Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Дар баёни макрӯҳоти намоз

Намозгузор ҳангоми намозгузорӣ соддаву хоксорона ва бо хушўъ истад, то аҷри бештар ҳосил кунад, бинобарин бо ҳайате, ки дар он кибру ғурур бошад, дар намоз истодан кароҳият дорад.

Дар печи саллаи худ саҷда накунад, ҷомаро ба сар ё китф гирифта, дастро аз остин бароварда наистад, бо ангушти дастон ё чизе дигар бозӣ накунад. Ба тарафи росту чапи худ ё ба осмон сарро гардонида нанигарад, вале бо ҷониби чашм нигаристан раво аст, дохили намоз пешониро аз гарду хок пок накунад, магар ҳангоми зарурат. Дар вақти намози ҷамоъат сафи пешро пур нокарда, дар оқиб наистад, бо либосе, ки сурати ҷондор дошта бошад, наистад, дар ҷониби пеш, рост, чап ва болояш низ агар сурати ҷондор бошад, дар ҳузури он намоз нагузорад, магар, ки хеле хурд ва ноаён бошад, боке надорад. Инчунин бо либоси чиркин ё либоси ҷойхобӣ беузр дар намоз наояд. Дар намозҳои фарз сураро бо шитоб қироъат накунад, саҷдаву рукўъро комилан анҷом диҳад, дар намози фарз беузр бар чизе такя накунад, монанди бар яке аз қадам ё девор. Ҳангоми адои намоз дастро бар камар нагузорад ва болои ду пошнаи пой низ беузр нашинад ва чаҳорзону низ нашинад, вале беруни намоз чунин нишастан раво аст. Дар намози ҷамоъат аз имомаш пештар ба рукўъ ва саҷда наравад ва сарашро низ пеш аз имом набардорад, қироъатро дар рукўъ адо накунад. Дар вақти ҳузури таъом, ки майл ба таъом дорад ва вақти намоз барои адои он кофӣ бошад, ба намоз наистад, магар чизе аз таъом тановул кунад, то майлаш аз он бартараф шавад. Ҳангоми намоз дар даҳон чизеро (мисли донае) нигоҳ надорад (зеро барои қироъат халал мерасонад) ва агар хомёза кашид, даҳонро бо паси даст бипўшонад. Даст ва оринҷро ҳангоми саҷда бар замин ҳамвор накунад, ҳангоми тангии ҳоҷат дар намоз наистад. Бо бўйе, ки мардумро хуш намеояд дар намоз ҳозир нашавад, магар ки он буйро дур кунад. Дохили масҷид беузр сухан нагўяд, бо сари бараҳна дар намоз наистад, магар ки бо қасди хоксорӣ ва хорӣ бошад равост. Адади тасбеҳот ва сураҳоро дохили намоз бо ангушт ё тасбеҳ шумор накунад, аммо баъди намоз шумори тасбеҳот мустаҳаб аст.

Бастани дари масҷид вақти намозгузорӣ макрўҳ аст, (чунки ин амал монанди боздоштан ва манъ кардани намоз аст). Дар масҷид ё боми масҷид қазои ҳоҷат кардан ва палиди андохтан раво нест, инчунин дохили масҷид туф кардан, бод хориҷ кардан макрўҳ аст.

Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:

Баъд аз дамидани субҳи содиқ, то тулўъи офтоб ғайри суннати бомдод, нафл гузоридан макрўҳ аст.

Ҳангоми тулўъи офтоб ва қиёми он ва фурў рафтани офтоб.

Ҳангоми ба минбар истодани имом дар намози ҷумъаву Идайн.

Баъд аз намози аср, то гузоридани намози шом.

Пеш аз намози ду Ид дар намозгоҳ.

Ҳангоми иқомат барои намози фарз, магар дар бомдоде, ки ба дарки фарзи он эътимод дошта бошад.

Тариқи гузоштани намозҳои қазоӣ

Мусалмоне, ки бе сабаби шаръӣ намозҳои фаризаву воҷибиро дар вақташон намегузорад, гунаҳкор мешавад ва қазогии онҳо бар вай лозим мегардад. Агар аз сабаби фаромўшӣ ё дар хоб мондан, онҳоро дар вақт нагузошта бошад, гунаҳкор намешавад, вале қазогии онҳоро бояд гузорад. Зане, ки дар вақти намоз ҳайз мебинад, пас аз пок шуданаш намозашро, ки дар вақти он ҳайз дида буд, қазо намегузорад. Аммо чун аз ҳайз дар муддати камтар аз даҳ рўз пок гардад ва то охири вақти намоз ба қадри ғусл кардану такбир гуфтан, вақт боқӣ монда бошад, пас ҳамон намозро қазо мегузорад, вагарна намегузорад. Аммо зане, ки дар аксари муддати ҳайз, ки даҳ рўз аст, аз ҳайз пок гардад ва андак аз вақти намозро дарёбад, ҳамон намоз бар вай лозим аст, яъне қазогии онро бигузорад.

Намозҳои қазогиро дар ҳамаи вақти шабонарузӣ гузоридан раво аст, магар ҳангоми баромадани офтоб, истодани офтоб дар миёни осмон ва дар вақти фурӯ рафтани он, намоз гузоридан раво нест.

Касеро, ки намозҳои қазогияш камтар аз шаш намоз бошад, аввал бояд, ки пеш аз намози вақтӣ, қазогиҳоро гузорад. Магар дар ҳоле, ки вақти намози вақтияш кам монда бошад, ё қазогиро фаромўш кардааст, пас аввал вақтиро гузорад раво аст ва сипас қазогияшро гузорад. Аммо мусалмонеро, ки намозҳои қазогияш зиёда аз шаш намоз бошад, дар ин ҳолат тартиб аз вай соқит мешавад, яъне метавонад аввал вақтиро гузорад ва сипас қазогиро гузорад.

Касе, ки суннати намози Бомдодро пеш аз фарзи он нагузошта бошад ва танҳо фарзи Бомдодро хондааст, пас аз гузоридани фарз, суннати он соқит мешавад. Вале чун намози Бомдодро (фарз ва суннаташро) қазо карда бошад, пас то нимаи ҳамон рўз қазогии онро бо суннаташ мехонад. Касе, ки суннатҳои намози панҷвақтаро пеш аз фарзҳояшон адо накарда бошад, баъди фарзи онҳо гузорад модоме, ки вақти намоз боқӣ бошад. Агар вақти намози фарзӣ гузашта бошад, суннати онро қазо намегузорад. Аммо намозгузоре, ки барои намози суннат (нафл) шурўъ карда бошад, онро то охир адо менамояд ва дар сурати беузр қатъ кардани суннат, аз сар гузоридани он лозим аст.

Намози мусофир

Шахсе, ки аз Ватани (шаҳри) худ ба масофаи серӯза роҳи пиёдарав (тақрибан аз 80 -100 км.) ва ё зиёда аз он ба шаҳри дигар равона шуда, аз ҳудуди шаҳраш ҷудо шавад ӯ мусофир аст. Дар ин ҳолат барояш рўзаи Рамазон доштан фарз намегардад ва намозҳои чаҳор-ракъатии фарзияшро ду ракъат мегузорад.

Агар мусофир дар шаҳри расидааш аз 15-рӯз ё зиёда аз он нияти истиқомат карданро кунад, пас ӯ муқим мегардад (яъне намозҳои чаҳор-ракъатаашро пурра мегузорад). Агар дар шаҳри расидааш нияти аз 15-рӯз камтар истоданро намояд ё онҷо нияти иқомат карданро надорад, масъалан гӯяд, ки: «пагоҳ ё пасфардо меравам...», дар ин ҳолат ӯ мусофир аст, агар чи зиёда аз понздаҳрўз боқӣ монад.

Мусофире, ки аз паси имоми муқим намоз мегузорад намозашро бо имом пурра адо мекунад, яъне чаҳорракъат мегузорад. Аммо, вақте ки мусофир имоматии муқимро мекунад намозашро кӯтоҳ гузорад, вале муқиме, ки аз паси ӯ намоз мегузорад (баъди салом додани имом) намозашро то охир ба итмом мерасонад.

Намози ҷамоат, ҷумъа ва шартҳои он

Намози ҷамоат барои ҳар як мусалмони болиғу оқил ва озоду тандуруст, суннати муаккада аст. Аммо ҳукми намози ҷамоатро бар мусалмонон ҳамчун воҷиб гуфтаанд, бинобарин дар маҳале, ки онҷо барои намози ҷамоат масҷид бино шудааст ва касе аз аҳли он барои гузоридани намози ҷамоат ҳозир нашаванд, пас ҳамаи мардуми онҷо гунаҳкор мегарданд. Бинобарин, аз қавли як гурўҳи Уламо “гузоридани намози ҷамоат бар мусалмонон фарзи кифоя аст”.

Фазилати намози ҷамоат хеле бузург аст, чуноне ки аз Пайғамбар алайҳиссалом нақл шудааст:

Мазмуни ҳадис: «Намози ҷамоъат аз намози танҳогузорӣ ба бистуҳафт дараҷа савоби бештар дорад». (р. Бухорӣ, Муслим).

Намози ҷамоатро дар масҷид хондан фазилати зиёд дорад, (аммо агар бо сабабе ба масҷид омада натавонанд) дар хонаҳо ё ҷои дигар, ки барои гузоридани намоз салоҳият дорад, барпо карда шавад, савоби ҷамоъат ҳосил мешавад, вале на монанди ҷамоъате, ки дар масҷид гузорида мешавад.

Барои барпо кардани намози ҷамоъат якчанд шартҳо лозим аст, ки чунинанд:

1. Дар намоз бояд, касе пеш гузарад, ки салоҳияти имоматиро дошта бошад, яъне дар масъалаҳои намозу таҳорат ва қироъатро бидонад, инчунин шахси оқилу болиғ, мусалмон, мард ва покиза аз наҷосатҳои ғайри авф бошад.

2. Барои намози ҷамоат ғайри имом аз як нафар намозгузор ва ё зиёда аз ӯ кофи аст, ки онҳоро муқтадӣ гўянд.

3. Муқтадӣ бояд дар аввали намоз нияти «иқтидо кардам бар имоми ҳозир истода»-ро кунад.

4. Баъди ба намоз шурӯъ кардан, бояд ки аз имом дар пеш наистад ва дар ҳамаи ҳолат пайравии имомашро кунад, (магар дар ҳолате, ки имом фарзе аз фароизи намозро ба ҷо наорад ва тадорукаш низ имкон надошта бошад, пас дар ин вақт муқтадӣ пайравии ўро намекунад. Мисли: қаъдаи ахир).

5. Дар вақти қироъат кардани имом муқтадӣ хомӯш истода, қироъати имомро гӯш кунад.

6. Байни муқтадӣ ва имомаш фосилаи зиёд набошад, монанди роҳи бузург, дарё...

Барои барпо намудани намозҳои ҷамоъат ва ҷумъа азон ва иқомат гуфтан суннати муаккада аст4.

Дар баёни намози ҷумъа

Гузоридани намози ҷумъа барои ҳар як марди мусалмони оқилу болиғ ва муқиму тандуруст, фарзи айн мебошад. Намози ҷумъа бар занон, мусофир, шахси нобино, банда (ғулом) ва бемор ва бар мардуми бодиянишин (чӯпони саҳроӣ) фарз нест.

Шахсоне, ки маъзур аз намози ҷумъа мебошанд, намози пешинро алоҳида мегузоранд.

Барои барпо кардани намози ҷумъа чунин шартҳо лозиманд:

Шарти аввали барпо кардани намози ҷумъа: шаҳр ё фаноии шаҳр мебошад, (яъне хонаҳои деҳоте, ки ба шаҳр расидаанд, онҳоро фаноии шаҳр мегӯянд, ки ҷумъа ба мардуми онҷо низ фарз аст).

Дуввум: намози ҷумъаро дар рӯзи ҷумъа ва дар вақти намози пешин гузорида мешавад.

Сеюм: бояд ҷамоати мусалмонон бошанд, ки камтарини ҷамоат дар ҷумъа (ғайри имом) се нафар намозгузор ва зиёда аз он аст.

Чаҳорум: изни ом аст, яъне ҳар як шахси мусалмон барои адои намоз бе монеъият вориди намозгоҳ шуда тавонад.

Панҷум: бояд Султон, ё ноиби вай, ё имоми ҷомеъ онро гузаронад.

Шашум: хутба хондан, пеш аз ду ракъат намози фарз хонда мешавад.

Ҳафтум: бояд байни имом ва муқтадиён фосилаи монеъи иқтидо набошад, монанди роҳи калон, дарё, деворе, ки имомро намедонанд дар кадом ҳолат аст ва сафи пурраи занон.

Миқдори камтарини хутба ба қавли Имомайн: зикри дарозе аст, ки ба миқдори Аттаҳиёт бошад ва ба қавли Имоми Аъзам (р) агар бо ҳамди Худо, ё “Ло илоҳа иллаллоҳ” гуфтан, иктифо кунад равост, аммо макрўҳ аст.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]