Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Афзалтарини бандагон

Чунончи маълум шуд, беҳтарини бандагон пайғамбаронанд, ки онҳо аз пайғамбари фаришта низ беҳтаранд. Аз беҳтарини пайғамбарон, ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом мебошанд. Ва пайғамбари фаришта аз авлиёи тамоми одамӣ беҳтар аст ва тамоми авлиёи одамӣ аз тамоми фариштагони омӣ беҳтар аст. Ва як пайғамбар аз тамоми авлиё бартар аст.

Аз афзалтарин саҳобагон, ҳазрати Абўбакри сиддиқанд ва пас Умар ибни Хаттоб ва пас Усмон ибни Аффон ва пас Алӣ ибни Абутолиб риздвонуллоҳи алайҳим. Баъд аз эшон даҳ ёри биҳиштианд, ки номҳои эшонро чунин овардаанд:

Даҳ ёри Биҳиштианд қатъӣ медон, Бўбакру, Умар, Алию, Усмон, Саъд асту Саъиду Буубайда, Талҳа - сту Зубайру Абдурраҳмон

Пас аз эшон аҳли Бадр мебошанд ва пас аҳли шаҳидони Уҳуд ва пас аҳли Байъатирриздвон, ки дар макони Ҳудайбия бо Расули акрам паймон карда буданд. Ба ҳамин тартиб мо асҳоби Пайғамбарро мешиносем ва эшонро дўст медорем.

❁❁❁

Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом

Паёмбари акрам Муҳаммад алайҳиссалом, ки номи падарашон Абдуллоҳ ва номи модарашон Омина буданд‚ дар шаҳри Маккаи мукаррама дар нимҷазираи араб (Арабистони Саъудии ҳозира) тақрибан дар соли 571– и румӣ, 12-уми моҳи Рабиъ-ул-аввал (яъне мутобиқи моҳи апрел) ба дунё омадаанд. Пайғамбар алайҳиссалом дар хурдсолияшон аз падар ва сипас аз модар ятим мондаанд. Баъди 6-солагӣ дар хонаи бобояшон Абдулмутталиб ба воя мерасиданд. Он ҳазрат аз хурдсолӣ соҳиби ахлоқи хуб ва ростқавлӣ буданд, бинобар ин, дар миёни мардуми араб бо лақаби Муҳаммади-амин‚ яъне «ростқавлу росткор» машҳур гаштанд. Баъд аз синни 13 солагӣ, бобояшон низ аз дунё меравад ва он ҳазрат дар таҳти сарпарастии амаки худ Абутолиб, зиндагӣ карданд. Дар синни 25 солагӣ бо зани сарватманд ва солиҳае бо номи Хадиҷа издивоҷ намуданд, ки аз эшон ҳамаи фарзандони он ҳазрат, ғайри Иброҳим ба дунё омадаанд.

Дар замони Пайғамбар аксари қабилаҳои араб будпарастӣ мекарданд, ки бештар дар зулму ситам зиндагӣ доштанд. Аммо ҳазрати Пайғамбари мо алайҳиссалом, ки дар байни ин мардум зиндагӣ мекарданд, ҳаргиз гуноҳу бадкорӣ накардаанд. Ҳазрати Пайғамбари мо алайҳиссалом бештари вақти худро дар ғоре, ки ба наздикии шаҳри Макка ҷойгир буд, дар ибодати Худои Ягона мегузарониданд. Баъди чанд муддат, дар синни 40-солагияшон аз Худои Таъоло барояшон бо воситаи фариштаи бузург Ҷабраил алайҳиссалом, пайғамбарӣ даррасид. Баъди он ки ба эшон паёми илоҳӣ расид, бо амру фармони Худои Таъоло мардумро ба ибодати Худои Ягона даъват мекарданд. Ҳазрати Муҳаммади Мустафо баъди пайғамбарӣ, дар шаҳри Макка 13- сол зиндагӣ карда, мардуми онҷоро ба дини ҳақ даъват карданд. Сипас, бо изну фармони Худованди Таъоло ба шаҳри Мадинаи мунаввара ҳиҷрат карданд (яъне кӯчиданд). Мардуми шаҳри Мадинаи мунаввара, ки онҳоро пас “ансориён” гуфтанд, ҳазрати Пайғамбарро бо ҳамроҳии саҳобагонашон, ки онҳо “муҳоҷирон” буданд, бо хурсандии зиёде пешвоз гирифтанд. Сипас, он ҳазрат даъвату баёни дини исломро дар шаҳри Мадинаи Мунаввара пурра ба камол расониданд. Ҳазрати Пайғамбар алайҳиссалом дар шаҳри Мадина 10-сол зиндагӣ карда, дар ҳамонҷо дар синни 63-солагияшон аз дунё гузаштанд. Қабри мубораки он ҳазрат дар ҳамон шаҳр мавҷуд аст.

Аллоҳ Таъоло бо раҳмати худ ҳазрати Пайғамбарро ба олам фиристодааст, ки мо мусалмонон аз умматони он ҳазрат мебошем. Барои мусалмон лозим аст, ки пайравии Пайғамбар алайҳиссаломро намояд. Ҳазрати пайғамбари мо беҳтарини пайғамбарон ва охирини онҳо мебошанд, ки баъди он ҳазрат пайғамбари дигар намеояд. Мусалмон бояд дар дилаш муҳаббати Аллоҳ Таъоло ва муҳаббати пайғамбари Ў Муҳаммад алайҳиссаломро дошта бошад.

❁❁❁

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]