- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Ғуслҳои суннатӣ
Дар рўзи ҷумъа пеш аз намози ҷумъа ва дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон ва иҳроми Ҳаҷ ва Арафот ғусл кардан суннат аст. Инчунин уламо гуфтаанд: вақте кўдаке, ки болиғ шавад, ё кофире мусалмон шавад, ё шахсе маййитеро ғусл диҳад, сипас ғусл кардан бар инҳо низ мустаҳаб аст.
Фасл дар баёни пок намудани наҷосатҳо
Яке аз шартҳои дигари намоз таҳорат ва покӣ аз палидиҳо аст. Бинобарин, шахси намозгузор бояд ин шартро қабл аз намоз ба ҷо биёрад ва худро аз нопокиҳо дур созад. Дар шариъати мо нопокиҳоро «наҷосат» меноманд, ки уламо онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардаанд.
Пас, наҷосат ду хел мебошад: Наҷосати вазнин (ғализа) ва наҷосати сабук (хафифа). Наҷосати вазнин мисли: хун, арақ, бавл, оби даҳони саг, хук ва он чизҳое, ки аз махраҷи одамӣ мебарояд. Наҷосати сабук мисли: пешоби асп, гӯсфанд, гов ва пешоби ҷондоре, ки гӯшташ хӯрданӣ аст (ғайри пасафкандаи мурғ) наҷосати сабук аст. Ин ду намуд наҷосат наҷосати ҳақиқӣ аст, ки баъзеи онро бо чашм дидан мумкин аст ва баъзеро имкони дидан нест. Монанди хун, ки дида мешавад ва монанди пешоб, ки баъд аз хушк шуданаш дида намешавад.
Пас, ҳар касеро ки дар баданаш наҷосат расад, ё дар либосаш расад, ё дар ҷои намозаш расад, онро бояд дур созад ва мавзеъи расидаро пок намояд. Дар ҷое, ки наҷосати вазнини аён (мисли хун) афтода бошад, то дур кардани рангу ҳаҷмаш шуста мешавад, агар чи баъди дур кардан, асаре аз он боқӣ монад, зиёне надорад. Аммо наҷосате, ки онро дида нашавад (мисли пешоб ё арақ) то се бор бо фишурдани ҷома (агар имкони фишурдан бошад) шуста мешавад, ё то вақте, ки дили шӯяндааш ором бигирад, шуста мешавад.
Дар баёни истинҷо
Маънии истинҷо – тоза ва дур кардани наҷосат аз бадан (махраҷ) аст. Истинҷо кардан барои марду зан, суннати муъаккада аст. Истинҷоро бо санг, кулӯх, коғази махсус ва бо об карда мешавад. Аммо бо саргин, устухон, бо таъоми ҳайвонот ё одамӣ ва ба дасти рост истинҷо кардан макрӯҳи таҳримӣ аст. Инчунин ҳангоми қазои ҳоҷат ё истинҷо кардан, рўй сўи қибла ва пушт сўи қибла кардан макрўҳ аст. Баъд аз анҷоми истинҷо барои касе, ки аз бақияи пешоб солим нест, истибро карданаш лозим аст. Истибро баровардани бақияи пешоб аст, ки бо сурфидан ё қадам задан хориҷ карда мешавад.
Вақте, ки наҷосат дар атрофи махраҷи одамӣ зиёда аз миқдори дирҳами шаръӣ3 паҳн гардад, пас истинҷо кардан фарз мебошад.
Вақте, ки наҷосат ба қадри дирҳам паҳн шавад, пас истинҷо кардан воҷиб мегардад.
Вақте, ки наҷосат камтар аз қадри дирҳам паҳн мегардад, истинҷо кардан суннати муаккада мебошад.
Агар наҷосат дар атрофи махраҷ паҳн нашавад (чун баъди бавл кардан), пас истинҷо кардан мустаҳаб аст.
Мусалмонеро, ки таҳораташ аз сабаби хоб, ё қай кардан шикастааст, истинҷо намекунад.
Масъалаи об
Барои таҳорат истифодаи ҳамаи обҳои табиъӣ дуруст аст. Агар чизи пок (мисли шираи мева ё дарахт) дар об омехта шуда, онро тағйир диҳад, ба тавре ки аз табиъати обӣ барорад, пас истифодаи чунин об низ барои таҳорат дуруст нест. Табиъати об - тунукӣ ва ҷоришавии он аст. Бинобарин бо обе мисли шўрбо, сирко ва монанди инҳо таҳорат кардан дуруст нест.
Агар дар ҳавзе, ки дарозиву паҳноияш аз даҳ бар даҳ газ бошад (тақр. 7×7 м.) ва ё калонтар аз он ва дар вай наҷосате афтод, ки ранг, ё мазза, ё буйи обро тағйир диҳад, пас оби ҳавз палид мешавад ва оби он барои таҳорат дуруст нест. Аммо дар чунин оби калон ё оби ҷорӣ, агар наҷосат афтодаву яке аз сифатҳои обро (чун мазза, ё бўй, ё рангашро) тағйир надиҳад, пас оби он палид намешавад ва барои таҳорат кардан раво аст.
Бинобарин дар обе, ки миқдораш кам аз даҳ ба даҳ газ бошад (мисли як сатил об) ва наҷосате дар вай биафтад, оби вай палид мешавад, агар чи ҳеҷ як аз сифати обро тағйир надиҳад.
Аммо дар об афтода мурдани ҳашароте, ки хуни ҷорӣ надоранд ва ё ҷондоре, ки таваллуд ва вафоташ дар об аст, (монанди моҳӣ) обро палид намесозад ва истифодаи чунин об раво аст.
Агар обро пештар барои таҳорат ё ғусл кардан истеъмол карда бошанд, яъне баъди ғусл, ё таҳорат, ё дур кардани наҷосат обе боқӣ мондааст, чунин об низ барои таҳорат кардан салоҳият надорад, ки ин гуна обро – оби мустаъмала меноманд.
Масъалаи оби пасхўрда
1). Оби пасмондаи одамӣ пок аст, агар чи кофир бошад, ба шарте ки арақ ё наҷосате дар даҳонаш набошад. Инчунин пасхўрдаи ҳайвоне, ки гўшти вай ҳалол аст ва пасхўрдаи паррандаи ҳалолхўр низ пок аст ба шарте, ки оби даҳонаш бо наҷосат омехта набошад.
2). Пасхўрдаи хук, саг ва ҳайвони ваҳшӣ (мисли гург, шер ва монанди инҳо) палид аст.
3). Пасхўрдаи паррандаҳои ваҳшӣ ё мурғи хонагие, ки даҳонаш аз палидӣ эмин нест ва хазандаҳои хонагӣ мисли: муш, мор ва гурбаи хонагӣ - макрўҳ аст.
4). Пасхўрдаи хар ва хачир машкук (шубҳадор дар покӣ ва палидӣ) аст. Бинобарин, агар дигар оберо барои таҳорат, ғайри пасхўрдаи хар ё хачир наёбанд, бо он таҳорат кунанд раво аст, вале пеш аз вузўъ ё баъди он таяммум низ мекунанд.
Ҳукми арақи бадани ин ҷондорон низ монанди пасхўрдаашон аст. Яъне агар ҳайвони пасхўрдааш наҷосат бошад, пас арақи баданаш низ наҷосат аст ва агар пок бошад, арақаш низ пок аст.
Пўсти ҳайвоноти ҳалолгўшт (мисли гов) пас аз забҳ кардани он, пок мегардад, агар чи пеш аз дубоғат (коркард ё хушк шудани он) бошад.
Пўсти хук палид аст, агар чи онро дубоғат карда шуда бошад. Аммо пўсти ҳайвоноти ваҳшӣ ба забҳ ва баъд аз дубоғат кардан пок мешаванд. Яъне дар болои ин пўстҳои пок намоз гузоридан ва ё пўшидани онҳо дар намоз дуруст аст. Вале пўшидан, хариду фурўш кардан ва истифода бурдани пўсти хук ҳаром аст.
Масъалаи чоҳ
Дар чоҳе, агар ҳайвоне монанди саг ё гўсфанд бияфтад ва ҳалок шавад, тамоми оби онро кашида мешавад, агар имкони кашидани он буд. Ва агар имкон нест, аз дусад то сесад сатил оби онро кашида мешавад. Агар ҷондоре мисли: гурба ва мурғ дар он афтод, аз чиҳил то шаст сатил оби онро мекашанд. Агар ҷондоре монанди муш ва гунҷишк афтод, аз бист то сӣ сатил оби онро кашида мешавад. Агар ҳайвони дар чоҳ афтода пўсида набошад, сипас намозҳои якшабонарўзро аз сар бигзоранд касоне, ки аз оби он таҳорат карда бошанд. Агар ҳайвони афтода дар чоҳ пўсида бошад, сипас намозҳои сешабонарўзаро аз сар гузоранд, касоне, ки аз оби он таҳорат карда бошанд. Ин ҳукм дар ҳоле аст, ки вақти афтодани ҳайвонро касе надониста бошад ва агар вақти афтоданаш маълум бошад, пас аз ҳамон вақти афтодани ҳайвон, оби чоҳро палидшуда меҳисобанд.
Дар баёни таяммум
Таяммум – ҷонишини таҳорат ё ғусл аст, дар ҳолате, ки барои таҳорат ё ғусл аз истеъмоли об ба сабабе оҷиз монад.
