- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
Ҳар шахси мўъминро лозим ва зарур аст, ки имон ва исломи худро то даме ки дар ҳаёт аст, нигоҳ дорад. Ва аз нобуд шудан ва рафтани имон битарсад, ки рафтани онро риддат меноманд. Ва риддат аз бадтарин навъи куфр аст, чунончи имом Нававӣ (р.) ва дигар Уламо фармудаанд: “Риддат аз бадтарин анвоъи куфр аст”.
Дар замони имрўз, ки мардум дар талаби илми дин кўтоҳӣ меварзанд ва ҳангоми сухан гуфтан мутаваҷҷеҳи мазмуни он намебошанд. Гоҳе суханонеро содир мекунанд, ки аз ҳукми он огоҳ нестанд ва дар натиҷа на танҳо дар гуноҳ, балки дар риддат низ меафтанд (паноҳ ба Худо).
Бинобарин, шахси мўъмин бояд ҳамеша муроқиб ва идоракунандаи забони худ ва рафтори худ бошад. Дар ҳадиси Имом Тирмизӣ ворид шудааст, ки Пайғамбари акрам фармудаанд:
إنَّ العَبْدَ لَيَتَكَلَّمُ بِالْكَلِمَةِ لا يَرَى بِهَا بَأساً يَهْوي بِهَا في النَّارِ سَبْعِينَ خَرِيفًا
Яъне: «Ба таҳқиқ инсон гоҳе сухан мегўяд (яъне сухани куфреро), ки дар он боке намебинад (ва дар натиҷа ба сабаби он аз имон хориҷ мешавад ва дар охират) ба Дўзах меафтад, ки пастии он ҳафтодсола роҳ аст». (Ин макон хос барои куффор мебошад). (Наъузу биллоҳ). (р. Тирмизӣ ва дар ҳадиси Имом Бухориву Муслим низ ба ҳамин маъно ворид шудааст).
Дар ин ҳадис баён шуда, ки бо гуфтани сухани куфр инсон аз воқеъ шудани он халос намешавад, агар чи онро дар ҳоли ғазаб, ё ҳазл, ё бехабар аз ҳукми он, ки аз илми динии зарурӣ аст, гуфта бошад. Ва инчунин эътиқод намудан бар маънии лафзи куфр, гўяндаашро аз воқеъ шудан дар он халос намесозад.
Уламои киром анвоъи риддатро ба се навъ тақсим намудаанд, чуноне, ки муаллифи китоби «Ҷавориҳул фиқҳ» - Ибни Рашид ва соҳиби «Ал-Муҳит» (ва дигар китобҳои фатво, чун фатвои “Ҳиндия”, “Баҳрул-роиқ” ва ғайра...) мисолҳои онро зикр кардаанд.
1. Навъи аввали риддат ба имон ва эътиқодот вобаста аст, ки онро куфри эътиқодӣ низ мегўянд.
Мисли: шак овардан ё инкор кардани вуҷуди Худои Таъоло (наъузу биллоҳ) ва ё пайғамбарии (яке аз пайғамбарон, ки пайғамбарии ў бо иттифоқи Уламо собит шуда бошад). Инчунин инкор кардани рўзи қиёмат, ё Ҷаннат, ё Дўзах, ё савоб, ё азоб ва монанди инҳо, ки бо иттифоқ ва иҷмоъи мусалмонон собит ва машҳур бошад, куфр аст.
Касе ки ин оламро (хоҳ ҷинси онро ё ҷузъи онро) азалӣ ва беаввал эътиқод кунад, кофир мешавад (зеро чунин эътиқод далолат ба инкори Офарандаи якто ё ба ширк овардан ба Парвардигори беҳамто мекунад). Инчунин эътиқод доштан ба ин ки (гўё) “инсон аз маймун ба вуҷуд омада бошад”- куфр аст.
Касе, ки сифате аз сифатҳои илоҳиро инкор намояд, монанди сифати Илм (яъне Худо доно аст ва чизе аз ў пўшида нест) ва ё қудрат, ки Ў бо кудрати азалии худ ба ҳар чиз қудраташ мерасад ва ё ғайраи дигар аз сифатҳои илоҳӣ, ки дар каломи маҷид мазкур буда, назди мусалмонон маъруф бошад, инкораш куфр аст. Инчунин муртад мешавад касе, ки бар Худованд нуқс ва сифати махлуқотро нисбат диҳад.
Ба Худованд маконро нисбат додан раво нест, масалан агар касе гўяд, ки: аз Худо ҳеҷ макон холӣ нест бо ин гуна сухан хориҷ аз дин мешавад (чунки бо ин қавл ба Ў Таъоло маконро нисбат додааст). Инчунин ба Парвардигор ситам ва зулмро нисбат додан, ё сифати одамиро нисбат додан куфр аст, (мисли нодонӣ, нотавонӣ, ё ба Худованд фарзанд, зан, ё духтарро нисбат додан куфр аст).
Баъзе уламо ҳатто номбурдани баъзе сифатҳои Худоро ба забони форсӣ манъ кардаанд, (агар дар зоҳир аъзову андоме аз он фаҳмида шавад, мисли яд, айн, ваҷҳ, нафс... чунки тарҷумаи зоҳириаш: даст, чашм, рўй, тан ва... мебошад). (ниг. Фатовои Ҳиндия, ҷ. 2. “Китобуссияр - боби аҳкоми муртад”).
Ҳалол донистани ҳароми қатъӣ, ки ҳаром буданаш бо иҷмоъ маълум буда, аз илми зарурии динӣ бошад, куфр аст. Мисли зино кардан, ё ливота (наздики ба мард) кардан, ё биноҳақ куштани касе, ё дуздӣ кардан, ё рибо хўрдан... Ва инчунин ҳаром донистани ҳалоли ошкор низ куфр аст, мисли ақди никоҳи шаръӣ ва ё хариду фурўши ҳалол. Ва инкор кардани фарзи муттафақ, мисли намозҳои фаризаи панҷвақта, ё закоти мол додан, ё рўзаи моҳи Рамазон ва адои ҳаҷҷи фарзӣ, ё таҳоратро аз барои намоз, ҳамин ҳукмро дорад, ки инкоркунандаи ҳар яке аз инҳо хориҷ аз дини Худо мегардад (наъузу биллоҳ).
Инчунин касе, ки қасд ва орзуи куфр намояд, дар ҳол кофир мегардад (мисол бо нияти аз дин хориҷ шудан гўяд, ки: “агар фалон моли ман нобуд шавад, пас ман аз дин рўй гардонида кофир шавам...”) бо ин қавлаш дар ҳол муртад мешавад, зеро таманно, орзу ва ризои куфр, куфр аст, чунончи агар ғайри дине мусалмон шавад ва ў гўяд, ки “эй кош мусалмон намешудӣ”, пас гўянда худ аз дин мебарояд.
Касе, ки саҳоба будани ҳазрати Абўбакри Сиддиқро инкор кунад аз дин хориҷ мешавад, зеро бо иҷмоъи уламо саҳобагии ҳазрати Абўбакр бо далили Қуръонӣ собит шудааст. (Албатта саҳоба будани ҳамаи хулафои рошидин – чорёри Паёмбар - низ байни мусалмонон собит ва машҳур аст).
Ва инчунин муртад мегардад касе, ки инкор кунад ё дурўғ донад пайғамбарии яке аз пайғамбарони барҳақро, ки рисолати онҳо (назди мўъминон) маъруф бошад. Ва ё ҳарферо аз Қуръон инкор кунад, ки ба иҷмоъ собит шудааст, ё ҳарферо, ки аз Қуръон нест, қасдан дар он ворид намояд, муртад мегардад.
Таҳқир ва дурўғ пиндоштани пайғамбаре аз пайғамбарони Худо, ки паёмбарияшон бо иҷмоъ собит шудааст, куфр аст. Касе, ки баъд аз пайғамбари охирин, ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом худро пайғамбар эълон кунад ва ё ба касе пайғамбариро баъди он ҳазрат, раво ва ҷоиз донад, муртад мегардад. Ноумед будан аз раҳмати Худо ва эмин будан аз азоби илоҳӣ куфр аст. (Яъне гумон бурдан, ки Худованд шахси мусалмони гунаҳкорро ҳаргиз намебахшад, агар чи тавба намояд ё гумон доштан, ки мўъминро ҳеҷ гоҳ гуноҳаш зарар намекунад ва ўро ба сабаби он азобе намебошад – хилофи дин аст).
2. Навъи дуввуми риддат дар дар афъол ва аъмол аст, монанди: саҷда кардан барои бут, ё офтоб, ё моҳтоб, ё шайтон, ки ин аз куфри феълӣ аст. Инчунин барои инсон саҷда кардан ба нияти ибодат чунин ҳукмро дорад, зеро ин ибодати ғайри Худо кардан аст. Аммо дар пеши инсон саҷда кардан ё монанди рукўъ сар хам кардан бо ният ва қасди салом ҳаром аст. (Аммо дар баъзе шариъатҳои гузашта ин амр раво будааст, чунончи фариштагон бо қасди салом ба Одам алайҳиссалом саҷда карда буданд).
Инчунин андохтани китоби Қуръон ё варақе аз он дар макони палид ва партоваҳо (ё бо пой задани он) аз куфри феълӣ аст, агар чи бо нияти таҳқир ва тамасхур ҳам набошад, зеро ин амал худ далолат ба таҳқир мекунад. Ҳамчунин аст ҳукми варақае, ки дар он исми Худо, ё ояти Қуръонӣ, ё фармудаҳои набавӣ сабтшуда бошад. Навиштани оятҳои Қуръон бо наҷосат (монанди пешоб) ҳамин ҳукмро дорад, агар чи ба қасди муолиҷа нависта бошад.
Ба худ овезон кардан ё пўшидани аломат ва шиори куфр (мисли салиб) бо қасди таъзим ва писандкардани он, аз куфри феълӣ аст. (Уламои киром ҳатто пўшидани зуннори насрониҳоро дар ин ҳукм ворид намудаанд).
3. Навъи саввуми риддат дар алфоз ва ақвол аст, ки инро куфри лафзӣ мегўянд. Ин навъи риддат бисёр аст, ки баъзе аз мисолҳои онро меорем: Касе, ки номе аз номҳои Худоро масхара намояд, ё ба ваъдаҳои илоҳӣ (чун: Биҳишт ва савоб) ё бар ваъиди ў (чун: Дўзах ва азоб) тамасхур кунад, кофир мешавад. Инчунин агар ба қасди масхара гўяд, ки: «Агар чизеро Худо бар ман амр кунад, ман онро нахоҳам кард» ва ё агар гўяд, ки: «Агар қибла (каъба) ба дигар тараф гардонида шавад, ман сўи он намоз намехонам (агар бо нияти масхара кардани каъба бошад, куфр аст), ё агар таҳқиромезона гўяд, ки “Агар Биҳиштро ба ман диҳанд, ман онҷо намедароям (яъне ин қавл монанди ин аст, ки мегўяд: “ман ниёз ба он надорам”). Агар бигўяд, ки: “Агар манро Худо аз сабаби бемориам, ки тарки намоз кардаам азоб кунад, пас ў золим аст» (наъузу биллоҳ, зеро ба Худованд зулмро нисбат додааст, ки пас) кофир мешавад. Ва инчунин ба коре, ки ҳосил шудааст, чун гўяд ки: “...ин ҳама бе хост ва тақдири Худо шудааст”, (зеро бо ин сухан тақдиротро инкор кардааст), ё гўяд, ки: “агар ба ман пайғамбарон, ё фариштагон, ё тамоми мусалмонон ба чизе гувоҳӣ диҳанд, ман онро қабул намекунам (зеро ки бо ин сухан паёмбарон ва фариштагону мусалмононро дар хиёнат ва дурўғгўӣ муттаҳам кардааст). Ё бо қасди масхара ва таҳқир дар суннати Расули акрам, гўяд ки “...ман ин корро намекунам, агар чи суннат бошад”, ё бо ҳамин қасд гўяд, ки “агар фалон пайғамбар (имрўз) мебуд, ман ба вай бовар намекардам (ё пайрави вай намешудам...)”, ё вақте, ки ҷавоби як фатво дар масъалае аз олиме шунид ва бо таҳқиру эътироз гўяд, ки: “ин чигуна шариъат аст!?”. Ва агар касе гўяд, ки: «Лаънати Худо бар ҳамаи уламои Ислом (яъне, муллоҳо) бод», муртад мешавад, зеро ин қавл тамоми донишмандони Исломро дарбар мегирад ва дашноми уламои дин дар маҷмўъ куфр аст, чунки уламои боамалро Худованд дар Қуръон ситоиш ва таъриф кардааст. Вале агар бо чунин сухан баъзе уламои замони худро дар назар дошта бошад, (ба сабаби беамал ва вайронкории онҳо) пас кофир намешавад, агар чи дашноми мусалмон худ гуноҳ аст. Агар касе гўяд, ки “Ман аз Худо, ё аз фариштагон, ё аз пайғамбарон, ё аз шариъат, ё аз ислом безорам...” (паноҳ ба Худо) дар ин ҳол низ кофир мегардад.
Агар касе дар яке аз оятҳои Қуръонӣ масхара намояд, масалан вақти обро дар зарфе рехтан ин оятро бо тамасхур хонад, ки:
“Ва каъсан диҳақо” - яъне дар ин оят аз васфи шаробҳои лазизи Ҷаннат хабар омадааст, (албатта, агар мазмуни ин оятро бидонад ва бо қасди масхара дар ин ҳолат онро тиловат кард, муртад мешавад, вагарна риддат нест). Ё дар вақти рехтани оби зарф ин ояти зеринро ба қасди масхара бо донистани маънояш бихонад, ки:
“Фа конат сароба” - яъне, дар ин оят пора шуда, пош хўрдани кўҳҳо дар рўзи қиёматро хабар додааст.
Инчунин ҳангоми вазн кардани чизе дар тарозу ин оятро ба қасди масхара ва бо дониши маънояш бихонад, ки:
“Ва иза калуҳум ав вазануҳум юхсирун” - яъне, дар ин оят тоҷирони мардумфиреро, ки аз тарозу нуқс мекунанд, мазаммат карда шудааст.
Бинобарин, касе, ки дар яке аз оятҳои қуръонӣ масхара ва таҳқир кунад, муртад мешавад.
Касе, ки пайғамбаре ё фариштаеро дашном бидиҳад муртад мегардад ва инчунин агар бо қасди таҳқир гўяд, ки: “агар ман намоз хонам, мисли фоҳишагарон мебошам”, ё гўяд, ки: “...аз рўзе, ки намозхон шудаам, ҳеҷ хубие надидаам” бо қасди таҳқир ва гумони он ки гўё намоз чизи наҳс бошад (паноҳ бар Худо), ё гўяд, ки: “намоз гузоридан барои ман айб аст”. Ё касе барои мусалмоне бигўяд, ки: “ман душмани ту ва душмани пайғамбари туам (яъне агар Муҳаммад алайҳиссаломро дар назар дошта бошад), ё барои шахси сайидзодае (аз авлоди пайғамбар алайҳиссалом) гўяд, ки: “ман душмани ту ва душмани бобоят” (инҷо низ агар пайғамбарро дар назар дошта бошад), дар ҳамаи чунин аҳвол муртад мегардад. Инчунин писанд кардани куфр ва тарк кардани дини Ислом ва пайрави аз дигар дин (ғайри Ислом) кардан, куфр ва риддат аст. (паноҳ бар Худо).
Хулоса: Ҳар як эътиқод, феъл ё сухане, ки далолат бар таҳқир ва пастшуморидани бузургии Худованд, ё китобҳои Ў, ё пайғамбарони Ў, ё шиорҳои ислом, ё аҳкоми шаръӣ, ё ваъдаҳо ва ваъиди илоҳӣ бошад, куфр аст. Бинобарин, барои шахси оқил лозим аст, ки эътиқод ва забон ва кирдори худро идора ва муроқибат намояд ва имон ба саломат барад.
