- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Аҳкоми намози Ҷаноза
Гузоридани намози ҷаноза бар маййити мусалмон фарзи кифоя аст. Яъне агар қисме аз мусалмонон онро адо намоянд аз ўҳдаи дигарон соқит мегардад.
Агар кўдак зинда таваллуд шуда бошад ва сипас аз чанд лаҳзае фавтид, барояш ном мегузоранд ва ғусл дода, бар вай намози ҷаноза мегузоранд.
Барои шахси болиғ ва кўдаки муроҳиқ (наврас) кафанро мувофиқи суннат (яъне дар се чодар барои мард ва дар панҷ чодар барои зан) такфин мекунанд.
Ҷасади мусалмонро бо оби пок мешўянд ва бо хушбўӣ ўро хушбўй созанд, вале мазмаза ва истиншоқ намекунанд. Кўдак ва ҷанини мурда бадунёомадаро низ ғусл мекунонанд ва дар матоъе мепечанд ва пас дафн мекунанд, вале намози ҷаноза бар вай намегузоранд.
Қабри маййити мусалмонро ба андозае канда шавад, ки хавфи кофтани ҳайвоне намонад, (яъне ба миқдори аксар аз нисфи қомати мард ё ба қадри қомати мард) ва дар он аз ҷониби қибла лаҳад мекованд, агар имкон бошад ва агар имкони лаҳад кандан нест, пас мобайни қабрро бикованд ва болояшро бо чизе устувор пўшонида, сипас хокро бирезанд. Ҳангоми маййитро дар лаҳад гузоштан, чунин дуъо хондан суннат аст: “Бисмиллоҳи ва ало миллати расулиллоҳ”. Ҳангоме, ки маййитро дар қабр гузоштанд, гиреҳҳои кафанро боз кунанд ва рўи маййитро ба тарафи қибла мувоҷеҳ гузоранд.
Сипас даҳони лаҳадро устувор мебанданд ва хокро бияндозанд. Баъд аз он ки аз дафн фориғ шаванд, дар сари қабр истода, барои маййити мусалмон истиғфор ва дуъои хайр ва қироъати қуръон кардан, мустаҳаб аст.
Инчунин назди аҳли суннат бахшидани савоби амалҳои нек ва садақот барои маййит раво ва нофеъ аст.
Аммо дар сари қабр чароғ афрўхтан, об гузоштан, ва болои онро бо ашёи масолеҳи бино (монанди хишти пухта санги хоро ва ғайра...) зинат додан макрўҳ аст.
Дар намози ҷаноза низ шартҳое аст, ки бояд ба ҷо оранд.
Шартҳои намози ҷаноза
1). Маййите, ки бар вай намози ҷаноза мехонанд, бояд мусалмон бошад. Бинобарин, бар шахси бедин ва муртад намози ҷаноза хондан дуруст нест.
2). Маййитро бояд ғусл додашуда бошад, (магар дар ҳолати зарурат).
3). Бояд маййит дар пеши имом ва мардум дар замин ниҳодашуда бошад, (яъне ғоиб набошад, ё ҷасади вай хокшуда набошад).
4). Ҳамон шартҳое, ки барои гузоридани намози ҷамоат шарт аст, дар намози ҷаноза низ шарт аст (яъне аз ҷумлаи таҳорати бадан, макон, истиқболи қибла...)
Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
Нияти намози Ҷаноза: «Ният кардам бигузорам чаҳор такбироти намози ҷанозаро ва савобаш мар ин маййити ҳозирбударо, руй овардам ба қибла, қиблаи ман ҷиҳати каъба, иқтидо кардам бар имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таъоло «Аллоҳу Акбар» (гуфта дастонашро то ба гӯш бардорад ва сипас поён кунад ва болои ҳам гузорад) ва сипас сано мехонад: «Субҳонака аллаҳумма ва биҳамдика ва таборокасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрук».
Пас такбири дуввум мегўяд (Аллоҳу акбар) ва «Салавот» мехонад, яъне: “Аллоҳумма солли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммад....” (то охир).
Ва пас такбири сеюм гӯяд (Аллоҳу акбар) ва дар ҳаққи мурда дуъо хонад, яъне:
«Аллоҳуммағфир лиҳаййино ва маййитино ва шоҳидино ва ғоибино ва сағирино ва кабирино ва закарино ва унсоно. Аллоҳумма ман аҳяйтаҳу минно, фааҳйиҳи алалислом ва ман таваффайтаҳу минно, фатаваффиҳӣ алалимон».
Сипас такбири чаҳорумро гуфта мешавад (Аллоҳу акбар) ва ба ду ҷониб “Ассалому алайкум” мегӯянд ва аз намоз фориғ мешаванд.
(Дар намози ҷаноза мувофиқи фармудаи уламои мо дастонро танҳо дар такбири аввал мебардоранд, на дар такбироти боқӣ).
