Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
мух тадж нов..doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
3.12 Mб
Скачать

Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:

1. Ба сабаби дур будани об ба масофаи як мил (тақрибан 1,8 – 2 км.) ва ё зиёда аз он дар сафар ва берун аз шаҳр.

2. Агар об мавҷуд аст, вале аз сабаби душман ё ҳайвони ваҳшӣ будан, истифодаи он дастрас набошад.

3. Ба сабаби хунукии хеле сахт, ки агар обро истеъмол кунад, шахси ғуслкунанда ҳалок ё бемор мешуда бошад.

4. Бо сабаби бемории сахт, ки агар бемор обро истифода барад, беморияш зиёдтар шавад.

5. Обро дар чоҳе дарёфт карда шаваду барои гирифтани он олатеро наёбанд.

6. Мусалмоне, ки дар шаҳр ба сӯи намози Ид ояду имомро дар намози Ид дарёбад ё сӯи намози ҷаноза ояд (агар ӯ соҳиби мурда набошад) ва имомро дар намоз дарёбад, пас дар чунин ҳолатҳо таяммум кардан ба шахсони маъзур раво аст.

Таяммумро бо чизе аз чизҳои замин (ҳамчун: хок, рег, санг), ки поку тоза бошанд, карда мешавад.

Тариқи таяммум кардан

  1. Замин ё санге, ки дар он таяммум карда шавад, бояд аз наҷосатҳо пок бошад.

  2. Ният кардан дар таяммум шарт аст, ки “аз барои намоз гузоридан” ният карда мешавад.

  3. Бо ду кафи дастон бар замин як зарба зада, бо он рӯяшро пурра як бор масҳ мекунад.

  4. Бори дигар дастонашро ба замин зада, бар ду даст бо ҳамроҳии оринҷҳояш масҳ мекунад. Агар байни ангуштон чанг ё хок нарасида бошад, пас бори саввум бар замин даст занад ва байни ангуштонро хилол намояд.

Таяммумро пеш аз вақти намоз кардан раво аст, вале баъди даромадани вақти он беҳтар аст. Бо ҳамон як таяммум, намозҳои фарзиву қазоӣ ва суннативу нафлиро гузоридан раво аст.

Шиканандаҳои таяммум

1. Ҳар он чизе, ки таҳоратро мешиканад, таяммумро низ мешиканад.

2. Агар шахси таяммумдошта ба истифода бурдани об қодир шавад, (яъне обро ёбад) ё бемор буд, ки беморияш сиҳат шавад ва барои таҳорат кардан қодир шавад, таяммумаш мешиканад.

❁❁❁

s Масоили намоз g

Вақтҳои Намоз

Ҳар як намозро дар вақти худ гузоридан, бар намозгузор лозим ва зарур аст ва онро пеш аз вақт ё баъд аз вақти онҳо бидуни узри шаръӣ гузоридан раво нест.

Вақтҳои намоз ба ин тартибанд:

1. Вақти намози Бомдод аз дамидани субҳи содиқ то намоён шудани қоши офтоб аст, дар самти уфуқ. Намози Бомдод: 2-ракъат суннат ва 2-ракъат фарз аст.

2. Вақти намози Пешин – аз гузаштани офтоб аз мобайни осмон аст, то ду баробар шудани сояи ҳар як чиз бар дучанди он аст, ғайри сояи аслӣ. Намози Пешин: 4-ракъат суннат, пас 4 - ракъат фарз ва пас 2-ракъат суннат аст.

3. Вақти намози Аср – баъди намози пешин буда, то фурӯ рафтани офтоб аст. Намози Аср: 4-ракъат фарз мебошад.

4. Вақти намози Шом – аз фурӯ рафтани офтоб сар мешавад, то фурӯ рафтани сурхие, ки пас аз офтоб намоён мешавад (ин сурхиро шафақи сурх мегӯянд). Намози Шом: 3-ракъат фарз ва 2-ракъат суннат аст.

5. Вақти намози Хуфтан – баъди вақти Шом аст, то баромадани субҳи содиқ ва вақти намози Витр баъди Хуфтан аст, то дамидани субҳ. Намози Хуфтан: 4 - ракъат фарз ва 2-ракъат суннат ва сипас 3-ракъат витри воҷиб аст.

Шартҳои намоз

Мусалмони намозгузор пеш аз барпо кардани он бояд шартҳои намозро ба ҷо биёрад, ки чунинанд:

1. Таҳорати бадан (яъне ботаҳорат будани намозгузор аст).

2. Тоза ва пок будани ҷойи намоз аз наҷосатҳо аст.

3. Тоза ва пок будани либоси намозгузор низ аз наҷосати ғайри авфшуда аст.

4. Шинохтани вақти ҳар як намоз аст, (яъне бояд ҳар як намозро дар вақти худ гузорад, на пеш аз вақт ва на баъди он).

5. Руйи худро ба тарафи қибла кардан, ҳангоми намоз аст.

6. Пӯшонидани аврат (шармгоҳ) аст, ки аврати мард аз ноф то зери зонуяш аст ва аврати зан тамоми бадани ўст, ғайри рӯй ва кафи ду даст ва қадам (яъне поён аз шитолинги пой).

7. Нияти намоз шарт аст, (яъне бояд таъйин кунад, ки намозаш фарз аст, ё воҷиб, ё суннат, ё қазоӣ...).

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]