Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Тариқи Намоз гузоридан

Барои мисол нияти намози Бомдодро меорем: «Ният кардам бигузорам ду ракъат фарзи вақтии намози Бомдод, рӯй овардам ба қибла, қиблаам ба ҷиҳати Каъба, холисанлиллоҳи таъоло «Аллоҳу Акбар» – гуфта, ду дасташро то гӯш мебардорад ва дасти ростро болои дасти чап ниҳода, зери ноф медорад ва баъд «Сано» мегӯяд, ки чунин аст:

سُبْحَانَكَ اللَّهُمَّ وَ بِحَمْدِكَ وَ تَبَارَكَ اسْمُكَ وَ تَعَالىَ جَدُّكَ وَ لاَ إلَهَ غَيْرُكَ

«Субҳонака аллоҳумма ва биҳамдика ва табарокасмука ва таъала ҷаддука ва ло илоҳа ғайрук». Баъди ин сураи «Фотиҳа»-ро мехонад:

   

                              

  

Бисмиллаҳир-роҳманир-роҳим.

«Алҳамду лиллоҳи роббил-аламин, Арроҳманир-роҳими малики явмиддин. Ийяка наъбуду ва ийяка настаъин. Иҳдинассиротол-мустақим, сиротоллазина анъамта алайҳим, ғойрил-мағдуби алайҳим, валаддооллиин» (омин).

Баъди хондани сураи «Фотиҳа» боз як сураи дигареро мехонад, масалан сураи «Ихлос»-ро, ки чунин аст:

                    

«Қул ҳуваллоҳу аҳад, Аллоҳуссамад, лам ялид ва лам юлад, ва лам якуллаҳу куфуван аҳад».

  

Баъди хондани ин сураҳо такбир гуфта, яъне «Аллоҳу акбар» гӯён, рукӯъ мекунад ва дар рукӯъаш се бор: «Субҳана раббиял-азим» мегўяд ва сипас: «Самиъаллоҳу лиман ҳамида» гуфта, қоматашро рост мекунад ва: «Раббана ва лакал-ҳамд» гўяд. Пас боз такбир гуфта, ба саҷда меравад ва дар саҷда се бор: «Субҳана раббиял-аъла» мегӯяд, ки дар ҳоли саҷда ором қарор бигирад ва пешониву бинияш бар замин ҳамвора расида бошад, сипас такбир гуфта, дар ҷояш ба қадри як тасбеҳ биншинад ва бори дуввум саҷда кунад. Сипас, такбир гуён, рост меистад, ки дар маҷмўъ ин як ракъат мешавад. Ракъати дуюмро низ монанди аввал мехонад, вале пас аз ду саҷда кардан бар ҷои худ мешинад ва дар ҳоли нишастагӣ, «Аттаҳиёт»-ро мехонад, ки чунин аст:

التَّحِيَّاتُ ِللهِ وَالصَّلَوَاتُ وَالطَّيِّبَاتُ السّلاَمُ عَلَيْكَ أَيُّهَا النَّبِيُّ وَرَحْمَةُ اللهِ وَ بَرَكَاتُهُ السَّلاَمُ عَلَيْنَا وَعَلَى عِبَادِ اللهِ الصَّالِحِين. أَشْهَدُ أَنْ لآ إلَهَ إلاَّ اللهُ وَ أَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَ رَسُولُهُ.

«Аттаҳийяту лиллаҳи вассалавоту ваттоййибат, ассаламу алайка аййуҳаннабийю ва роҳматуллоҳи ва баракатуҳу ассалому алайна ва ало ибаддиллаҳис-солиҳин, ашҳаду ан-ла илаҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу».

Сипас, салавот мехонад, ки чунин аст:

اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ وَ عَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إنَّكَ حَمِيدٌ مَّجِيدٌ, الَّلهُمَّ بَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَ عَلَى آلِ مُحَمَّدٍ كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبْرَاهِيم وَعَلَي آلِ إبرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَّجِيدٌ٠

«Аллоҳумма солли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммад, камо соллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидун Маҷид. Аллоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммад, камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидун Маҷид».

Сипас чунин дуъоро бихонад мустаҳаб аст:

رَبَّنَا ءاتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ

«Раббана отино фиддуня ҳасанатан ва фил-ахироти ҳасанатан -ва қино азобаннор». (Ва ё дигар аз дуъоҳои суннатиро низ дар ин мавзеъ бихонад раво аст).

Баъди хондани ин дуъоҳо ба ду тараф салом медиҳад, яъне ба ҷониби рост ва сипас ба ҷониби чап сарашро гардонида: «Ассаламу алайкум ва раҳматуллоҳ» мегӯяд.

Ин аст тариқи намоз гузоридан бо ҳамаи фароизу воҷибот ва суннатҳояш, вале дар намоз фароиз ва воҷибот ва суннатҳо аст. Дар вақти намозгузорӣ бояд ҳамаи фарзҳо ва воҷиботи намозро риоя кард. Зеро агар фарзе аз фароизи намоз беузр тарк шавад, намоз вайрон мешавад. Дар тарки воҷибе аз воҷиботи намоз бар қасд намоз ноқис шуда онро аз нав мегузорад. Аммо дар ҳолати фаромўшӣ (саҳван) тарк кардани воҷибе аз воҷиботи намоз, бо саҷдаи саҳв тадорук мешавад.

Агар суннат ё одобе аз намоз тарк шавад, намоз вайрон намешавад, вале дар аҷру савоби он халал дорад. Бинобарин барои аҷри бештар ҳосил кардан аз намоз, суннатҳову одоби намозро бо ҳузури дил ва ихлоси том гузошта шавад.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]