Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Зиёрати қабристон

Бидон, ки Уламои аҳли суннат ва ҷамоат зиёрати қабри пайғамбарон ва авлиёу бузургон ва мусалмононро мустаҳаб гуфтаанд. Мусалмоне, ки барои зиёрати қабристон медарояд, аввал салом гӯяд, яъне: «Ассалому алайкум ё аҳлал қубури антум собиқуна ва наҳнуллоҳиқун» (яъне Ассалому алайкум эй аҳли қабристон, шумоён гузаштагонеду моён азпас равандагон).

Пас аз он ки вориди қабристон шуд, ба ҷониби қибла руй оварда, аз Қуръони Карим сура ё оятеро тиловат кунад, масалан сураи «Фотиҳа» ва охири сураи «Бақара» ё сураи “Мулк”-ро (тиловат кардани инҳо мустаҳаб аст). Пас, савоби қироъатро ба аҳли ин қабристон ва гузаштагони онҷо бахшад, раво аст.

❁❁❁

s Дар баёни рӯза ва масоили он g

Маънии рӯза – худдорӣ кардан аст. Ва дар шариъат: худдорӣ кардан аз хӯрдан, ошомидан ва ҷимоъ (заношӯӣ) кардан аст, бо нияти рӯзадорӣ аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб.

Рўза панҷ навъ аст.

1. Рўзаи фарзи муайян, ки ин рўзаи моҳи Рамазон аст.

2. Рўзаи фарзи ғайри муайян, ки ин рўзаи қазогӣ ё каффорати рўзаи Рамазон аст.

3. Рўзаи воҷиби муайян, ки ин рўзаи назри муайян аст.

4. Рўзаи воҷиби ғайри муайян, ки ин рўзаи назри ғайри муайян аст.

5. Рўзаи нафлӣ, ки тамоми рўзаҳои ғайри мазкур аст.

Бинобарин, рўзаи моҳи шарифи Рамазон - рўзаи фарзи муайян аст, чунки вақти онро ва фарзияти онро шариъат муайян кардааст.

Доштани рўзаи Рамазон бар ҳар як мусалмони оқилу болиғ ва тандуруст ва покиза аз ҳайзу нифос фарз аст. Бинобарин, тарки он маъсият ва хорӣ аст ва доштани он савоб ва иззат аст ва инкори вай куфр ва гумроҳӣ аст.

Аммо дар баъзе ҳолатҳои узрнок, доштани рўза бар шахсони узрдошта фарз набуда, рухсати надоштани онро доранд. Ҳолатҳое, ки ба сабаби онҳо рухсати надоштани рўза аст, чунинанд:

1). Беморие, ки ба сабаби нахӯрдан, вазнинтар мешуда бошад, (мисли бемории шикам, ки бо маслиҳати табиби ҳозиқ бошад) рухсати хӯрдан дорад.

2). Мусалмоне, ки дар сафар бошад, рухсати хӯрдан дорад, вале чун дар сафар низ рӯза бидорад, рўзааш дуруст аст.

3). Барои занҳои ҳомила, ки агар ба сабаби рӯзадорияшон аз ҳоли саломатии худ ё кӯдак битарсанд, дар надоштани рўза рухсат доранд.

4). Занҳое, ки дар ҳолати нопокианд, (дар ҳолати ҳайз ё нифос) рӯза доштанашон раво нест.

5). Пири барҷомондае, ки барои доштани рўза оҷиз мондааст ва тавони рўзадорӣ надорад, рухсати хўрдани онро дорад, вале бояд ба қадри ҳар рўзи хўрдааш як мискинеро таъом бидиҳад.

Чунин аст узрҳое, ки шариъат ба сабаби онҳо рӯзадориро фарз накардааст. Аммо баъди гузаштани ин узрҳо, қазогии ин рӯзаҳоро доштан бар маъзуронаш фарз мебошад.

Дар рӯзадорӣ аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб, чаҳор чиз фарз аст, ки онҳоро бояд риоя кард.

1. Нияти рӯзадорӣ кардан.

2. Нахӯрдан.

3. Наошомидан.

4. Дар ҳолати рӯзадорӣ заношӯӣ накардан (дар давоми рўз).

Дар баёни нияти Рӯза

Бидон, ки дар рӯзадорӣ ният кардан шарт аст, ки онро баъди ифтор ё баъди саҳарӣ то вақти субҳи содиқ, карда мешавад. Агар рӯзадор дар шаб нияти рӯзаро фаромӯш карда бошад, пас дар пагоҳӣ то вақти нисфи рӯзи шаръӣ ният кунад, дуруст аст.

Нияти рӯзадорӣ чунин аст: «Валисавмин ғадин мин шаҳри рамадзоналлазӣ фаридзатан навайту» (яъне: «Ният кардам рӯза доштам, рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро, аз субҳи содиқ то намози шом»). Аммо нияти рўзадориро бо дил ҳам кунад кифоя аст.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]