
- •Саволхои иловаги:
- •Мавзуи 3. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти.
- •Дарси 4. Мазуи 4. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти.
- •Хафтаи панчум. Дарси 5. Мавзуи 5. Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа
- •Дарси амалии № 5
- •Хафтаи шашум Дарси 6. Мавзуи 6 . Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа
- •Дарсхои амалии№6.
- •Хафтаи хафтум Дарси 7.
- •Муодили онхо.
- •Дарсхои амалии№7
- •Хафтаи хаштум Дарси 8.
- •Муодили онхо. Накша:
- •Дарсхои амалии№8
- •Хафтаи нухум Дарси 9. Мавзуи 9 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
- •Дарсхои амалии№9
- •Хафтаи дахум Дарси10. Мавзуи 10 . Активьои жорц: ьисобьо барои ыабул ва ыарздории дебитории щайр
- •Дарсхои амалии№10.
- •Хафтаи ездахум Дарси 11. Мавзуи 11 . Активьои жорц: захираьои моддию молц (змм)
- •Дарсхои амалии№11.
Хафтаи панчум. Дарси 5. Мавзуи 5. Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа
Накша:
Масъалаҳои ченкунӣ
Муайян намудани моҳияти иқтисодии ҳисобҳои бухгалтерй
Сохтори ҳисобҳо
1. Масъалаҳои ченкуни
Ҳисоби бухгалтерӣ ҳамчун фан ва таҷрибаи муназзам, ҳамчун низоми ахборотиест, к ҳамчун ченкунй, коркард ва пешкаш намудани ахбороти молиявӣ ба истифодабарандагон мушаххас фаҳмида мешавад. Дар луғати энсиклопедӣ чунин таърифи система овард шудааст: «Низом (Система) - ҷузъҳои бисёре, ки ба якдигар вобастагӣ дошта, яклухт, ягонагиро ташкил медиҳад».
Система дар назар дорад, ки кадом объектҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд ва онҳо чи гуна чен карда мешаванд. Фақат ба воситаи ченаки пулӣ дараҷаи таъсири амалиёти хоҷаг ба натиҷаи фаъолияти воҳиди хочагидорӣ (business entities) муайян карда мешавад.
Дар ҳисоби бухгалтерӣ объекти ченкунӣ амалиёти хочагй фаҳмида мешавад. Амалиёти хоҷагӣ - ҳодисаҳои иқтисодӣ ва ё хоҷагию ҳуқуқие, ки ба натиҷаҳои фаъолияти молияви ширкат таъсир мерасонанд. Мисол, сарфи масолеҳ, ҳисобкунии музди меҳнат, фурӯш молҳо, гирифтани даромад ва дигарҳо. Вале на ҳамаи ҳодисаҳо ва воқеаҳо ҳамчун амалиет хоҷагӣ фаҳмида мешаванд. Барои мисол, талафот дар натиҷаи ҳодисаҳои фавқулодд камомади захираҳои молию моддӣ, йстеҳлоки воситаҳои асосй ва ба инҳо монандро ( гурӯҳи амалиёти хоҷагӣ дохил кардан мумкин аст. Онҳоро далели (ҳақиқати) фаъолиял хоҷагӣ меноманд. Бинобар он, дар баҳисобгирии бухгалтерӣ мафҳуми «воқеаи фаъолияп хоҷагй»-ро истифода мебаранд (амалйети хоҷагиро ҳам ба воқеаҳо дохил мекунанд). Аз 1 нуқтаи назар, тадқиқоти гуногуни воқеаҳои фаъолияти иқтисодии корхонаҳо гузаронщ мешаванд ва ин доираи тафаккури фаъолият 'барои муносибати муназзам ва ҳаш муаммоҳои идоракунии самараноки фаъолияти ширкат аҳамияти муҳим дорад.
Аломатҳои гуногуни воқеаҳо ҷудо карда мешаванд, ки дорои таъиноти аниқ мебошанд:
нисбати худи корхона - беруна ва дохилй;
мувофиқи мазмун - иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, омехта;
аз рӯи вақти содиршуда - гузашта, ҷорӣ, оянда;
нисбати воситаҳои корхона - пермутатсия (тағйирёбии активҳо ва ё пассивҳо) ва модификатсия (тағйирёбии якбораи активҳо ва пассивҳо).
Воқеаҳои содиршуда ба ҳолати молиявии ширкат таъсир мерасонанд. Бинобар, онҳоро ба ҳисоб мегиранд ва таҳлил менамоянд.
Дар таҷриба бухгалтер (муҳосиб) бояд ба се савол ҷавоб дода тавонад:
кай амалиёти хоҷагӣ ба амал омад (масъалаи аниқгардонй – recognition issue);
арзиши амалиёти хоҷагӣ чй қадар аст (масъалаи баҳодиҳӣ – valuetion issue);
амалиёти хоҷагй чй тавр бояд тасниф гарданд (масъалаи таснифот – classification issue).
Баҳисобгирии бухгалтерй бояд воқеаҳои фаъолияти хоҷагиро дуруст ва дар айни ва шинохта, чен карда, ҳисоб карда ва мувофиқи мазмуни амалиёти хоҷагй маънидод кунад. Аз давраи бақайдгирии амалиёти хоҷагӣ андозаи натиҷаи молиявӣ вобастагӣ дорад.
Дар ҳисобгирии бухгалтерии анъанавӣ арзиши аслии маҳсулот (кор, хадамот) дарҷ,
чамъбаст ва ҳисоб карда мешавад. Активҳои гардон дар баланси бухгалтерии ширкат бо арзиши аслӣ баҳо дода мешаванд. Мувофиқи қоидаи баҳодиҳӣ ҳисоби бухгалтерии амвол,
ухдадориҳо ва амалиёти хоҷагӣ аз рӯи ченаки пулӣ бурда мешавад. Пас аз ченкунӣ ва
баходиҳӣ амалиёти хоҷагиро дар системаи ҳисоб менависанд. Ҳар як ҳисоб - соҳиби
ахборот, ҷузъи система ва зерсистемаи ахборотӣ мебошад. Бинобар он, интихоб намудани
микдори зарурии ҳисоби куллӣ, асоснок кардани аломатҳои таснифоти онҳо ва ба қисмҳо
таксим намудани ахбороти ба даст оварда муҳимтарин масъалаҳои методологии
бахисобгирии бухгалтерӣ ба шумор мераванд. Аз ҳалли дурусти ин масъалаҳо сифати
ахборот ва андозаи натиҷаҳои молиявй вобастагӣ доранд. Мисол, хариди асбобҳои махсусро
чун хароҷот барои таъмир ва хизматрасонии воситаҳои асосӣ (1) ва ё ҳамчун харидкунии
воситаҳои асосӣ фаҳмидан мумкин аст.
Дар мавриди якум манбаи хариди асбобҳои махсус арзиши аслӣ мебошад, дар мавриди дуюм - сармояи худӣ ва ё қарзй аст. Агар арзиши асбобҳои махсуси сарфшударо ба арзиши асли гузаронем, пас аён мегардад, ки фоида кам мешавад. Аз ин ҷо, интихоби ҳисоб ба натиҷаҳои молиявӣ таъсир мерасонад.
Муайн намудани моҳияти иқтисодии ҳисобҳои бухгалтерӣ
Дар аввалин асари чопшуда оиди ҳисоби бухгалтерй Л.Пачоли чунин таърифи
хисобҳои бухгалтериро оварда аст: «Ҳисобҳо моҳияти на бештар аз тартиби даркориро
доранд, ки худи тоҷир муқаррар кардааст, дар ҳолати дуруст итстифодабарии онхо вай дар
бораи ҳамаи корҳояш, ки бо муваффақият рафта истодаанд ва ё не маълумот мегирад». Ин таърифи моҳияти ҳисобҳо ба давраи Эҳё тааллуқ дорад. Таърифҳои ҳозиразамони
мохияти ҳисобҳои бухгалтерӣ аз ақидаи дар асараш «Рисола дар бобати ҳисобҳо ва сабтҳо»
ниҳодкардаи Л.Пачоли он қадар фарқе надоранд. Ғояи асосй аз он иборат аст, ки ҳисоб
бораи фаъолияти хоҷагии субъект маълумот пешниҳод мекунанд ва дар асоси он
маълумот баҳо дода, қарорҳои зарурии идоракунй қабул карда мешаванд.
Баҳисобгирии бухгалтерӣ ҳамчун системаи иттилоотии таъмини идоракунӣ бо
ахбороти фоидаовар фаҳмида мешавад. Ба мақсади дастрас намудани ахбороти зарурӣ
системаи ҳисобҳои бухгалтерӣ истифода бурда мешаванд.
Нисбати муайян намудани моҳияти ҳисобҳои бухгалтерӣ ду нуқтаи назар вуҷуд доранд: Ҳисоб ҳамчун тарзи гурӯҳбандии назорати ҷорӣ ва инъикос намудани тагйирёбиҳои рггаҳои хоҷагии корхона фаҳмида мешаванд. Муҳимтаринаш дар ин ақида ҳамон буда метавонад, ки ҳисоб ҳамчун тарзи гурӯҳбандӣ, инъикос ва ҷамъбасткунии ахбороти якхелаи рсобгирӣ фаҳмида мешавад.
Ҳисобҳои бухгалтерӣ - ин ҷузъи системаи ахборотии идоракунй ва ё дорандаи ахборот мебошад.
Ҳисобҳои бухгалтерӣ - тарзи таснифот, инъикос ва муқоисакунии ахборот ба мақсади чамъбасткунии нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагй мебошад.
Ба воситаи низоми ҳисобҳо мушоҳидакунии бефосилаи ҷорӣ ва назорат аз рӯи ҳолат ва харакати воситаҳои хоҷагии субъекти хоҷагидорй гузаронида мешавад.
Таърифи дуюми моҳияти ҳисобҳо хеле ҳозиразамон ва пурмазмун мебошад.
Сохтори ҳисобҳо
Ҳисоб тасвири графикӣ, шакли «Т» - монанд дошта, ба намуди ҷадвали дутарафа дар китобхо, карточкаҳо ва варақаҳои ҷудогона тасвир карда шудааст. Ҳар як намуди ҳисоб аз ду кисм иборат аст: чап - дебет (лот. debit. - вай қарздор), рост - кредит (лот. credit. - вай бовар мекунад). Ин калимаҳо фақат маънои ифодаи техникии тарафҳои чапу рости ҳисобро доранд.
Нисбати баланси бухгалтерӣ ҳисоб активӣ ва пассивӣ мешавад. (ҳисобҳои активию пассиви эътироф карда намешаванд).
Хисоби активй - ин ҳисобест, ки дар он таркиб ва ҳаракати ҳаргуна намудҳои амвол ба хисоб гирифта мешавад, онҳо бақияи дебетӣ доранд.
Дар ҳисоби активй зиёдшавӣ (+) дар дебет ва камшавй (-) дар кредит тасвир карда мешавад. Чунин маънидод кардани тагйирёбии амалиёт (+,-) дар ҳисобҳо бо осонй фаҳмост,
.. ■■■ .'....■
вале барои фаҳмидани моҳияти ахбороти ҳисоби алоҳида нокифоя мебошад(8. с. 9). ҳолатро дар мисоли ҳисоби «Воситаҳои асосӣ» дида мебароем.
Маблаги умумии амалиёти хоҷагй гардиш номида мешавад, ки он метавонад дебетй ва кредитӣ бошад. Бакияи охир (салдо ҳисоб кардан) аз рӯи ҳисоби актив бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
Бо=Ба + Гд - Гк;
ки дар ин ҷо: Ба ва Б0 - гардиши аввала ва охира;
Гд- гардиши дебетӣ;
Гк - гардиши кредитӣ;
Нақшаи ҳисоби «Воситаҳои асосй»-и оварда шуда нишон медиҳад, ки ҳисоб мазмуни аниқи иқтисодӣ дорад. Мисол, ҳисоби «Воситгаҳои асосӣ» нишон медиҳад, ки арзш воситаҳои асосӣ 65 000 в.ш. зиёд шуданд (565 000 - 500 000), дохилшавии воситаҳои ас (120 000) нисбати хориҷшавиашон (55 000) 65 000 зиёд шудааст (120 000 -155 000)
Ҳисоби пассив - ин ҳисоби бухгалтериест, ки манбаъҳои пайдоиши моликияти корхонаро ба ҳисоб мегирад. Мувофиқи нишондоди СБҲМ (Стандартҳои Байналмилалии Ҳисоботи Молиявӣ) пассиви баланс аз ӯҳдадорй ва сармояи худӣ иборат аст. Бақия ҳисоби пассивӣ кредитй мешавад. Бақияи охиринро дар ҳисоби пассив чунин муайян мекунанд:
Бо=Ба+Гк- Гд= 800 + 30 200 -30 000=1000
Ахбороти «Ҳисобҳо барои пардохт»-ро, ки ҳолати ҳисоббаробаркуниро молтаъминкунандагон нишон медиҳад, дида мебароем
Мо нақшаҳои умумии ҳисоби актив ва пассивро муқоиса намудем. Агар аз баробарии математикии ҳодисаҳои иқтисодй ва тасвири тагйирёбии онҳо дар ҳисоби бухгалтерй ш кунем, пас маълум мешавад, ки ҳисобҳои активӣ сохтори якхела доранд. Барои такомула касбии бухгалтер зарур аст, ки вай мазмуни дебет ва кредитро хонда тавонад; яъне бидон ки кадом ахборот дар дебет ва кредити ҳисоби аниқ акс меёбад ва кй истифодабарая чунин ахбороти баҳисобгирӣ аст.
Ахбороти аз ҳисобҳо гирифта шуда барои тартиб додани ҳисоботи молиявй зарур аст. Ба ҷузъҳои ҳисоботи молиявй дохил мешаванд:
дороиҳо - активҳо (ҳисоби доимӣ);
ӯҳдадориҳо (ҳисоби доимй);
сармояи худӣ (ҳисоби доимӣ);
даромадҳо (ҳисоби муваққатӣ);
хароҷот (ҳисоби муваққатӣ);
фоида (ҳисоби муваққатй);
зарар (ҳисоби муваққатӣ).
Қоидаи навишти дутарафа
|
|
Дебет ' |
Кредат \ |
|
Активхо |
|
Зиедшави (бакия) 1 |
Камшави |
|
Ухдадориҳо |
Камшавй |
Зиёдшавӣ |
||
Сармояи худй |
Камшавй |
Зиёдшавй |
||
Даромад |
Камшавӣ |
Зиёдшавӣ |
||
Хароҷот |
Зиёдшавй |
Камшавй |
||
Фоида |
Камшавӣ |
Зиёдшавӣ |
||
Зарар |
Зиёдшавӣ |
Камшавӣ |