- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
1. Ҳолатҳое, ки ба сабаби онҳо рӯза вайрон мешавад ва пас қазову каффорати он ба рӯзадор воҷиб мегардад чунинанд:
Агар рӯзадор дар вақти рӯза буданаш, чизеро қасдан хӯрад, ё ошомад, ё дар рўз заношӯӣ кунад, рӯзааш вайрон мешавад ва қазогии ин рӯза ва каффорати он бар вай воҷиб мегардад.
Каффорати рӯза ба ин тартиб аст: Аввал бандаеро (ғуломеро) харида озод кардан аст. Ва агар барои он қодир набошад, ду моҳ пай дар пай рӯза медорад ва агар ба ин ҳам қодир набошад, пас шаст тан камбағалро таъом медиҳад.
2. Ҳолатҳое, ки ба сабаби онҳо рӯза вайрон мешавад ва танҳо қазогии он лозим мегардад:
Агар рӯзадор бе қасду ихтиёр чизеро хӯрад ё ошомад, яъне вақте ки ба даҳонаш об гирифт, нохост об ба дарун равад, рӯзааш вайрон мешавад.
Агар касе рӯзадорро маҷбур кард, ки чизеро хӯрад ё ошомад ва ӯ хӯрд, ё ошомид, ё ба сабаби беморӣ чизеро хўрад, пас рӯзааш вайрон мешавад.
Вақти бегоҳӣ пеш аз фурӯ рафтани офтоб, бо гумони ин ки вақти ифтор аст, чизеро пеш аз вақт хӯрад, рӯзааш вайрон мешавад.
Дар вақти дору ва даво кардан чизе ба дарунаш равад, рӯзааш вайрон мешавад (инчунин сўзандору низ вайрон мекунад).
Ҳангоми бо зани худ бозӣ кардан, ё назар кардан, манӣ хориҷ шавад, ё ба феъли даст ихроҷи манӣ кардан, рўзаро фосид мекунад.
Ҳангоми ба осмон назар кардан, нохост ба ҳалқаш барф ё борон афтад ва ба дарун равад, рӯзааш вайрон мешавад.
Агар рўзадор худро қай кунонид, ки бо пурии даҳон қай кунад, рўзааш фосид мешавад. Вале беихтиёр қай кардан рўзаро фосид намегардонад.
Агар дар давоми рўз занеро нопокӣ падид ояд, (яъне ҳайз ё нифос бинад) рўзааш вайрон мешавад, ки баъди Рамазон қазогии онро медорад. Инчунин агар аз ҳайз пок гардад (дар давоми рўз) мустаҳаб аст, ки бақияи рўзро мисли рўзадорон гузаронад, вале ин рўзро ҳам баъди Рамазон ҳамчун қазо медорад.
Дар ҳамаи ин ҳолатҳо рӯза вайрон мешавад, ва қазогии он воҷиб мегардад, вале дар он каффорат намебошад.
3. Ҳолатҳое, ки ба сабаби он рӯза вайрон намешавад
Агар рӯзадор нохост аз фаромӯшӣ чизеро хӯрад, ё ошомад, ё ба ҳалқаш дуд ё чанге дарояд, ё дар гармӣ оббозӣ кунад, (ба шарте, ки ба дарунаш об наравад) рӯзааш вайрон намешавад. Инчунин ҳиҷомат (хунгирӣ) кардан ва ба худ равған молидан, дандонҳоро мисвок кардан, оби даҳони худро набароварда фурў бурдан, дар хоб эҳтилом шудан, ғайбат кардан, дурўғ гуфтан (агарчӣ ин ду гуноҳ аст) рўзаро вайрон намекунад.
Дар рўзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон то чаҳорум рўзи он ва охири рўзи моҳи Шаъбон (рўзи шак) рўза доштан раво нест.
Дар вайрон кардани рўзаи ғайри Рамазонӣ каффорат нест, ба ҷуз қазогии он, агар чи рўзаи қазоӣ бошад.
Одоби рӯзадорӣ
Дар рӯза доштан аз шаб то наздикии субҳ саҳарӣ хӯрдан суннат аст, агар чи ба як дона хурмо бошад. Дар рӯзадорӣ бештари вақтро дар ибодату тиловати Қуръон гузаронидан мустаҳаб аст. Дар аввали ифтор бо хурмо ё бо об оғоз кардани ифтор суннат аст. Бегоҳии вақти шом, ба сӯи ифтор шитоб кардан (яъне ифторро дар сари вақт кардан) суннат аст. Рӯзадор бояд худашро аз гапҳои беҳуда ва корҳои бемаънӣ нигоҳ дорад. Яъне аз ғайбат кардан, суханчинӣ кардан, бозиҳои бефоида кардан, суханони нохуш гуфтан ва ғайра аз корҳои зишт бояд парҳез кунад.
