Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
5
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Аҳкоми таклифӣ

Шахсе, ки ақли солим дорад (яъне девона набошад) ва ба синни балоғат расида бошад, бар вай аҳкоми таклифӣ ҷорӣ мешавад. Яъне дар амалҳо ва рафтори худ мустақил ва масъул гардида, амалҳои хуб ва бади ў дар номаи аъмолаш сабт карда мешавад. Аломатҳои болиғ шудани шахс, ба мисли баромадани манӣ - эҳтилом, пайдоиши ҳайз дар занон ва расидани мўйи зери ноф ва амсоли инҳо аст. Ва ё замоне, ки инсон ба синни понздаҳ солагӣ мерасад, ў мукаллаф мегардад, агарчи дар вай аломатҳои мазкур дида нашавад. Пас, бар шахси мукаллаф донистан ва амал кардани фармудаҳои зарурии дин ва дур будан аз корҳои ҳаром ва манъшудаи он, лозим мегардад.

Уламои киром аҳкоми таклифиро ба чанд навъ ҷудо намудаанд ва он ба ин тариқ аст:

  1. Фарз – он чизе аст, ки дар шариъат анҷом додани онро ба таври ҳатмӣ талаб карда шудааст. Далили фарз бо оятҳои Қуръонӣ ё ҳадисҳои мутавотир (машҳур) ва иҷмоъи мусалмонон ба таври қатъӣ собит шудааст. Бинобарин, ҳар касе, ки фарзро бо ихлоси дил ба ҷо меорад, савоби бузург мегирад ва агар аз рўи танбалӣ ва ғафлат тарк кунад, гунаҳкор мешавад ва агар фарзи иттифоқиро инкор (рад) кунад, кофир мешавад.

Фарз ду навъ аст: фарзи айн ва фарзи кифоя. Фарзи айн бар ўҳдаи ҳар шахси мукаллаф вогузор шудааст, монанди намозҳои фаризаи панҷвақта, рўзаи Рамазон... Фарзи кифоя: бар дўши ҷамоъаи шахсони мукаллаф вогузор шудааст, ки агар баъзе аз онҳо онро иҷро намоянд, аз ўҳдаи боқӣ соқит мешавад, монанди намози ҷаноза, ғусл додани маййит...

  1. Воҷиб – ҳукме аст, ки кардани онро шариъат ба таври ғайри қатъӣ (далели гумонӣ) талаб намудааст ва далели он бо ҳадиси ғайри машҳур ё қиёс собит шудааст. Бинобарин, ҳар касе ки онро бо ихлос анҷом диҳад, соҳиби савоб мегардад, аммо тарк кунад гунаҳкор мешавад, вале инкоркунандааш кофир намешавад. Воҷиб: мисли намози Витр, намозҳои Ид, қурбонӣ кардан, хидмати волидайн намудан....

  2. Чизеро, ки шариъат ба таври ғайри ҳатмӣ талаб карда бошад, онро суннат меноманд. Суннат – гуфтор, кирдор ва қарордоди Паёмбар алайҳиссалом аст. Суннат низ ду навъ аст, яке суннати муаккада ва дигар суннати ғайри муаккада. Суннати муаккада суннате аст, ки Паёмбар алайҳиссалом онро бештар кардаанд ва гоҳ-гоҳ тарк кардаанд. Суннати ғайри муаккада он аст, ки Паёмбар онро гоҳ-гоҳ карда ва гоҳ накардаанд. Пас касе, ки пайравӣ аз Паёмбар намуда, суннати эшонро анҷом медиҳад, лоиқи савоб мегардад, вале дар тарки суннат иқоб ва азоб нест.

  3. Ҳар коре, ки шариъат парҳез кардани онро ба таври ҳатмӣ фармуда бошад ва далели манъи он бо ояти китоб ва ҳадиси машҳур қатъӣ собит шуда бошад, онро ҳаром меноманд.

Пас шахсе, ки дар ҳаром меафтад, сазовори гуноҳ ва азоб аст ва парҳезкунандаашро савоб ва наҷот аст ва инкоркунандаашро куфр ва азоб аст. Ҳаром, монанди: қатли ноҳақ, хамр (арақ, нашъа...), зино, қимор, дуздӣ, ғайбат.....

  1. Ҳар чизи манъшудае, ки дар шариъат бо далили ғайри қатъӣ (гумонӣ) собит шудааст, онро макрўҳи таҳримӣ меноманд. Кунандаи он гунаҳкор аст ва накардани он савоб аст. Монанди фиреб додан дар вақти савдои матоъ, дохили масҷид наҷосат андохтан ва амсоли инҳо.

  2. Ҳар чизеро, ки дар шариъат ба таври ғайри ҳатмӣ манъ карда шудааст, онро макрўҳи танзиҳӣ меноманд. Касе, ки онро анҷом диҳад лоиқи азоб намешавад, вале дар тарк карданаш савоб аст. Макруҳи танзиҳӣ мисли: дар вақти таҳорат беузр сухан гуфтан ё обро зиёда аз зарурат исроф кардан ва...

  3. Мубоҳ (рухсат) – ҳукме аст, ки дар шариъат кардан ва нокарданаш баробар аст, яъне дар кардан ё тарки он чизе нест. Мубоҳ ҳамчун: аз моли ҳалоли худ таъоми лазиз хўрдан ё либоси зебо ва муносиб пўшидан ва ғайра....

8. Муфсид – ҳукме аст, ки ибодат ё муъомиларо вайрон мекунад, мисли дар намоз гап задан, ки намоз фосид (яъне вайрон) мешавад.

❁❁❁

Фасл дар баёни таҳорат ва намоз

Маънии таҳорат дар луғат тозагӣ ва покӣ аст. Ва дар истилоҳи шариъат покӣ аз наҷосати ҳақиқӣ ва ҳукмӣ аст.

Яке аз шартҳои намоз таҳорат аст ва таҳорати махсусе, ки пеш аз намоз карда мешавад, онро вузўъ меноманд ва дар вузўъ чаҳор чиз фарз аст.

1). Шустани рўй аз дамидани мўйи пешонӣ то зери манаҳ ва аз як нармии гўш то нармии дигари он. Ин ҳадди рўй аст, ки дар вузўъ шустанаш фарз аст. Аммо касе, ки риши ғафс ва зич дошта бошад, таҳти онро шустан фарз нест, балки болои ришро тар намояд (ё масҳ кашад) кифоя аст.

2). Шустани ду даст бо ҳамроҳии оринҷи даст ва ҳар чизе, ки аз сари ангуштон то оринҷи даст бошад, фарз аст.

3). Масҳ кашидани чаҳоряк ҳиссаи сар (ба миқдори носия – қисми пеши сар, ки ҳангоми рўбарў шудан намоён мешавад, носия меноманд) фарз аст.

4). Шустани ҳар ду пой ҳамроҳи шитолинги пой, аз сари ангуштони пой то охири шитолинг ва ҳар чизе, ки байни онҳост.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]