- •Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
- •Мухтасар
- •Пешгуфтор
- •Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
- •Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
- •Сифати Пайғамбарон
- •Афзалтарини бандагон
- •Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом
- •Фасл дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.
- •Фасл дар баёни аҳкоми муртад
- •Аҳкоми таклифӣ
- •Суннатҳои вузўъ
- •Шиканандаҳои вузўъ
- •Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:
- •(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).
- •Сабабҳои ғусл Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:
- •Фарзҳои ғусл
- •Тариқи ғусл кардан
- •Ғуслҳои суннатӣ
- •Дар баёни истинҷо
- •Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:
- •Тариқи таяммум кардан
- •Шиканандаҳои таяммум
- •Вақтҳои Намоз
- •Шартҳои намоз
- •Тариқи Намоз гузоридан
- •Фарзҳои намоз
- •Воҷиботи намоз
- •Дуъои Қунут
- •Дар баёни вайронкунандаҳои намоз
- •Дар баёни макрӯҳоти намоз
- •Ҳолатҳое аст, ки дар он намози нафл гузоридан макрўҳ аст:
- •Дар хутба хондан ин чизҳо суннат аст
- •Одоби намози Ҷумъа
- •Намози Таровиҳ
- •Аҳкоми намози Ҷаноза
- •Шартҳои намози ҷаноза
- •Тариқи гузоридани намози Ҷаноза.
- •Зиёрати қабристон
- •Рўза панҷ навъ аст.
- •1. Нияти рӯзадорӣ кардан.
- •2. Нахӯрдан.
- •3. Наошомидан.
- •Дар баёни нияти Рӯза
- •Муфсидоти (вайронкунандаҳои) рӯза
- •Одоби рӯзадорӣ
- •Дар баёни Эътикоф
- •Садақаи Фитр.
- •Масорифи закот
- •Воҷиботи ҳаҷ
- •Ҳаҷҷи умра
- •Аҳкоми қурбонӣ
- •Чорпое, ки барои қурбонӣ кардан салоҳият дорад:
- •Шартҳои дуруст шудани ақди никоҳи шаръӣ:
- •Таъминоти нафақа
- •Анвоъи нафақот
- •Фасл дар баёни масоили рибо
- •Маъсияти (гуноҳи) қалб:
- •Аз маъсиятҳои батн (шикам)
- •Аз маъсиятҳои чашм
- •Аз маъсиятҳои забон
- •Аз маъсиятҳои гўш
- •Аз маъсиятҳои даст
- •Аз маъсиятҳои пой
- •Аз маъсиятҳои тан
Ақоид ва аҳкоми динӣ - дар партави мазҳаби Имоми Аъзам (р.Ҳ.)
مختصر
در علم ديني ضروري
) به زبان تاجيكى(
Мухтасар
Дар илми динии зарурӣ
(ба забони тоҷикӣ)
Нашри саввум
ш. Киев / 2010 с.
بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ
Пешгуфтор
Ҳамду сано ва сипос Парвардигори оламиёнро, ки бисёр бахшанда ва меҳрубон аст. Дуруду салом бар ҳазрати Муҳаммади амин, ки роҳнамои роҳи саъодат аст ва салому дуруд бар аҳли хонадон ва ёрони поктарину беҳтарини эшон, ки чароғи роҳнамои ин умматанд.
Хонандаи гиромӣ! масъулияти бародарӣ водор кард, ки рисолаеро таҳти унвони “Мухтасар дар илми динии зарурӣ” пешкаш гардонем, то аз дину оин ва фарҳанги аҷдодии худ бархурдор бошем...
Ҳадафи асосӣ дар интишори чунин рисола, огоҳонидани хонандаи гиромӣ аз ақоиди саҳеҳи динӣ ва аҳкоми зарурии шаръӣ мебошад.
Шахси мусалмон ҳар ҷое ки набошад, набояд аз дину диёнат ва фарҳанги миллии худ канор ҷўяд ва тақлиди беҷо аз миллатҳои ғайри мусалмонро намояд. Набояд гузорад, ки фарзандони вай тобеъ ва пайрави равиши ғайримусалмониро ба худ касб намоянд, зеро ҳар сарпараст (падару модар) масъул ва посбони фарзандони худ аст ва аз онҳо пурсида хоҳад шуд. Чунончи дар ҳадисе омадааст : “Ҳар яке аз шумо посбонед ва аз зердастони худ пурсида хоҳед шуд...”
Пас ин рисола ба таври мухтасар шомили масоили ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат ва масоили аҳкоми ибодот ва муомилот ва анвоъи гуноҳон мебошад, ки дар шинохтан ва дар амал татбиқ намудани масоили зарурии динӣ ҳар як мусалмон масъул ва маъмур аст. Бахусус ҷавонон ва наврасон бояд аз фармудаҳои шариъати мусалмонӣ огоҳ бошанд, то мутобиқи онҳо амал намоянд ва аз корҳои манъшуда дар шариъат низ бархурдор бошанд, то аз ҳалокати маънавӣ худро наҷот намоянд.
Умедворам, ки ин хидмати оҷизона бесамар нахоҳад монд ва барои ҳар як хонандаи он чизи нофеъ ва нафис хоҳад шуд.
Худо мададгор аст.
Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.
Ҳарфи а, ки дар таҳт хат дорад, далолат ба ҳарфи - ع мекунад.
Ҳарфи з, ки дар таҳт хат дорад, далолат ба ҳарфи - ض мекунад.
Ҳарфи с, ки дар таҳт хат дорад, далолат ба ҳарфи - ص мекунад.
Ҳарфи ҳ, ки дар таҳт хат дорад, далолат ба ҳарфи - ح мекунад.
بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ
Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон
Фасл дар баёни ақоиди зарурӣ
Бар ҳар шахси мукаллаф (яъне инсони соҳиби ақли солим ва ба синни балоғат расида) зарур аст, ки побанди дини илоҳӣ, яъне дини Ислом бошад ва ҳамеша бар он устувор буда, амрҳои илоҳиро ба ҷо орад ва аз корҳои манъкардааш боз истад. Ва бояд бидонад ва эътиқод дошта бошад, ки Худованд ягона аст ва Муҳаммад расули барҳақ аст.
Агар шахси ғайри мусалмон бошад, бо гуфтани калимаи “шаҳодат” ва бовар доштани маънои он, мусалмон мешавад, ки калимаи шаҳодат чунин аст:
أشْهَدُ أن لا إلهَ إلاّ الله وَأشْهَدُ أنَّ مُحَمَّداً رَسولُ الله
«Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ».
Яъне: “Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ чизе лоиқи ибодат кардан, ғайр аз Худои ягона нест. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (алайҳиссалом) Расули барҳақ аст”.
Маънои муфассали калимаи шаҳодат:
Мазмуни ин калимаи муборака: бояд банда бидонанд ва эътиқод дошта бошад ва эътироф намояд, ки ҳеҷ маъбуде (ибодатшавандае) ба ҷуз Худои ягона сазовори ибодат намудан нест.
Он Худое, ки Яккаву Ягона аст (ибтидову аввал надорад) ва ҳамеша зинда аст (на бо ҷону рўҳ, ки охиру фано надорад), Офарандаи (ҳамаи чиз аст, ки офаридаи касе нест), Ризқдиҳандаи (ҳамаи олам аст, ки мўҳтоҷи касе нест), Олим ва доно бар ҳама чиз аст (бо илми азалии худ, ки чизе аз вай махфӣ нест), Қоим ба зоти бечуну бечарои худ аст, ки мўҳтоҷи чизе нест. Тавоно аст, бо қудрати комилаи худ ва хоҳанда аст, бо иродаи азалии худ.
ما شاء الله كان وما لم يشاء لم يكن الذى لا حول ولا قوة الا به
Ҳар чӣ Худо хоста мешавад ва ҳар чӣ нахост, намешавад. Ва ҳеҷ қуввае барои анҷоми тоъат, ғайр аз кўмаку тавфиқи Ў нест ва ҳеҷ нигоҳдорандае аз гуноҳ, ғайр аз нигоҳдоштани Ў нест.
Он Худое, ки ҳамаи сифатҳояш лоиқ ва сазовори ўянд ва аз ҳамаи нуқсон ва сифатҳои башарӣ поку бениёз аст. Чунончи дар Қуръони маҷид мефармояд:
Яъне: “Ҳеҷ чизе монанди Ў нест ва Ў шунаво аст (на ба гўш) ва бино аст (на бо чашм)1”. (сураи Шўро, ояти 11).
Зоти бениёзи Худованд азалӣ аст (аввал надорад) ва ғайри Ў ҳама эҷодшуда ва пайдошудаанд, ки аввалу ибтидо доранд ва Ў офаранда аст ва дигар ҳама офаридаи ўянд.
Пас ҳар чизе, ки дар олам ба вуҷуд омадааст, монанди шаклу ҷисм ва кору ҳаракат, аз камтарин ҷузъи он, ки зарра аст, то бузургтарини ҷузъи он, ки Арш аст - ҳама махлуқ ва офаридаи Худованди Холиқ аст. Ҳаракату оромии инсон ва нияту хотирҳои вай, бо хост ва офаридани Худо ба вуҷуд меоянд, ки касе тавони эҷод ва офаридани инҳоро надорад, ба ҷуз Ў Таъоло. Бинобарин, на табиъат ва на иллат ва на сабаб офарандаи чизе нестанд. Балки ҳама бо хосту қудрати азалии Парвардигор ба вуҷуд омада, ки ҳамаро дар азал бо илм ва хости худ тақдиру андоза кардааст, чунончи мефармояд:
Яъне: «Ва ҳамаи чизро Ў офарида ва ҳамаро андоза ва тақдир кардааст». (сураи Фурқон, ояти 2).
Худованд ҳама чизро аз нестӣ ба ҳастӣ овардааст, бинобарин ғайри Ў дигар ҳеҷ офарандае нест, чунончи дар ҷои дигар мефармояд:
Яъне: “Бешак, ба ҷуз Худованд ҳеҷ офарандае нест”. (сураи Фотир, ояти 3).
Имом Насафӣ (р) дар ин маврид мефармоянд: «Агар шахсе шишаеро бо санг бизанад ва онро бишканад, пас зарба ва шикастани он ва пора шудани он, ҳама бо хост ва офаридани Худо аст, ки инсон чизеро намеофарад, ғайри он ки кореро иҷро мекунад ва иҷро кардани кори вайро касб меноманд...». Чунончи дар Қуръони азим омадааст:
Яъне: “Барои ҳар шахс подоше аст, аз ончи ки аз некӣ касб кардааст ва бар ҳар шахс сазои он аст, аз ончи ки аз бадӣ касб кардааст”. (сураи Бақара, ояти 286). Пас, офаридан (яъне пайдо кардани чизе аз нестӣ ба ҳастӣ) хоси Худовандӣ аст.
Каломи (сухани) Худованд, ки сифати азалии Ўст қадим аст, яъне аввал ва охир надорад, (аз ҳарфу садо ва луғату забон иборат нест). Инчунин дигар сифатҳои Худованд азалӣ ва абадӣ ва бемислу бемонанданд. Зеро Худованд дар зоту сифат ва афъолу кирдукории худ ба чизе монанд нест ва Худо поку мубарро аст, аз ончи ки мушрикону гумроҳон ба Ў нисбат медиҳанд.
Акнун маълум мешавад, ки бар шахси мусалмон маърифат ва донистан ва эътиқод намудани сифатҳои бечуну бечаро ва азалии Худованд лозим аст. Бинобарин, баъзе Уламо донистани даҳ ва ё сездаҳ аз сифатҳои илоҳиро бар шахси мусалмон воҷиб фармудаанд, (яъне эътиқод кардан ва шинохтани онҳо бар мусалмон лозим аст). Ва зикри ин сифатҳои илоҳӣ, чи ба тариқи лафз ва чи ба тариқи мазмун, дар Қуръони маҷид ва дигар китобҳои мўътабар бисёр омадааст.
الوجود - الوحدانية – القدم – البقاء – القيوم - القدرة – الارادة - العلم - السمع –البصر – الحياة - الكلام - وانه منزه عن المشابهة للحادث
الوجود – Алвуҷуд, яъне Худованд мавҷуд аст ва будани Ў воҷиб ва ҳатмӣ аст, ба чизе мутааллиқ нест ва ба чизе мўҳтоҷ нест.
الوحدانية – Алваҳдоният (ё Алвоҳид, Алаҳад), яъне Худованд ягона аст ва ягонагии Ў ба маънои адад нест, балки Ўро шарик ва монанде нест.
القدم – Алқидам (ё Алқадим), яъне Худованд азалӣ ва беаввал аст, ки барои Ў вақт ва замон ҷорӣ намешавад.
البقاء – Албақо (Албоқӣ), яъне Худованд абадӣ аст, ки вуҷуди Ў охир ва нестшавӣ надорад.
القيوم – Алқаюм (алқоиму бинафсиҳӣ), яъне Худованд қоим ба зоти худаш аст, ки ба касе ва ба чизе эҳтиёҷ надорад.
القدرة – Алқудрат (Алқодир), яъне Худованд тавоно аст, на бо дасту бозў ва на бо олату аъзо, балки бо сифати қудрати худ, ки ба ҳама чизҳои вуҷудаш мумкин, қодиру тавоно аст.
الارادة – Алирода (Алмурид), яъне Худованд хоҳанда аст, на бо хоҳиши дил ва фикр, балки бо хости азалии худ, ки хости Ўро монеъ ва боздорандае нест.
العلم – Алилм (Алолим), яъне Худованд доно аст, на бо хондану омўхтан, балки бо илми азалии худ, ки илми Ў тағйир ва дигаргун намешавад ва ҳеҷ чизе аз илми вай махфӣ нест.
السمع – Ассамъ (Ассамиъ), яъне Худованд шунаво аст, на бо гўшу олати шунавоӣ, балки бо сифати самъи худ, ки мўҳтоҷи олат ва садову масофае нест.
البصر – Албасар (Албасир), яъне Худованд бино аст, на бо чашму олати биноӣ, балки бо сифати басари худ, ки чизе аз вай пўшида нест.
الحياة – Алҳаёт (Алҳай), яъне Худованд зинда аст, на бо ҷону тан ва на бо рўҳу нафасгирӣ, балки бо сифати ҳаёти худ, ки ҳаёти вай азалӣ ва абадӣ аст ва ба чизе вобаста нест.
الكلام – Алкалом (Алмутакаллим), яъне Худованд гўё аст, на ба кому забон ва олату садо ва ҳарфу овоз, балки бо сифати каломи худ, ки сухани азалии Ў мисли сухани бандагон нест.
Чунончи мазкур шуд, сифатҳои Худованд ба ҳеҷ як аз сифатҳои инсонӣ ва дигар махлуқот монанд ва шабеҳ нест, пас Худованд аз ҳамаи сифатҳои башарӣ поку бениёз аст.
Чун сифатҳои Худованд азалӣ ва абадӣ ва бемислу бемонанд бошанд, пас зоти поки илоҳӣ низ азаливу абадӣ ва бемислу бемонанд аст. Зеро чизе, ки дорои сифат ва аломати дигаргунӣ ва тағйирпазирӣ бошад, пас зоти вай низ тағйирёбанда аст, ки ин аломати пайдоиш аст ва ин ҳама сифати махлуқ аст. Аммо Холиқи ягона аз ҳамаи сифатҳои махлуқӣ, поку мубарро аст.
Ҳазрати Имом Абўҳанифа (раҳматуллоҳи алайҳи) мефармоянд: “Аммо сифатҳои феълии Ў Таъоло инҳоянд: Тахлиқ, иншоъ, ва ибдоъ, ва сунъ ва ғайраи дигар... (ин сифатҳо ба маънои офаридан аст). Ва Аллоҳ Таъоло ҳамеша офаранда буд, бо сифати тахлиқи (офаридани) худ ва тахлиқ сифати азалии Ўст. Ва фоил (созанда) аст, бо феъли худ ва феъл сифати азалии Ўст, пас Худованд офаранда буд, пеш аз он ки чизеро биёфарад ва ризқдиҳанда буд, пеш аз он ки бар касе ризқ диҳад ва феъли вай сифати азалии Ўст. Ва фоил (созандаву офаранда) Худованд аст, вале мафъул (офаридашуда) махлуқи Ўст”. (Фиқҳи Акбар).
Маънои муфассали калимаи дуввум:
وَأشْهَدُ أنَّ مُحَمَّداً رَسولُ الله
“Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ”
Яъне: медонам ва эътиқоди бешак дорам ва тасдиқ мекунам, ки ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманофи Қурашӣ, банда ва расули Худо - анд, ки фиристодашуда буданд бар ҳамаи мардуми олам. Он ҳазрат алайҳиссалом дар шаҳри Маккаи мукаррама ба дунё омада ва онҷо ба пайғамбарӣ баргузидашуда ва даъвату таблиғи дини илоҳиро аз онҷо шурўъ намуда буданд. Сипас, баъд аз сездаҳ соли иқомат дар онҷо, бо изни Худованд ба шаҳри Мадинаи таййиба ҳиҷрат намуданд ва то охири ҳаёти мубораки худ дар онҷо мардумро ба дини ҳақ ва яктопарастӣ даъват намуданд. Ва дар ҳамонҷо аз олам даргузаштанд, ки қабри мубораки эшон дар онҷо воқеъ аст. Бояд донист, ки паёмбари Худо ҳар чизе, ки барои мардум гуфтанду расониданд, ҳама аз тариқи ваҳйи Парвардигор буд, ки чизеро аз пеши худ наоварда ва дар расонидани дини илоҳӣ дар чизе кўтоҳӣ ва нуқсоне накардаанд.
Аз ҷумлаи он чизҳое, ки он ҳазрат ба мо хабар додаанд:
Даҳшат ва азоби қабр бар кофирону баъзе аз гунаҳкорони ин уммат ва роҳату осоиштагии қабр барои мўъминони накўкор аст. Пурсидани ду фаришта маййитро дар қабр, ки номи яке Мункар ва дигаре Накир, ҳақ аст. Зинда гардонидани мурдагон дар охират ва ҳашр (ҷамъ) намудани мардум дар он рўз дар майдони қиёмат ва ҳисоб намудани аъмоли бандагон бо тарозуе, ки дар он рўз гузошта мешавад, (ҳақиқату чигунагии он тарозуро Худо медонад) ҳамаи ин ҳақ аст.
Инчунин барои мўъминони накўкор савобу подоши нек дода мешавад ва барои шахсони беимон ва гунаҳкор ҷазову подоши бад дода мешавад. Гузаштани тамоми мардум аз болои пули Сирот, ки як ҷониби он дар майдони маҳшар ва ҷониби дигараш сўи Ҷаннат аст, ҳақ мебошад. азобҳои Дўзах, ки бар кофирону гунаҳкорон омода шудааст ва он бадтарин ҷойгоҳ аст, ҳама ҳақ ва собит аст.
Воқеъ будани ҳавзи кавсар дар даромадгоҳи Биҳишт, ки аз оби он ҳама мўъминон хоҳанд нўшид ва пас аз он ҳаргиз ташнаву гурусна намегарданд, ҳақ аст. Шафоъат хостани Паёмбарон ва авлиёву бузургон дар он рўз барои мўъмини гунаҳкор ҳақ аст. Инчунин воқеъ будани Ҷаннат, ки барои мўъминон омода шудааст ва онҷо макони неъмат ва осоиштагии ҳамешагӣ аст, ҳамаи ин ҳақ ва рост аст.
Калонтарин ҷисме, ки дар ин олам офаридашудааст, Арш аст ва масоҳати он аз ҳамаи коиноти ин чаҳон бузург аст ва зери он Курсӣ (номи мавзеъе дар осмон) офаридааст ва Қаламро (албатта на монанди қалами ин чаҳон) офаридааст, ки тамоми тақдироти оламро бо фармони илоҳӣ, дар Лавҳи маҳфуз нависта ва сабт кардааст. (Лавҳи маҳфуз макони хосе аст, ки дар олами болоӣ қарор дорад ва онҷо тақдироти ҳама олам сабт шудааст).
Дидори бечуну бечарои Парвардигор дар қиёмат барои мўъминон ҳақ аст. Аҳли Ҷаннат парвардигорашонро дар Биҳишт бо чашми худ, бемислу бемонанд ва бе ҷиҳату бемасофа ва бечигунагиву бемакон хоҳанд дид.
Инчунин ҳамаи он аломатҳои охири замонро, ки Паёмбари акрам алайҳиссалом ба мо хабар додаанд, ҳама рост аст. Чуноне ки баъзеи он шудааст (мисли: беҳурматии ҷавонон нисбати волидайн, кам шудани маърифати илми дин, интишори зулм ва қатли ноҳақ ва ғайра...) ва баъзеи он хоҳад шуд, монанди: баромадани Даҷҷол (шахси кофир ва фиребгар, ки худро Худо эълон мекунад ва мардумро ба гумроҳӣ мебарад). Ва баромадани Доббатул арз (як навъ ҳайвони заминӣ, ки бо мардум сухан мегўяд ва шакли аҷибе дорад) ва баромадани ду қавми вайронкор ва тороҷгар, ки Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ ном доранд. Инчунин фаромадани ҳазрати Исои пайғамбар аз осмон, дар охири замон, ки мардуми бединро ба дини ҳақ даъват мекунанд ва худи эшон пайравии шариъати Муҳаммадиро менамоянд, ҳақ ва собит аст. Ва дар охири замон тулўъ кардани офтоб аз ҷониби мағриб, ки баъди он дигар имон ва тавбаи касе қабул намегардад, ҳамаи ин хабарҳо ҳақ буда, дар осору ахбор ворид шудааст.
Инчунин шахси мусалмон бояд ба: фариштагони илоҳӣ ва ба пайғамбарони Ў ва ба китобҳои осмонӣ ва ба тақдири некӣ ва бадӣ, ки ҳама бо ирода ва хости илоҳӣ аст, имон дошта бошад. Ва инчунин имон ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом, ки охирини паёмбарон ва беҳтарини тамоми фарзандони одамӣ ҳастанд, аз аркони имондорӣ аст.
