Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
КТМ Омор.doc
Скачиваний:
293
Добавлен:
24.04.2019
Размер:
705.02 Кб
Скачать

Хафтаи хаштум: Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтимой-иқтисодӣ Дарси якум. Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтнмой-иқтисодй. Ташкили омор дар давлатҳои хориҷй

1. Омори и ҷтимо й- иқтисодӣ (ОИИ) чун соҳаи дониш илми ҷомеашиносӣ мебошад. Объекта омузнши ин фан шаклҳо ва зуҳуроти мухталифи ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ва аз ин бобат ОИИ ба ҳамаи илмҳои дигар, ки ҷамъият, равандҳои он, конуниятҳои инкишофи онро меомӯзанд, аз қабили назарияи иқтисодй, иқтисодиёти саноат, кишоварзӣ, банақшагири, сотсиолог ия робитаи зич дорад.

ОИИ миқдори ҳолату ҳодисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро дар алоқамандй бо чиҳати сифатиашон меомӯзад.

ОИИ истеҳсолот, тақсимоту истеъмолоти неъматҳои моддй ва маънавй дар ҷамъият, қонуниятҳои тағйирёбии онҳо, шароити иқтисодй ва иҷтимоии зисти одамонро меомӯзад.

Асоси методологии ОИИ диалектикаи материалистӣ ба ҳисоб меравад.

ОИИ ба қонуниятҳои диалектики такя намуда, усулу тарзхри махсуси тадқиқро, ки ба табиати ҳодисаҳои мавриди омӯзиши но мувофиқанд, таҳия мекунад ва онҳо методи ОИИ-ро ташкил мекунанд.

Омори иҷтимой-иқтисодй дар тадқиқотҳояш усулҳои дедуксия ва индуксия, анализ ва синтезро истифода мебарад.

ОИИ дар тадкиқоташ бештар аз метод ва принсипҳои назарияи умумии омор, ба монанди методҳои мушоҳидаи оммавии оморй; гурӯҳбанди; ҷамъбасткунии нишондиҳандаҳо-бузургиҳои мутлақ, нисбй, миёна; таҳлили индексй ва ғайраро мавриди истифода қарор медиҳад.

Вазифаи ОИИ бо вазифаҳои умумии иқтисодиёти бозоргонӣ, сохтмони ҷамъияти дорои сатҳи баланди тараққии иҷтимою иқтиеодӣ алоқмандии зич дорад.

2. Омор ҳамчун фанни ҷамъиятй ва чун соҳаи фаъолияти амалй аз доираи шавқу рағбати одамон берун буда наметавонад.

Мундариҷа ва шаклҳои тaшкили онро муноснбатҳои истеҳсолй, муайян мекунанд, ки дар ниҳояти кор мақсаду таъмпнотн умури давлатип оморро низ .муайян менамояд.

Барои қонеь гардонидани талаботи рӯзафзуни монополияҳо ба маълумотн оморй ҳукуматҳои мамолики капиталистй ба ташкили шабакаи нисбатан васеи муассисаҳои давлатии оморӣ ва бо техникаҳои ҳисоббарори ҳозиразамон таҷҳизонидани онҳо маҷбур мсшаванд.

Шакли асосии мушоҳидаи омории ҷорӣ дар давлатҳоп хорнҷй таҳқиқи анкетавӣ ба ҳисоб меравад.

Омор дар давлатҳои хориҷӣ марказонида нашудааст. Фаъолияти омориро муассисаҳои зиеди давлатӣ амалй мегардонанд. Дар ШМА кори мунтазамро оиди гирдоварй ва ҷамъбастп маълумотҳои оморй 38 муассисаи ҳукумати федералй дар марказҳон махсуси ҳисоббарор ба субут мерасонанд.

Дар Бритониёи Кабир омори давлатй ба ӯхдаи 50 агенте, кн ба вазоратҳои гуногун дахлдоранд, гузошта шудааст.

Дар Олмон ба ҳамаи корҳои оморй умури федералии оморй, ки ба ҳайати Вазорати корҳои дохили шомил аст, роҳбарй мекунад.

Омори байналхалқиро бо нишондодҳо ва низомномааш комиссиям омории СММ амалй мегардонад. Он ба Шӯрои иқтисодй ва иҷтимоии СММ оиди методологияи ҳисобгирӣ, ёрии амалй ба Шӯро дар ҷамъкупй ва коркарди маълумоти оморй, пешниҳоду тавсияҳо таҳия мекунад.

Дарси дуюм: Тасниф ва гурӯҳбандй дар оии. Системаи нишондихандаҳо дар оии

Таснифи соҳаҳои хоҷагии халқ гуфта, номгӯи соҳаҳоеро мефаҳманд, ки байни худ аз ҷиҳати вазифаҳои иҷрокунандаашон фарқ мекунанд.

Ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халрқо вобаста ба истеҳсолоти моддӣ, таҳсимоти меҳнат, тақсимкунӣ, азнавтақсимкунй ва • истсъмоли маҳсулоти ҷамъиятй ба риштаи истеҳсолй ва ғайриистеҳсолй тақсим менамоянд.

Риштаи истеҳсолоти моддй соҳаҳоеанд, ки дар асоси сарф намудани меҳнати ҷамъиятй неъматҳои модцй ба вуҷуд меоранд.

Ба риштаи истеҳсолӣ соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, ҷангал, савдо ва хӯроки умумӣ, нақлиёти боркашон ва ғайра дохил мешавад.

Риштаи ғайриистеҳсолй - дар ин соҳа неъматҳои моддй ба вуҷуд оварда намешавад лекин талаботи ҷамъиятию шахсй қонеъ гардонида мешавад. Ба риштаи ғайриистеҳсоли соҳаҳои хизматҳои манзилию-рифоҳй ва маишии аҳолй, алоқа, нақлиёти мусофиркашон,

Оморн иҷтимои-пқтисодп тандурустӣ, тарбияи ҷисмонп, санъат, илм, маориф ва ғайра дохил мешаванд.

Гурӯҳбандй дар ОИИ аҳмияти калон дошта, ҳолату ҳодисаҳо аз нуқтаи назари таъиноти иқтисодиашон ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд.

Нишондиҳандаи оморй яке аз категорияҳои асосй ва мафҳуми миқдорию сифатии омори нҷтнмоӣ-мқтисодй мебошад. Нишондиҳандаҳои оморй дар шакли бузургиҳои мутлақ, нисбӣ ва миёна ифода меебанд. Ҳар як соҳа нишондихдндаҳои хоси худро дорад. Дар асоси ин нишондиҳандаҳо хусусиятҳои ин ё он соҳаҳо омӯхта ва баҳо дода мешавад.

- Нишондиҳандаҳои аҳолй ва захираҳои меҳнатй: шумораи аҳолӣ, ҷойгиршавии онҳо, таркиби аҳолй, акди никоҳ ва талоқ, тавлид, фавт, давомнокии ҳаёт, шумораи аҳолии коршоям ва корношоямдаркиби он, шуғли аҳоли ва ҳоказо.

- Нишондиҳандаҳои сарвати миллӣ: нишондихандаҳои фондҳои асосй, нишондиҳандаҳои фондҳои гардон, нишондиҳандаҳои захираҳои тибиӣ, фонди замин, фонди ҷангал, канданиҳои фоиданок ва ғ.

- Нишондиҳандаҳои меҳнат: ҳайат ва истифодаи қувваи корй, вақти кор, ҳосилнокии меҳнат, меъёри коркард, музди меҳнат, аз кор сабукдӯш шудан ва ба кор қабул шудани кадрҳо ва ҳоказо.

- Нишондиҳандаҳои хароҷоти исте.ҳсолот: муомилот, нарх ва тарифҳо: таркиби хароҷоти истеҳсолй, арзиши аслии маҳсулот, хароҷот ба 1 рубли маҳсулоти молй, хароҷоти муомилот, коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, даромад ва даромаднокӣ, нарх ва динамикам он дар савдои яклухт ва чакана, тарифҳо дар нақлиёт ва нарху арзиши хизматҳо.

Дарси сеюм. Савол ва супоришот

1. Омори иҷтимой- иқтисодӣ чиро меомӯзад?

2. Нақши омор дар хориҷа

3. Тасниф дар ОИИ

4. Мафҳуми нишондихдндаҳои оморй

Дарси чорум: Пурсиши умумии Донишчуён

Хафтаи нухум: Омори аҳолй ва захираҳои меҳнат

Дарси якум: Омори шумора ва ҳайати аҳолӣ.

1. Омори аҳолӣ (омори демографӣ) қонуниятҳои тағйпрёбии миқдори ҷойгиршавии аҳолӣ: шумора, ҳайат ва ҳаракати он; хусусият, суръат сабаб ва омнлҳоп тағйирёбии шумора, муҳоҷирати аҳолй, тавлид. фавг, давомнокин ҳаётро меомузад.

Омӯзиши шумораи аҳолӣ барои идоракунй ва нақшагирии инкишофи иқтисодию- иҷтимоии ноҳия зарур мебошад.

Методи асосии муайян кардани шумораи аҳолй иы барӯйхатгирии аҳолй аст. Ҳангоми барӯйхатгирӣ ду намуди аҳолй фарқ карда мешавад: доимӣ ва мавҷуда.

Аҳолии доимӣ - шахсонс мебошанд, ки дар маҳали аҳолинишин доимй истиқомат доранд.

Аҳолии мавҷуда - шахсоне мебошанд, ки дар вақти барӯихатгирӣ новобаста аз он, ки дар ин ҷо доимӣ ё муваққати истиқомат мекунанд, мавҷуданд.

Ҳангоми муайянкунии аҳолии доимӣ аҳолии муваққатан зиндагикунанда ва муваққатан ғоиб ба ҳисоб гирифта мешавад.

Аҳолии доимй аз рӯи баробарии зерин ҳисоб карда мешавад: АД = AM + АМҒ - АМЗ

дар ин ҷо

АД - аҳолии доимй

АМҒ - аҳолии муваққатан ғоиб

АМЗ - аҳолии мувақкатан зиндагикунандагон аз ин рӯ АМ = АД-АМҒ + АМЗ AM- аҳолии мавҷуда

Ҳисоби миёнаи аҳолӣ бо формулаи миёнаи хронологи муайян карда мешвад.

У = 1/2 У1 + У2 + УЗ + 4... + ШУп / п-1 дар ин ҷо

У- шумораи миёнаи аҳолӣ

Уп- шумораи аҳолӣ дар вақтҳои муайян

п- шумораи ҳоидисаҳо

Дарси дуюм: Омори ҳаракати табии аҳолй. Омори захира[ои меҳнати

Ҳаракати табиии аҳолй ин ҳолатҳои тавлид, фавт ва давомнокии ҳаётро меноманд. Ақди никоҳ талоқ, тағйирёбии давомнокии ҳаёт низ ба ҳаракати табиии аҳолй мансубанд.

Омор ҳаҷми мутлақи тавлид, фавт ва ҳаракати табиии ахолиоо муайян менамояд.

Дар омӯзиши табиии аҳолй танҳо бо бузургии мутлақ набояд маҳдуд шуд. Барои тавсифи интенсивияти равандҳо аз бузургиҳои нисби низ истифода бурдан зарур аст.

Бузургиҳоро бо промилле муайян менамоянд, яъне ба қазор нафар аҳолй ва коэффисиент ном дорад.

Коэффисиенти тавлид, фавт ва знёдшавии табиии ахоли барои тамоми аҳолй ва барои гурӯҳҳои синусолй, ҷинсй, иҷтимоӣ, ихтисосй ва дигар гурӯҳҳо як хел ҳисоб карда мешавад.

Коэффисиентҳои умумй ва махсуси ҳаракати табии аҳолиро фарқ мекунанд. Коэффнсиентҳои умумии тавлид, фавт ва зиёдшавии табии аҳолӣ - ин нисбати бузургиҳои мутлақ дар давраи муайяни вақт ба шумораи миёнаи аҳолй дар ҳамин давра мебошад.

К тавлид = * 1000;

К фавт = * 1000;

К афз. табий = * 1000;

S = ав. сол + S ох. сол/2

дар ин ҷо

N- шумораи тавлидшудагон

М- шумораи фавтидагон

S- шумораи миёйаи аҳолй

Коэффисенти махсуси тавлид барои маҷмӯи занҳои қобили тавлид ҳисоб карда мешавад.) Ба онҳо занҳои 15-49 сола дохил мешаванд. I

Мафҳумҳои аҳолии қрйили кор, захираҳои меҳнатй ва аҳолии шуғлнок мавҷуданд.

Аҳолии қобили кор - ин маҷмӯи одамони қобилияти меҳнатӣ дошта аз рӯи синну сол ва саломатиашон мебошанд. Синну соли қобили корй барои занҳо аз то 58 ва мардҳо аз 16 то 63 аст.

Захираҳои меҳнатии истифодашаванда - ин аҳолии шуғлнок мебошад.

Аҳолии шуғлнок - аҳрлиест, ки новобаста аз синну сол бо ягон кор машғуланд, ки даромад дорад.

Андозаи мутлақ ва нисбии захираҳои меҳнатй на танҳо us шумораи аҳолй, балки аз таркиби , ҷинсӣ, синну сол ва ҳолати тандурустии аҳолп вобастааст.

Барои тавсифи тағйироти захираҳои мсҳнатн нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбии дчнамикй-зиёдшавии мутлақ, суръати зиёдшавӣ ва барзиёдшавӣ ҳисоб карда мешавад.

Масъала: дар ноҳи 1 январи соли 2002 ҳолии мавҷуда 180 ҳаз. нафар буд. Аз он муваққатан истиқоматкунандагон 25 ҳаз. нафар, аз истиқоматкунандагони доимй муваққатан 6 ҳаз наф. набуданд.

Аз рӯи нишондиҳандаҳо шумораи аҳолии доимй 1 январи 2003 муайян карда шавад.

Роҳи ҳал:

Шумораи аҳолии доимиро бо АД, мавҷуда AM, аҳолии муваққатан зиндагикунанда - АМЗ, аҳоли муваққатан ғоиб АМҒ ишора намуда, муайян менамоем:

АД = AM + АМҒ - АМЗ:

АД = 180,0 + 6 - 2,5 = 183,5 ҳаз. нафар.

Дарси сеюм: Саволҳо ва супоришот

1) Тарзҳои муайянкунии шумораи аҳолй

2) Истифодаи бузургиҳои миёна ҳангоми муайянкунии шумораи аҳолӣ

3) Муайянкунии нишондиҳандаҳои ҳаракати титабиӣ ахрлй.

4) Мафҳумҳои зеринро шарҳ диҳед: аҳолии қобили меҳнатй дошта, захираҳои меҳнатй ва аҳолии шуғлнок.

Масъала: 1 январи 2002 дар вилоят 150 қаз. наф. аҳолии доимӣ гирифта шуд. Аз онҳо бо сабабҳои гуногун муваққатан дар ҳудуди вилоят 25 ҳаз. наф. набуданд. Гайр аз а[олии доимй дар ҳудуди вилоят 20 ҳаз. наф. аҳолии муваққатан будагон мавҷуд буд. Шумораи аҳолии мавҷуда дар 1 январи cоли 2003 муаян карда шавад.

Масъалаи 2: Аҳолии вилоят аз нишондиҳандаои зерин иборат буд (ҳаз. наф.):

1 январи соли 2002 - 151,1

1 апрели соли 2002 - 151,3

1 июн соли 2002- 151,2

1 декабри соли 2002 - 152,0

1 январи соли 2003 - 152, 1

Шумораи миёнаи аҳолӣ дар соли 200 2 муайян карда шавад.

Масъалаи 1.

Маълумот[ои зерин мавxуд аст: Шумораи умумии тавлид, фавт ва барзиёдии табии а[олb (бо [исобкуни ба 1000 нафар а[олb)

Сол[о

Шумораи тавлидшудагон

Шумораи фавтидагон

Шумораи миёнасолона

Барзиёдшавии

Табии а[олb

1991

33,6

6,1

1666,4

27,5

1992

31,5

6,7

1729,4

24,8

1993

29,8

7,4

1759,6

22,4

1994

28,2

7,8

1783,7

20,8

Муайян намоед :

  1. Коэфитсиенти тавлид.

  2. Коэфитсиенти фавт.

  3. Коэфитсиенти барзиёшавии табии а[олb.

Масъалаи 2.

  1. {аракати табии а[олb чист ?

  2. Коэфитсиенти [аракати табии а[оли чb тавр [исоб карда мешавад ?

  3. Коэфитсиенти фавт чb тавр [исоб карда мешавад ?

Дарси чорум :

Масъалаи 3.

Дар вилоят 1 январи соли 2009 2205,0 нафар а[олb мавxуд буд. Дар давоми сол [одиса[ои зерин ба вуreъ омад :

51,0 [азор кeдак тавлид шуд;

11,0 [аз. нафар фавтидан , аз xумла 0,8 [аз. синнашонто 1 сола.

ба истикомати доими омадагон 6,8 [аз нафар; ба дигар но[ия[о ба истиrомати доими рафтанд 12,6 [аз. наф. {иссаи зан[ои rобили тавлид дар шумораи миёнасолонаи а[олb 24%. Муайян намоед :

  1. Шумораи а[олb дар охири сол.

  2. Шумораи а[олb ба [исоби миёна.

  3. Коэфитсиенти умумии тавлид.

  4. Коэфитсиенти махсуси тавлид.

  5. Коэфитсиенти умумии фавт

  6. Барзиёдшавии мутлаrи табии а[олb

Масъалаи 4.

Маълумот[ои зерин дода шуда аст:

Сана

1,01,2009

1,04,2009

1,06,209

1,10,209

Шумораи захира[ои ме[нати

270,0

272,0

271,0

272,0

Шумораи миёнаи захира[ои ме[натиро муайян намоед.

Масалаи 5

Шумораи захира[ои ме[натии но[ия дар авали квартали якуми соли 2008 323 [аз наф. квартали дуюм 328 [аз. наф. кваратали сеюм 330. [аз. наф. квартали чорум 33. [аз. наф.

Шумораи миёнаи захира[ои ме[нати дар [ар як нимсола ва дар як сол муайян карда шавад.

Пурсиши умумии донишxeён