Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
5
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:

Бар зане, ки дар ҳолати ҳайз ё нифос қарор дорад, анҷоми корҳои зерин дуруст нест, то вақте ки пок гардида, ғусл намояд:

  1. Намоз гузоридан.

  2. Рӯза доштан.

  3. Тиловати Қуръон кардан ва ё онро ба даст гирифтан (агар чи варақе аз Қуръон бошад).

  4. Ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) кардан.

  5. Дар сафари Ҳаҷ бошад, тавофи хонаи Каъба намудан.

  6. Дохили масҷид шудан.

Барои шахси ҷанобатрасида чунин амалҳои зерин раво нест, то замоне ки ғусл намояд:

  1. Намоз гузоридан.

  2. Тиловати Қуръон кардан ва ба даст гирифтани он (агар чи варақе аз Қуръон бошад).

  3. Дохили масҷид шудан.

  4. Тавофи хонаи Каъба кардан.

Бинобарин, ғайри ин чизҳои зикршуда, дигар корҳо барои зани ҳоиз ва марди ҷунуб раво аст, монанди: ғизо хӯрдан, таъом пухтан, ҳамсӯҳбат шудан, тифл маконидан, зикру дуъо хондан. Ва агар зану шавҳар бошанд, дар як бистар бо ҳам хобиданашон (аз ғайри ҷимоъ кардан) низ ҷоиз ва раво аст.

Дар рӯзҳое, ки зан ба сабаби ҳайз ва ё нифос аз намоз ё рӯзаи худ мондаву онҳоро анҷом надодааст, баъд аз гузаштани он рӯзҳо намозҳояшро қазо намегузорад, вале рӯзаашро қазо медорад, зеро ки рӯза (мисли рӯзаи Рамазон) дар соле як бор аст ва қазогияшро ҳам адо кардан душвор нест, ба хилофи намозҳои панҷгона, ки онҳо ҳар рӯз мебошанд.

Дар баёни ғусл 

(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).

Ҳар гоҳе ки мусалмон ба балоғат мерасад, бояд ки фароизи ғусл ва сабабҳои онро бидонад.

Ғусл ду хел аст: Ғусли фарз ва ғусли суннат.

Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:

1. Пас аз баромадани манӣ ба тариқи ҷаҳидан ва шаҳват.

2. Ҷимоъ кардан, (заношуӣ кардан, агар чи манӣ хориҷ нагардад. Инчунин ба дохил кардани сари андоми мард дар андоми зан, ҳукми ҷимоъро дорад, ки ба ҳарду) ғусл кардан фарз мешавад.

3. Эҳтилом шудан, (яъне ҳангоми хоб баромадани манӣ) ғуслро фарз мегардонад.

4. Вақте, ки муддати рўзҳои ҳайзи зан ба охир мерасад, ғусл карданаш фарз мегардад.

5. Вақте, ки муддати рўзҳои нифоси зан ба охир мерасад, ғусл карданаш фарз мегардад.

Фарзҳои ғусл

Дар ғусл се чиз фарз аст:

1) Шустани даҳон.

2) Шустани бинӣ.

3) Шустани тамоми бадан ба ҳадде, ки ҷое аз бадан хушк намонад.

Тариқи ғусл кардан

Одоби ғусл кардан чунин аст: Аввал бояд наҷосатро аз бадан тоза шуста шавад, сипас вузўъ мекунад (агар дар ҷои об ҷамъ мешудагӣ ғусл кунад, пояшро намешӯяд, балки онро баъди ғусл мешӯяд вагарна пойашро низ мешӯяд). Пас ба ҷои оббозӣ омада, нияти ғуслро мекунад, ки ў аз барои пок шудан ва ибодат кардан ғусл мекунад. Нияти ғусл кардан бо дил кифоя аст, монанди ин, ки гўяд: «барои пок шудан аз ҷанобат ва адо кардани намоз ғусл мекунам». Сипас, дастонашро то банд себор бишўяд ва даҳонашро тоза мешўяд ва пас дохили бинияшро ҳам мешўяд ва сипас бар сари худ ва китфи рост ва бар китфи чап обро рехта, тамоми баданашро тоза бишўяд, ки ҷое аз бадан хушк намонад. Барои занҳое, ки кокул доранд, кифоя аст, ки таҳти муйашонро некў бишўянд (яъне кушодани ҳар кокул барояшон шарт нест ва агар зоҳири онҳоро бишўянд, дар ҳоле, ки барояшон машаққат набошад, боз ҳам беҳтар аст).

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]