- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
Хутбаро ба арабӣ хондан, ки ҳозирин онро шунаванд.
Бо таҳорати комил дар макони пок ва либоси пок онро бихонад.
Рўи худро ба сўи мардум намудани имом ҳангоми хутба хондан. Байни хутбаҳо миқдори се тасбеҳ нишастани имом.
Дар хутбаи аввал, ҳамди Худо ва салавот бар Мустафо ва ояте аз Қуръон хондан.
Дар хутбаи дуввум, ҳамд ва салавот ва дуъои хайр ва истиғфор барои мўъминон кардан, ҳама аз суннатҳои хутба аст, ки агар яке аз ин суннатҳо тарк шаванд, хутба бо кароҳият дуруст мебошад.
Аз паси ҳар шахси накўкор ва бадкор намоз гузоридан раво аст. Аммо аз паси муҷассима ва мушаббиҳа намоз гузоридан раво нест5.
Одоби намози Ҷумъа
Дар рӯзи ҷумъа ғусл кардан, либосҳои пок пӯшидан ва ба худ хушбӯиҳо молидан, аз суннати Пайғамбар алайҳиссалом аст. Аз бегоҳии рӯзи ҷумъа то бегоҳии дигар зикру салавот хондан, мустаҳаб аст.
Дар рӯзи ҷумъа аз ибтидои рӯз ба сӯи масҷид равона шудан, фазли бисёр дорад. Ҳангоми ба масҷид ворид шудан ва пеш аз нишастан, ду ракъат намози нафл гузоридан суннат аст. Баъди он боадаб панду мавъизаи имомро, ки ваъз мегӯяд гӯш карда нишастан аз одоби ҷумъа аст. Вақте, ки азон гуфта мешавад, пас чаҳор ракъат суннати пеш аз ҷумъаро ҳар кас алоҳида мегузорад. Ҳангоме, ки имом барои хутба хондан ба минбар меистад, намоз хондану сухан гуфтан ва мардумро ба ташвиш овардан раво нест. Пас аз он ки имом ду ракъат фарзи намози ҷумъаро оғоз мекунад, муқтадиён аз паси ӯ иқтидо карда, ду ракъат фарзро бо ҷамоъат мегузоранд. Нияти ду ракъат фарзи намози ҷумъа чунин аст:
«Ният кардам бигузорам ду ракъат фарзи намози ҷумъа вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ҷиҳати каъба иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода холисанлиллоҳи таъоло “Аллоҳу акбар” гуфта, ду дастро болои ҳам гузошта, пайравии имомро мекунад. Пас аз адои фарз, боз чаҳор ракъати суннати баъди фарзи ҷумъаро алоҳида хонда мешавад ва сипас ба дуъову дуруд машғул мешаванд.
Намози Таровиҳ
Намози таровиҳро дар шабҳои моҳи мубораки Рамазон баъди адои намози хуфтан бо ҷамоат гузорида мешавад. Гузоридани намози таровиҳ бар мусалмонон суннати муаккада аст. Намози таровиҳро ду ракъат ду ракъат хондан беҳтар аст, ки дар байни ҳар чаҳор ракъат ба миқдори се тасбеҳот истироҳат мекунанд. Ва дар ин вақт тасбеҳ хонанд ё мавъиза кунанд беҳтар аст. Тасбеҳоти намози таровиҳ чунин аст:
Бисмиллаҳир-роҳманир-роҳим.
«Субҳана зил-мулки вал малакут, Субҳана зил-иззати вал-азамати вал-қудрати вал-кибрия-и вал-ҷабарут. Субҳанал-Маликил-Ҳаййиллазӣ ла ямут. Суббуҳун Қуддусун роббуна ва роббул-малаикати варруҳ. Ла илаҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал-ҷанната ва наъузу бика минаннор».
Намози иди Рамазон ва иди Қурбон
Дар рӯзи Иди Рамазон, ки пас аз ба охир расидани моҳи мубораки Рамазон меояд, пеш аз ба намозгоҳ рафтан: чизе аз ширинӣ (мисли хурмо) тановул кардан, мисвок кардан, ғусл кардан, ба худ хушбӯӣ молидан, либосҳои беҳтарини худро пӯшидан ва садақаи Фитрро ба фақиру мискинон пеш аз намози Ид адо кардан – мустаҳаб аст. (Аммо пардохтани садақаи фитр бар шахси ғанӣ воҷиб аст).
Барои барпо кардани намози Ид ҳамон шартҳое лозиманд, ки барои барпои намози ҷумъа лозим буданд. Аммо дар намози Ид хутба хондани имом баъд аз адои намози Ид суннат аст, вале гўш додани он бар намозгузорон воҷиб аст. Аввали вақти намози Ид аз баланд шудани офтоб ба миқдори найза аст ва охираш то қиёми офтоб аст. Вақте, ки мардум ба намозгоҳ ҳозир шуданд, намози нафлиро нахонда, ду-ракъат воҷиби намози Идро ҳамроҳи Имом бо ҷамоат мегузоранд, ки нияти намози Ид чунин аст:
“Ният кардам бигузорам 2-ракъат намози Иди Рамазонро (ё Қурбонро) бо ҳамаи такбироташ, ки воҷиби ин вақт аст, вақте ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар” (гуфта дастро то гӯш мебардорад ва пас сано мегӯяд ва баъд 3-такбири дигар гуфта мешавад). Ҳамчунин ду ракъат намозро мегузоранд, вале дар ракъати дуввум пеш аз рукӯъ, бори дигар 3-такбири дигар мегӯянд ва пас аз такбири чорум рукӯъ карда, намозро то ба охир адо мекунанд.
Гузоридани намози Иди Қурбон низ мисли Иди Рамазон аст, аммо пеш аз намози Иди Қурбон чизе нахӯрдану дар роҳ такбироти идро баланд гуфтан, мустаҳаб аст. Бар мусалмоне, ки қурбонӣ карданаш воҷиб аст, қурбонияшро баъди намози Ид мекушад.
Такбирҳое, ки дар рўзҳои Ид хонда мешавад, онро такбироти ташриқ меноманд (хондани он воҷиб аст) ва онҳоро баъди ҳар намози ҷамоъати фарзӣ, аз Бомдоди рўзи Арафа то Асри рўзи сеюми ташриқ мехонанд (ва он пас аз 23 намоз) аст, ки чунинанд:
* الله أَكْبَر الله أكبر، لا اله الا الله والله أكبر، الله أكبر ولله الحمد *
«Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ла илаҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва лиллоҳил ҳамд”.
