дарси 7.
- •Муодили онхо.
- •Дарсхои амалии№7
- •Хафтаи хаштум Дарси 8.
- •Муодили онхо. Накша:
- •Дарсхои амалии№8
- •Хафтаи нухум Дарси 9. Мавзуи 9 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
- •Дарсхои амалии№9
- •Хафтаи дахум Дарси10. Мавзуи 10 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
- •Дарсхои амалии№10.
- •Хафтаи ездахум Дарси 11. Мавзуи 11 . Активьои жорц: захираьои моддию молц (змм)
- •Дарсхои амалии№11.
Дарсхои амалии№6.
1. Супориш барои худсанҷӣ
Супориши 1. Дар зер баланси тасҳеҳношудаи санҷишии ширкати «Помир» барои санаи 31.12.1998. : варда шудааст. Ҳамаи рақамҳо бо ҳазор в.ш. дода шудаанд.
ҶС «Помир» Баланси санҷишӣ барои 31 декабри соли 1998. Воситаҳои пулӣ 2,160
Хисоби қарздории дебиторй 1,250
Молҳои идоравӣ 180
Сутуртаи пешакӣ пардохтшуда 240
Тачҳизоти идоравӣ 3,400
600
700
460
2,000
2,870
2,900
Истеҳлоки ҷамъшудаи таҷҳизоти идоравӣ
Хисоби қарздории кредиторӣ
Даромади давраҳои оянда
Сармояи саҳҳомй
Фоидаи тақсимношуда
Хаққусаҳм 400
Даромад аз хизматрасонй Хароҷоти музди меҳнат 1,500
Хароҷоти иҷора 400
9.530 9.530
Бар илова ахбороти зерин мавҷуд мебошад:
А) Хароҷоти суғурта барои моҳи декабр 40 в.ш.-ро ташкил дод.
В
т
б) Молҳои идоравии истифоданошуда дар охири моҳи декабр 75 в.ш.-ро тартиб доданд.
В) Истеҳлоки моҳи декабр 100 в.ш.-ро ташкил дод.
Г) Музди меҳнати ҳисобкардашуда дар охири моҳи декабр 120 в.ш.-ро ташкил дод.
Д) Хизмати дар давоми моҳи декабр расонидашуда, ки аз рӯи онҳо то 31 декабр ҳисоб пешниҳод нагардидааст, 300 в.ш.-ро ташкил дод.
Е) Даромад аз хизматҳои иҷрошуда, ки пешпардохт шуда буданд, 160 в.ш.-ро ташкил доданд.
Ж) Андоз аз фоида ба маблағи 250 в.ш. баҳо дода шудааст. Талаб карда мешавад:
Мукотиботи ислоҳиро тартиб диҳед;
Ҷадвали кориро тартиб дода, онро пур кунед;
Баланси санҷишии ислоҳшударо тартиб диҳед;
Ҳисобот оиди фоида ва зарар ва ҳисоботи балансиро барои соли дар 31 декабри соли баитмомрасида тартиб диҳед;
Ҳамаи ҳисобкуниҳоро нишон диҳед.
Хафтаи хафтум Дарси 7.
Мавзуи 7 . Активьои жорц: воситахои пули ва
Муодили онхо.
Накша:
1. Таърифи ва таснифи активҳои цорӣ
Воситаҳои пулӣ ва муодили онҳо: мафҳумҳои асосӣ
Баҳисобгирии амалиёти хазина
Баҳисцбгирии амалиёти хазинаи хурд
Таъриф ва таснифи активҳои ҷорӣ
Активҳо (дороиҳо) - захираҳои иқтисодианд, ки натиҷаи ҳодисаҳои давраҳои гузашта буда, корхона онҳоро назорат карда метавонад, истифодабарии онҳо, одатан ба корхона фоидаи иқтисодӣ меорад. Дар навбати худ фоидаи иқтисодӣ бевосита ва ё бавосита ба дохилшавии воситаҳои пулӣ ва муодили онҳо мусоидат мекунад. Молҳо ва хадамот, хоҳиш ва талаботи харидоронро қонеъ гардонида, ҷараёни воситаҳои пулиро зиёд мекунанд.
Аз инҷо се тавсифи асосии активхр бармеояд:
онҳо бояд ба корхона фоидаи иқтисодӣ оваранд, яъне барои ба даст овардани фоида зарур бошанд;
фоидаи иқтисодӣ бояд зери назорати корхона бошад;
натиҷаи доду гирифт ва ҳодисаҳои давраҳои гузашта бошанд.
Ду талабот ба активҳо пешниҳод карда мешавад;
• онҳо бояд дар ихтиёри корхона бошанд, моликияти онро ташкил диҳанд;
» арзиши пулӣ дошта бошанд, яъне аз рӯи қоидаҳои баҳодиҳӣ нарх гузошта шаванд (арзиши аслӣ, арзиши бозорӣ).
Аломатхои таснифи активҳо:
А) вобаста ба мақсади баҳисобгирии бухгалтерй - активҳои ғайригардон ва активҳои гардон:
Активҳо = Активхои ғайригардон + Активҳои гардон
Активҳои ғайригардон - инҳо активҳоянд, ки мӯҳлати истифодабариашон аз 12 моҳ зиёд мебошад: воситаҳои асосӣ, активҳои гайримоддӣ, маблаггузориҳои молиявии дарозмуддат, дигар активҳои гайригардон.
Активҳои гардон - инҳо дороиҳоянд, ки: (а) онҳоро дар давраи муқаррарии амалиётии ширкат фурӯхтан ва ё истифода бурдан дар назар дошта шудааст;
(Ь) ба мақсади фурӯш ва ё таъинот барои фурӯш дар давоми 12 моҳ аз санаи ҳисобохй харид карда шудаанд;
(с) дар ҷараёни истеҳсол ва фурӯши молҳо (хадамот) якчанд маротиба иштирок мекуманд; (й) дар шакли воситаҳои пулй ва ё муодили онҳо, ки дар истифодабарй маҳдудият иадоранд. мавҷуданд;
Б. Аз рӯи мӯҳлати пардохт активҳоро ба ду гурӯҳ тақсим менамоянд:
- ҷорӣ ва ё кӯтоҳмуддат (ба мӯҳлати то як сол);
- дарозмуддат (зиёда аз як сол).
Дар маънидодҳо ба СБҲМ қайд гардидааст, ки СБҲМ аз корхонаҳо талаб намекунанд, ки активҳо ва ӯхдадориҳо ба ҷорӣ ва дарозмудцат дар баланс тақсим карда цаванд. Муҳимтарин талабот ба баланс дар он зоҳир мегардад, ки активҳо ва ӯҳдадориҳо 5ояд мувофиқи дараҷаи зиёдшавии бозоргириашон, яъне аз рӯи мӯҳлати мубаддал гаштани 1ктивҳо ба воситаҳои пулӣ нишон дода мешавад. Дар балансҳои мо активҳои гардон бо тартиби зиёдшавии дараҷаи бозоргириашон нишон дода мешаванд: захираҳо, қарздории дебиторӣ, маблағгузориҳои молиявии кӯтоҳмудат ва воситаҳои пулӣ. Воситаҳои пулӣ бозоргирии мутлақро дороянд.
Воситаҳои пулӣ ва муодили онҳо: мафҳумҳои асосӣ.
Ахборот дар бораи ҳолат ва ҳаракати воситаҳои пулӣ барои муайян намудани талаботи ҳадди ақалли воситаҳои пули миллӣ ва арзи хориҷӣ, таҳлили бозоргирии ширкат зарур аст.
Воситаҳои пулӣ қисми аз ҳама зудҳаракати воситаҳои гардони корхона мебошад. Аз рӯи сарфи онхо бонк ва худи корхона назорати ҷиддӣ мебаранд.
Ахборот дар бораи ҳаракати воситаҳои пулӣ барои баҳо додан ба қобилияти корхона барои тйдо кардани воситаҳои пулӣ ва муодили онҳо фоидаовар аст. Вай имкон медиҳад, ки <стифодабарандагони иттилооти молиявӣ нақшаҳои истифодаю қиёскунии арзиши хисконтиронидашуда, пардохту воридшавиҳои минбаъдаи маблағҳо ба корхона ва мувофиқати агёсии ахбори ширкатҳои гуногунро таъмин намоянд.
Дар СБҲМ 7 моҳияти мафҳумҳои асосй оид ба баҳисобгирии воситаҳои пулӣ ва ҳамарзишҳои энҳо оварда шудааст.
Воситахои пулӣ (активҳо) пули нақди хазина, воситаҳои пулии суратҳисоб, ҳисоби арзии корхона ва ҳисоби депозитро дарбар мегиранд. Дар ҳисоби арзии бонк пулҳои қогазӣ, ки воситаҳои сонунии пардохтии ҳар давлат мебошанд, ҳисоби арзии бонкҳои давлатҳои хориҷӣ, воҳидҳои пулӣ ва шсоббаробаркунии байналхалқй (ЕВРО) ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Ҳамарзишҳои пулй - инҳо «сармоягузориҳои кӯтоҳмуддат, баландпардохт, ки бо тезӣ ба як иаблаги муайяни воситаҳои пулӣ табдил ёфта, ба хавфи на он қадар калони тағирёбии арзиш дучор «мегарданд» (СБҲМ, с.105). Муҳимтарин ҷиҳати чунин таърифи ҳамарзишҳои пулӣ дар он аст, ки энҳо ба маблаггузориҳои кӯтоҳмуддат дохил карда мешаванд. Сармоягузорй (инвестиция) ба сифати ^амарзиш таснифот мешавад, ба шарте ки вай мӯҳлати кӯтоҳи пардохт дошта бошад (то 3 мох) ва ё камтар аз санаи харид карда шудан.
Ба ҳамарзишҳои пулӣ васиқаҳои хазинадорӣ, қоғазҳои тиҷоратӣ ва сертификатҳои депозитӣ (тасдиқномаи амонатй) дохил мешаванд.
Ҳуҷҷатхои пулй - тамғаҳои боҷи давлатй, маркаҳои почта, тамгаҳои васиқавй, чиптаҳои лардохтшудаи тайёра, роҳхатҳои пардохташуда барои осоишгоҳҳо ва хонаҳои истироҳатй, саҳмияҳои судии аз саҳҳомон харидашуда ва дигарҳо.
Селаи воситаҳои пулй - ин дохилшавй ва пардохти воситаҳои пулй ва ҳамарзишҳои онхост.
Фаъолияти амалиётӣ ё ҷорй - ин фаъолияти асосие, ки аз сармоягузорй ва молиявӣ фарк иекунад. Дар ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона намуди фаъолияти асосй нишон дода мешавад: истеҳсоли маҳсулот, сохтмон, фаъолияти иқтисодии беруна ва дигарҳо.
Овердрафт - ин бақияи кредитии ҳисоби актив буда дар натиҷаи пардохти маблаги барзиёди эақияи дебетй ба амал меояд ва ҳамчун ӯҳдадории қарзй ба ҳисоб гирифта мешавад.
Фаъолияти сармоягузорӣ - харид ва фурӯши активҳои дарозмуддат ва дигар сармоягузориҳое, ки ба ҳамарзишҳои пулӣ тааллуқ надоранд. Инҳо чунин амалиёте ҳастанд, ки ба фаъолияти амалиётй ва молиявй дохил намешаванд, ба монанди амалиёти миёнаравй, амалиётҳои иқтисоди беруна.
Фаъолияти молиявӣ - фаъолиятест, ки ба тағйирёбии ҳаҷм ва таркиби сармоя ва воситаҳои карзӣ оварда мерасонад. Мӯҳлати пешниҳоди вомҳо на кам аз 12 моҳ аст.
Баҳисобгирии амалиётҳои хазина
Амалиёти бо воситаҳои пулии нақдинаи корхона алоқамандро амалиёти хазина меноманд. Баҳисобгирии маблағи нақд ва ҳаракати воситаҳои пулӣ дар хазина ҷудогона мувофиқи амалиётҳои дахлу харҷ бурда мешавад.
Амалиётҳои қабули пули накд:
Қабули пул аз суратҳисоб ва ҳисоби арзии дар бонк буда;
Баргардонидани бақияи сарфнашудаи сафархарҷ;
Супоридани саҳми пулии муассисон ба сармояи оинномаи корхона;
Барқарор намудани маблағи зарари моддӣ;
Қабули маблағи накди даромад аз фурӯши арзишҳои молию моддӣ;
Қабули воситаҳои накд аз ҳисоби махсуси қарзӣ ва дигар қарзҳо;
Гирифтани даромад аз фарқияти қурби арзй.
Амалиёти қабули пули накд хатман бо «Ордери даромадии хазина» ҳуччатнок карда мешаванд.
Амалиёти сарфи пули накд:
Пардохти ҳисоби молтаъминкунандагон барои мол ва хадамот;
Пардрхти арзиши харочоти нақлиётии коркунан; » Арзиши молҳои харидашуда;
Харочоти почтаю телефон;
Додани музди меҳнат, мукофот ва кмуакпулиҳо;
Сафархари;
Қабул ба еуратҳисоб;
Пардохти музди меҳнати депозитшуда (дар давоми се рзу нагирифта);
Пардохти даромадҳои ҳисобкардашуда ва даромад аз саҳмияҳо, вомҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок;
Додани қарз ба коркунон.
Ҳамаи амалиёти харчи пул ҳатман бо «Ордери сарфи хазина» асоснок карда мешаванд. Ҳисоби «Воситаҳои пули» ва ё «Хазина» активи аст. Қабули пули накд дар дебет ва сарфи пул дар кредити хисоб навишта мешавад, бақияи дебитиаш нишон медиҳад, ки дар хазина чи қадар пули накд боқи мондадст.
Дар ҳолати гирифтани пули нақд аз бонк ба хазина ба маблаги 4200 в.ш. чунин навишт ба амал бароварда мешавад:
Нақдинаи хазина 4200
Нақдинаи суратҳисоб ,,,, ,,,4200
Ҳуччати аввалае, ки сарфи пуяро аз суратқисоб нишон медиҳад, чек мебошад ва қабули пул ба хазина дар асоси Ордери даромадии хаэина гузаронида мешавад. Воситаҳои пулин нақд аз дигар манбаъҳо ҳам дохил мешаванд, мисол, аз фуруши маҳсулот, молҳо, кор. хадамот, воситаҳои асосӣ ва дигар ЗММ. Д&р чунин амалиёт кредити ҳисоб самтн воридшавии пулро ба хазина нишон медиҳад:
Нақдинаи хазина XXX
Даромад аз фуруш XXX
Даромадҳо аз амалиёт ,, XXX
Фаъотяпш гайрифурушй XXX
Қарздории дебитории кормаидон ва сарвар XXX
Қарздории муассисон ,,< XXX
Дар муҳлатҳои муқараршуда ва иваз шудади хазинадор санчиши ногаҳонии хазина гузаронида мешавад.
Дар натичаи чунин санчиш камомад ва ё зиёдомади воситаҳои пули муайян карда мешавад.
Чунин тартибот қабул карда шудааст, ки камомади пул - ин ҳисоби харочот буда, ба ҳисоби шахси чавобгар (қарздории дебитори) гузаронида мешавад
Дигар қарздории дебитори XXX
Нақдинаи хазина , XXX
Дар мавриди пардохти маблағи камомад навишти баръакс гузаронида мешавад. Маблағи барзиёди пул ба ҳисоби «Хазина» қабул карда шуда, ҳамчун «Даромади дигар» фаҳмида мешавад:
Нақдинаи Хазина ...ХХ
Даромади дигар ,„, XXX
Мисоли 1. Ширкати «Сорбон» бо расонидани хадамоти нақлиёти ба аҳоли фаъолият машгул аст. Дар I рузи 1.10.02 дар хазина 5000 в.ш. пул мавчуд буд.
Дар охири октябр дар хазина 800 в.ш. пул боқй монда, 4200 в.ш. маблағи пули сарф шудааст. Аз I он чумла: барои хариди асбобҳои хатнависи - 1900 в.ш.; пардохти кумакпулии давраи корношоямй -250 в.ш., харочоти почтаю телеграф - 750 в.ш., хариди бензин-1000 в.ш.
Хароҷоти накдина бо ордерҳои сарфии хазина ба роҳ монда шудааст. Таҳлили ин амалиёт нишон медиҳад, ки хазина ба маблаги 300 в.ш. камомад кардааст: (4200 - 1900 - 250 - 750 -100)
Навишти буҳгалтерии пайдарҳамии амалиёт: 1. Гирифтани пул аз суратҳисоб
Нақдинаи хазина 5000
Нақдинаи суратҳисоб 5000
2. Харчи воситаҳои пули Хароҷоти асбобҳои хатнависӣ... 1900
Хароцоти коммуникатсия 750
Хиссацудокуниҳо ба сугуртаи ицтимоӣ .....250
Хароцоти хариди масолеҳ 1000
Цигар қарздории дебиторӣ .............300
Нақдинаи хазина 5000
Бахисобгирии амалиёти хазиеаи хурд
Барои эҳтиёҷоти хароҷоти ҷории пули накд фондҳои пешпардохти маблағҳои ҳисоботӣ ташкил карда мешаванд (pretty cash fund). Аз ин фонд пулҳои накд ба нони ҳисоботдеҳ барои пӯшонидани хароҷоти махсус дода мешаванд: сафархарҷ, пардохти таъмири хурди техника, хариди асбобу анҷоми хатнависй, хароҷоти почта, барои уникатсия (телефон, факс) ва дигар гуна истеъмоли хадамот.
Ба шакли алоҳида ҷудо кардани ҳисоби «Хазинаи хурд» ба мақсади гузаронидани ати ҷорӣ барои истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии накд таъин гардидааст. Додани пули нақд ба шахсони ҳисоботдеҳ чунин сабт карда мешавад: Нақдинаи хазинаи хурд…… ..1 200
Нақдинаи суратҳисоб .........900
Нақдтаи хазина...... 300
Хариди масолеҳ бо мақсадҳои хоҷагӣ аз ҳисоби хазинаи хурд: Масолеҳ .....250
Нақдинаи хазинаи хурд ,.250