- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Суннатҳои вузўъ
Нияти таҳорат кардан барои адои намоз суннат аст.
Дар ибтидо “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим” гуфтан.
Шустани ду даст то банди даст.
Мисвок кардани дандонҳо.
Мазмаза – обро дар даҳон гирифта, онро некў бо ғарғара шустан (агар рўзадор бошад, ғарғара намекунад).
Истиншоқ – обро дар бинӣ карда шустани он.
Хилоли риш ва ангуштони даст ва пой кардан.
Пайдарпай шустани аъзоҳои шусташаванда.
Риоя намудани тартиб вақти таҳорат кардан, (ҳамчунонки дар Қуръон ва аҳодис зикр шудааст).
Масҳи тамоми сар намудан (як бор).
Масҳи ду гўш кардан бо оби боқимондаи аз сар.
Ҳар аъзоро се бор се бор шустан.
Мустаҳаб аст, ки ҳангоми шустани узвҳо ибтидо аз рост кунад, (яъне аввал дасти ростро шўяд, баъд чапро...).
Масҳи гардан кашидан, бо пушти ангушт мустаҳаб аст.
Шиканандаҳои вузўъ
Ҳар чизе, ки аз пасу пеши одамӣ барояд, вузўъро мешиканад. Яъне хоҳ чизи одатӣ буд, мисли бод, бавл ё ғайри одатӣ, мисли санг ё кирм...
2) Ҳар он чизи нопоке, ки аз ғайри ин ду махраҷ барояд ва дар бадан ҷорӣ шавад, (монанди хун, рим) вузӯъро мешиканад.
3) Касе, ки аз даҳонаш хун қай кунад, ки оби даҳон сурх шавад ё ба пурии даҳон чизеро қай кунад (агар чи оби холис бошад), вузӯъаш мешиканад.
4) Ба паҳлӯ ё дарозкашида хоб кардан, ё ба чизе такя карда хоб кардан, ки агар чизи такякардаро дур кунанд, шахси такякунанда бияфтад, вузӯъаш мешиканад.
5) Агар ба сабабе ақли инсон дур шавад, мисли девонагӣ ё беҳушӣ, пас вузўъаш мешиканад.
6) Агар дар вақти намоз гузоридан шахси болиғ қаҳқаҳа кард (бо овоз ханда кунад, ки бишнаванд) вузӯъаш мешиканад.
7) Агар аврати мард ва зан дар ҳолати бараҳнагӣ бо ҳам расанд, вузўъ мешиканад.
Дар бёни масҳи мўза (масҳӣ)
Бар болои мўза (масҳӣ) масҳ кашидан раво аст ва ин бо суннат собит шудааст, ки дорои якчанд шартҳо мебошад:
Мўза ё масҳие, ки ба он масҳ мекашад аз чарм ё чизе дурушт бошад, ки бо он роҳгаштан мумкин бошад.
Мўза (масҳӣ) бояд, шитолинги пойро бипӯшонад.
Об ва тариро дар таҳти худ роҳ надиҳад.
Бидуни бастан дар пой қоим биистад.
Мусалмоне, ки дар пой чунин мўза ё масҳӣ мепўшад, бояд баъди таҳорати пурра кардан онро пўшида бошад.
Масҳ кашидан бар мўза ба миқдори се ангушти даст фарз аст, ки бо ангуштони тар болои он масҳ бикашад.
Мусалмони масҳипўш, ки дар ватани худ муқим аст, то як якшабонарузӣ бар мўзааш масҳ бикашад раво аст. Агар дар сафар бошад, то се шабонарўзӣ масҳ мекашад. Муддати масҳ аз вақти шикастани таҳорати аввалин, ки баъди он масҳӣ пӯшида шуда буд, ҳисоб карда мешавад.
Шиканандаҳои масҳ: вақте, ки муддати масҳ мегузарад, ё таҳорат шиканад, ё масҳиро аз пояш берун кунад (агар чи яке аз масҳиро бошад) масҳ вайрон мешавад. Пас, агар дар ҳоли масҳиро аз пой кашидан таҳорат дошта бошад, фақат пояшро мешўяду бас. Аммо агар дар вақти масҳиро кашидан таҳорат надошта бошад, пас таҳораташро низ пурра мекунад. Агар бар шахси масҳипўш ғусл кардан фарз шавад, (яъне чун ҳайз бинад ё ҷанобат расад) ҳангоми ғусл кардан, албатта масҳиро аз пойи худ мебарорад.
Масҳие, ки сурохӣ ва даридагии зиёда аз ҳаҷми се ангушти хурди пой дошта бошад, барои масҳ кашидан салоҳият надорад.
Мусалмонеро, ки ягон ҷои баданаш захмӣ шуда бошад ва бар онҷо латта ё чизеро баста бошад, ў низ дар вақти таҳорат кардан болои он масҳ кунад раво аст. Ва чунин ҷароҳати басташударо «ҷабира» мегўянд. Ҳар гоҳе ки он ҷароҳат сиҳат шавад, баъд онро шуста мешавад. Масҳи ҷабира муддати муайян надорад, то даме ки сиҳат нагардад. Ва инчунин ҳангоми бастани ҷабира таҳорат доштан низ шарт нест.
Дар баёни масоили ҳайз ва нифос
Ҳайз - хуне аст, ки аз раҳми зани ба балоғатрасида бе дард ва иллати беморӣ хориҷ мешавад. Донишмандони мо муддати камтарини онро ба се шабонарӯз ва муддати аксарашро ба даҳ шабонарӯз андоза кардаанд. Бинобарин, хуне ки дар камтар аз се рӯз ё зиёда аз даҳ рӯз меояд, онро дар ҳукми ҳайз намедонанд, балки онро “истиҳоза” мегӯянд, ки ҳукми он дигар аст2. Агар занеро, ки рӯзҳои ҳайзаш дар панҷ ё шаш рӯз қарор гирифта бошад, пас ҳамин рӯзҳо барояш дар ҳукми ҳайз буда, онро рӯзҳои одатии вай меноманд. Ҳар навъ ранге, ки зан дар рўзҳои муддати ҳайз мебинад он ҳайз аст, магар ранги сафеди холис.
Нифос - хуне аст, ки баъд аз таваллуд кардани зан меояд ва муддати камтарини вайро андозаи муайян нест, вале муддати аксари он чиҳил рӯз аст. Пас аз вилодати фарзанди дуввум ҳар занонро муддати одатии нифос низ маълум мегардад, ки пас ҳамон муддати муқаррарӣ барои онҳо нифос ҳисобида мешавад.
