 
        
        - •Мавзӯъ: “Ҷойгоҳи рӯзномаи «Суғд Ҳақиқатӣ» дар матбуоти вилояти Суғд”
- •Боби 1 .Аз таърихи таъсис, сохтор ва мундариҷаҳои аввалин рӯзномаҳои ӯзбекзабони Осиёи Миёна
- •Б)Сохтор ва мундариҷаи рӯзномаи зикр шуда
- •Фасли1.Корбурди жанрҳои иттилотӣ дар рӯзнома
- •Б) Мавқеи истифодаи жанри хабар дар рӯзнома
- •Фасли2.Истифодаи жанрҳои таҳлили дар рӯзнома.
- •Жанри «мақола»
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД
БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ҒАФУРОВ
ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК
КАФЕДРАИ ЖУРНАЛИСТИКА ВА НАЗАРИЯИ ТАРҶУМА
 
Мавзӯъ: “Ҷойгоҳи рӯзномаи «Суғд Ҳақиқатӣ» дар матбуоти вилояти Суғд”
ИҶРОКУНАНДА: Донишҷӯи соли сеюми
Шӯъбаи рӯзноманигорӣ
Ризаев Ӯктам
РОҲБАРИ ИЛМӢ : Муаллими
кафедраи журналистика
ва назарияи тарҷума
Фарҳод Ҷӯраев
Хуҷанд - 2015
Ҷойгоҳи рӯзномаи «Суғд Ҳақиқатӣ» дар матбуоти вилояти Суғд
Муқаддима.............................................................................................
Боби1.Таърихи таъсис, сохтор ва мундариҷаи рӯзномаҳои ӯзбекзабон дар Осиёи Миёна (Туркистон вилоятининг газетаси,Тӯрон,Суғд Ҳақиқатӣ)...............................................................................................
Фасли1.Таърихи таъсиси рӯзномаҳои ӯзбекзабон дар Осиёи Миёна…….
А)Таърихи таъсиси рӯзномаи аввалини ӯзбекзабон «Туркистон вилоятининг газетаси»................................................................................
Б)Мавқеи газетаи «Тӯрон» дар вақти замима дар «Бухорои Шариф» ва ҳамчун газетаи мустақил……………………………………………........
Фасли2.Таърихи таъсиси рӯзномаи «Суғд Ҳақиқатӣ»..........
А)Таърихи таъсиси рӯзнома………………………………...........................
Б)Сохтор ва мундариҷаи рӯзнома……….............................
Боби2.Мавқеъи жанрҳои иттилоотӣ дар рӯзномаи «Суғд Ҳақиқатӣ»(солҳои 2012-2014)………………….................................
Фасли1.Корбурди жанрҳои иттилотӣ дар рӯзнома( хабар, ҳисобот)...
Фасли2.Истифодаи жанрҳои таҳлилӣ дар рӯзнома……………………
А)Мавқеи истифодаи жанри мақола………………………………….
Б)Баррасии жанрҳои журналистӣ аз назари фарогирии мавзӯи рӯзнома…………………………………………………………………………
Хулоса ва руйхати адабиёт………………………………………………..
Муқаддима
Таърихи журналистикаи тоҷик бисёр зинаҳои пурмашаққатро паси сар намуда рӯ ба беҳбудӣ овард. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунёвӣ аст, барои ҳамин ҳам ҳар миллате, ки дар марзи кишвар аз будани худ арзёбӣ мекунад метавонад ВАО-и миллии худашро дошта бошад. Устод Айнӣ мегӯяд: «Рӯзномаи ҳар миллат забони гӯёи ҳамон миллат аст, миллате, ки рӯзнома надорад гӯё, ки забон надорад». Мо ба худ мақсад гузоштем, ки яке аз рӯзномаҳои беҳтаринро, ки дар пур кардани фазои иттилоотӣ бо забони ӯзбекӣ дар вилояти Суғд корҳои босамаре анҷом додааст, мавриди таҳқиқ қарор диҳем. Сухан дар бораи нашрияи ӯзбекии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Суғд Ҳақиқатӣ» меравад.
Рӯзнома таърихи 20 сола дошта, ба наздикӣ 20-солагии худро ҷашн гирифт, аммо то ҳол ягон кас ба таҳқиқи ин рӯзнома даст назадааст. Мо дар кори худ пеш аз таҳқиқи рӯзномаи мазкур тасмим гирифтем аз пайдошавии рӯзномаҳои аввалини ӯзбекзабон дар Осиёи Миёна маълумот диҳем. Мо дар ҷараёни таҳқиқ пеш аз ҳама ба таърихи пайдоиши рӯзномаҳои ӯзбекзабон дар Осиёи Миёна яъне аввалин рӯзномаҳои милли мисли - «Тӯрон», «Туркистон вилоятининг газети» таваҷҷӯҳ намудем.
Мақсади мо пеш аз ҳама барои пешравии журналистикаи тоҷик заррае бошад, ҳам ҳиссаи худро гузоштан аст. Баъд, рӯзномаи зикршударо муаррифӣ кардан. Ба хонандагон бо маълумот ва таҳқиқи бештар рӯзномаро ошно кардан ва тарафҳои ноъмалуми рӯзномаро таҳқиқ кардан. Оид ба рӯзномаи мазкур шумо метавонед дар рафти кор маълумоти муфассал гиред.
Кори таҳқиқии мо аз 2 боб 4 фасл ва 7 зерфаслро иборат аст.
Дар боби аввал «Таърихи таъсис, сохтор ва мундариҷаи рӯзномаҳои ӯзбекзабон дар Осиёи Миёна» ном дорад, ба ду фасл ва чор зерфасл ҷудо кардем.
Дар фасли аввал - «Таърихи таъсиси рӯзномаҳои ӯзбекзабон дар Осиёи Миёна» дар бораи дӯстии миллатҳои ӯзбеку тоҷик, аввалин рӯзномаҳои ӯзбекии Осиёи Миёна (Туркистон вилоятининг газети,Тӯрон) ва дар бораи сохтор ва мундариҷаи онҳо маълумот пешниҳод кардем.
Дар фасли дуюм - «Таърихи таъсис ва мундариҷаи рӯзномаи «Суғд Ҳақиқати» ба таҳқиқоти объекти таҳқиқ шурӯъ намудем. Мо дар ин фасл ҳаракат кардем, ки дар бораи таърихи таъсис ва сохтору мундариҷаи рӯзнома сухан кунем.
Дар боби дуюм - «Мавқеи жанрҳои журналистӣ дар рӯзномаи «Суғд Ҳақиқатӣ»-ро ҷой додем ва маводе, ки дар ду соли охир нашр гардид мавриди таҳқиқ қарор додем. (2012-14с.)
Дар фасли аввали боби дуюм, ки “Корбурди жанрҳои иттилотӣ дар рӯзнома” номгузорӣ кардем, дар бораи истифодаи жанрҳои иттилоотӣ аз қабили хабар, ҳисобот маълумот додем. Дар фасли дуюми ин боб ”Истифодаи жанрҳои таҳлилӣ дар рӯзнома“ ҷой додем ва доир ба истифодаи жанри таҳлилӣ дар ин рӯзнома маълумот додем.
Дар зерфасли охирин, ки “Баррасии жанрҳои журналистӣ аз назари фарогирии мавзӯъ» ном дорад, кадом мавзӯъҳое, ки бештар дар ин рӯзнома инъикос гардидааст ҷамъоварӣ кардем.
