- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Дуъои Қунут
Дуъои «Қунут»-ро дар намози Витр пеш аз рукӯъи ракъати сеюм хонда мешавад, ки чунин аст:
اللَّهُمَّ إِنَّا نَسْتَعِينُكَ وَنَسْتَغفِرُكَ وَنُؤمِنُ بِكَ وَنَتَوَكَّلُ عَلَيْكَ وَنُثْنِي عَلَيْكَ الخَيْر نَشْكُرُكَ وَلاَ نَكْفُرُكَ وَنَخْلَعُ وَنَتْرُكُ مَن يَفجُرُك
اللَّهُمَّ إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَلَكَ نُصَلّي وَنَسْجُدُ وَإِلَيْكَ نَسْعَى وَنَحْفِدُ نَرجُو رَحْمَتَكَ وَنَخْشَى عَذَابَكَ إِنَّ عَذَابَكَ بِالْكُفَّارِ مُلْحِق.
«Аллоҳумма инно настаъинука ва настағфирука ва нуъминубика ва натаваккалу алайка ва нусни алайкал-хайр, нашкурука ва ла накфурук ва нахлаъу ва натруку ман яфҷурук.
Аллоҳумма ийяка наъбуду ва лака нусаллӣ ва насҷуду ва илайка насъа ва наҳфиду нарҷу роҳматака ва нахша азабака, инна азабака бил-куффари мулҳиқ».
Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
1. Сухани берун аз намоз гуфтан, агар чи ба фаромушӣ бошад, хоҳ кам, хоҳ зиёд, намозро вайрон мекунад.
2. Хӯрдан ё ошомидан намозро вайрон мекунад, (аммо таъоми аз байни дандонҳо хориҷ шударо дар намоз фурў барад ва он камтар аз дони нахуд бошад, намоз фосид намешавад).
3. Оҳ-оҳ, воҳ-воҳ, ё уфф-уфф кардан ва бесабаб ва беузр сурфидан, ки аз садои он ҳарф ҳосил шавад. (Аммо ба сабабе сурфидан ё ба иллати беморӣ садои уфф – уфф барояд, ки ночор гуфтааст, намозро вайрон намесозад).
4. Аз ғаму дарди кори дунё гиря кардан намозро вайрон мекунад, (аммо касе, ки аз ёди охирату тарси азоби он гиря кунад, намозаш вайрон намешавад).
5. Дар намоз дуъо кардан, ки монанди сухани мардум бошад, намозро вайрон мекунад, (мисли ин ки гўяд: «Ё Худоё, ба ман фалон қадар мол ато кун»...).
6. Дар вақти намозгузорӣ аз рӯи китоб тиловат кардан, намозро вайрон мекунад.
7. Луқма додан ба ғайри имоми худ, ки намози луқмадиҳандааш вайрон мешавад.
8. Дар намоз амали берун аз намозро бисёр кардан, яъне коре, ки одатан ба ду даст мӯҳтоҷ шавад, ё зиёда аз се бор ҳаракат намояд, ё агар касе ба ў назар кард ва гумон барад, ки вай дар намоз нест, зеро ин ҳам амали бисёр ҳисоб меёбад.
9. Агар муқтадӣ дар намози ҷамоъат аз имомаш дар пеш истад, намози муқтадӣ вайрон мешавад.
10. Аз тарафи Қибла бо гардонидани сина руй гардонидан, намозро вайрон месозад.
11. Қуръонро чунон ғалат хондан, ки маънояш дигар шавад, намоз вайрон мешавад.
12. Такбири таҳримаро ғалат талаффуз кардан, ки маънояш вайрон шавад, намоз низ вайрон мешавад ва гўяндааш гунаҳкор мешавад агар чи маънояш надонад.
13. Дар намози ҷамоъати муштарак бо зан дар як саф баробар истодан ё дар паси зан истодани мард, намози мардро вайрон месозад, агар имом имоматии занро ният карда бошад.
14. Агар дар вақти намозхонӣ таҳорати намозгузор шикаст, намозаш вайрон мешавад.
15. Ҳангоми намозгузорӣ хандаи қаҳқаҳа – хандае, ки овозашро шунида шавад, намоз вайрон мешавад.
16. Вақти намози Бомдод, агар офтоб намоён шавад, намозаш фосид мешавад (яъне фарзаш вайрон шуда, ҳамчун нафл мегардад, ки пас намози фарзашро қазо мегузорад).
17. Агар шахси таяммумкарда дар ҳангоми намоз барои истифодаи об қодир шавад, намози ў вайрон мешавад.
18. Дар вақти намозгузорӣ, чоряки узви аврати намозгузор ба миқдори як рукни намоз кушода гардад, намоз фосид мешавад.
19. Бо ният ва қасди аз намоз баромадан салом додан, ё бар касе салом додан, чи қасдан ва чи фаромўшона ва инчунин ҷавоби салом бар касе додан, намозро вайрон мекунад, аммо бо ишора ҷавоби салом додан, намозро фосид намекунад, вале макрўҳ аст.
20. Ҷавоби атса додан, яъне касе атса зад ва ў дар ҷавобаш “ярҳамукаллоҳ” гуфт, ё ҳангоми шунидани хабари хуше “Алҳамдулиллоҳ” гуфт, намозаш фосид мешавад. Зеро ки ин ҳама суханони берун аз намоз аст.
