- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Аҳкоми қурбонӣ
Бар мусалмони озод, муқим ва сарватманд, ки садақаи Фитр бар вай воҷиб бошад, қурбонӣ карданаш низ воҷиб аст. Пас дар масъалаи қурбонӣ балоғат ва ақл шарт нест. Шахси сарватманд дар ин масъала касе аст, ки молаш ба нисоби тилло ё нуқра расидааст, ғайри ҳоҷати аслӣ ва қарзаш, агар чи молаш зиёдашаванда набошад.
Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
Уштур, гов ва гўсфанд (ё буз) мебошанд.
Агар моли қурбонӣ маҷнун ё бешохи модарзод ва ё хоришак бошад, дар қурбонӣ зарар надорад, яъне барои қурбонӣ раво аст. Барои қурбонӣ як сар гўсфанд аз ҷониби як нафар ва дар як сар гов ё уштур аз ҷониби як нафар, то ҳафт нафар низ метавонанд дар он шарик шаванд. Аммо дар қурбонии шарикӣ бояд нияти ҳамаи шарикон қурбонӣ кардан бошад, вагарна чун нияти яке аз онҳо гўштхўрӣ бошад, қурбонии онҳо дуруст намегардад.
Чорпое, ки дорои яке аз иллатҳои зерин бошад, барои қурбонӣ дуруст нест:
Шохшикаста.
Аксари гўш, ё дум, ё дунбааш буридашуда.
Чорпои ланге, ки роҳ гашта натавонад.
Чорпои нобино (кўр).
Чорпои бедандоне, ки наметавонад алаф хўрад.
Чорпои беморе, ки бемориаш зоҳир ва ошкор бошад, барои қурбонӣ салоҳият надоранд. Барои касоне, ки намози Ид бар онҳо воҷиб аст, қурбони худро баъд аз адои намози Ид мекушанд ва то ғуруби офтоби сеюмин рўзи Ид, фурсати қурбонӣ кардан ҳаст.
Гўшти қурбониро ба се қисм ҷудо намуда, якеро садақа кардан ва дигарро хўронидан ва боқиро захира кардан суннат аст.
Пўст ва шох ва дигар узви боқимондаи онро садақа кунанд ё барои чизе истифода кунанд, вале ҳамчун музди қассоб аз вай надиҳанд ва онро нафурўшанд.
Забҳ кардани қурбонӣ бо дасти худи қурбоникунанда беҳтар аст. Ва агар худаш наметавонад, пас каси дигареро фармояд, вале онҷо ҳозир буданаш низ беҳтар аст.
❁❁❁
Фасл дар баёни масоили никоҳ
Никоҳ - ақд ва паймоне аст, ки робитаи заношӯйиро байни марду зани бо ҳам бегона пайванд мекунад ва дорои якчанд шартҳо аст.
Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
Ҳозир будани мард ва зани ақдшаванда ё вакили эшон.
Ҳозир будани ду нафар марди мусалмони оқил, болиғ ва озод (ё як марду ду зани мусалмон) ба ҳайси шоҳид, ки лафзҳои домоду арӯсро дар як маҷлис шунаванд ва бифаҳманд.
Бо лафзи эҷоб (лозим гардонидан) ва қабул (пазируфтан), ки бо сиғаи замони гузашта бошад, мисли ин ки дар эҷоб бигӯяд: “додам” ва дар ҷавобаш бигӯяд: “пазируфтам” гузаронида мешавад.
Арӯсу домод бояд ба ҳамдигар маҳрам ва ҳароми абадӣ набошанд. Монанди модари разоъӣ (зане, ки барояш шири худро додааст), ё аммаву ҷиян, хоҳару бародар, домоду хушдоман ва...
Инчунин зан дар никоҳ ё иддаи марди дигар набошад.
Никоҳи зани кофира (яъне бутпараст ва оташпараст ва бедин) раво нест. Никоҳи занҳои аҳли китоб, яъне насронӣ ва яҳудӣ ҷоиз аст бо шартҳои худ. Аммо никоҳи мутъа ва никоҳи муваққатӣ бо иҷмоъи уламо ҳаром аст.
Таъминоти нафақа
Таъмин намудани нафақа аз фармудаи шариъат ба се сабаб бар зиммаи шахс лозим мегардад:
1. Ба сабаби ҳамсарӣ, ки бар зиммаи шавҳар таъмини нафақаи завҷааш воҷиб аст.
2. Ба сабаби насабӣ, ки бар падар (ё касе, ки ба ҷои падар бошад) таъмини нафақаи фарзандон то замони ба балоғат расидани онҳо воҷиб аст. Инчунин нафақаи фарзандони болиғе, ки ба иллати беморӣ ё маҷнунӣ аз касбу кор оҷиз монда бошанд. Ва нафақаи волидайн, ки аз касб оҷиз монда ё фақир бошанд, бар фарзанди эшон воҷиб аст.
3. Ба сабаби молик ва соҳибамр шудан, ки бар хоҷа нафақаи ходимаш воҷиб аст. Инчунин нафақаи чорпоён ҳам бар зиммаи соҳибаш ё касе, ки онҳоро нигоҳ медорад вогузор шудааст.
Пас нафақае, ки ба сабаби ҳамсарӣ лозим мешавад, бахотири маҳбус мондани зан дар хонаи шавҳар аст. Бинобарин, таъмин намудани нафақа бар мард воҷиб аст, чи зани ӯ мусалмон бошад ва чи ғайри мусалмон, модоме ки мутеъи шавҳар аст.
Таъмини нафақа ба қадри тавони шавҳар ва мувофиқи ҳоли иқтисодии ҳамсарон масраф карда мешавад. Ва нафақаи зан бар шавҳар воҷиб аст, агар чи зан бемор шавад, ё девона шавад, ё офате расидааст, ки наметавонад бо ӯ муҷомиъат кунад, ё шавҳар ба ҳайсе пир шудааст, ки аз муҷомиъат оҷиз монда бошад...
