Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
5
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Сифати Пайғамбарон

Пайғамбарон яке аз бандагони илоҳӣ буда, Худованд эшонро аз байни худи мардум баргузида, интихоб кардааст, бинобарин паёмбарӣ бо сабаби тоъатҳои зиёд ва касби ибодот ба даст намеояд. Худованд барои расонидани дин ва аҳкоми шариъат паёмбаронро чун воситаву расонандаи дини худ гардонидааст, ки барои ин амри бузург, барояшон сифатҳои хосе бахшидааст ва эшон соҳиби сифатҳои аълои инсонӣ ва мақоми шарифе буданд.

Бинобарин, шахси мўъмин бояд манзалати эшонро шиносад ва чизҳое, ки бар онҳо нисбат додан раво набошад, онро роҳ надиҳад. Пас, ҳамаи пайғамбарони илоҳӣ пеш аз паёмбарӣ ва баъд аз он, дорои сифатҳои аъло ва писандида буданд, монанди: ростқавлӣ ва росткорӣ, зиракӣ ва идроки беназир ва дар расонидани паёми илоҳӣ содиқ ва амин буданд, ки чизеро аз пеши худ ё аз фикри худ дар ҳукми илоҳӣ илова накарда ва дар расонидани аҳкоми дин хатогиву иштибоҳе накардаанд. Ҳамаи пайғамбарон инсонҳои комил хубсурат ва хушрафтор ва хушовозу зебоманзар буданд.

Паёмбарони илоҳӣ, ҳама аз дурўғгўӣ, хиёнаткорӣ, хасисӣ, кўтоҳандешӣ, камхирадӣ ва бадахлоқӣ поку мубарро буданд. Худованд онҳоро аз куфру гуноҳҳои калону хурд ва аз тарсончакиву бесуботӣ нигоҳ доштааст. Бинобарин, ба ҳеҷ як пайғамбар, сифатҳои бад ва амалҳои нописанд ва бемориҳои нафратовар нисбат додан раво нест. Монанди девонагӣ, камхирадӣ, беморие чун песӣ, гунгӣ ва нобиноии модарзод ё фалаҷ ё бемории нафратоваре мисли кирм кардан, буйи бад гирифтан ва монанди инҳо, ки ҳамаи онҳо аз чунин иллатҳо пок буданд.

Аммо пайғамбарон, ки аз ҷумлаи одамӣ буданд, аз иштибоҳ ва хатогии башарӣ дар амри дунё, холӣ набуданд. (Монанди хатогии ҳазрати Одам алайҳиссалом, ки донаи гандуми манъшударо дар Ҷаннат тановул карда буданд ва фавран баъд аз он тавба намуданд ва Худованд эшонро бахшид).

Бинобарин, барои бародарони ҳазрати Юсуф алайҳиссалом пайғамбарӣ муносиб ва раво нагардид, зеро ки онҳо нисбати ҳазрати Юсуф алайҳиссалом ҷафо карда буданд, аммо аз насли онҳо, ки Асбот гўянд, паёмбарону бузургон баргузида шуда буд.

Ҳеҷ як пайғамбаре мардумро ба ибодати ғайри Худо (чун насроният яҳудият ва оташпарастӣ) даъват накардааст. Ҳамаи паёмбарон дар ақидаву асли дин, ки яктопарастӣ аст, як буданд ва дини эшон ягона аст ва он бо номи Ислом машҳур аст.

Мўъҷиза

Мўъҷиза кори ғайри одатиест, ки бо хости Худованд ва офаридани Ў ва бо даъвои пайғамбар ба вуқўъ меояд ва касе наметавонад мисли он, чизеро эҷод кунад. Яъне амре, ки одатан воқеъ шуданаш номумкин аст, монанди ба сухан даромадани дарахт, насўхтани оташ ва ғайраи дигар аз кори ғайри одатие, ки бо офаридани Парвардигор ва бо дасти пайғамбар воқеъ мешавад, онро мўъҷиза меноманд.

Аммо чунин кор бо дасти валие аз авлиё ба вуҷуд ояд, онро каромат меноманд, ки он ҳам мўъҷизаи пайғамбаре аст, ки ин валӣ аз уммати он пайғамбар бошад.

Вале он чизҳое, ки аз шахсони золим ва фиребгар (мисли Шайтон ва Даҷҷол) ба вуқўъ меояд, онро мўъҷиза намегўянд, балки онро истидроҷ гўянд, ки Худованд ба сабаби он амали фиребанда, соҳиби онро азоби бештар хоҳад кард.



Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]