Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН...docx
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
93.35 Кб
Скачать

Б)Сохтор ва мундариҷаи рӯзномаи зикр шуда

Баъд аз як моҳи ба имзо расидани қарори кумиҷроя, 1-июли соли 1993 газета зери шиори «Тиллар ҳар турли-ю тилмоч керакмас, Қардошлик кӯнгиллар аро кӯприкдир» рӯйи чопро дид. Рӯзнома зери рубрикаҳои «ДАН хабар беради» (БДА хабар медиҳад) «Маориф», «Назм», «Наср», «Дӯстии адабиётҳо–дӯстии халқҳо», «Бойчечак», «Пирони барнодил», «Дар меридианҳои дӯстӣ» ва баъд аз соли 1994 рубрикаҳои «Қарори Раиси вилоят дар амал», «Навигариҳои вилоят», «Ба мо менависанд», «Дастурҳои Президент дар амал», «Андешаҳо пас аз Паёми Президент», «Овози ҷавонон», «Саҳифаи бонувон», бо ҳаҷми 4 саҳифа чоп мешуд.

Аз сабабе, ки рӯзнома рӯзномаи давлатӣ аст ҳамеша дар саҳифа аввал хабарҳое, ки аз рафти корҳои раиси вилоят зери рубрикаи «Суғд вилояти Раиси матбуот хизмати» ба чоп мерасад. Боз табрикоти Раиси вилоят дар идҳои касбӣ ва фарҳангӣ ва фармону қарорҳои раиси вилоят ва президенти кишвар низ ба чоп мерасад.

Дар саҳифаи дуюм бошад, бештар вақт хабарҳо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аз нишастҳои матбуотӣ (январ, июн) ҳисоботи корхонаҳо ва дар як сол на кам аз 6 мақолаи сармуҳаррири рӯзнома Фарҳод Ҷӯраев, ки хусусияти шукри истиқлолиятро дорад, чоп мешавад.

Саҳифаи севвум бошад бештар ба мавзӯъҳои адабӣ бахшида шудааст. Дар ин саҳифа бештар мусоҳибаҳо бо шоирон, нависандагон ва аҳли адаб чоп мешавад. Боз дар ин саҳифаи маҳсус , ки ба занон бахшида шудааст ва «Суғдиёна» номгузорӣ шудааст, аҳён-аҳён ба чоп мерасад. Дар вақти нишасти матбуотӣ дар ин саҳифа низ њисоботҳоро дидан мумкин аст. Дар баъзе вақтҳо аз сабабе, ки ин саҳифа хусусияти адабиро дорад, ҳикояву шеърҳо ҳам дида мешавад.

Саҳифаи чоруми рӯзномаи «Суғд Ҳақиқати» бештар ба масалаҳои доир ба ҳаёти ҷавонон эътибор дода, ҳамчунин ҷавонони эҷодкори болаёқатро ба худаш ҷалб мекунад. Дар саҳифаи чорум бештар вақт саҳифаи «Ёшлар овози» (ба забони тоҷикӣ «Овози ҷавонон») чоп мешавад, ки пурра аз маводҳои ҷавонон иборат аст. Ба ин маводҳо шеърҳо, ҳикояҳо, латифаҳо ва ғайраҳо медарояд.

Рӯзнома дар арафаи идҳо (9-сентябр, 6-ноябр) ранга чоп мешавад ин ҳам бошад бо ранги кабуд фарқ мекунад.

Тиражи рӯзнома то 2800 аст. Ёдрас кардан даркор,ки дар солҳои 1993-1996 теъдоди рӯзнома ба қуллаи баланди худ расидааст яъне 15 ҳазор нусха.

Рӯзнома аз рӯзҳои аввалини таъсисаш ба инъикоси воқеъаҳои иҷтимовиву сиёсие, ки дар марзи кишвар шудааст, машѓул аст. Барои мисол дар шумораи №83 15.10.1994, ки дар арафаи интихоботи призедентӣ чоп шудааст, далел шуда метавонад. Дар ин шумораи рӯзнома зери сарлавҳаи «Мамлакат келажаги халқ интилишлари бирлигида, муносиб яшашда», дастури пеш аз интихоботии яке аз номзадони президенти Ҷумхурии Тоҷикистон А.Абдуллоҷонов чоп шудааст.

Боз дар шумораи №85, 18 ноябри соли 1994 дар бораи натиҷаҳои интихобот ва нутқи Президенти кишвар Э.Раҳмон дар сессия ХХI зери сарлавҳаи «Халқ фаровонлиги йӯлида» оварда шудааст. Боз дар ин шумора Фармони кумиҷрояи депутатҳои Ленинобод таҳти рақами №302 чоп шудааст.

Ин рӯзнома аз рӯзҳои аввал ҳамчун сарояндаи дўстии халқҳои ӯзбеку-тоҷик ба минбар омад, мақолаҳое, ки зери рубрикаи «Дар меридианҳои дӯстӣ» «Дӯстии адабиётҳо–дӯстии халқҳо» чоп шудааст, мисол овардан мумкин аст.

Ба ҷойи як мисол номае, ки дар шумораи №13, 29 январи соли 1994 ки зери мавзӯъи «Ӯзбекистон юртбошчиси Президент Ислом Абдуғаниевич Каримовга мактуб» чоп шудааст мисол овардан мумкин.

Дар ин нома Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримовро бо шарофати сазовор гардидани ҷоизаи ташкилоти байналхалқии руҳоният муборакбод мекунанд: «Авалло сизни тинч тотув яшаш учун кӯрсатиб келаётган саъйи ҳаракатларингиз туфайли ҳалқаро Руҳоният ташкилоти мукофотига сазовор бӯлганингиз билан чин дилдан қутлаймиз». Боз дар ин нома гуфтаҳое, ки дустии ҳалқҳои ӯзбеку-тоҷикро нишон медиҳад оварда шудааст: «Ҳар бир ӯзбекда тожикнинг,тожикда эса ӯзбекнинг қони борлиги шубҳасиз. Бозоримиз ҳам мозоримиз ҳам бир. Қӯйимиз ҳам, уйимиз ҳам, тӯйимиз ҳам бир хил. Тилимиз фарқ қилса ҳам, дилимиз бир ниятимиз бир». Ин нома инъикоскунандаи муаммоҳои байни сарҳадӣ, ки акнун дар ҳамон давра сар зада бисёр нофаҳмиҳоро дар байни миллати ӯзбеку тоҷик ба миён оварда буд, низ ба шумор меравад. «Бироқ мувафақиятларни ва ҳалқлар дӯслигини кӯра олмайдиганлар одамлар ҳамма вақт ҳам топилар экан. Ҳусусан кейиги пайтларда замона зйли билан пайдо бӯлган божхона деган «ҳизмат»лар,милитсия,айрим икки юрт учун ҳизмат кӯрсатиш корхоналари «доно»лари чегара ва йӯлларда ӯзича кӯраётган чора тадбирлар ортиқча миш-миш вам айда гапларга сабаб бӯлаётгани бизни ташвишлантирмоқда…»

Нафақат муаммоҳоро боз роҳи ҳалли инро ҳам низ дар номаи худашон пешниҳод карданд: «Шуларни инобатга олган ҳолда вилоятимиз Ӯзбекистоннинг жон укаси ва биродари сифатида билиб яқин қӯшничилик ришталарини мустаҳкамлаш пайидан бӯлганмизда айни муддао бӯларди. Иқтисодий режаларни амалга оширишга жиддий киришиш, божхона тӯсиқларидан қутулиш, ҳамкорликнинг янги уфқларини кашф қилиш мақсадга мувофиқ бӯларди»

Ин нома бо ҳаммуаллифии якчанд нафар аз фаъолони ҷомеаи ӯзбекзабони вилояти Суѓд ба мисли - қаҳрамони ду каратаи меҳнат, раиси колхози А.Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов, Абдуғафур Саматов, доктори илмҳои фалсафа, профессор ва раиси Маркази маданияти ӯзбекон дар Хуљанд Ҳомид Пӯлатов, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Суғд Ҳаққати» Мафтун Жӯра, доктори фанҳои филологӣ профессор Эргашали Шодиев ва Раиси колхози Калинини ноҳияи Ашт Имомназар Хӯжаназаров бо чоп расидааст.

Аз далелҳои дар боло зикршуда бармеояд, ки Рӯзномаи «Сӯғд Ҳақиқати» аз рӯзҳои аввалини таъсис шуданаш дар роҳи пешравии кишвари Тоҷикистони азизамон кори арзандае ба анҷом расондааст.

Рӯзномаи зикршуда нафақат бо инъикоси вазъияти сиёсии дохилаи кишвар, балки барои хуб кардани муносабати кишварамонро бо дигар давлатҳои ­ҳамсарҳад ҳам кори босамарро ба анҷом расондааст.

Боз дар аввали таъсиси рӯзнома бисёр мақолаҳои сиёсӣ, баромадҳои номзадҳои президентӣ барои Ҷумхурии Тоҷикистон оварда шудааст.

Ин рӯзномаро минбари миллати ӯзбек дар вилояти Сӯғд гӯем ҳам ҳато намекунем…

Боби2

Мавқеъи жанрҳои иттилоотӣ (хабар,ҳисобот) ва тахлилӣ (мақола) дар рӯзномаи «Суғд Ҳақиқати»(солҳои 2012-2014)

Дараҷаи шинохти мавҳумҳои «жанр» ва «жанрҳои журналистӣ»

Дар бораи жанр бисёр олимон ба қабили Ворошилов В. «Журналистика», Лазутина Г. «Основы творческой деятельности журналиста», Политаев, Тертичный, Иброҳим Усмонов ибрози андеша намуда, ҳар яке аз ин муаллифон жанрҳоро бо тарзҳои гуногуни ба худ хос фањмонда додаанд.

Дар Энсиклопедияи советии тољикӣ бошад, истилоҳи жанр гуногун муаррифӣ шудааст: «Жанр, жанри бадеӣ (франс. gonre – љинс, намуд), ба гурӯҳҳо тақсимшавӣ ва тасвири дохилии ҳамаи намудҳои санъат, ки таърихан сурат гирифтааст. Боз дар як ҷо ба ин тавр оварда шудааст; (45,1-2-3)

Жанр ва моҳияти он

Жанр чист? Он пеш аз ҳама категорияи таърихист. Вале, жанр ба марҳилаи феъли (равон, сохти мавҷуда), фаъолмандии идеологии ҷомеа вобастаги дорад. Пас жанр як воситаи тасвири ҳаёти ҷомеа аст. Олимон дар таҳқиқотҳои худ онро ба тарзи гуногун шарҳу эзоҳ додаанд;

Рудолф Боретский таъкид менамояд; ки «дар заминаи жанр мо аз як навъи тасвири воқеияте огоҳ меёбем ва он хислатҳои устувори сохторӣ дорад».

Валерия Учёнова бошад, бештар ба ҷиҳатҳои таҳқиқии жанр эътибор дода, онро «як воситаи хуби тасвири воқеияти омўхташуда» номидааст.

Михаил Черепахов менависад, ки «жанр гурўҳи тасвири воқеият аст». Тавре мебинем, се таъриф ҳам ба як чиз эътимод доранд, жанр василаи баёни фикри омўхтаву дар тарозуи ақл санҷддаест, ки бо мақсади таъсиррасони баён карда мешавад (И.Усмонов)

Жанр qenre (франсавӣ) маънии ҷинсу намудро ифода мекунад.

Аз фикрҳои дар боло зикр шуда ба он фикр омадем,ки жанр ин матнест, ки аз матни дигари бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Ғайр аз ин ҳамаи маводҳое, ки истифода мешавад ба қолаби жанр даромада аст. Боз жанрҳое, ки бо хусусияти худ ба ҳамдигар наздик аст ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд.