Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
5
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Маъсияти (гуноҳи) қалб:

  • Риё варзидан дар аъмоли нек ва ҳасанот, ки он табоҳкунандаи аҷру савоби амали нек аст.

  • Фахр ва худписандӣ кардан дар адои тоъат ва неъмати илоҳӣ, (яъне ҳама неъмат ва дастовардро аз худ донистан ва фазлу карами Худои Таъолоро дар он фаромўш кардан, хато аст).

  • Шак намудан дар будани Худованд, куфр аст (наъузу биллоҳ).

  • Инчунин дар амон донистани худ аз азоби Худованд ва ноумед будан аз раҳмати илоҳӣ куфр аст.

  • Такаббурӣ варзидан, (яъне писанд нокардани ҳақ аз гўяндаи он ва бо таҳқир назар кардан ба мардум ҳаром аст).

  • Хусумат ва кина доштан нисбати мусалмон беш аз се рўз раво нест, магар ба сабаби узри шаръӣ.

  • Ҳасад намудан дар мол ва неъмати мусалмон, яъне бо қасди талафи он кор кардан ё орзу намудани нобудии неъмати ў.

  • Миннат кардан дар садақа ва кори эҳсон, ки миннат дар садақот табоҳкунандаи савоби он аст.

  • Нисбати мусалмон гумони бад бурдан.

  • Такзиб (дурўғ шуморидани) тақдир, куфр аст.

  • Дар амонати мардум хиёнат кардан, (чи дар сухан ва чи дар мол ва чи дар ваъда бошад).

  • Макр ва фиребгарӣ кардан.

  • Дар адои закот, садақоти воҷибӣ ё нафақаи воҷибӣ бахилӣ кардан, яъне онҳоро ба таври писандида анҷом надодан гуноҳ аст.

Аз маъсиятҳои батн (шикам)

  • Хўрдани моли мардум бо роҳи рибо (судхурӣ) ва фиреб.

  • Пора ва ришва гирифтан ва додани он.

  • Роҳзанӣ ва ғоратгарӣ кардан ва бо ин роҳ манфиат бурдан ё ба он далолат кардан.

  • Дуздӣ кардан ва ё хўрдан ва истеъмол кардани чизе, ки соҳибаш розӣ нест ва барояш иҷозат надодааст.

  • Хамр (арақ, нашъа ва амсоли он) истеъмол кардан ва ё барои ривоҷи он мусоидат намудан, мисли сохтан, фурўхтан, тўҳфа кардан, интиқол додан...

  • Истеъмоли моли ятим ба тариқи ботил (ноҳақ) хўрдани моли ятим аз гуноҳони кабира аст.

  • Аз моли ғанимат ё моли ҷамъият бе иҷоза истифода бурдан.

  • Касеро дар анҷом додани амали эҳсон маҷбур кардан, дар ҳоле ки шахси маҷбуршуда бо хушии дил онро намекунад ва пас аз он манфиъат бурдан.

Аз маъсиятҳои чашм

  • Бо қасди шаҳват назар ба номаҳрам кардан.

  • Дар шармгоҳ ва авроти мардум назар кардан.

  • Бо таҳқиру бадбинӣ бар мусалмоне нигаристан ва алалхусус ба рўи волидайн чунин назар кардан, гуноҳ аст.

  • Дар хона ё мулки каси бегона бе хоҳиш ва изни вай назар кардан, раво нест.

  • Дар сурат ва аксҳои ҳаром (мисли филмҳои фоҳиша) назар ва тамошо кардан, раво нест.

Аз маъсиятҳои забон

  • Дар ғоиб будани мусалмон сухан аз вай гуфтан, ки дар ҳузураш ўро хуш наояд ин ғайбат аст, агар чи ў дорои сифатҳои гуфташуда бошад.

  • Намима - бо қасди низоъ ва фитнаангезӣ байни мардум суханчинӣ кардан, ҳаром аст.

  • Дурўғ гуфтан, қасами дурўғ хўрдан, агар чи ба қасди шўхӣ ва ҳазл бошад ва хоби дурўғ бофтан раво нест.

  • Тасдиқ намудани дурўғ ва бўҳтон ва ё гувоҳӣ бар он додан раво нест.

  • Дашном ва лаънат кардани мусалмон фисқ аст.

  • Пўшидан ва пинҳон доштани шаҳодат (гувоҳӣ) дар ҷиноят, дар ҳоле ки барои изҳори гувоҳӣ хавфи ҷон ё мол надошта бошад, раво нест.

  • Даъво бар дурўғ ва ботил кардан (мисли: худро ба каси бегона нисбат додан) раво нест.

  • Сухани қазф - шахси покдоманеро бар зино тўҳмат кардан гуноҳ аст. (Шахси тўҳматкунандаро дар шариъат ҷазо таъйин шудааст).

  • Талоқи бидъӣ додан, (яъне дар ҳолати ҳайзи зан, ё дар ҳолати покии вай, ки пеш аз он ҷимоъ кардааст, ё се талоқро дар як дафъа додан - ҳаром аст).

  • Зиҳор – қавле аст, ки баъди вай мардро каффорат воҷиб мегардад, агар баъди он занро талоқ накарда бошад.

  • Ғалат ва бо лаҳн хондани Қуръон дар ҳоле, ки маънии оятро фосид кунад, раво нест.

  • Тарки васияти маййити мусалмонро дар қарз ё қазои тоати вай намудан, раво нест.

  • Бе огоҳӣ ва дониши кофӣ дар масъалаҳои шаръӣ фатво додан ва чизеро аз пеши худ гуфтан, ҳаром аст ва чунин рафтор хатари азиме дорад.

  • Аз ғайри фармудаи шариъат байни мардум дар амре қазоват кардан.

  • Тарки амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар кардан, дар шароите, ки барои он қодир бошад.

  • Ҳангоми мусибат фарёду фиғон ва навҳагарӣ кардан.

  • Дашном додани саҳобагони Паёмбар бидуни истисно куфр аст.

  • Болои хостгории бародари мусалмон хостгорӣ кардан.

  • Таҳқир ва масхара кардани шахси мусалмон (агар чи девона бошад) ва инчунин масхара кардани чорпоён раво нест.

  • Пўшидани илми зарурии динӣ ва ё маслиҳати писандида аз касе, ки талаби онро дорад, раво нест.

  • Ҳар сухане, ки таҳриккунанда ба сўи амали ҳаром бошад, ҳаром аст, (мисли: бо зани бегона сухани нарм ва навозишкунанда намудан, ки сабаби амали зино бошад).

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]