- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Воҷиботи ҳаҷ
Эҳромро аз миқот (макони муайяне, ки барои эҳром таъйин карда шудааст) шурўъ кардан.
Истодан дар Муздалифа баъд аз баромадани субҳи рўзи Ид, пеш аз рўзҳои ташриқ (се рўзи баъди Ид).
Андохтани сангпораҳост (ҷамратул ақаба) дар рўзи наҳр (Ид) ва сангҳое , ки «ҷамароти салос» гўянд, дар рўзҳои ташриқ.
Забҳ кардани Қорин (яъне шахси ба нияти ҳаҷ ва умра эҳромбаста) ва Мутаматтиъ (ба нияти умра эҳромбаста).
Ҳалқ (тарошидан) ё кўтоҳ кардани муйи сар рўзҳои наҳр (Ид) дар Ҳарам.
Тақдими (пеш намудани) сангандозӣ аз ҳалқ (сартарошӣ).
Саъй (зуд-зуд роҳ гаштан) байни кӯҳҳои Сафо ва Марва дар моҳҳои ҳаҷ, ки пиёда бошад, магар бо узр.
Тавофи Садр (ё видоъ низ гӯянд) бар касе, ки аз роҳи дур омадааст, ки ӯро Офоқӣ мегӯянд.
Оғози тавоф кардан аз санги сиёҳ то санги сиёҳ пиёда ва бо сатри аврат ва бо таҳорат будан, ки хонаи Каъба аз ҷониби чапи ҳоҷӣ бошад.
Воқеъ кардани тавофи зиёрат дар рўзҳои Наҳр.
Гузоридани ду ракъат намоз баъд аз тавоф.
Касе, ки яке аз ин воҷиботро тарк намояд, гунаҳкор мешавад ва бар вай фидя лозим мегардад, вале ҳаҷҷи вай ба тарки воҷибе вайрон намешавад.
Аммо дар тарк намудани аркони ҳаҷ, ки зикр шуд, ҳаҷ вайрон мешавад. Бинобарин, шахсе, ки барои зиёрати адои ҳаҷ сафар кардани бошад, қаблан аз аркону воҷиботи он бархурдор шавад, то ҳаҷҷи вай мақбул ва саъйи вай машкур гардад.
Фасл
Ҳар касе, ки аз барои адои ҳаҷ эҳром бастааст, ўро муҳрим мегўянд ва бар вай ин амалҳои зерин манъ аст:
Хушбўӣ кардани муҳрим.
Равған молидан бар сар ва риши худ.
Тарошидани муйи сар.
Нохун гирифтан.
Ҷимоъ кардан.
Сайд (шикор) кардан ва ё далолат бар он намудан.
Пўшидани сар ва рўй ва либоси дўхта барои мард ва пўшидани рўй барои зан.
Ҷангу ҷидол кардан.
Агар муҳрим яке аз ин ҷиноятҳоро дар Ҳарам содир кард, гунаҳкор мешавад ва бар вай фидя лозим мегардад. Касе, ки дар ҳоли эҳром ҷимоъ кунад (пеш аз вуқуф) ҳаҷҷи вай фосид мешавад ва бар ҳар яке аз онҳо дам (яъне забҳи мол) лозим мешавад. Сипас, қазогии ин ҳаҷро дар соли оянда ба ҷо меоранд. Инчунин дар ҳудуди ҳарам шикор кардан ва кандани гиёҳи (растании) онҷо бар муҳрим ва ғайри муҳрим раво нест. Ва агар чунин карданд бар эшон фидя воҷиб мешавад.
Ҳаҷҷи умра
Сафари умра суннат аст ва дар ҳамаи вақти сол дуруст аст, магар дар рўзҳои Арафа ва рўзи Наҳр ва рўзҳои ташриқ. Барои адои ҳаҷҷи умра шахси аз беруни Макка омада, аз миқот эҳром мебандад ва шахси дохили он буда, аз Ҳилл эҳром мебандад. Пас аз эҳром бастан, тавоф мекунад ва байни Сафо ва Марва саъй мекунад ва пас сари худро тарошида аз эҳром мебарояд.
Фасл
Боқӣ амалҳое, ки дар ҳаҷ мебошанд, аз суннату одоби он аст. Шахси ҳаҷкунанда, ки ӯро ҳоҷӣ мегӯянд, бояд аркону қоидаҳои ҳаҷро хуб риоя карда, дар Ҳарам аз ҷиноят кардан парҳез кунад. Мустаҳаб аст, ки дар ҳаққи худ ва волидайн ва боқи мусалмонон дуъои нек кунад. Ҳангоме, ки ба шаҳри Мадина меравад, қабри мубораки Пайғамбар алайҳиссаломро зиёрат карда, дуъҳои нек кунад. Зиёрат кардани қабри Пайғамбар алайҳиссалом бо иҷмои Уламо ҷоиз буда, яке аз қурбатҳо аст ва сафари он мандуб (мустаҳаб) аст, чуноне, ки аз Он ҳазрат ривоят кардаанд:
«Ҳар касе, ки қабри манро зиёрат кард, шафоати манро ноил хоҳад шуд». ( р. Дорақутнӣ ва ғайра).
Пас аз он ки ба равзаи мутаҳҳара ворид шуд, ибтидо аз салом ва дуруд бар Пайғамбари Худо ва саҳобагони эшон кунад. Ва дуъо кунад чизеро, ки хост ва пас зиёрати қабри Ҳамза ва Усмон ва аҳли хонаи он ҳазрат ва асҳоби эшон ва тобеин кунад.
Дар бораи фазилати ҳаҷ сухан зиёд омадааст ва овардаанд, ки агар мусалмонро адои ҳаҷҷи мабрур муяссар шавад, гуноҳони вай бирезад. Чунончи дар ҳадисе омадааст: «Ҳар мусалмоне, ки (холис аз барои Худо) ҳаҷҷашро бо ҳамаи тартибҳояш адо мекунад ва кори нохуше накарда, аз он ҷо бармегардад ба монанди кӯдаки навзодае аз гуноҳҳои худ пок мешавад».
