- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Дар баёни Эътикоф
Маънии эътикоф – гушанишинӣ кардан аст. Мусалмони рӯзадор бо нияти эътикофшинӣ аз барои ризои Худои Таъоло дар масҷид ба эътикоф бишинад, лоиқи аҷру подоши бузург мегардад. Яке аз суннатҳои Паёмбари акрам алайҳиссалом дар моҳи Рамазон, (дар даҳаи ахир) эътикофнишинӣ аст.
Мусалмоне, ки барои эътикоф менишинад, ӯро «мӯътакиф» мегӯянд. Мўътакиф дар эътикоф ба намозхониву тиловати Қуръон ва зикру таълими илм машғул мешавад. Мӯътакиф бояд бе ягон узр чун: ҳоҷати одамӣ ва ё намози ҷумъа ё хавфи ҷон, аз ҳудуди масҷидаш набарояд. Зеро ки бе узр аз масҷид баромадан ва ё заношӯӣ кардан, эътикофро вайрон мекунад. Эътикоф нишастани мардон дар масҷид мебошад.
Мусалмони эътикофнишаста, ки рӯзадор аст, бояд аз ҷанобат пок бошад ва дар сурати воқеъ шудани он ғусл намуда, покиза шавад.
Эътикофи занон низ мисли эътикофи мардон аст, вале занҳо танҳо дар канори покизаи хонаашон ба эътикоф менишинанд.
Фасл дар баёни масоили закоти мол
Додани закоти мол бар мусалмони оқилу озод ва болиғу соҳибмол, ки молаш ба нисоб (миқдори муайяне аз мол) расида ва як соли қамарӣ аз болои он гузашта бошад, фарз мебошад. Бинобарин, мусалмони сарватманде, ки соҳиби мол аст ва аз додани закот саркашӣ мекунад, лоиқи азоби Худованд ва лаънати мусалмонон мегардад. Шахсе, ки фарзияти онро инкор кунад, хориҷ аз дин мешавад (паноҳ ба ХудоиТаъоло).
Додани закот бар шахси кофир, девона, ғулом, кўдак ва камбағал ва қарздор, ки моли вай ба нисоб нарасида бошад, фарз намебошад. (Камбағал касе, ки молаш бар нисоби камтарин нарасидааст).
Инчунин моли ба нисобрасида бояд зиёда аз ҳоҷати аслӣ, яъне нафақаи аҳлу аёл ва асбобу асоси истеъмоли хона ва маркаби савора бошад. Ва моли вай дар таҳти тасарруфаш қарор дошта бошад, яъне гумшуда ё мусодирашуда набошад. Кам ё ноқис шудани мол дар миёнаи сана эътибор надорад, балки охири сол эътибор аст. Инчунин моли вай зиёдашаванда бошад, (чун ба тириқи қиммат, тиҷорат, кишоварзӣ, чорводорӣ).
Дар миқдори кам аз нисоб будани ин молҳо ва кам аз як соли пурра будани онҳо закот нест. Ва инчунин шарт аст, ки чорпо аксари солро дар чарогоҳ чарида бошад, (яъне аксари муддати сол аз алафи чарогоҳ таъмин бошад).
Пас, бо вуҷуди шартҳои дар боло зикршуда закотро аз:
Уштур.
Гов ё говмеш.
Гўсфанд ва буз (ва асп низ ба қавли имоми Аъзам р.ҳ.).
Зироат ва мева.
Тилло ва нуқра.
Аз моли тиҷоратӣ.
Аз маъдан ва кон ва мисли он, дода мешавад.
• Нисоби аввали уштур панҷ сар аст.
• Нисоби аввали гов ва говмеш сӣ сар аст.
• Нисоби аввали гўсфанд ва буз чиҳил сар аст.
• Нисоби аввали тилло бист мисқол аст (тақ. 85 гр.).
• Нисоби аввали нуқра дусад дирҳам аст (тақр. 595 / 600 гр.).
Пас, дар ҳар аз панҷ уштур – як гўсфандро закот дода мешавад.
Ва дар ҳар сӣ сар аз гов ё говмеш - як гўсола закоти он аст.
Ва дар ҳар чиҳил сар гўсфанд ё буз – як гўсфанди яксола ё як бузи дусола закоти онҳост.
Пас аз пухта расидани мева ё зироъатҳо новобаста аз миқдори онҳо (ба қавли ҳазрати Имом ва Муҳаммад р.ҳ.) даҳяки онро ҳамчун закот (ушр мегўянд) адо карда мешавад ба шарте, ки ў соҳиби замин бошад ва дар обёрии замин масрафи зиёд накарда бошад. Аммо дар ҳолати меҳнат ва хароҷоти обёрии замин, нисфи даҳяки маҳсулоти зироъатро медиҳад.
Баъд аз расидани тилло ба бист мисқол, закоти он нисфи мисқол (яъне 2,5% ) аст, пас аз гузаштани як соли пурра. Ва дар дусад дирҳам нуқра (тақрибан 595 гр.) панҷ дирҳам нуқра закот аст, (яъне, 2,5% - и он) пас аз гузаштани соли пурра. Он миқдоре, ки зиёда аз ин андозаҳо бошад, бар ҳамин миқдори мазкур ҳисоб карда мешавад. Аммо аз қавли Имоми Аъзам (р. ҳ.) “...то он вақте, ки ба чиҳил дирҳам аз нуқра ва чаҳор мисқол аз тилло нарасад ва як соли пурраро набинад, чизе нест ғайри нисоби аввал. Пас ҳар вақте, ки бар 40 расид, дар ҳар як 40 дирҳам аз нуқра – 1 дирҳам аст ва пас дар ҳар 4 мисқол аз тилло низ ба ҳамин хисоб аст” (яъне, 2,5 %). (Аз фармудаи баъзе уламо: дар замони мо он пулҳое, ки дар муомила ровиҷ бошанд, дар ҳукми тилло ва нуқра -анд, ки аз онҳо низ бо шартҳои мазкур закоти мол дода мешавад).
Маъдан ва коне, ки ёфта мешавад панҷум ҳиссаи он аст, дар ҳол ва боқӣ мар ёбандаро аст, агар он замин мулки касе набуд. Агар маъдан аз замини (мулки) каси дигар буд, пас он молро ба соҳиби замин баргардонида мешавад. Агар коне ёфта шавад, ки дар он нишонаи Ислом буд, пас ҳукми он мисли чизи азкўчаёфта аст, (яъне бояд талаби соҳиби онро кунанд).
Закоти асал, ки онро аз кўҳ ё водӣ ҷамъкардашуда бошад, чи кам бошад ва чи зиёд, даҳяки он аст. Инчунин ҳар он гиёҳе, ки аз оби сел ё борон рўида аст, даҳяки он воҷиб мегардад, ғайри ҳезум, най ва хошок, ки дар инҳо закот нест.
Нисоби молҳои тиҷоратӣ, ки аз онҳо як соли пурра гузашта бошад, мисли нисоби тилло ва нуқра аст. Пас аз расидани амволи тиҷорат бо якҷогии маблағи нақд ва матоъ ба нисоби худ, чиҳиляки (2,5%) он аз маҷмўъи мол аст.
Аз моле, ки ба сабаби муштарак дар маҷмўъ ба нисоб расида бошад, закот нест, то вақте ки ҳиссаи ҳар як аз мушорикон ба алоҳидагӣ ба нисоб расад.
