Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
5
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Садақаи Фитр.

Додани садақаи Фитр бар мусалмони озод, ки молаш ба нисоб расидааст, агар чи зиёдашаванда набошад ва ғайри ҳоҷати аслияш бошад, воҷиб аст. Инчунин бояд субҳи рўзи Идро дарёфта бошад, ки аз тани худаш ва кўдакони ноболиғаш ва ходимаш садақаи Фитрро қабл аз намози Ид адо мекунад.

Миқдори садақаи Фитр нисфи соъ аст аз гандум (тақр. 1,7- 2 кг.) ё як соъ аз ҷав ва ё хурмо ва ё қиммати онҳо аст.

Дар вақти адо кардани закот ё ҷудо кардани маблағи он, бояд закотдиҳанда нияти адои закотро дошта бошад. Закоти мол ва садақаи Фитрро бояд дар дасти худи мустаҳиққонаш супорид.

Масорифи закот

Закоти мол ва садақаи Фитр танҳо барои яке аз ин ҳафт гурӯҳи мардум дода мешавад, чунончи зикрашон дар Қуръон омадааст:

                        

Яъне: Масорифи садақот (закот ва садақаи Фитр) танҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунони ҷамъи он ва онҳое, ки улфат дода мешавад дили эшонро. Ва барои озодии ғуломон ва барои вомдорон (қарздорони дармонда) ва ғозиёне, ки дар роҳи Худо – анд ва шахсони дар роҳ (дар сафар бе тўша) монда, дода мешавад. (сураи Тавба ояти 60).

Яъне:

1). Барои фақир, ки моли ў кам аз нисоб мебошад.

2). Барои мискин, ки ўро ҳеҷ моле намебошад.

3). Барои ҷамъкунандаи закот, ки бар вай ба қадри амалаш дода мешавад.

4). Барои фил-риқоб (ғуломе, ки барои озод кардани худ бо хоҷааш шартнома навистааст), ки барои озодии вай низ аз моли закот кўмак карда мешавад.

5). Барои ғоримон, яъне қарздороне, ки қарзи эшон аз молашон зиёд гашта ва барои адои он оҷиз мондаанд.

6). Барои фӣ – сабилиллоҳ, яъне ҳар касе, ки дар роҳи Худо ғозӣ аст ва ё касе, ки дар интишори дини илоҳӣ машғул аст, ё касе, ки дар сафари ҳаҷ аз ҷамоати худ монда ва барои бозгашт маблағе надорад.

7). Барои Ибни сабил, яъне касе, ки дар сафар бошад ё дар маконе расида бошад, ки моле надорад то бозгардад. Бинобарин, барои кўмаки вай ба қадри масрафи роҳ аз моли закот додан раво аст, агар чи дар ватани худ ғанӣ бошад.

Ин ҳафт гурўҳи мардум, ки зикр шуданд, бояд аз аҳли ислом (яъне мусалмон) бошанд. Зеро ба шахси ғайри мусалмон садақаи фитр ва закотро дода намешавад. Аммо садақоти ғайри воҷибиро ба шахсони ғайри мусалмон додан раво аст.

Пас, масраф кардани закот барои бинои масҷид ва ё такфини маййит ва ё бинои мактаб ва ё пардохти қарзи маййит раво нест. Инчунин додани закот (аз диҳандаи он) барои падари худ ва бобои худ ва барои фарзандон ва наберагонаш дуруст нест. Аммо барои ақрабои худ мисли амма, хола, бародар ва хоҳар, додани закот раво аст, агар онҳо аз ҷумлаи шахсони мустаҳиққи закот бошанд. Бинобарин, дар чунин амал ду аҷр аст, яке адои закот ва дигар силаи раҳм нисбати эшон.

Бурдани закот ба шаҳр ё минтақаи дигар макрўҳ аст, ба ҷуз дар ҳоле, ки аз барои хешони худ бошад, ё барои ононе, ки мўҳтоҷтар аз аҳли он шаҳр бошанд.



Фасл дар баёни баёни аҳкоми ҳаҷ

Дар тўли умр як бор адои ҳаҷ кардан, бар ҳар як мусалмони озоду оқил ва болиғу тандуруст (яъне равону бино), ки молаш барои тӯша ва савораи сафари ҳаҷ ва баргашти он кифоягӣ кунад, фарз мебошад. Ҳамчунин шарт аст, то вақти аз сафари ҳаҷ баргаштан, нафақаи аҳлу аёлаш таъмин бошад. Инчунин амну бехатарии роҳи сафар низ шарт аст. Барои сафар кардани занон ҳамроҳии шавҳар ё маҳрами онҳо шарт аст, дар ҳоле, ки масофати байни хона ва Макка 100 км. ё зиёда аз он бошад.

Дар адо кардани ҳаҷ се чиз фарз аст:

1. Эҳром бастан аст, (яъне нияти адои ҳаҷ кардан).

2. Истодан дар мавзеъи Арафот аз байни заволи офтоби рўзи Арафа то субҳи бегоҳии Ид.

3. Тавофи ифоза кардан дар атрофи хонаи Каъба баъд аз тулўъи субҳи рўзи Ид.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]