Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
5
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Анвоъи нафақот

1. Нафақа иборат аз ғизову хӯрокаҳо ва нӯшобаҳое аст, ки дар урфи мардуми ҳамон ҷо дастрас ва маъмул бошад. Нафақоти хонаводаи мард бояд аз тариқи покиза ва ҳалол касбшуда бошад ва бидуни миннату озор адо карда шавад.

2. Таъмини либоси муносиб барои зан дар ҳар мавсим аст, барои баровардани эҳтиёҷоти ӯ лозим аст. Аммо либосҳои изофагӣ ва гароне, ки зиёда аз зарурати зан бошад, муҳайё кардани он бар шавҳар воҷиб нест.

3. Таъмини манзил ва хонаи зист низ барои ҳамсар лозим аст, ки он ҳам ба қадри тавон ва дороии шавҳар бошад ва бидуни мушкиливу танговарӣ барои зан бошад.

4. Чизи дигаре, ки бар зиммаи шавҳар воҷиб шудааст, пардохтани маҳри зан аст.

Дар шариъат миқдори маҳр андозаи муайян надорад, вале аз рӯи фармудаи донишмандони мазҳаби ҳанафӣ, миқдори камтари он даҳ дирҳам буда, миқдори аксари онро андозае нест.

Агар дар вақти ақди никоҳ миқдори маҳр ном бурда нашуда бошад ва ба чизе ҳам тавофуқ накарданд, пас бар дӯши шавҳар пардохтани маҳри мисл лозим мегардад. (Маҳре, ки дар асри ҳамон зан ва аз қавми падараш чи қадар занони ҳамсонаш маҳр бигиранд, онро маҳри мисл меноманд).

❁❁❁

Фасл дар баёни аҳкоми муомилот

Омўхтани масоили зарурии муомилот бар касоне, ки дар навъе аз муъомилот машғуланд (чун: хариду фурўш, иҷора, қарз, ширкат ва ғайра) воҷиб аст.

Ақди хариду фурўш бо эҷоб ва қабул баста мешавад, мисли ин ки гўяд: “Фурўхтам” ва гўяд: “харидам”, ё ба тариқи доду гирифте, ки далолат ба розигии тарафайн кунад, ҳосил мешавад. Пас, вақте ки эҷоб ва қабул аз ду ҷониб ҳосил шавад, паймони байъ ҳосил шуда, яке аз онҳоро ихтиёри вайрон кардани он нест, магар дар ҳоле ки молу матоъи аҳдшуда айбе дошта бошад ё матоъро муштарӣ то ҳол надида бошад.

Худованд ба бандагонаш хариду фурўшро ҳалол карда ва риборо (судхўриро) ҳаром кардааст ва хўранда ва диҳандаи онро аз азоб огоҳ карда ва парҳезкунандаашро бар аҷру савоб ваъда кардааст, чуноне ки фармудааст:

وَأحلَّ الله البَيعَ وَحَرَّمَ الرّبا

Яъне: «...Ва ҳалол гардонидааст Худованд байъро, вале ҳаром кардааст риборо». (сураи Бақара, ояти 275).

Пайғамбари Худо дар шаъни тоҷири парҳезгор аз рибову чизҳои ҳаром, чунин башорат фармудаанд:

p التَّاجِرُ الصَّدوقُ يحشرُ يَومَ القيامةِ معَ النبيين والصّدّقِينَ والشّهداءِ i

«Тоҷири росткор ва содиқ, дар рўзи киёмат ҳамроҳи пайғамбарон ва содиқон ва шаҳидони роҳи Худо ҳашр карда хоҳад шуд». (р. Бухорӣ).

Дар ин бора яке аз донишманди бузурги асри тобеъин Ато ибни Абурабоҳ (р.ҳ.) фармудааст: «...бар ту воҷиб аст, ки таълим омўзӣ то он ҳоле ки бидонӣ, чи гуна намоз гузорӣ ва чи гуна рўза дорӣ ва чи гуна бифурушӣ ва бихарӣ ва чи гуна никоҳ кунӣ ва чи гуна талоқ намоӣ».

Фасл дар баёни масоили рибо

Хўрдани рибо ва гирифтани он, гувоҳ шудан бар он ва восита шудан барои он, ҳаром аст.

Рибо (судхўрӣ) ду навъ аст, яке рибо дар қарз ва дигар рибо дар иваз, ки ҳар ду навъи он ҳаром аст. Пас рибои қарз он аст, ки ҳангоми қарз додан, бо шарти фоидаи барзиёд аз он гирифтанро намоянд, (масалан: соҳиби мол аз қарздор ба хотири қарзи додааш, маблағ ё манфаъате зиёда аз маблағи додашударо талаб намояд, ки ҳамин суд бурдан бидуни иваз аст ва ин амал дар дини илоҳӣ мамнўъ ва ҳаром аст). Чунончи фармудаанд: “Ҳар қарзе, ки барои соҳибаш бо худ манфиъатеро бикашад, ҳамон рибо аст”.

Мисолҳои рибое, ки ҳангоми хариду фурўш ва ивази амвол ҳосил мешавад ба тарзи мухтасар чунин аст:

Раво нест: фурўхтани чизе дар паймона бар паймонаи дигар (яъне масалан: як сабат хурморо бар як сабат хурмо) ва чизи мавзунро бар мавзун (яъне чизҳое, ки бо тарозу вазн кунанд) - агар дар вазн аз ҳам фарқ кунанд ё ба насия бошад ва ё аз ғайри даст бар даст гирифтани ин чизҳо бошад. Инчунин дуруст нест фурўхтани нақд (тилло, пул) бар нақди дигар, ки аз як навъ ва қиммат бошанд, дар ҳоле, ки дар як маҷлис даст бар даст нашуда бошад, (ба тарзи насия бошад) ё дар миқдор аз ҳам фарқ дошта бошанд. Аммо иваз кардани ду навъ пули гуногунарзиш (масалан: пули хориҷиро ба пули Ватанӣ) раво аст, ба шарте, ки даст ба даст шуда бошад. Инчунин гандумро бар гандум (аз як навъ) раво нест, агар дар миқдор аз ҳам фарқ кунанд ё ба тарзи насия бошад. Аммо фурўхтани чизе ба пули нақд ё ба насияе, ки миқдори маблағ ва замони он маълум бошад, раво аст.

Раво нест байъи фузулӣ (яъне чизе ки моли ў набошад, ё аз соҳиби он рухсати фурўхтани онро надода бошад). Ва инчунин раво нест фурўхтани моли озод, ки мулки касе набошад (монанди шахси озод ё замини озод). Раво нест байъи маҷҳул, яъне фурўхтани моле, ки касе онро надонад (монанди ҷанини ҳайвон дар шиками модараш). Ва инчунин байъи чизи маъдум (яъне моле ки дар дастраси касе нест, мисли парранда дар ҳаво ё моҳӣ дар об) раво нест. Аммо нодида харидани мол раво аст, агар васфи онро карда бошанд, вале баъд аз дидани он харидор ихтиёр дорад (дар гирифтан ё нагирифтани он).

Фурўхтани наҷосат ва палидӣ, мисли хук (ё гўшти хук), мурдор, хамр (арақ, нашъа ва дигар мухаддарот) ҳаром аст. Харидан ва фурўхтани олатҳои лаҳву бозӣ (мисли нард) низ раво нест ва инчунин моле, ки айб дошта бошад, бе изҳори айби он барои муштарӣ, раво нест. Фурўхтани чизи ҳалол барои касе, ки онро барои ҳаром кор мебарад, раво нест, мисли: фурўхтани ангур барои касе, ки аз он хамр месозад.

Инчунин ҳангоми фурўхтан ё харидани ҳайвоне модарашро аз бачаи ширхорааш ҷудо кардан макрўҳ аст.

Хариду фурўши шахси девона ва кўдаки ноболиғ (бе иҷозаи сарпарасташ) мавқуф аст, ки агар падараш иҷозат дод, раво мегардад, вагарна дуруст намебошад. Инчунин дар вақти хариду фурўш нуқс кардан (фиреб додан) дар ҳисоб, андоза, вазн ва адади мол, раво нест ва дурўғ гуфтан (қасами дурўғ хўрдан) низ раво нест. Зеро ингуна муомила гарчи дар зоҳир ривоҷдиҳандаи мол аст, вале дар ҳақиқат дуркунандаи баракати он аст.

Назди муштариён боло сохтани нархи моле, ки худи фурўшанда (ё каси дигар) гуё он молро бо нархи баланд харидорӣ мекунад, (то ки муштариён ба он нарх харидор шаванд) раво нест. Инчунин дар вақти қарз додан ба иҷоракор бо ин шарт, ки пас аз кори ў аз муздаш кам кунад, ҷоиз нест. Инчунин барои деҳқон қарз додан бо ин шарт, ки: пас аз ҷамъоварии зироат, онро бо нархи арзон аз қиммати аслияш талаб кунад, (ба сабаби карзе, ки пеш аз зироат дода буд) ҷоиз нест. Аммо бо заминдор ё деҳқон ҳамкорӣ намудан, бо шарти тақсими даромади ҳосил (чун замин аз ҷониби нафаре ва кишту кор аз ҷониби деҳқон) раво аст, ки инро музориъат меноманд.

Моле, ки нархи он байни фурўшанда ва харидори дигар, пас аз акди онҳо муқаррар шуда бошад, дар нархи муқарраршудаи он дахолат кардан раво нест. Иҳтикор кардан дар озуқаҳои зарурии мардум раво нест, (яъне озуқаи заруриро ҳангоми ниёзи мардум бо қасди гарон фурўхтан захира кардан раво нест).

Агар харидор ё фурўшанда аз байъи худ пушаймон гарданд, (баъд аз ақд кардани байъи мол), метавонад яке соҳиби худро хоҳиш намояд, ки байъро фасх (бекор) кунад, ки дар чунин ҳолат бекор кардани он барояшон беҳтар аст.

Фасл

Тақсимоти таракаи маййит (яъне амволе, ки баъд аз марги шахс боқӣ мемонад) ба ин тартиб сурат мегирад:

    1. Аз моли таракаи маййит аввалан барои хароҷоти кафан, ғусл ва дафни маййит масраф мекунанд, бе ин ки дар он исроф ва ё камбудие шавад.

    2. Агар маййит аз касе қарздор бошад, ки бо гувоҳ ва ҳуҷҷат ояд, пас қарзи ўро аз моли боқимондааш дода мешавад. Инчунин агар касе аз маййит қарздор бошад ва онро баргардонад, онро низ дар моли маййит зам мекунанд.

    3. Агар маййит дар ҳоли қодир буданаш, фарз ё воҷиберо анҷом надода бошад (мисли намоз, рўза, адои ҳаҷ, назр) ва барои иҷро кардани ин амалҳо васият карда бошад, пас ворисонаш аз моли боқимондааш дар анҷом додани онҳо мепардозанд. Аммо дар ҳоле, ки маййит барои иҷрои чунин амалҳо васият нокарда аз дунё рафта бошад, бар ворисон адои онҳо воҷиб нест, вале агар анҷом диҳанд раво аст.

    4. Агар чизеро ба касе васият карда бошад, дар анҷом додани васиятҳои маййит бипардозанд ва васияти ўро то сеяки молаш иҷро карда мешавад, на зиёда аз он.

    5. Баъд аз иҷро кардани ин тартиботи зикршуда, моли боқимондаро байни меросбарони маййит ба қадри ҳиссаи ҳар яке аз онҳо мувофиқи дастуроти шариъат тақсим карда мешавад.

❁❁❁

Фасл дар баёни воҷиботи қалбӣ

  • Нахустин чизе, ки вазифаи қалб аст, имон доштан бар Худои Ягона ва бар он чи ки аз Ў Таъоло омадааст ва бар Расули Ў ва он чи ки аз он ҳазрат омадааст.

  • Ихлос намудан дар аъмоли нек аз барои Худои Таъоло аст, (яъне ҳамаи кирдорҳои некро маҳз бо ихлос анҷом додан аст, ки дар онҳо риёкориву худнамоӣ набошад).

  • Пушаймон шудан аз амалҳои бад ва гуноҳҳои кардашуда.

  • Таваккул кардан бар Парвардигор дар корҳои мубоҳ, на дар амали бад ва гуноҳ.

  • Таслим будан дар қазо ва тақдир, яъне розӣ будан бар қазо ва қисмати илоҳӣ аст.

  • Таъзим намудани шиори Ислом мисли Намоз, Рўза, Ҳаҷ, Каъба, Закот, пайёмбари гиромӣ ва ғайри онҳо.

  • Шукр ва сипос намудан дар неъматҳои илоҳӣ аст, ки аломати шукргузории он истеъмол накардани неъмат дар чизҳои ҳаромшуда аст.

  • Сабр намудан дар мусибатҳо ва дар адои тоъатҳо ва аз маъсиятҳо, (яъне худдорӣ кардан аз гуноҳон аст).

  • Нафрат доштан нисбати гуноҳ ва мункарот (чизҳои нописанд ва бад).

  • Хавф доштан аз иқоби илоҳӣ ва умедвор будан аз раҳмати Парвардигор, бар мусалмон лозим аст.

  • Ҳаё доштан аз иртикоби корҳои бад ва нохуш.

  • Муҳаббати имон ва амали нек ва инчунин тарсидан аз рафтани имон (яъне ҳамеша нигоҳ доштани имон) бар бандаи мўъмин воҷиб аст.

  • Муҳаббати Худо ва каломи Ў (яъне Қуръон) ва Расули Ў Муҳаммад алайҳиссалом ва саҳобагони Пайғамбар ва аҳли байти он ҳазрат алайҳиссаломро дар дил доштан.

Дар баёни намуди гуноҳони ҷавориҳ (андом ва аъзо)

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]