- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Аз маъсиятҳои гўш
Истимоъи (гўш кардани) суханоне, ки гуфтани онҳо ҳаром аст ва он сухане, ки аз шунавандааш онро пинҳон доранд, раво нест.
Шунидани суханони намимат ва ғайбат раво нест. Вале шунавандаи онро боздоштани чунин суханҳо лозим аст, агар ба он қодир бошад.
Гўш додани садои тарабу оҳангҳои фаҳшу ҳаром, ки ба амали бад ва гуноҳ таҳриккунанда бошад.
Гўш додан ва тамошо кардани саҳнаи таҳқиромез дар шаъни мусалмонон ё дини Ислом. (Қарсак задану розӣ шудан ба сухани куфр, куфр аст).
Аз маъсиятҳои даст
Қатли ноҳақ кардан гуноҳи калон аст.
Татфиф (нуқс гирифтан) аз моли паймона, вазншаванда ва ё матоъи дигар, ҳангоми фурўхтан.
Дуздӣ кардан ва ё ғоратгарӣ кардан ҳаром аст.
Шахси мусалмонеро бе ҳаққи шаръӣ задан (ва ҳатто чорпоеро бе сабаб задан) гуноҳ аст.
Қиморбозӣ кардан ҳаром аст, дар кадом навъи он, ки набошад, (мисли нарда, лотерей...).
Тасвири (кашидани сурати) ҷондор ё сохтани ҳайкали он.
Боздоштани пардохти закот барои шахси мустаҳиққи он.
Манъ кардани музди иҷоракор, пас аз ақди муқарраршуда раво нест.
Навистани ҳар он чизе, ки гуфтанаш ҳаром бошад.
Бо ашёи ҳаром бозӣ кардан, аз қабили олатҳои мусиқие, ки навохтан ва истимоъашон раво набошад. Аммо навохтани доира ва гўш кардани оҳанги он раво аст.
Сўзонидан ё муслаи (гўшу бини буридани) ҳайвонот.
Дасти зани номаҳрам гирифтан, агар чи ба қасди салом бошад ва аз болои либосаш низ доштан бо қасди шаҳват, ҳаром аст.
Хориҷ кардани манӣ бо кафи дасти худ бахотири лаззат, кори маломатшуда аст.
Аз маъсиятҳои фарҷ (андоми ниҳонӣ)
Зино кардан ҳаром аст, чи дар пеш ва чи дар пушти одамӣ бошад ва кунанда ва кардашударо ҷазо таъйин шудааст.
Ливота кардан ҳаром аст, агар чи чорпояро бошад. Яъне ба мард ё ба чорпо наздикӣ кардан ҳаром аст.
Дар ҳолати нопокии зан (яъне ҳайз ё нифос) муҷомиъат кардан ҳаром аст.
Ҳангоми қазои ҳоҷат ё истинҷо рўй сўи қибла кардан ё пушт гардонидан, макрўҳи таҳримист.
Дар қабристон ё масҷид қазои ҳоҷат кардан раво нест.
Аз маъсиятҳои пой
Қасди рафтан бар ҷое, ки онҷо ҳаром бошад, аммо аз барои дур кардани он равад ва дур кунад, савоб аст.
Бо фахр ва такаббур ва худситоӣ роҳ гаштан, зеби банда нест.
Аз пеши намозгузор гузаштан, дар ҳоле, ки байни ў ва намозгузор чизе набошад. Ва дар масҷидҳои калон аз мавзеъи саҷдаи намозгузор гузарад, гунаҳкор мешавад, вале дуртар аз он гузар кунад, боке надорад.
Танбалӣ ва коҳилӣ дар адои воҷибот кардан, раво нест.
Аз маъсиятҳои тан
Нофармонии падар ва модар кардан гуноҳ аст. Аммо вақте, ки ба кори бад ва ҳаром амр кунанд, итоъати онҳо воҷиб нест, балки аз кори бад дур будан лозим аст.
Буридани силаи арҳом, яъне бо хешу наздикони худ бидуни узри шаръӣ, қатъи рафтуомад кардан, раво нест.
Озор ва машаққат додани бандагон ва чорпоён раво нест, агар чи ғуломи кофир бошад.
Ҷосусӣ (айбҷўӣ) кардан дар айби мардум раво нест.
Шабеҳ ва монанд кардани мард худро бар занон дар либоспушӣ ва ғайри дигар корҳо... Ва инчунин ташбеҳ намудани зан бар мард дар рафтори мардона.
Дароз сохтани ҷома (либос) поёни шитолинги пой бо қасди кибру ғурур раво нест.
Вошимат кардан, (яъне бо сўзан дар бадан сурат кашидан) ва инчунин тоза тарошидани риш ба мардон (назди Имоми Аъзам р.ҳ. макрўҳи таҳримӣ аст).
Бо шахси аҳли бидъат ва фосиқ ҳамнишинӣ кардан, дар анҷоми бидъати бад ва фисқи ў раво нест.
Пўшидани либоси абрешимӣ ва зеварҳои тиллоӣ барои марди болиғ (ба ҷуз ангуштарии нуқрагӣ) раво нест.
Бо зани номаҳрам ба сафари дароз (яъне зиёда аз 100 км.) баромадан, бидуни маҳрами вай раво нест.
Инчунин хилват кардан бо зани номаҳрам дар маконе, ки онҷо шахси сеюмин набошад, раво нест.
Бе хоҳиши дил ва ризогии мусалмон ўро ба коре машғул намудан ва кор фармудан.
Кўмак ва ёрӣ дар амали ҳаром намудан, раво нест.
Ривоҷи моли қалбақӣ намудан, раво нест.
Кирои ҳаққи маркаб ва иҷораро надодан, (мисли: роҳкирои муқаррашударо дар нақлиёти мусалмон) раво нест.
Таъхири фароиз бе узри шаръӣ кардан. Яъне монанди намозҳои фарзиро дар вақташ нагузоридан ва закоти молро дар вақташ надодан ва тарки намози ҷумъа кардан бе узри шаръӣ.
Тағйир сохтани ҳадди замин ё мулки худ аз мулки бегона ё бесоҳиб. Яъне аз ҳудуди кўчаи омма, қабристони омма, замини вақфӣ, ҳамроҳ кардани қитъае аз замин дар мулки худ раво нест.
Манъ кардани кори хайр гуноҳи азим аст, мисли манъ кардани садақот, намоз, зикру дуъо, кўмак ба мўҳтоҷон ва монанди инҳо.
Ба туй ва сари дастархон бидуни таклиф ҳозир шудан.
Ихтиёри вилоят ва мансаб кардан, дар ҳоле, ки бар масъулияти он қодир нест ва аз ўҳдаи он набарояд.
Сеҳр ва ҷодугарӣ кардан ва ҳамчунин назди ҷодугарон ва фолбинон рафтан ва аз онҳо чизеро пурсидан ҳаром аст.
Тарсонидан ва таҳдид кардани мусалмон раво нест.
Бастани роҳ ва гузаргоҳи мардум раво нест.
Дар иҷрои назр ё ваъдаи худ вафо нокардан, магар дар ҳолатҳои узрнок.
Дар тани худ озор расонидан ба ҳар навъе, ки бошад, раво нест. Монанди ду рўз пайдарпай бидуни ифтор рўза гирифтан ё худро задан, ё худкушӣ кардан, ё чизеро, ки бар тан зарар орад истеъмол кардан.
Аз ин ҷумла: чидани мўи қош ё гузоштани холи сунъӣ барои зиннат раво нест.
Аз майдони муҳориба ҳангоми дифоъи мусалмонон, гурехтан ва фирор кардан раво нест.
Озор расонидан бар ҳамсоя агар чи кофир бошад, раво нест.
Чиркин кардан ва олуда кардани масҷид, агар чи бо чизи пок бошад, раво нест.
Сарф кардани молу пул дар кори ҳаром ва сарфи мол дар ҷои беҳуда низ раво нест, чунки исрофкорӣ амали нописанд аст.
Чоҳ, чарогоҳ ва заминҳои омро (ҷамъиятиро) худсарона соҳибӣ кардан ва дар он тасарруф намудан.
Моли аз кўчаёфтаро бидуни эълон ва нигаҳдошт, тасарруф кардан, раво нест.
Дар таъмини нафақаи зану фарзандон танггирӣ кардан ва ё байни онҳо адолат накардан, раво нест.
Хориҷ шудани зан аз хона, бе иҷозаи шавҳараш (магар дар зарурат, мисли таҳдиди душман...) раво нест.
Аз итоъати ҳокими мусалмон хориҷ шудан ва алайҳи ў қиём намудан, агар чи дар баъзе маврид зулм мекунад, раво нест.
Талаб намудани имомати ё мутаваллии масҷид ё сарпарастии ятимеро ба ўҳда гирифтан, дар ҳоле ки барои анҷоми он қодир нест ё вазифаи худро ба таври писандида адо накунад, раво нест.
Паноҳ додани золим ва ё кўмак намудан дар зулми вай гуноҳ аст.
Дар баёни Тавба
Тавба кардан аз ҳама намуди гуноҳон воҷиб аст, чи гуноҳи хурд бошад ва чи гуноҳи калон. Аммо тавба низ дорои шартҳо ва тариқаҳое аст, ки шахси тавбакор бояд онҳоро бидонад ва ба ҷо оварад. Чунончи уламо фармудаанд, шарти тавба ба ин тариқ аст:
Шахси тавбакор бояд аз гуноҳ худро ҷониб бигирад.
Аз гуноҳи кардаи худ пушаймон шавад.
Агар чизеро аз фароизу воҷибот тарк карда бошад, онҳоро қазо орад.
Агар гуноҳаш муталлиқ ба ҳаққи одамӣ бошад, пас ҳисобашро баробар кунад ва аз соҳибаш бахшиш хоҳад.
Бинобарин, тавба кардани инсон аз ҳамаи гуноҳон воҷиб аст ва ҳарчи зудтар бояд дар тавба ва ислоҳи худ бикўшад. Вақте, ки тавбаи вай дуруст шуд ва худро аз гуноҳ пок сохт, ваъдаи бахшиш ўро дода шудааст, ки Паёмбар фармудаанд:
«Тавбакор аз гуноҳони худ ҳамчун касе аст, ки гуё гуноҳе накарда бошад».
Шахсеро, ки гуноҳаш мутаалиқ ба воҷибот ва ҳаққи одамӣ набошад, пас авалан он гуноҳро тарк намояд ва онро зикр накунад ва ният кунад, ки дар оянда ба он бознагардад, ҳамин аст тавбаи холисона.
Агар гуноҳи вай ба тарки фароиз ё воҷибот мутаалиқ буд, мисли намоз, закот, ҳаҷ, рўза, пас қазогии онҳоро ба ҷо орад ва минбаъд тарк накунад, ин аст аломати тавбаи холисона.
Агар гуноҳаш ба ҳаққи касе вобаста буд, мисли ин ки: моли касеро биноҳақ хўрдааст, ё касеро ранҷонида аст, ё ҳаққи касеро тамом накардааст, пас бояд онро ба соҳибаш баргардонад ва аз ў бахшиш хоҳад, ё ҳаққи ўро адо намояд агар имкон бошад. Вақте, ки соҳиби ў аз вай розӣ шуд ё ҳаққи ўро адо намуд, пас ҳамин нишонаи тавбаи холисонаи ўст.
Агар шахси бедин аз куфри худ, худро канор гирифт ва бо гуфтани калимаи шаҳодат ба Ислом ворид шавад, ба фазли илоҳӣ тамоми гуноҳони гузаштаи ў бахшида мешавад.
Бешак, Худои Таъоло Омўрзандаи гуноҳон аст.
Феҳристи китоб
1 |
Пешгуфтор |
2 |
2 |
Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ |
3 |
З |
Сифати пайғамбарон |
9 |
4 |
Мўъҷиза |
10 |
5 |
Фасл дар баёни баъзе аҳволи Онҳазрат |
12 |
6 |
Дар баёни чизҳое, ки инсонро аз дин хориҷ кунад |
13 |
7 |
Аҳкоми таклифӣ |
20 |
8 |
Таҳорат ва Намоз |
22 |
9 |
Шиканандаҳи вузўъ - дар баёни масҳи мўза |
23 |
10 |
Дар баёни ҳайз ва нифос |
24 |
11 |
Дар баёни ғусл. Тариқи ғусл кардан |
25 |
12 |
Масъалаи об |
28 |
13 |
Дар баёни таяммум - истинҷо |
30 |
14 |
Масоили намоз (вақтҳои намоз) |
31 |
15 |
Воҷиботи намоз |
35 |
16 |
Саҷдаи саҳв |
36 |
17 |
Дар баёни вайронкунандаҳои намоз |
37 |
18 |
Тариқи гузоштани намози қазоӣ |
39 |
19 |
Намози Мусофир |
40 |
20 |
Дар баёни намози ҷамоъат, ҷумъа ва шартҳои он |
41 |
21 |
Дар баёни намози ҷумъа |
42 |
22 |
Намози Таровеҳ |
44 |
23 |
Фасл дар баёни намози иди Рамазон ва Қурбон |
45 |
24 |
Аҳкоми намози ҷаноза |
46 |
25 |
Зиёрати қабристон |
48 |
26 |
Фасл дар баёни рўза ва масоили он |
49 |
27 |
Дар баёни Эътикоф |
52 |
28 |
Фасл дар баёни масоили закоти мол |
53 |
29 |
Садақаи Фитр |
55 |
30 |
Фасл дар баёни аҳкоми ҳаҷ |
57 |
31 |
Воҷиботи ҳаҷ |
58 |
32 |
Ҳаҷҷи Умра |
58 |
33 |
Аҳкоми қурбонӣ |
59 |
34 |
Фасл дар баёни масоили никоҳ |
60 |
35 |
Фасл дар баёни аҳкоми муомилот |
62 |
36 |
Дар баёни масоили рибо |
63 |
37 |
Фасл дар баёни воҷиботи қалбӣ |
66 |
38 |
Дар баёни намуди гуноҳони ҷавориҳ |
66 |
39 |
Дар баёни тавба |
74 |
40 |
Феҳристи китоб |
75 |
1 Уламои киром мувофиқ ба ин оят фармудаанд: “Ҳар чизе, ки дар хотир тасаввур мешавад, Худованд пок аст аз ўву бемонанд”, бинобарин дар зоти Парвардигор тафаккур кардан хато аст, чунончи аз Ибни Аббос (р) омадааст: “ Дар зоти Худованд таффаккур накунед, балки дар неъматҳо ва махлуқоти вай тафаккур намоед”.
2 Истиҳоза хунест, ки ҳукми он мисли ҳайз ва нифос нест, балки мисли шахси узрдор ва бемор аст, ки барои ҳар намоз таҳорати нав карда, намозро бо он адо мекунад. Ва муҷомиъат ҳам дар ин ҳолат барояш раво аст.
3 Миқдори дирҳам дар наҷосати обмонанд, ба қадри истодани об дар чуқурияки кафи даст аст ва дар наҷосати ҳаҷмдор ба вазни тақрибан чаҳор грамм аст.
4 Калимаҳои азон чунин аст:
Аллоҳу Акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу акбар,
Ашҳаду ан-ла илаҳа иллаллоҳ, Ашҳаду ан-ла илаҳа иллаллоҳ.
Ашҳаду анна Муҳаммадан-Расулуллоҳ,
Ашҳаду анна Муҳаммадан-Расулуллоҳ.
Ҳаййа алассолаҳ, Ҳаййа алассолаҳ.
Ҳаййа алал-фалаҳ, Ҳаййа алал-фалаҳ.
Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар,
Ла илаҳа иллаллоҳ.
Иқомат ҳам мисли азон аст, вале баъди «Ҳаййа алал фалаҳ», ду маротиба: «Қад қоматиссолаҳ» мегӯянд.
Касе, ки барои ҷамоат азон мегӯяд, ӯро муаззин мегӯянд. Муаззин вақти намозҳоро бояд хуб донад ва мустаҳаб аст, ки бо таҳорат бошад. Муаззин бояд қоидаи азонхониро донад, яъне дар азонхонӣ хатогиву беҳуда овозкашӣ накунад мисол: ҳарфи «Алиф»-и лафзи «Аллоҳ»-ро накашад, ё «бо»- и «Акбар»-ро накашад, ки гунаҳкор мешавад.
Азони шахси ноболиғ, шахси фосиқ, маст, девона, дар ҳолати ҷанобат гуфтан ва азони зан макрўҳ аст.
5 Аз паси шахси фосиқ, нобино, зан, кўдаки ноболиғ, валади зино (ҳаромӣ) ва шахси саҳроӣ намоз гузоридан равост, вале макрўҳ аст. Аммо аз паси аҳли бидъате, монанди муҷассима ва мушаббиҳа - яъне касоне, ки ба Худованд макон ё ҷисм ва дигар сифатҳои башариро нисбат медиҳанд, намоз гузоридан дуруст нест. Инчунин аз паси касоне, ки инкори: шафоъат, азоби қабр, Кироман котибин (ду фариштае, ки аъмоли бандагонро сабт мекунанд) ва касоне, ки инкори дидори Худованд дар охиратро мекунанд ва рофизиён ва мункири тақдир, намоз гузоридан раво нест. (Ниг. “Фатҳул Қадир”, китоби Намоз, боби Имомат).
