Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Фарзҳои намоз

1. Такбири таҳрима - такбири ифтитоҳ, ки бо лафзи “Аллоҳу Акбар” шурўъ мешавад ва пас аз он набояд намозро бе узр вайрон кунад.

2. Қиём – яъне дар намози фарз ва воҷиб барпой истодан, агар узре набошад, (мисли бемори барҷомонда,ё пири нотавон).

3. Қироъат – яъне дар вақти барпо истодан, чизе аз Қуръони маҷид қироъат кардан фарз аст, (ба миқдори як ояти дароз ё се ояти кўтоҳ).

4. Рукӯъ кардан фарз аст, (яъне пуштро ҳамвор дошта, ба миқдори як тасбеҳ дар он қарор гирифтанро рукўъ гўянд).

5. Саҷда кардан (яъне ду бор саҷда кардан ба ин тариқ, ки: пешониаш ҳамвора дар замин бирасад, аммо бо ҳафт узв сачда кардан суннат аст, ки ин: пешони, ду даст, ду зону ва ду сари ангуштони пой, дар замин ҳамвор ва ором қарор бигиранд).

6. Дар қаъдаи охир нишастан ба миқдори «Аттаҳиёт» (яъне нишастан ба андозае, ки то лафзи “Абдуҳу ва расулуҳу”– ро хонда битавонад) фарз аст.

Воҷиботи намоз

1. Дар такбири таҳрима лафзи «Аллоҳу Акбар» гуфтан, воҷиб аст.

2. Дар ду ракъати аввали намози фарз ва дар ҳар ракъати намозҳои суннат, якбор сураи «Фотиҳа»-ро хондан воҷиб аст.

3. Дар ду ракъати фарз ва дар ҳамаи ракъатҳои ғайри фарз баъди фотиҳа, як сураи дигар хондан (ё як ояти дароз ва ё се ояти кӯтоҳ хондан воҷиб аст).

4. Сураи фотиҳаро пеш аз сура хондан воҷиб аст.

5. Қаъдаи аввал, (яъне дар намозҳои 3 ва 4-ракъатӣ дар ракъати дуввум нишастанро қаъдаи аввал мегӯянд, ки он воҷиб аст).

6. Дар ҳар ду қаъда “Аттаҳиёт” хондан воҷиб аст.

7. Таъдили рукнҳои намоз, (яъне дар вақти рукӯъу саҷда ором гирифтан воҷиб аст).

8. Қавма ва Ҷалса (яъне баъд аз рукӯъ баргашта, ба қадри як тасбеҳ ором истоданро “қавма” мегӯянд ва дар байни ду саҷда ба қадри як тасбеҳ ором гирифтанро “ҷалса” мегӯянд).

9. Тартиб - яъне байни қиём ва қироъат ва байни рукўъ ва саҷда тартибро риоя кардан воҷиб аст. Бинобарин бояд қиёмро пеш аз рукўъ ва рукўъро пеш аз саҷда кардан лозим аст. Инчунин ҳар як воҷибро дар ҷои худаш иҷро кардан низ воҷиб аст.

10. Дар намозҳои Бомдод, Шом, Хуфтан ва Ҷумъаву намози иди Рамазону Қурбон, баланд қироъат кардани Имом воҷиб аст.

12. Дар намозҳои Пешину Аср ва намозҳои суннатӣ паст қироъат кардан воҷиб аст.

13. Дар намози Витр дуъои «Қунут»-ро хондан воҷиб аст.

14. Такбироти Идайн – яъне дар намози Иди Рамазон ва Қурбон баъди такбири иҳром 3-такбирот ва пеш аз рукӯъи ракъати дуввум низ 3-такбирот гуфтан воҷиб аст.

15. Сукути муқтадӣ – яъне дар намози ҷамоъат хомӯш истодани муқтадӣ дар вақти кироъат кардани Имомаш, воҷиб аст.

16. Дар вақти аз намоз баромадан, лафзи «Ассалому алайкум» гуфтан,воҷиб аст.

18. Касе, ки яке аз ин воҷиботҳоро аз фаромӯшӣ тарк мекунад, пас дар охири намоз саҷдаи саҳв карданаш воҷиб аст.

19. Касе, ки ояти саҷдаеро тиловат мекунад ё онро мешунавад, саҷдаи тиловат кардан бар вай воҷиб мешавад.

Агар намозгузор яке аз воҷиботи намозашро қасдан тарк кунад, макрўҳи таҳримӣ аст ва намозро бояд аз сар бихонад. Аммо аз фаромўшӣ (саҳван) тарк кардани воҷибе аз воҷиботи намозро вайрон намекунад, вале дар охир бо саҷдаи саҳв тадорук мешавад ва намоз дуруст мегардад.

Агар яке аз суннатҳои намозро қасдан тарк кунад, макрўҳи танзиҳӣ аст, вале намозаш дуруст аст ва чизе бар ў лозим нест.

Агар касе дар намозаш шак кард, ки чанд ракъат гузоридааст, агар ин ҳолат бори аввал бо ў мешавад, намозро аз нав мегузорад. Агар ин дар одати вай бошад ва надонист, ки дар кадом ракъат аст, пас ба кадом ҳолате, ки гумонаш ғолиб шавад, аз ҳамон адад гирад ва намозро давом дода, онро адо намояд. Аммо дар ин ҳолат гумонаш низ ба ягон тараф ғолиб нашавад, пас ракъати ками онро бигирад, вале баъди ракъати сеюм қаъда намояд то хондани “Аттаҳиёт”, сипас намозро комил намояд ва баъди салом саҷдаи саҳв мекунад, ки сипас намозаш дуруст мегардад.

Дар баёни саҷдаи саҳв

Ҳангоме, ки намозхон дар намозаш як ё зиёда аз воҷиботи намозро аз фаромӯшӣ тарк кунад, фарз ё воҷиберо ду бор такрор кунад, ё фарзеро аз ҷояш оқиб гузорад. Пас дар ҳамаи ин ҳолатҳо бар ӯ саҷдаи саҳв воҷиб мегардад, ки тариқи саҷдаи саҳв кардан чунин аст:

Дар охирин ракъати намоз, баъд аз аттаҳиётро хондан, ба ду тараф салом медиҳад (аммо агар имом бошад, ба як тараф салом медиҳад) ва боз ду саҷда мекунад ва бори дигар Аттаҳиёт ва салавотро бо дуъояш мехонад ва сипас салом дода, намозашро тамом мекунад.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]