Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
КТМ ХБМ.doc
Скачиваний:
169
Добавлен:
01.09.2019
Размер:
644.61 Кб
Скачать

Дарси амалии № 5

1.

Хафтаи шашум Дарси 6. Мавзуи 6 . Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа

Накша:

Системаи навишти дутарафаи амалиёт дар ҳисобҳо

Баҳисобгирии куллӣ (синтетикй) ва чузъӣ (аналитикӣ)

Таснифот ва нақшаи ҳисоби бухгалтерӣ

Баҳисобгирии бухгалтерй хислати муназзам дорад. Ин чунин маъно дорад, ки ггхои аз рӯи мазмуни иқтисодӣ ва таъинот гуногун (активҳо ва пассивҳо) бо ченаки ягонаи пулӣ ба ҳисоб гирифта шуда, дараҷаи таъсири амалиёти хоҷагӣ ба ҳисоб ва баланси бухгалтерй муайян карда мешавад.

Навишти дутарафа баҳисобгириро хислати муназзам мебахшанд, ҳисоби бухгалтериро ба системаи ба ҳам пайвастаи ахборотй мубаддал мегардонад, ки ба игардиши ҳақиқии воситаҳо ва захираҳои хоҷагӣ мувофиқат мекунад» (3,с.64).

Тарзи навишти дутарафа аллакай ба халқҳои антиқа маълум буд, вале чун системаи ггти дутарафа ва тартиб додани баланси бухгалтерй дар таҷриба дар миёнаи асрҳои щдум амалӣ шуда буд, ки дар натиҷаи пайдо шудани ширкатҳо, кредит ва тараққиёти :« чаҳонй ба амал омадааст.

Моҳияти системаи навишти дутарафа дар он аст, ки воқеаҳои фаъолияти хоҷагй бояд ду маротиба ба қайд гирифта шаванд: аз рӯи дебети як ҳисоб кредити дигар ҳисоб ва бо маблаги баробар.

Мисоли 1. 10 январи соли 2002 ширкати «Рустам» мувофиқи шартнома ба маблағи 5 000 в.ш. молҳоро кард. Ин амалиётро дар ҳисоби бухгалтерй ин тавр дарҷ мекунем:

Молҳо 5 000

Ҳисобҳо барои пардохт 5 000

Мисоли 2. Маблағи қарздорӣ ба молтаъминкунандагон пардохта шуд:

Ҳисобҳо барои пардохт .5 000

Хазина (воситаҳои пулӣ) 5 000

Коидаи навишти дутарафа имкон медихад. ки:

  • дуруст сабт намудани ҳодисаҳо дар системаи ҳисобҳо зери назорат гирифта шаванд;

  • таҳлили ҷорӣ вд баҳодиҳии тагйирёбиҳо дар таркиби молу мулки корхона, ӯҳдадориҳо ва сармояи корхона ба роҳ монда шавад;

• баробарии бадансц: активҳо - ӯҳдадориҳо +сармоя таъмин гардад; в тарҳрезй намудани ахбороти баҳисобгирӣ в,а ҳалли масоили интихоби самараноки

ахбороти зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Ба ақидаи Б. Нидлз ва дигар муаллифони китоби машҳури «Қоидаҳои баҳисобгирия бухгалтерй»: «яке аз душвортарин лаҳза дар фаҳмиши навишти дутарафа дад истифодабарии ин қоида барои дарҷ намудани чунин қисматҳои сармоя, ба монандя даромад, хароҷот ва аз истеъмол баровардани сармоя мебошад. Азбаски даромад сармоям задд мекунад, вале харочот ва ҳариҷкуниҳои сармоя онро кам мекунанд, бинобар он чунии алоқамандй ҷой дорад»

Сармоя

Камшавӣ (дебет) Хароҷот

Зиёдшавӣ (кредит) Даромад

Зиёдшавӣ (дебет)

Бозгири

Камшавӣ (кредит) фти сармоя

"Ч..

Камшавӣ (дебет)

Зиёдшавӣ (кредит)

Зиёдшавӣ (дебет)

Камшавӣ (кредит)

Бухгалтери ҷавони таҷрибаомӯз аксар вақт нисбати ба ҳисоб гирифтани амалиёти даромад, хароҷот ва истифодабарии сармоя бо душвориҳо дучор мегардад. Тарҳи дар боли овардашудаи ҳисоби сармоя нишон медиҳад, ки зиёдшавии даромад ва сармоя дар кредш камшавиаш - дар дебет сабт мешавад. Зиёдшавии ҳароҷот ва камшавии сармоя маблаги худ сармояро кам мекунад (маънои дебетро дорад),

Хулоса: амалиёти хоҷагӣ бо усули навишти дутарафа дар ҳисоб сабт мешаваи бевосита ба зиёдшавӣ (кредит) ва камшавии (дебет) сармоя таъсир мерасонанд. Агар амалиет бо сармоя ба ҳолати молиявии субъекти хоҷагидорӣ таъсир нарасонад, он гоҳ чун: ҳодисаҳо амалиёти хоҷагӣ ҳисобида намешаванд.

Баҳисобгирии куллӣ ва ҷузъӣ

Маълумоти ҳисобҳои активӣ ва пассивй вобаста ба дараҷаи ҷамъбасткунии ахбороти куллӣ, мобайнӣ (ёрирасон) ва ҷузъӣ мешаванд. Аз ин ҷост, ки се дараҷаи тафсили ахборот дар ҳисобҳо вуҷуд дорад:

Дараҷаи 1 - ҳисобҳои куллӣ;

Дараҷаи 2 - ҳисобҳои мобайнӣ;

Дараҷаи 3 - ҳисобҳои ҷузъӣ.

Ҳисобҳои куллй (ҷамъбасткунанда) - ин тарзи таснифот ва ба тартиб даровардан ахборот мувофиқи давраҳои гирдгардиши востаҳо ва ӯҳдадориҳо мебошанд.

Ҳисобҳои ҷузъй дар дохили ҳисоби куллй вобаста ба мазмуни амалиётҳои хоҷа вазифаҳои назорат ва таҳлил, талаботи истифодабарандагони дохилӣ ва берунаи ахборот кушода мешавад.

Дар системаи ахбороти ҳисобгирии бухгалтерӣ ҳисоби куллӣ дар бораи ҷараа инкишофи активҳои корхона ба ҳисоби пулӣ маълумот медиҳад (алоқаҳои уфуқӣ) ва ҳисоби ҷузъй дар дохили ҳисоби куллй (амудӣ) навишта мешавад.